Ман ояндаро дигар хел тасаввур мекунам

К. АБДУЛЛОЕВ:
«Ман ояндаро дигар хел тасаввур мекунам»

Нигоҳи таърихшинос Камолиддин Абдуллоев ба раванди миллатсозии тоикон дар асри ХХ

– Ҷаноби Абдуллоев, дар давлату миллатсозии мо шахсиятҳои барўманде саҳми беандоза гузоштаанд. Дар навбати худ шахсоне ҳам будаанд, ки ба ин миллату давлат хиёнат кардаанд. Аз ин дидгоҳ, лутфан мегуфтед, ки Шумо аз таҳқиқи таърихи асри XX-и минтақа чӣ натиҷагириҳое доред?

– Албатта, ман мефаҳмам ки, ба хотири идеологияи давлатӣ, ҳар як халқ бояд дахмаи (пантеон) одамони машҳурашро дошта бошад.

Беҳтарин фарзандони тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ талош мекарданд. Албатта, дар асри 20 ҳам дар байни тоҷикон каҳрамонон буданд. Барои ман пеш аз ҳама – Садриддини Айни ва Бобоҷон Гафуров қаҳрамон ҳастанд. Дар масъалаи хиёнаткорон чӣ? Фикр намекунам, ки мо бояд рўйхати онҳоро тартиб диҳем. Шахсан барои ман хиёнаткорони миллат – ин сиёсатмадорони бемасъулияту гурусначашму маҳалпараст мебошанд. Ин фикри шахсии ман аст.

Иброҳимбеки лақай ё Сангаки САФАР кӣ буданд? Усмон ХОҶАЕВ чӣ? Кош ман ҷавоби ин суолҳоро медонистам! Солҳои дароз ба мо мегуфтанд, ки Ленин то абад қаҳрамони миллати тоҷик хоҳад монд. Куҷост ҳамон Ленин? Барои ҳамин ман аз шахсоне, ки аз тарафи ҳукумат расман каҳрамон дониста мешаванд, шубҳа дорам.

– Дар маҷмўъ, оё элитаи тоҷик дар садаи XX, махсусан дар ибтидои он тавонист, ки рисолати таърихии худро анҷом диҳад?

– Мутаассифона на ба таври кулл. Саргарм шудани кисми зиеди ҷадидон ба пантуркизм дар ибтидои аср рушди элитаи миллии тоҷикро боздошт. Дар натиҷа, дар он замон миллати мо дар баробари ин ҷараён натавонист ѓояи тоҷикии худро пешниҳод намояд.

Нуктаи дигар ин аст, ки Шўравӣ ба элитаи куҳна боварӣ надошт. Аз ин рў, оҳиста-оҳиста аз он халос шуд (дар солҳои 1937-1938). Ба ҷои он элитаи шўравии тоҷикро ба миён овард, ки он ба ҳизби коммунист садоқат дошт. Чунки ҳар чизе ки дошт, аз ҳизб гирифта буд. Аксарияти эшон, аз қабили Нусратулло МАХСУМ, Шириншо ШОЊТЕМУР, аз миёни тоҷикони камбаѓал баромада ба сохти шурави садокатманд буданд. Гарчанде онҳо аз назари дониш ва маориф аз ҷадидон камӣ доштанд, аммо бо пантуркизм оштинопазир буданд. Онхо низ натавонистанд рисолати таърихии худро анчом диханд. Дар натича, марзбандӣ ва давлатсозии тоҷик характери “top-down”, яъне аз боло ба поёнро гирифт ва он аз тарафи Маскав роҳбарӣ мешуд.

– Устод, чун Шумо марҳалаи ҳассос ва тақдирсози таърихи минтақа, аз ҷумла тоҷиконро таҳқиқ намудаед, мегуфтед, ки аслан давлат бояд миллатро бисозад, ё баръакс?


– Дар мисоли Тоҷикистон аввал сохтмони давлатдорӣ дида мешавад ва баъд миллатсозӣ.

Бояд ба як нукта таваҷҷўҳ кард: дар ҳоле, ки арзишҳои шаҳрвандӣ ва мавқеъгирии шаҳрвандон дар ин самт кам ба назар мерасад, мавқеи давлат марказӣ хоҳад буд. Зеро ин давлат аст, ки қонуни забонро таҳия мекунад, маорифро бо меъёри ягона рушд медиҳад, ВАО-ро назорат мекунад ва ғайра.

То соли 1991 на тоҷикон ва на дигар халқҳои минтақа дорои давлат, ба маънои томи «давлат-миллат», набуданд. Системаи байналхалқӣ иборат аз давлатҳои соҳибихтиёр, ки Вестфалӣ ном дорад, соли 1648 дар Аврупо пайдо шуда буд. Мувофиқи он, давлат дар ҳудуди худ дорои ҳокимияти том аст. Њеҷ як давлати дигар наметавонад ба кораш дахолат кунад. Дин ҳам ба корҳои давлатӣ набояд дахолат кунад. Аз ин нуқтаи назар давлатҳои миллии мустақил бояд дунявӣ бошанд. Вақте, ки инглисҳо ҳамчун ѓолибони Љанги якуми ҷаҳонӣ дар соли 1918 ба Осиёи Миёнаи таҳти импротурии Русия таваҷҷўҳ намуданд, диданд, ки омилҳои худогоҳии миллӣ дар ин кишварҳо вуҷуд надоранд (ба истиснои ҷадидон). Аз сўи дигар, ислом решаҳои амиқ дорад ва нишонаҳои барои давлат-миллат шудан вуҷуд надоранд. Аз ин рў, онҳо минтақаро ба ихтиёри Русияи шуравӣ гузоштанд.

– Яке аз вижагиҳое, ки осори Шумо дорад, ин аст, ки таърихи Тоҷикистонро дар партави таърихи ҷаҳон месанҷед…

– Бале, мусаллам аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд худро ҳамчун субъекти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳама муаррифӣ намояд. Барои густариши сиёсати хориҷиямон бояд ба таърихамон аз мавқеи умумиҷаҳонӣ нигарем. Мақсади навиштани «Аз Хуросон то Шинҷон» низ аз он иборат буд, ки мардуми Осиёи Марказӣ дар худ як ҳисси мутааллиқ будан ба минтақаи воҳидро парвариш кунанд. Чаро аврупоиён ингуна ҳис доранду мо – мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, на? Ба ҳамдигар баъзан бо чашми душманона менигарем.

Воқеан, баъди ба даст овардани истиқлолият, андешаи миллӣ ё миллатпарастии кишварҳои минтақа рушд карда истодааст ва ин то андозае як раванди табиист. Барои тақвияти ин фикр кифоя аст, ки мо мусобиқоти ҷаҳонии футболро тамошо кунем ва дарёбем, ки ҳисси миллӣ ба ҳама хос аст аз чумла ба Аврупоиен. Вале ин ҷо масъала оҳанги дигар дорад.

– Яъне чӣ? Агар ин як раванди табиист, пас чӣ гуна метавон онро инкор кард?

– Гап сари он аст, ки дар фаҳмиши муосири муносибатҳои байнимиллӣ мафҳумҳои «inclusive» ва «exclusive» вуҷуд доранд. Агар аввалӣ маънии фарогир, яъне чандмиллатиро ифода кунад, дуюмӣ, баръакс, инро инкор мекунад. Барои мисол, агар ба гузаштаамон нигарем, муѓулу туркҳо омаданд ва ба ҷои он ки фарҳанги худро ба сари мо таҳмил диҳанд, баръакс, зери таъсири фарҳанги бумӣ қарор гирифтанд. Барои рушди ҳаюлои миллати тоҷик дар шароити муосир низ бояд мо чунин анъанаро давом диҳем. Вале дар амал, кишварҳои минтақа бархўрди носолим мекунанд. Яъне миллатгароиро маҳаки аслии сиёсати давлатӣ қарор дода, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихиро ночиз мешуморанд.

Аммо тазод инҷост, ки дар мо – тоҷикон ҳисси маҳал, дарвоқеъ, аз ҳисси миллӣ болост. Нафароне ки дар Тоҷикистон ҳамдигарро дар солҳои навадум куштанд, ҳамчун тоҷик якдигарро накуштанд! Балки ҳамчун ҳимоятгарони манфиатҳои ин ё он маҳал ҷангиданд.

Вале ман ояндаро дигар хел тасаввур мекунам: одамон ба шаҳрҳо, ба хориҷа мераванд ва бо намояндагони маҳаллу миллатҳои дигар издивоҷ мекунанд, дар натиҷа як умумияти мураккаб пайдо мегардад, яъне миллат хусусият ё падидаи тахаюлӣро касб мекунад.

Дар маҷмўъ, давлати тоҷик бояд миллатро созад, зеро ба он ниёз дорад. Бояд ҳисси ватандўстии шаҳрвандон баланд бардошта шавад, аммо на аз лиҳози этникӣ, балки аз дидгоҳи арзишҳои шаҳрвандӣ.

– Ақидае вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон то ҳол гуё ба суботи таърихӣ нарасидааст. Яъне равшан нест, ки фардо дар бораи ҷанги дохилӣ ва давлатдории имрўзаи мо чи хоҳанд гуфт. Кай таърих рўзгори кунунии моро доварӣ хоҳад кард?

– Мо тоҷикон дар тўли асри бист ду ҷанги шаҳравандиро аз сар гузаронидем.

Масъалаҳое, ки сабабгори ҷангҳои бародаркуш гардиданд, ҳанўз ҳам ҳалли худро наёфтаанд. Масоиле дар сиёсат, назири: кӣ бояд ҳукмронӣ кунад ва чӣ гуна? Дар заминаи иҷтимоӣ: дар кадом асос ва шартҳо бояд ҷомеа ташкил шавад ва амал кунад? Дар иқтисодиёту молиёт: даромадро чӣ гуна бояд пайдо ва тақсим кард? Ин рўйхатро метавон давом дод. Баҳс оид ба миллатсозии тоҷик давом дорад ва моро зарур аст, ки он мусолиҳаомез, одилона ва бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ анҷом дода шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*