Machine-extracted text, including OCR of scanned pages. OCR may contain errors; consult the original PDF for quotations and citations. Page 1 Камолуддин Абдуллоев ҚИССАҲОИ ПИНҲОНИ ТАЪРИХИ точикон Талоши бознависии таърих аз нигохи нав Page 2 Page 3 Page 4 Page 5 Прага 2024 ҚИССАҲОИ ПИНҲОНИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН Талоши бознависии таърих аз нигоҳи нав Камолуддин Абдуллоев Page 6 Қиссаҳои пинҳони таърихи тоҷикон Талоши бознависии таърих аз нигоҳи нав Зери назари Салими Аюбзод Муаллиф — Камолуддин Абдуллоев Муҳаррир — Каюмарси Ато Муҳаррири фаннӣ — Зденка Проклова Нашриёт — Carter Reproplus s.r.o. Радиои Озодӣ Copyright © 2024 Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ISBN 978-1-948784-08-5 Page 7 МУНДАРИҶА Бо нигоҳи нав 9 БАХШИ АВВАЛ: ТАЪСИС ЁФТАНИ ТОҶИКИСТОН 13 Таърихи тоҷикон ё Тоҷикистон? 15 БАХШИ ДУВУМ: САД СОЛИ ГУЗАШТА 31 100 сол бе Бухоро 33 Сталин бунёдгузори Тоҷикистон: афсона ё воқеият? 44 Ленин ва Тоҷикистонро чӣ бо ҳам мепайвандад? 58 Абдуқодир Муҳиддинов. Бухоро дар Тоҷикистон ё Тоҷикистон дар Бухоро? 70 «Куштанд Пошшо Анвара». Сад сол пеш дар Балҷувон 84 Юриши Фузайл Махсум ва тақдири нахустин омӯзгорон 94 БАХШИ САВУМ: ҲАМСОЯҲО 109 Оё Тоҷикистон як вилояти Чин буд? 111 «Соҳиб»-и Помир кист? 124 Бо омадани арабу ислом чӣ додем ва чӣ гирифтем? 133 Туркҳо дар Бухорои Шарқӣ 147 Низоъ бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ: Нигоҳ аз Душанбе 155 Марзи Тоҷикистону Афғонистон: Аз босмачиҳо то «Толибон» 166 «Посбони Помир» 185 ХОТИРАЕ АЗ ГУФТУШУНИДИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН 207 Тоҷикистон чист ё куҷост? Ёде аз баҳори соли 1994 209 Ҳолномаи муаллиф 220 Page 8 Page 9 9 БО НИГОҲИ НАВ Ҳаркӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. абуабдуллоҳи рӯдакӣ Одат будааст, ки таърих аз солу моҳ, воқеаҳо ва шахсиятҳо иборат бошад. Дар мактаби таърифии Шӯравӣ аз мо талаб мешуд, бидонем, ки кадом сол чӣ воқеа рӯй дод ва кӣ таҳрикдиҳандаи он буд. Ин до- даҳо баргузида буданд ва ҳадафи ниҳон доштанд. Ҳатто дар мавриди «кӣ?» низ маълумот ҳисобшуда буд, то нақши шахс дар таърих беш аз ҳад бузург тасвир наёбад ва рӯйи саҳми «халқ» соя наафканад. Во- жаи «халқ» ҳама чиро талофӣ мекард. Муҳимтар аз ин, рӯйдодҳои гузашта интихобан «таърихӣ» унвон мешуданд ва таърихнигории Шӯравӣ баъзе фактҳои барояш нофорами гузаштаро нодида мегирифт ва бархи дигарро дар чаҳорчӯби идеолужики ҳоким хурд ё калон на- мудор мекард. Дар ҳамон давра низ донишмандоне ба монанди Бобоҷон Ғафу- ров, Зариф Раҷабов, Мулло Эркаев, Раҳим Масов, Акбари Турсонзод, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мансур Бобохонов, Ғоиб Ғоибов, Ҳақназар Назаров ва чанди дигар сиёсатзадагии таърихро бо роҳҳое давр ме- заданд ва дар байни сатрҳо паёмҳои муҳими таърихро ба хонанда ва ҷӯяндагони ҳақиқат мерасонданд. Замони истиқлол ё беҳтар аст, гуфта шавад, озодии Тоҷикистон аз султаи Иттиҳоди Шӯравӣ, таъ- рихнигороне ба арсаи илм омаданд, ки бо сарварии Раҳим Масов ба ифшои ин ҳақиқатҳо даст заданд. Камолуддин Абдуллоев, Луқмон Бойматов, Сайфуллои Муллоҷон, Нуралӣ Давлат аз ин зумраанд. Аз паси онҳо як насли нави таърихнигороне ба камол мерасад, ки ба рӯйдоду падидаҳои гузашта нигоҳи нав дорад. Дар ин миён Камолуд- дин Абдуллоев соҳиби тахт ё ҷойгоҳи вижа аст. Хушбахтии ӯ буд, ки Page 10 10 пештар аз дигарон бо ҳампешагони ғарбии худ дар тамос шуд, ҳам- корӣ кард, меъёрҳои пешрафтаи таърихнависиро ба роҳбарӣ гирифт ва тавонист, таҳқиқоте ба нашр расонад, ки аз тарафи олимони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шаванд. Ман бо ин ном дар соли 2001, гоҳе дучор шудам, ки машғули таҳияи барномаҳои махсус бахшида ба гуфтушуниди сулҳи тоҷикон будам. Китобу пажуҳишҳои зиёдеро дар ин бора мехондам, махсусан таҳлил- гарони ғарбиро ва боре маҷмӯаи «Аккорд. Сиёсати созиш. Раванди сулҳ дар Тоҷикистон» ба дастам уфтод ва дар байни номҳои хориҷӣ номи ҳамватани худро дида, хеле шод шудам. Ин яке аз беҳтарин таҳлилҳои раванди сулҳи Тоҷикистон аст ва рӯшан дида мешавад, ки саҳми Камолуддин Абдуллоев дар таҳияи он камтар аз олимони шинохтаи ғарбӣ нест. Рисолае, ки Камолуддин Абдуллоевро ба гунаи комил ва дар сатҳи баландтарин муаррифӣ кард, «Аз Шинҷон то Хуросон» буд, ки бо та- свир ва таҳлили муҳоҷирати мардумони Осиёи Марказӣ дар садаи бистум тамоми таърихи давлатҳои ин минтақа, омадани Русия ба ин ҷо, «Бозии Бузург», сохта шудани ҳокимияти Шӯравӣ, босмачи- гарӣ, марзбандии миллии минтақа, нақши муҳоҷирон дар рӯйдодҳои Афғонистон ва Туркияро фаро мегирифт. Ва далели қатъие буд, ки дар таърихшиносии тоҷик донишманди наҷибе бо нигоҳи наву тоза зуҳур кардааст. Нигоҳи нав, нигоҳе холӣ аз ҳар гуна пешдоварӣ ё баҳогузории иде- олужик, нигоҳе, ки хурдтарин воқеаҳоро дар манзараи умумии фаро- яндҳо мебинад ва бо овардани фактҳои раднопазир ҳақиқати ҳолро намудор мекунад. Донишманд савқи ин фарояндҳоро ба ин ё он сӯ на танҳо дар сиёсатгузории ҳокимони хурду калони давр, балки хислату одати хусусии инсонҳои рӯйи саҳнаи таърих баррасӣ мекунад. Ин камоли тасвир имкон медиҳад, фишангу абзору ангезаҳои ҳодисаҳои таърихӣ дарк карда шаванд. Дониста шавад, ки чаро чунин шуд ва маҳз чунин, на чунон. Занҷираву силсилаи сахтпечу гудохтаи фактҳо ривоятро комилу фаҳмо ва зиндаву бебаҳс мекунад. Нависанда на- мегӯяд, чӣ чиз барояш писанд аст ё нописанд, балки мегӯяд, чӣ шуд, Page 11 11 чаро шуд ва ончӣ шуд, корро ба куҷо кашид. Таърих дар ин навиштаҳо таърихи зинда аст ва қаҳрамонони он низ афроди зинда, ки онҳоро аёнан мебинед ва ҷунбишҳои равонию ботинии онҳоро ҳис мекунед. Агар таърихи гузашта амонатест, ки аз пешиниён ба мо мерос мон- дааст, Камолуддин Абдуллоев хазинадоре аст, ки ҳаргиз ба он хиёнат намекунад. Биноан мо дар Радиои Озодӣ ҳар матлаби ӯро барои гӯ- шаи «Блогистон» бесаброна мунтазир мешудем, бо шавқу диққати тамом мехондем ва фавран мунташир мекардем. Баъдҳо, як рӯз фикр кардем, ҳайф аст, ҳамаи онҳоро гирдоварӣ накард ва дар китобе нашр нанамуд. Ҳамин гуна ин китоб арзи ҳастӣ кард ва ҳадияи мо бо ҷӯян- дагони ҳақиқатҳои таърихи гузашта аст. Тоҷикон дӯстдорони таъриханд. Ишқи онҳо ба таърихи гузашта шояд дар як саф бо забону фарҳангу динашон сабаб гашт, ки дар шаро- ити сахттарин ҳувияти худро нигоҳ доранд. Ин ишқи беш аз ҳад сабаб гашт, ки таърихи миллии паҳншуда то сатҳи поинтарин қишрҳо, ба эҳтимоли зиёд ҳамчун сипар ва дифоъ аз таҳоҷуми дигарон, то ба ҳа- мин сатҳ содда гашт ва бар сари «мо ин будему он будем», «мо ин до- штему он доштем», «вақте мо дилро ҷарроҳӣ мекардем, дигарон дар сари дарахтҳо мезистанд» қарор гирифт. Гуё зиндагӣ ба онҳо дигар имкони инро надод, ки амиқтар андешанд, калиди алҷабру ҳанда- саи таърихро пайдо кунанд, ба вижа сари он андешанд, ки «пас чаро ҳоло чунинем?» ё онки «пас чӣ бояд кард?» Ин ҳол боиси навишта ва нашр шудани таърихномаҳое гаштааст, ки гоҳе саршори эҳсосотанд. Ин таърихномаи Камолуддин Абдуллоев орӣ аз чунин «дардҳост», аммо бо расидан ба поёни он ҳар хонанда худ қазоват хоҳад кард, ки мушкил чӣ буд ва худ тасмим хоҳад гирифт, ки акнун чӣ бояд кард. Ин китоб барояш нерӯе медиҳад, ки ҳама корро аз худаш сар кунад, вақте худаш дигар шуд, дунё ҳам дигар мешавад. Салими Аюбзод, Раҳбари Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ Page 12 Page 13 БАХШИ АВВАЛ ТАЪСИС ЁФТАНИ ТОҶИКИСТОН Page 14 Page 15 15 ТАЪРИХИ ТОҶИКОН Ё ТОҶИКИСТОН? Аз замони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиали- стии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) таърихнигорон бо интихобе рӯбарӯ шуданд: таърихи Тоҷикистонро дар доираи тақсимоти маъму- рии соли 1924 ё тоҷиконро ҳамчун куҳантарин мардуми Осиёи Миёна бинависанд? Зеро нерӯҳои асосии фарҳангӣ, нухбагони тоҷикон он замон берун аз ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, шаҳрҳои водии Фарғона ва вилоятҳои дигари Узбекистон, шояд ба истиснои Хоразм, монданд. Бисёриҳо танҳо намефаҳмиданд, ки пушти истилоҳи «худмуайян- кунии миллӣ» чӣ истодааст ва миллатро бо шаҳрвандӣ баробар ме- карданд. Ноогоҳона ё дидаву дониста ба самарқандиҳову бухороиҳо мегуфтанд, ки агар тоҷик ҳастед, бояд дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед (яъне, хонаҳои худро тарк карда, ба минтақаи дури кӯҳсор равед) ва ба узбекҳо, баръакс авлавият медоданд, ки танҳо онҳо ҳаққи зистанро дар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр доранд. Самарқанд, ки аз соли 1925 то соли 1930 пойтахти ҶШС Узбекистон буд ва Тоҷикистон ҳам то соли 1929 ба ҳайати он шомил мешуд, давоми 5 сол баъд аз ташкилё- бии ҷумҳурӣ пойтахти воқеӣ ва қонунии тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Қисман барои ҳамин, он замон гузаштан аз категорияи анъанавии этнолингвистии «тоҷик» ба шаҳрванди дорои нишонаи «узбек» дар шиноснома эътирози сахти тоҷикони Узбекистонро ба вуҷуд наовард. Илова бар ин, арзишҳои асосии фарҳангии ҳар ду мардум ҳамсон буданд ва дузабонӣ миёни турку тоҷик як падидаи маъмулӣ буд. Му- сиқӣ, хӯрок, расму оин ва ғайра яксон буд. Гузариш аз «тоҷик» ба «уз- Page 16 16 бек» дар он замон талафоти зиёди фарҳангӣ дар пай надошт. Бештари тоҷикон аз шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба даъватҳои мақомот барои кӯчидан ба Душанбеи тасарруфкардаи босмачиён ва шомил шудан ба «захираи кадрҳои вилояти тоҷикони Бухорои Шарқӣ» по- сухи мусбат доданд. Айнӣ. «Акнун нАвбАти қАлАм Аст» Аксари онҳо дар аввал дар «ду хона» зиндагӣ мекарданд. Садрид- дин Айнии бухороӣ аз соли 1917 то охири умраш дар соли 1954 дар хонаи худ дар шаҳри Самарқанд мезист ва гоҳ-гоҳе ба Тоҷикистон меомад. Вай ҳатто дар замони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ), ки солҳои 1920-1924 вуҷуд дошт, Самарқандро тарк накард. Самарқанд он вақт дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон буд. Садриддин Айнӣ ҳангоми фаъолияташ дар консул- гарии ҶХШБ дар Самарқанд гоҳ-гоҳ ба Бухоро сафари корӣ анҷом медод. Дар тамоми ин муддат асарҳои худро бо ду забон навиштааст ва ба сиёсати адабӣ таъсир расонда, дар маҳфилҳои адабӣ ва сиёсии ҳар ду пойтахт нуфуз дошт. Айнӣ дар соли 1919 дар яке аз матлабҳои худ даъват кардааст, ки «акнун навбати қалам аст». Вай барои роҳ ёфтан ба дили хонандагон, ки он замон аз китобу навиштаҳои муаллифони исломӣ аз Истанбул, Қазон, Қрим, Оренбург ва Қафқоз бо забони туркӣ баҳра мебурданд, маҷбур шуд, забони наверо аз худ кунад. Забони адабии меъёри уз- бекӣ дар охири солҳои 1910-ум ва 1920-ум дар ҳоли ташаккулёбӣ буд. Нахустин рӯзномаҳои шӯравии Туркистон («Иштирокиюн», «Қизил Байроқ») зери идораи тоторҳои фиристодаи И. В. Сталин дар соли 1918 буданд, ки бо худ забони хешро оварда буданд ва аз лаҳҷаи маъ- мулии самарқандиву бухороии Айнӣ фарқ мекард. Боз шудани мактабҳои усули нав, ки дар онҳо тоторҳо низ, албатта, бо забони модариашон таълим медоданд, ба тарғиби забони туркӣ мусоидат карданд. Сабаби таъсири усмониҳо адибони ҷадид шуданд, ки дар Истанбул таҳсил мекарданд. Нависандагони узбек ва қазоқ дар Page 17 17 баробари таъсири забони тоторӣ ба забонҳои модарии худ истодагарӣ карданд. Даъватҳо дар бораи баргашт ба забони «чағатоӣ»-и асри XV низ шунида мешуданд. Ин ҳама таълифи асарҳои Устодро ба забони туркӣ душвор мегардонд. Ӯ аз хонандагон барои забони узбекиаш узр пурсида, навиштааст: «Таълими адабии ман асосан бо забони форсӣ буд. Ман то 28-солагӣ (то соли 1906 — К. А.) адабиёти узбек ва туркро наомӯхтаам. Ба шарофати мутолиаи рӯзномаву маҷалла ва китобҳои нав забони туркиро ба дараҷае омӯхтам, ки имкон медиҳад, анде- шаамро баён кунам, аммо ин барои навиштани китоб кофӣ набуд.» Айнӣ омӯзиши таърихи нави Бухороро сари вақт шуруъ кард. Вай пас аз шаш моҳи инқилоби Бухоро, 23-юми марти соли 1921 даст- нависи «Бухоро инқилобининг таърихи» («Таърихи инқилоб дар Бухоро»)-ро ба забони туркӣ (узбекӣ) ва бо хати форсӣ навишт. Худи Садриддин Айнӣ иқрор шудааст, ки ба навиштани ин китоб аз соли 1918 бо забони тоҷикӣ сар карда буд, аммо дар соли 1920 бо дархости ҳукумати ҶХШБ ба забони узбекӣ гузашт. Ин китоб сарфи назар аз он ки бо фармони ҳукумати ҶХШБ ва бо «забони давлатӣ» навишта ва ҳаққи қалами он ҳам пардохт шуда буд, рӯйи чоп наомад. Ба гуфтаи писари шоир, Камол Айнӣ, сабаби асосии чоп нашудани китоб норо- зигии раиси ҳукумати ҶХШБ Файзулло Хоҷаев буд. Айнӣ бо Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат ва ҷадидони дигаре, ки шоми- ли ҳукумат буданд ва мо дар бораи онҳо поинтар хоҳем навишт, му- носибати хуб надошт. Дастнависи «Бухоро инқилобининг тарихи» бо номи «Бухоро инқилоби тарихи учун материаллар» (Мавод дар бораи таърихи инқилоби Бухоро) соли 1926, баъд аз фурӯпошии ҶХШБ дар шаҳри Маскав бо забони узбекӣ ва хати форсӣ чоп шуд. Сарпараст ва «сензура»-и китоб ҷонишини раиси ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русия (ҶШСФР) Турар Рисқулов буд. Мат- ни асар дар муқоиса бо дастнависи аслӣ таҳти рақами 2125, ки зери он худи Айнӣ имзо гузоштааст, тақрибан чаҳорякаш ихтисор гашта, ҳамчунин тавре маълум шуд, таҳриф ва ҳатто аз номи Рисқулов ва бе иҷозаи муаллиф номи онро ҳам иваз кардаанд. Page 18 18 Айнӣ ба далели ихтисор ва ислоҳи беасос аз ин нашр норозӣ буд. Бадрафторӣ бо матни асли асар бо ин хотима наёфт. Китоби «Бухоро инқилоби тарихи учун материаллар» соли 1963 пеш аз шомил шудан ба Маҷмӯаи асарҳои Айнӣ ба забони узбекӣ мавриди таҳрифу ихти- сорҳои нав қарор гирифт. Аз ҷумла, ёдовариҳо дар бораи Абдуррауфи Фитрат «қайчӣ» шуданд. Раҳим Ҳошим, шогирди Устод, тарҷумаи тоҷикии китобро бо номи «Таърихи инқилоб дар Бухоро» соли 1987 дар Тоҷикистони бозсози- шуда нашр кард. Ҳарчанд тарҷумаи китоб дар асоси нусхаи (нопурра) дастнависи фиристодашуда аз Тошканд сурат гирифтааст, муҳаррир ва муаллифи баргардон матни аслро «аз назар» гузаронда, аз ҷумла бахшҳои муҳими дорои хусусияти диниро «дур андохтааст». Дастнависи 2125, ки дар Донишкадаи шарқшиносии Узбекистон маҳфуз аст, дар ниҳоят, соли 2010 бо кӯшиши муштараки ҳамкасбони узбек ва ҷопонӣ дар Донишгоҳи пажӯҳишҳои хориҷии шаҳри Токио зери раҳбарии донишмандон Шидзуо Шимада ва Шарифа Тошева ба нашр расид. Матн бо забони узбекӣ ва хати форсӣ аст. Бо «Бисмиллоҳ ир-раҳ- мон ир-раҳим» оғоз ёфтани он аз матни асл буданаш дарак медиҳад. Умед дорем, ки нусхаи нашршуда дар Токио ба забони тоҷикӣ тарҷума мешавад ё шояд дастхати худи Устод ба тоҷикӣ баргардон хоҳад шуд. Ба ин тартиб, «Бухоро инқилобининг тарихи», дастнависи соли 1921, асари нахустини илмӣ дар бораи таърихи Бухоро дар давраи навин буд. Тавре адабиётшиноси тоҷик Абдухолиқ Набавӣ эътироф мекунад, Устод Айнӣ баъди бо монеаҳо рӯбарӯ шудан, ки имкон на- медоданд, асарҳои ӯ дар давраи зинда буданаш бе «қайчӣ» ё сензура нашр шаванд, тасмим мегирад, ки дигар китобҳои илмию таърихӣ нанависад ва ба навиштани насри таърихиву адабӣ рӯй биорад. Вай дар романнавсии таърихӣ, ки барояш назар ба таърихнигории академӣ наздиктар буд, ба қуллаҳои бесобиқа расид. Дар ин замина зикри роману повестҳои «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Дохунда», «Ёддоштҳо» ва дигаронро, ки солҳои 30-юм нашр шуда буданд, ко- фист. Ин китобҳо дар айни замон сарчашмаҳои бисёр хуби таърихӣ ва Page 19 19 асарҳои адабӣ ба шумор мераванд. Онҳо ба бисёр забонҳо баргардон ва то имрӯз бо теъдоди зиёд нашр мешаванд. ЧАро Айнӣ бА тАърихшиносии рАсмӣ «писАнд» нАомАд? Ин ки дастнависи Устод аз китобҳои нашршуда дар замони Шӯравӣ баъзан бисёр фарқ мекунад, Камол Айнӣ ба муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 90-ум иқрор шуда буд. Камол Айнӣ дар солҳои охири умраш супориши падарашро дар бораи дарёфт ва нашри даст- нависҳои гумшуда иҷро кард. Бо талоши ӯ китоби С. Айнӣ, ки солҳои 1917-1918 навишта шудааст, бо номи «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» соли 2003 дар Теҳрон ба хати форсӣ нашр шуд. Шакли тоҷи- кии ин китоб бо хати кириллӣ соли 2005 дар ҷилди 14-уми Нашри мукаммали осор (Куллиёт)-и Айнӣ ҷой дода шуд. Айнӣ чиро «нодуруст» навишт? Сензурачиёни болшевик ва раҳ- барони ҶХШБ аз ӯ чаро норозӣ буданд? Чаро дастхати вайро ислоҳ, ихтисор ва таҳрир карданд? Чаро мақомоти Бухоро кӯшиш карданд, то дастхатро аз байн бибаранд ва онро ба монанди китоби «Ҷалло- дони Бухоро» эълом карданд, ки гум шудааст? Чаро дастхатҳои вай, тавре Камол Айнӣ иқрор кард, давоми 70 сол дар «зиндон» нигаҳ- дорӣ шуданд?» Нахуст бояд ишора кард, ки Садриддин Айнӣ бо вуҷуди мансаби муҳим надоштан дар ҳукумати ҶХШБ дар миёни бухороиён аз нуфузи хос бархӯрдор буд. Сабаби асосии норозигии раҳбарони ҶҲШБ аз эҷо- диёти Айнӣ ихтилофҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Сухан аз ихтилофҳо миёни ҷиноҳҳои радикалӣ ва ислоҳталаби ҷадидон аст. Ҷудошавӣ пас аз Инқилоби Октябри соли 1917, бахусус баъд аз воқе- аҳои моҳи марти соли 1918 оғоз ёфт, замоне ки болшевикони Тошканд ҳамроҳи ҷадидони «чапгаро» — ҷавонбухороиён кӯшиши номуваф- фақи сарнагун кардани амири Бухороро аз роҳи зӯрӣ намуданд, ки бо қатли ом анҷомид ва дар таърих бо номи «Ошӯби Колесов» сабт шуда- аст. Айнӣ, ки бародарашро дар ин куштор аз даст дода буд, ифротгаро- ии ҷавонбухороиёнро ба раҳбарии Хоҷаеви 22-сола сахт маҳкум кард. Page 20 20 Ин ҷадидҳои рӯ ба болшевикон дар моҳи сентябри соли 1920 зидди аморат дубора юриш карданд, ки бо комёбӣ анҷомид. Дақиқтараш ин юришро аз номи онҳо Артиши Сурх анҷом дод. Бархилофи «чапгароён», Айнӣ ва ҳамфикрони наздики бухороии ӯ (тоҷикон), аз қабили Абдулвоҳид Бурҳонов, Муҳиддин Мансуров (падари А. Муҳиддинов) ва дигарон ба ҷадидони муътадили насли аввал мансубанд. Онҳо, яъне пайравони Аҳмади Дониш ва Мулло Икромӣ (домулло Икромчa) назар ба тасарруфи қудрати сиёсӣ, ба ислоҳоти аморат бештар таваҷҷуҳ доштанд. Онҳо бо нигаронӣ аз «та- наззули мафҳуми асосии Ислом, ки дар Моваронаҳр паҳн шуда буд», ислоҳоти куллиро дар соҳаи маориф, муносибат бо замин, иқтисод ва идораи кишвар пешниҳод карданд. Шарқшиноси итолиёӣ Паоло Сартори бо онҳое, ки ҷадидияро «му- боризаи нав бо куҳна», «илм бар зидди дин» ё ҷунбиши муташаккил бар асари зуҳури қудрати Русия дар Мовароуннаҳр ном мебаранд, розӣ нест. Вай ба ин назар аст, ки сабаби асосии пайдоиши ҷадидия на низои ҷаҳонӣ, балки низои маҳаллӣ миёни уламои ҷонибдори ҳукумати Бухорои манғитӣ ва табақаи васеи уламои мусулмоне буд, ки аз имтиёзи таъсир расондан ба раҳбарияти олӣ маҳрум ва аз ни- зом, бахусус фасодкорӣ дар риштаи фиқҳи исломӣ норозӣ буданд. Яъне, Сартори ҷадидияро аз таърихи Исломи Мовароуннаҳр ҷудо намекунад. Ба гуфтаи П. Сартори ва ҳамтои ӯ Эвелин Грассӣ (Evelin Grassi), Дониш ва баъд аз ӯ ҷадидони аввал, бахусус Айнӣ ва ҳатто Фитрат на дар асри 20, балки аз асри 19 ба воя расида буданд. Дар воқеъ, Айнӣ дар синни баркамол (40-солагӣ) шоҳиди инқилоб шуд ва аз андешаҳои насли ҷавони ҷадидон эмин буд. Миёни Дониш ва Хоҷаев фосилаи калон вуҷуд дорад. Бисёриҳо инро дарк намеку- нанд ва Донишро қариб муждаи инқилоб меноманд. Ҳарчанд Айнӣ аз дасти ҷаллодони амир ранҷ мебурд, ҷонибдори барҳам задани давлатдории мустақили Бухоро аз роҳи хушунат набуд. Барои ӯ инқилоби соли 1920 дар Бухоро, ки он дар дохили кишвар ҳеч гуна дастгирӣ наёфт ва танҳо бо шарофати дахолати берунӣ пирӯз Page 21 21 шуд, писанд набуд. Бинобар ин, вай фаъолияти Хоҷаевро дар китоби худ танқид карда, «ҷавони бетаҷриба»-е номидааст, ки ба хатоҳои бузург роҳ дод ва ҷадидонро ҳамчун ислоҳталабони исломӣ ба ши- каст рӯбарӯ сохт. Айнӣ ҳам аз мутаассибони болшевикӣ ва ҳам аз миллатгароёни турк дурӣ меҷуст. Фарқи ӯ аз Файзулло Хоҷаев, ки нахустин таърих- нигор дар Узбекистон шумурда мешавад, маҳз дар ҳамин буд. Кито- би Хоҷаев «Дар бораи таърихи инқилоби Бухоро ва марзи миллии Осиёи Миёна» ба забони русӣ соли 1926, яъне пас аз панҷ соли кори Айнӣ аз чоп баромад. Он ҳамчун «Посухи болшевикӣ» ба китоби Айнӣ навишта шудааст. Дар китоб Хоҷаев, ки худро пешвои инқи- лоби Бухоро медонист, Айниро барои ишқи «фарҳангпарастӣ», «та- ваҷҷуҳ ба психология ва таҷрибаи пешвоёни ҷудогонаи ҷадидӣ» сар- заниш кардааст. Оё Садриддин Айнӣ шахсияти инқилобӣ буд? Албатта, бале. Вай аз аскари инқилобии рус, ки ӯро аз обхона (зиндон) раҳо карда, ним- мурда ба озодӣ расонд, миннатдор буд. Айнӣ ҳамзамон инқилобро «инқилоби ақлҳо» ё «танвири фикрӣ» ва ё ҳуррият меҳисобид. Ҳуррият, тавре ки ҷадидияи пешин тасаввур дошт, ислоҳот ва тағй- ири низом бидуни зӯроварӣ буд. Айнӣ бовари амиқ дошт, ки мубо- риза ба муқобили таассуби динӣ, карахтӣ, ҷаҳолатпарастӣ, ислоҳоти маорифу тарбия боис ба тағйир ёфтани низоми сиёсӣ хоҳад шуд, на баръакс. Айнӣ дар ниҳоят нерӯи коммунистҳоро эътироф кард, аммо қабул ва пуштибонии ӯ аз ҳокимияти Шӯравӣ ба дурандешии мута- факкири камтаҷриба рабт надошт. Ӯ дарк кард, ки аморат пош хӯрд, ҷавонбухориён бо ҷадидия созиш карда, бохтанд ва ҳукумати нав барои амалӣ сохтани нақшаҳои ӯ дар бораи рушди фарҳанги тоҷикӣ, ки тамоми ҳаёташро ба он бахшидааст, шароит фароҳам овард. ФитрАт. худӣ дАр миёни бегонАҳо, бегонА дАр миёни худиҳо Садриддин Айнӣ роҳеро интихоб кард, ки ӯро ба як нависандаи муваффақу эътирофшуда табдил дод ва то синни пирӣ ва бештар аз Page 22 22 ҳамсолаш Сталин зиндагӣ кард. Дар ин маврид сарнавишти ӯ аз рав- шанфикри дигари бухороӣ Абдуррауфи Фитрат фарқ мекунад. Фитрат як навовар дар адабиёт ва насрнависи барҷастаи тоҷикзабон буд. Вай дар баробари Айнӣ дар офаридани забони насри муосири тоҷик, сод- датар ва фаҳмотар кардани он барои мардум - бе зиёдаравиҳои пур- таъсири шоирони гузашта ва архаизмҳои забони мадрасаи Бухоро хидмати бузург кардааст. Ҳабиб Борҷиён, донишманди маъруф, Абдуррауфи Фитратро «ро- битаи гумшудаи адибони форсизабони Мовароуннаҳр, ба хусус Аҳ- мади Дониш бо адабиёти муосири тоҷик, ки онро Садриддин Айнӣ оғоз бахшид», медонад. Фитрат кадом забонро модарӣ меҳисобид, барои Борҷиён суоли беҷавоб мондааст. Эдвард Олворт (Edward Allworth), олими туркши- носи амрикоӣ, бар ин аст, ки забони аслии Фитрати нависанда тоҷикӣ буд ва ӯ дертар, баъди бозгашт аз Истанбул дар соли 1914, ба омӯзиши амиқи забони туркӣ пардохт ва дар ин омӯзиш такя бар китоб кард, на ба муошират бо узбекҳои Тошканд. Забони онҳоро таҳрифшуда ва нофаҳмо меҳисобид. Дар ин маврид Фитрат ба ҳамтои худ Айнӣ монандӣ дорад, ки ба- рои ӯ туркӣ (узбекӣ) пас аз тоҷикӣ-форсӣ забони дувум буд. Фитрат то соли 1917, ҳатто ҳангоми дар шаҳри Истанбул дар муҳити туркза- бон буданаш ҳам асарҳои худро танҳо ба тоҷикӣ менавишт. Асарҳои ӯ дар давраи туркӣ (1910-1913) - «Мунозараи мударриси бухороӣ бо як фарангӣ дар Ҳиндустон дар бораи макотиби ҷадид» ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» Фитратро пештози насри муосири тоҷик гардонданд. Ин китобҳо қариб дарҳол дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ба за- бонҳои узбекӣ ва русӣ тарҷума шуданд ва шуҳрати беандоза пайдо карданд. Бешубҳа, метавон онҳоро аз зумраи беҳтарин китобҳои таъ- рихи Тоҷикистон ва Узбекистон шумурд. Баъд аз ворид шудан ба сиёсат, дар пайравӣ аз Хоҷаев соли 1918 ба сафи Ҳизби коммунисти Русия шомил гашт ва дар сарнагун кардани амир ширкат варзид ва яке аз раҳбарони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро шуд. Вай моҳи марти соли 1921 ба забони форсӣ ва дар баробари Page 23 23 он ба ислоҳоти исломӣ дар рӯҳияи Дониш ба нафъи туркгароии иф- ротӣ «хиёнат» кард. Фитрат ба худ ва атрофиёнаш илҳом мебахшид, ки форсӣ забони рӯҳониёну амир ва узбекӣ забони мардуми оддӣ аст. Вай ташаббускори аз форсӣ ба туркӣ гузарондани маориф дар ҶХШБ ва забони давлатӣ эълон шудани он буд. «Қабр»-и Бухороро ҳамчун маркази фарҳанги форсӣ-исломӣ Фи- трат кандааст. «Лоиҳаи миллии Чағатой» барои табдил додани Бухоро ба Узбекистон ташаббуси ӯ ва Хоҷаев аст. Фитрат соли 1917 аз забони тоҷикӣ-форсӣ ба узбекӣ гузашт ва фавран ба ислоҳоти он пардохт. Вай чунин меҳисобид, ки забони чағатоӣ (забони хатӣ ва адабии туркии асри XV) бояд асоси забони умумии тамоми туркҳои Мовароуннаҳр гардад. Ба ҳайси муаллифи назари чағатоӣ дар бораи таърихи Мо- вароуннаҳр, ки бар пояи парастиши Чингизхон ва Амир Темур асос ёфтааст, муътақид буд, ки таърихи туркҳо набояд ба ҷузъҳои этникӣ ҷудо ва алоҳида омӯхта шавад. Онро бояд якҷоя омӯхт. Ӯ миллати узбекро вориси давлати туркӣ-исломии Мовароуннаҳр медонист. Маҳз бо шарофати Фитрат этноними таҳқиромези «сарт», ки аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ мавриди истифода қарор гирифта буд, аз байн бардошта ва «узбак» ҷойгузини он шуд. Ӯ зери мафҳуми ғояҳои чағатоӣ ба он аҳамият намедод, ки лоиҳааш на танҳо тоҷикону халқҳои дигари минтақаро табъиз, балки ба таври умум ҳуқуқи худ- шиносии онҳоро рад мекунад. Чағатоии Фитрат як тарҳи императорӣ ва алтернативӣ ба сохти Шӯравӣ буд. Албатта, ин ақида хилофи «хати ҳизбӣ» буд, ки дере нагузашта минтақаро ба панҷ ҷумҳурӣ тақсим кард. Чор ҷумҳурии туркзабон, вале бо забонҳои алоҳидаи миллии худ шуд. Гузашта аз ин, Ҷумҳу- рии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки онро чағатоиҳо тарҳрезӣ накарда буданд. Онҳо тоҷиконро туркҳои забонгумкарда ва бозмондаи ғуло- мони эронӣ медонистанд. Фаъолияти Фитрат ҳамчун сиёсатмадор баробари оғоз шуданаш ногаҳон хотима ёфт. Ӯро соли 1923 аз ҳамаи мақомҳо дар ҳукумати ҶХШБ барканор карданд. Вай ба Маскав рафт ва дар Пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаи Шарқ, ба номи Лазарев кор карда, бо забони тоҷикӣ-форсӣ мақолаҳои илмӣ навишт. Page 24 24 Зимнан, забони имрӯзаи узбекӣ соли 1924 дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд мавриди истифода қарор гирифт. Забони чағатоӣ, тавре ки Фитрат нақша дошт, ҳеч гоҳ барои мардуми туркзабони минтақа забони модарӣ нашуд. Дар Узбекистон чағатоиро узбекии куҳан ме- номиданд ва баъдан он ба хотири доштани вожаҳои форсӣ ва арабӣ (беш аз 60%) ҳадафи мунаққидони ҷумҳурӣ қарор гирифт. Абдуррауфи Фитрат танҳо дар соли 1927 ба адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) баргашта, намоишномаи «Исёни Восеъ» ва баъд аз се сол рисолаи «Давраи ҳукмронии Амир Олимхон»-ро навишт. Ӯ ин корро қисман аз маҷбурӣ, барои раҳоӣ аз ҳамлаи ходимони фарҳанги Узбекистони Шӯравӣ, ки зиёиёни пешазинқилобиро дар ҷадидия, пантуркизм ва чағатоигароӣ гунаҳкор мекарданд, анҷом додааст. Сабаби дигари гузаштани ӯ ба забони форсӣ таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имко- ни рӯи чоп омадани асарҳои ӯ бо забони як замон барояш «модарӣ» бидуни хатари муттаҳам шудан ба миллатгароӣ буд. Бо тақвият ёфтани ҳукумати Шӯравӣ муносибат бо ҷадидҳо низ тағйир ёфт. Ҷадидони насли калонсол нахустин ҳадафҳо буданд. А. Муҳиддинов, писари ҷадиди куҳансол ва душмани шахсии Ҳоҷаев соли 1934 дастгир ва паронда шуд. Ба пуштибонии Фитрат яке аз ҷонибдоронаш Хоҷаев бархост, аммо «шафоат»-и ӯ тавонист умри Фитратро ҳамагӣ чор сол дароз кунад. Ҷадидони ҷавони содиқ ба коммунистон низ соли 1937 мавриди таъ- қиб қарор гирифтанд. Фитрат ва Хоҷаев моҳи июли ҳамон сол тақри- бан дар як вақт боздошт, шиканҷа ва латукӯб гашта, пас аз як сол па- ронда шуданд. Ба СадриддиАйнӣ, ки яке аз аввалин ҷадидон буд, бештар бо шаро- фати пуштибонии Абулқосими Лоҳутӣ, ки Айниро Устод (муаллим) ва худро шогирди ӯ меномид, муяссар шуд, аз ҳабс озод ва аз қатл наҷот ёбад. Ба Лоҳутӣ ҳамчун инқилобгари эронӣ худи Сталин лутф кардааст. Вай ҳангоми дар Маскав будан ба ҳимоят аз Айнӣ маъракаи муваффақеро роҳандозӣ кард, ки самар дод. Абдуррауфи Фитрати бухороӣ ҳамчун як фарди танҳои боистеъдод зоҳир мегардад. Ҳамзамононаш аз истеъдоди ӯ ба ваҷд меомаданд ва Page 25 25 ҳамзамон нафринаш мехонданд. Имрӯз баҳодиҳиҳо дар бораи шах- сияти худи ӯ ва мероси адабияш ба ҳам зид ҳастанд. Хидмати бешубҳаи ӯ дар он буд, ки ҳамроҳи Хоҷаев ва Муҳидди- нов моҳирона кӯшиш мекард, то дар харобаҳои аморат як ҷумҳурии муосири миллӣ, бо сиёсати дохилию хориҷии худ ва муносибатҳои баробарҳуқуқи шартномавӣ бо Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русияро асос гузорад. Аммо ҷадидони ҷавон ба нерӯи худ аз ҳад зиёд боварӣ дошта, маккорӣ ва тавоноии болшевиконро, ки аз аввал қасди додани истиқлол ба Бухоро надоштанд, «ба чашми кам диданд». Болшевикон то пурра зери назорати ҳукумати Шӯравӣ даромадани «Бухорои Шариф» бухороиҳои ҷавонро ҳамчун ҳампай- мони муваққатӣ ва маҷбурӣ истифода бурданд. Дар Тоҷикистон туркдӯстии Фитрат, ки солҳои 1917-1927 идома ёфт, мунсифона маҳкум карда шудааст. Ҳарчанд, ба назари мо, шавқу ҳава- си Фитрат ба туркгароӣ бар зарари тоҷикон назар ба самимият хусуси- яти фурсатталабона дошт. Дар ҳар сурат, мехостам ба ин бовар кунам. Оё Фитрат ва Айнӣ рақиб буданд? Ин ду бузургтарин ақли Мова- роуннаҳр дар охири асри 19 ва аввали асри 20 аз ислоҳотпарастии мусулмонӣ (ҷадидизм) ба миён омадаанд. Ҳарду порсизабон буда, барои ислоҳи ду забони адабии минтақа - тоҷикӣ ва узбекӣ талошҳои бузург кардаанд. Миёни онҳо дар соли 1917 маҳз барои он ихтилофи назар ба вуҷуд омад, ки чи гуна бояд дар Бухоро ислоҳот гузаронд. Айнӣ бар хилофи Фитрат, ки баъди сафар ба Истанбул аз идеяҳои аврупоии миллатгароӣ, модернизм ва пешравӣ илҳом гирифта буд, олими маъруфи Бухоро, «марди қалам», ҷонибдори рушди таҳавву- лоти Бухоро буд. Айнӣ бо вуҷуди мероси ғании адабӣ боқӣ гузоштан бо забони узбекӣ ба фарқ аз Фитрат ҳеч гоҳ ба туркгароӣ таваҷҷуҳ надошт. Устод ба Фитрат ҳамчун нахустин нависандаи тоҷик баҳои баланд медод, вале аз фаъолияти сиёсӣ ва чағатоии ӯ норозӣ буд. Page 26 26 «ФАрҳАнгшиносӣ»-и Айнӣ вА лоҳутӣ Айнӣ дар баҳори соли 1925, баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Ху- дмухтори Шӯравии Тоҷикистон, барои навиштани китоби таърихи адабиёти тоҷик шартнома имзо кард. Сухан аз антология (маҷмӯаи матнҳои бадеӣ) ё тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» меравад. Онро Садриддин Айнӣ солҳои 1924-1925 дар Самарқанд навиштааст. Дар ҳоле ки он замон пойтахти кишвар - Душанбе деҳаи кулбаҳои гилин буд ва дар атрофи он босмачиён мегузаштанд ва ҳокимияти Шӯравӣ танҳо дар шаҳру деҳоти бузург пойбарҷо буд. «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар шаҳри Маскав бо хати форсӣ нашр шуд, ба «шиноснома»-и ҷумҳурии ҷавон табдил ёфт. Дар он ишора шуда буд, ки тоҷикон мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ буда, ба ҷаҳониён галактикаи шоирон, аз Абуабдуллоҳи Рӯдакии замо- ни Исмоили Сомонӣ (асрҳои 9-10) то шоирони асри бистро бахшида- анд. «Намуна» ҳамчун ҷойгузини форсӣ ба лоиҳаи чағатоии Фитрат бо Алишер Навоӣ ва Амир Темур ба шумор меравад. Тааҷҷубовар ин аст, ҳарду тарҳ, ки пояи давлатдории узбеку тоҷикро гузоштанд, на аз сӯи туркҳои Мовароуннаҳр, балки аз ҷониби бухориёни форси- забон таҳия шудаанд. «Намуна» на танҳо ба ҷаҳониён нишон дод, ки ба ҷуз аз худи Форс, қисмати шарқии фазои фарҳангии эронӣ, ки дар он тоҷикон сукунат доранд, вуҷуд дорад, балки шиносоии ҳавзаи Сирдарё ва Амударё (Мовароуннаҳр) бо «Туркистон» аз нигоҳи илмӣ нуқс дорад. «Намуна» бо дастгирии фаъолонаи шоири инқилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ нашр шуд. Ӯ баъди шӯриши бебарор дар Табрез (Эрон) дар феврали соли 1922 ба Озарбойҷон фирор кард ва соли 1923 аз онҷо ба Маскав рафт. Дар он ҷо бо адабиёт машғул шуда, ба Ҳизби комму- нист пайваст. Баъди огаҳ шудан аз ташкилёбии ҷумҳурии форсиза- бонон дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1924 изҳор дошт, ки мехоҳад дар Тоҷикистон кор кунад. Ӯ дар Тоҷикистон ба узвияти Кумитаи иҷроияи марказии ҶСШ Тоҷикистон шомил шуда, масъули ташвиқу тарғибот буд. Page 27 27 Муносибатҳои ӯ, собиқ жандарми эронии аврупоишуда, ки ба ашъори ирфонӣ дилбастагӣ дошт ва ба Русия муҳоҷир шуда, «шои- ри Шарқи инқилобӣ» гашт ва Айнӣ, ки як донишманд аз оилаи кам- бағал, собиқ муаллими мадрасаи Бухоро буд, наздик ва гарм мешавад, ки инро мукотибаҳояшон тасдиқ менамояд. Назари онҳо дар бораи адабиёт ва рушди забони тоҷикӣ комилан ба ҳам мувофиқ омада, зиддиятҳои эҳтимолии дорои хусусияти сиёсиву идеологӣ дур пар- тофта шуданд. Дар муқаддимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» Лоҳутӣ навиштааст, ки «Адабиёти тоҷик имрӯз ба боғе шабоҳат дорад, ки солҳои зиёд бе боғбону бе об мондааст ва ҳоло ба нигоҳубин ниёз дорад». Айнӣ ва Лоҳутиро аз зумраи ин «боғбонҳо» метавон шумурд. Абулқосим Лоҳутӣ дӯстдорони адабиёти эрониро бо эҷодиёти адибони тоҷик шинос ва ба наздик шудани ду халқе, ки худро намояндаи онҳо ме- донист, ёрӣ кардааст. Лоҳутӣ аз забони тоҷикӣ сахт ҷонибдорӣ карда, дар мукотибаҳои худ бо Айнӣ бештар вожаҳоеро истифода кардааст, ки решаи суғдӣ доранд. Ба монанди «кофтан, камбағал, нағз, ганда, авқот» ва ғай- ра. Ҳамин тариқ, ӯ ба Айнӣ на танҳо ҳамчун тоҷик эҳтиром қоил буд, балки асолат, зебоӣ ва баробарии забони тоҷикиро дар баробари форсии Эрон эътироф кардааст. Лоҳутӣ ва Айнӣ талош карданд, ба забони тоҷикӣ вожаҳои нав, аз ҷумла зинда ва мардумиеро ворид кунанд, ки Айнӣ тамоми умр бо ҷустуҷӯи онҳо машғул буд ва муво- фиқ ба меъёрҳои забони классикии форсӣ буданд. Онҳо дар баробари ин ба «муҳаррирони сиёсӣ», ки аз нависандагон талаб мекарданд, то «тарзе навис, ки ман фаҳмам», яъне, ба забони соддаи мардуми одӣ механдиданд. Китоби Айнӣ бо вуҷуди он ки муаллиф талош карда буд, бо исти- фода аз фразеологияҳои инқилобӣ ба он «ҷома»-и марксистӣ-бол- шевикӣ пӯшонад, норозигии раҳбарияти Узбекистонро, ки Тоҷики- стони худмухтор панҷ соли аввал ҷузъи он буд, ба бор овард. Ба миён омадани як ҳувияти нерӯманди рақиб — тоҷикиро дар Узбекистон хуб напазируфтанд. «Намуна»-и Айнӣ пас аз шикояти котиби якуми Page 28 28 Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Узбекистон Акмал Икромов, ки аз сӯи намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳо- ди Шӯравӣ дар назди Шӯрои Комиссарони Халқии Узбекистон А. А. Знаменский ҷонибдорӣ мешуд, бо дастури узви Бюрои сиёсии Куми- таи иҷроияи Ҳизби коммунисти Шӯравӣ Николай Бухарин дар соли 1930 аз фурӯш бардошта ва оташ зада шуд. Айниро ба кӯшиши барқарор кардани аморат ва гуноҳҳои дигар муттаҳам карданд. Аммо, тавре Камол Айнӣ навиштааст, падараш дар соли 1934 Бухаринро мутмаин месозад, ки «Намуна» ягон суха- ну муҳтавои зараровар надорад ва ба омодасозии он барои бознашр мепардозад. Дар соли 1937 таъқибу саркӯбгариҳо шуруъ мешаванд ва Бухарин ҳам дар канор намемонад. Нашри китоб дубора ба таъ- хир меафтад. «Намунаи адабиёти тоҷик» бо талоши Камол Айнӣ дар соли 2010, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш бо ҳарфҳои кириллӣ дигарбора нашр шуд. Ҳарчанд «Намуна» таърихи фоҷиавӣ дорад ва ба андозаи осори бадеии Айнӣ хонандаи зиёд надошта бошад ҳам, арзиши онро баҳо додан хеле мушкил аст. «Намунаи адабиёти тоҷик» пас аз ташкилё- бии Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон тоҷиконро зуд ба ҷаҳониён му- аррифӣ карда, рушди минбаъдаи адабиёти тоҷикро ҳамчун идомаи анъанаҳои классикони бузурги форс муайян кард. кАме нАзАрия дАр охир Оё адибони тоҷик асарҳои худро бо ҳарос навиштанд ва пинҳонӣ фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро мунтазир буданд? Ё онҳо комму- нистон - ленингароҳои воқеӣ ва содиқ буданд? Дар умум, оё давраи Шӯравии таърихи Тоҷикистон мустамликавӣ буд? Оё нухбагони Тоҷи- кистон комилан мутеи қудрати бераҳмонаи Кремл буданд? Ҳамасри мо, назарияпардози пасоистеъморӣ, амрикоии ҳиндиасл Ҳомӣ Бҳабҳа (Homi Bhabhа) як қатор консепсияҳоеро таҳия карда, ки муносибатҳоро миёни мустамликадорон ва мустамликаҳо таҳ- лил мекунанд. Онҳо метавонанд барои дарки феномени фарҳанги Page 29 29 шӯравии тоҷикӣ муфид бошанд. Сухан дар бораи мафҳумҳои ворид- кардаи донишмандон «дурага» (гибридность) ва «тақлид» (мими- крия) меравад. Истилоҳи «гибридӣ» дар боғдорӣ истифода мешавад. Дарахтеро гибридӣ меноманд, ки тавассути пайванд ё гардолудкунии ду навъи дигар ба миён омадааст. «Гибридӣ»-и Бҳабҳа ба эҷоди шаклҳои нави фарҳангӣ дар минтақаи тамос, ки дар натиҷаи мустамлика ба вуҷуд омадааст, ишора мекунад. Бҳабҳа «тақлид»-ро нусхабардорӣ шудани фарҳанги мустамликадорон аз ҷониби мустамликашудаҳо меномад. Нақши нухбагони маҳаллии мусулмон дар шӯрависозии ин мин- тақа дар давраи баъд аз инқилоб ҳалкунанда набошад ҳам, муҳим буд. Онҳо ба сафи ҳизб шомил шуда буданд, то пас аз пошхӯрии ҳу- кумати подшоҳӣ ва аморат боқимондаи «партовҳоро дур андозанд»: масҷидҳои зери идораи муллоҳои пешворо банданд, вақфро барҳам диҳанд, ба ҷомеаҳои ҷиноии дарвеш-қаландарҳо хотима бахшанд, ба ҳамгироии занон дар ҷомеа мусоидат кунанд, зидди исрофкорӣ дар тӯю маросими дафн ва маҳр мубориза баранд. Ин корро ба ҷуз аз онҳо, каси дигаре карда наметавонист. Садоқати пешвоёни мусулмон ба идеалҳои коммунистӣ мутлақ набуд. Он шио- ри коммунистиеро мемонд, ки бо хати арабӣ дар матои сурх шитоб- корона навишта шуда, пушти он майлу хоҳиши нухбагон ба мероси иҷтимоӣ ва фарҳангии гузашта пинҳон буд. Вобастагӣ ба таҷрибаи наслҳои пешин аз байн нарафт. Ҳатто ҳангоми пеш омадани зарурати навиштан дар бораи Ленин, трактор ва пахта эҳсос мешуд. Он моҳи- рона пинҳон шуда, мунтазири фурсате буд, ки дубора берун шавад ва навъи севуми ба истилоҳ, «гибридӣ»-ро ташкил намояд. Ҳукумати Шӯравӣ итоаткориро талаб мекард ва дар баробари дига- рандешиҳо тоқатнопазир буд. Дар бештари маврид ба ҷазодиҳӣ дар шакли танбеҳ, «поккориҳои ҳизбӣ», ҳабс, ҳатто қатл даст мезад ва аз майли тоҷикон ба фарҳангу арзишҳои худ огаҳ буд. Шӯравӣ ҳарчанд маҳдуд мекард, ҳеҷ гоҳ рушди миллиро манъ накардааст. Бинобар ин, он дар даҳсолаи аввали ҳукмронии худ тавонист ба босмачигарӣ пирӯз шавад ва бештари зиёиёнро ҷонибдори худ созад. Ҳокимияти Page 30 30 Шӯравӣ дастурамали «омода барои истифода» набуд, ки аз боло иҷбо- ран таҳмил шуда бошад. Он дар «минтақаи тамос» якҷоя бо нухбаго- ни миллӣ ҳаракати муайяни «аз поён ба боло»-ро дар назар дошт ва аз ҷумла, «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бо қасидаи шоири дарбории асри 9-10, ки ба амири Бухоро бахшида шуда буд, намунаи адабиёти тоҷик эътироф кард. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳукумати Шӯравӣ ба кори эҷодии нависандагон, рассомон, мутахассисони бонуфуз ва асилзодагони маҳаллӣ, ки дар як вақт бо раҳбарони давлати Шӯравӣ ва одамони одӣ робита доштанд, иҷозат дода буд. Онҳо метавонистанд ба ман- фиати Кремл таблиғ кунанд ва ҳамзамон имкони таъсиррасонӣ ба сиёсати онро аз даст надиҳанду дар ниҳоят ҳамон маҳсули зеҳнии «гибридӣ»-ро ба вуҷуд оранд. Аз ҷумла китобҳоеро, ки дар боло но- машон гирифта шуд. Ин «гибридӣ» маҳз омезиши садоқат ба низом бо эҳтиром ба гуза- штаи хоси Айнӣ имрӯз ҳамчун зуҳуроти зиддимустамликадорӣ аён мегардад, зеро он ногузир болшевизмро суст сохта, онро аз мақоми доктринаи ҳукмрон маҳрум кард. Ҳарчанд беҳтарин намояндаҳои нухбагони Тоҷикистони Шӯравӣ — Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафу- ров ва Муҳаммад Осимӣ фаъолияти худро хилофи коммунизм на- мешумориданд, дар парадигмаи зидди мустамликадорӣ беғаразо- на амал карда, тадриҷан - бошуурона ё беихтиёрона — заминаеро омода месохтанд, ки рӯзе дар асоси он давлати мустақили тоҷикон таъсис ёбад. Давраи шӯравии таърихи Тоҷикистон раванди пурхурӯши дигар- гуниҳо, задухӯрдҳо, созишҳо ва зиддиятҳо буд. Меъёрҳои фарҳангии одатӣ аз байн рафтанд ва ба ҷои онҳо меъёрҳои наве ба вуҷуд омада- анд, ки ба назари тоҷикон, кӣ будани худи онҳо ва чӣ гуна будани давлаташонро метавонанд муаррифӣ кунанд. Камолуддин Абдуллоев 6-уми ноябри 2023 Page 31 БАХШИ ДУВУМ САД СОЛИ ГУЗАШТА Page 32 У, Ор УФА Page 33 33 100 СОЛ БЕ БУХОРО Бухорои имрӯза маркази маъмурии вилоят ва як макони сайёҳӣ дар Узбекистон аст, аммо то моҳи сентябри соли 1920 шаҳри машҳур- тарин дар саросари дунё ва пойтахти бузургтарин давлати минтақа бо номи Бухоро буд. Тақрибан 3 миллион тоҷику узбек, яҳудӣ, турк- ман ва қирғиз дар ин аморат зиндагӣ мекарданд. Бухоро дар харита марди каҷпаҳлухобидаеро дар канори дарёи Ому мемонд, ки сараш ба сӯйи саҳрои Хоразм ва пойҳояш ба тарафи кӯҳҳои Помир дароз карда шуда буданд. Агарчи бештари шоҳкориҳои меъмории Бухоро то асри 18 бунёд шуда, аморат асри 20-ро бо як салтанати фарсудаи истибдодӣ пешвоз гирифт, барои мусулмонони тамоми Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ рамзи бузургии дин буд. Ба эътирофи сиёсатмадорони рус, Бухоро баъд аз Туркияи Усмонӣ бонуфузтарин минтақа дар олами Ислом буд. Дар Ҳиндустону Покистон садҳо нафар то ба имрӯз бо ифтихор на- саби худро «Бухорӣ» меноманд. Ба назари таърихшиноси муосири покистонӣ, Ориф Ҳасанхон Охундзода, бештари бухороиҳои Поки- стон худро сайидзода (ворисони паёмбар Муҳаммад) меҳисобанд, ки дар асрҳои миёна аз Бухоро ба Ҳиндустон рафтаанд. Ричард Фрай, донишманди амрикоӣ, ба ҷонибдорӣ аз даъвои аҳа- мият доштани Бухоро дар таърихи Ислом менависад, Бухорои Сомо- ниён (819-999), ки пойтахти Эрон ва Осиёи Марказӣ буд, «дар ҷаҳонӣ гардондани Ислом ҳамчун дин ва тамаддун нақши муҳим бозида- аст». Оливер Руа, донишманди фаронсавӣ, менависад, то омадани русҳо ба Самарқанду Бухоро дар асри 19, афғонҳо таҳсилро дар Бухоро Page 34 34 назар ба Ҳиндустон беҳтар мешумориданд. Илова бар ин, мусулмоно- ни Русия, Қафқоз, Сибир, минтақаи Волга ва Қрим низ барои таҳсил ба Бухоро мерафтанд. Бухороро аз соли 1756 то соли 1920 сулолаи узбекони манғит идора мекард, ки аҳамияти он аз маҳдудаи Осиёи Миёна берун намешуд ва ба Хуросон низ он таъсире, ки пештар дошта буд, надошт. Бо ин вуҷуд, низоми маъмурӣ, сохти давлатдорӣ ва бартариҳои фарҳангии аморат ба анъанаҳои эронии Ҳахоманишиниён, Сосониён ва Сомониён рост меомад. Бухоро дар давоми ҳазор сол, бо шумули давраи «узбекӣ» ё баъдичингизии таърихи худ (аз миёнаҳои асри 18 сар карда) яке аз марказҳои машҳури фарҳанги форсӣ-исломӣ буд. Аз зумраи зеҳнҳои барҷастатарини аморат, ки дар асрҳои 19 ва ав- вали 20 зиндагӣ кардаанд, метавон маорифпарвару таърихшиносон Аҳмади Дониш (1827-1897) ва Мирзомуҳаммад Абдулазизи Самиро (1837-1908) ном гирифт. Амирони турку муғул ва узбек ҳарчанд худро ба аҳолии тоҷик пирӯз мешумориданд, фарҳангу забони худро бар он таҳмил намекарданд. Илова бар ин, онҳо ҳаводору сарпараст ва донишманди шеъри классикии форсӣ-тоҷикӣ буданд. Бештари онҳо, аз ҷумла амир Абдулаҳадхон (1859-1910) ва амир Олимхон (1880-1944) шеър эҷод мекарданду хотирот мегузоштанд. Эроншиноси канадаӣ Ричард Фолтс беҳуда раҳбарони турки Осиёи Марказиро «ҳомӣ ва машҳуркунандагони аслии тамаддуни эронӣ» наномидааст. Дин ва фарҳанги умумӣ ба Бухоро имкон дод, ки беҳа- моҳангӣ ҳамзистии бонизоми тоҷику узбек, яҳудӣ ва халқҳои дигар- ро то як дараҷа таъмин кунад. Боварнакарданист, аммо манъи иҷбории истифодаи забони форсӣ дар аморат ва коргузориро дар Бухоро ба забони туркӣ на узбекҳо, бал- ки форсизабонон, бахусус аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯра- вии Бухоро (1920-1924) ҷорӣ карданд. Ба шоҳидии бошқирдтабор Аҳмад Валиди Тоған (1890-1970), ҳуку- мат ба ҷуз аз як вазири мудофиа, ки узбек буд, боқӣ аз бухориён ибо- рат буд, ки байни худ бо тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Манъи истифодаи забони тоҷикӣ бо мулоҳизаҳои усулӣ ҷорӣ шуда буд, зеро муосиргаро- Page 35 35 ёни Бухоро намунаи Туркияро, ки бештарашон дар он таҳсил карда буданд, пайравӣ мекарданд ва кӯшиш менамуданд дар ҳама маврид ба он монанд бошанд. Забони тоҷикӣ барои онҳо ба муҳофизакорӣ ва рӯҳоният монандӣ дошт. Чӣ гуна Бухоро — мағзи сиёсиву фарҳангии тамоми минтақа ва вориси тамаддуни чандинасра аз байн рафт? омилҳои берунӣ Ёдрас мешавем, Осиёи Миёна дар нимаи дувуми асри 19, пас аз муқобалаи сусту на он қадар дароз ба сарбозони рус, суқут кард. Соли 1869 амири Бухоро тобеи императори рус шуд ва империяи Русия дар соҳили тарафи рости Ҷайҳун (дарёи Ому) ҷойгир гардид. Пас аз Бухоро, Хива низ суқут кард. Хонигарии Қӯқанд соли 1876 ба ҳайати Русия ҳамчун вилояти Фарғонаи минтақаи Туркистони Им- перияи Русия пайваст. Дар аввал муносибатҳои Бухоро ва маъмури- яти Русия тавассути генерал-губернатори генералии Туркистон, ки мансабдореро дар умури хориҷӣ дар ихтиёр дошт, сурат мегирифт, аммо баъдан дар Бухоро намояндаи сиёсии император таъин шуд ва ҳама масъалаҳо ба ӯ супорида шуданд. Русия Бухороро ба ҳайати империя напайваст ва сабаби асосӣ ин буд, ки намехост ба манфиатҳои Инглистон зарар расонад. Инглистон ҳам дар навбати худ бо Афғонистон чунин бархӯрд намуд. Ин ду бу- фер-давлат миёни ду империя расман мустақил монданд, вале яке аз сӯи Русия ва дигаре аз тарафи Инглистон идора мешуданд. Агар амирони Бухоро, ки 63 сол таҳти ҳокимияти шоҳӣ буданд, бе пайвастшавии расмӣ ба ҳайати империя ба хушомадгӯй табдил шуда бошанд, пас, афғонҳо аз худ шахсияте нишон доданд. Онҳо дар давоми солҳои 1838-1919 се бор бо Инглистон ҷанг карданд ва дар ҳеч кадоме набохтанд. Истиқлоли худро ба даст оварда, ҳам ба Русия ва ҳам ба Инглистон бетарафиро ваъда доданд. Вақте соли 1919 амир Олимхон ба афғонҳо пешниҳод кард, ки барои бо муқобала бо таҷовузкории эҳтимолии Шӯравӣ бо ҳам иттиҳод кунанд, афғонҳо бо ирсоли нерӯи Page 36 36 на он қадар бузурги низомӣ барои муҳофизати шахсии амир ба нармӣ пешниҳодро рад карданд. Амири Афғонистон Амонуллохон (1892-1960) баъди ҳамлаи Арти- ши Сурх ба Бухоро дар моҳи сентябри соли 1920 эътироз баён кард, вале аллакай дар моҳи декабри он сол ба Владимир Ленин бо изҳори умед ба мададу ҳамкорӣ нома навишт ва боре ҳам сарнагун шудани ҳукумати исломиро дар Бухоро зикр накард. Бархӯрди Инглистон ба тақдири Бухоро чӣ гуна буд? Инглистон дар солҳои 1918-1919 ба амир таваҷҷуҳ нишон дод ва дар ивази эъти- розҳои зиддирусӣ дар Бухоро ваъдаҳои пинҳонӣ дод. Ин боис шуд, ки бештари таърихнигорони Шӯравӣ бовар доштанд, босмачиҳо ва амир «агент»-ҳои империализми ҷаҳонӣ мебошанд. Ин муболиғаи ошкоро аст. Бритониё, албатта, хоҳони ҳамагуна мушкилот барои Русия буд, вале бештар аз он ҳарос дошт, ки дар су- рати суқути ҳукумати Русия дар Осиёи Миёна ҳарҷу марҷ ва исёни «мусулмонони ифротгаро» дар минтақа ба миён меояд, ки ба ҷоме- аҳои мусулмоннишини Ҳиндустон ҳам таъсир расонда, ба худи Ин- глистон низ таҳдид мекунад. Амир то охирҳои соли 1920 ба босмачиҳо ваъда медод, ки Ғарб ёрӣ хоҳад кард. Бозиҳои бенатиҷаи Олимхон бо англисҳо танҳо бадби- нии болшевикҳо ва бетарафию хашми афғонҳоро ба бор овард. Бо ин ҳол, Амонулло ба Олимхон ва садҳо ҳазор гурезаву муҳоҷири Осиёи Марказӣ паноҳгоҳ дод. инқилоб ё ҷАнг? Сабаби асосии «инқилоби сентябр» дар он буд, ки Русия мехост, минтақаи омодаро барои мустақил шудан пас аз инқилоби 1917 таҳти назорати худ дароварда, бо ин роҳ амирро, ки қасди ба даст овардани дастгирии Ғарбро дошт, ҷазо диҳад. Кӯшиши аввал дар охирҳои моҳи феврали соли 1918 замоне сурат гирифт, ки Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон бе паснигоҳ ба Маскав бо дархости ҳизби ҷавонбухороиён — ҷадидҳо бо раҳбарии Page 37 37 Файзулло Хоҷаев (1896-1938) хост, аморатро ба ҳам бизанад. Шӯрои Ко- миссарони Халқии Туркистон рӯзи 28 феврали соли 1918 раҳбари худ Федор Колесовро барои гуфтугӯ бо амир ба Бухоро фиристод. Колесов дар шакли шартгузорӣ пешниҳод кард, ки ҷавонбухороиён ба ҳайати ҳукумати Бухоро шомил карда шаванд. Табиист, ки амир рад кард. Сипас, 2 март, Артиши Сурх ба шаҳри Бухоро ҳамла кард. Амир дар посух гурӯҳи бузурги сарбозонро ҷамъ овард. Бино ба гуфтаи шоҳид Муҳаммадалӣ Балҷувонӣ, бухороиҳо ба амир муроҷиат карданд, ки «мо ҳуррият (инқилоб)-ро намехоҳем, дастур бидеҳ ва ҷанг хоҳем кард». Ҳамлаҳои болшевикҳо зуд бо шикасти ҳамлаварон ба поён расиданд. Дар натиҷа, «ҷиҳод» эълом шуд ва бештари русҳо, ки дар аморат ба сар мебурданд (асосан кормандони роҳи оҳан ва марзбонҳо) латукӯб шуданд. Ҷамъияти пурҳаяҷону мутаассибони таҳрикшуда танҳо баъд аз буридани сари даҳҳо рус дар саросари Бухоро ором шуд. Лаҳзаи муносиб барои гирифтани қасос аз бухороиҳо ва амир танҳо баъд аз 2,5 сол, дар моҳи сентябри соли 1920, фаро расид. То он замон иттифоқҳои таассуфоваре барои Русия рух дод. Аз ҷумла, шикасти Ҷумҳурии мардумии Маҷористон (1918-1919), суст шудани ҳаракати инқилобӣ дар Олмон ва талафоти Балтика, ки ҳукумати Шӯравиро водор кард, то ба Шарқ муроҷиат кунад. Аз нигоҳи стратегӣ ҳадафи асосии Русияи Шӯравӣ на Бухоро бо артиши заифаш, балки Ҳиндустон буд. Ҳамин тариқ, инқилоб дар Бухоро ҳамчун ҷузъи инқилоби ҷаҳоние баррасӣ мешуд, ки ҳадафи он Париж ва Лондон буданд. Онро болшевикҳо-фармондеҳони сурхи наздик ба атрофиёни Ле- нин ба раҳбарии М. В. Фрунзе, ки моҳи июни соли 1920 «кӯчонидани маҳалли амалиётро то ба берун аз Афғонистон» пешниҳод кард, раҳ- барӣ мекарданд. Ёдрас мекунем, дар луғати сиёсии Русия он замон ҳар чизе дар ҷануби дарёи Ому буд, Ҳиндустон ҳисобида мешуд, ки онро Инглистон соҳибӣ мекард. Барои Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ бадбинии Ғарб якбора аз Панҷ оғоз шуд. Фрунзе 2 сентябри соли 1920, баъд аз ҳамлаи сахту харобиовар ба Бухоро ба Ленин нома навишт, ки «охирин сангари ҷаҳолатпарастӣ Page 38 38 ва иртиҷоъпарастии Бухоро суқут кард. Парчами сурхи инқилоби ҷаҳонӣ бо пирӯзӣ бар Регистон парафшон аст». Фрунзе аз тахайюлоти инқилобӣ-ошиқонаи хос ба баъзе аз раҳбарони Коминтерн, ки ҳамо- но бовар доштанд, инқилоб ин гардиши бузурги сиёсӣ бо иштироки чандин миллион одам аст, озод буд. Ба назари ӯ, артиши инқилобӣ барои ҳамла ба Бухоро бояд аз «сар- бозони сурхи рус, бахусус аз вилоятҳои марказии Русия, ки огоҳтару рӯҳияи инқилобии бештар доранд, ташкил карда шавад.» Сокинони маҳаллӣ дар ҳамла ба Бухоро иштироки рамзӣ доштанд. Артиши Сурх дар ҳайати ба истилоҳ, экспедитсияи Ҳисор дар ав- валҳои соли 1921 ба дарунтари Бухорои Шарқӣ — водиҳои Ҳисору Вахш ва сипас Кӯлобу Қаротегин ва Давроз рафта, дар онҷо бо муқови- мати сахти ба истилоҳ босмачиҳо — гурӯҳҳои низомии муташаккил аз артиши боқимондаи Бухоро ва гурӯҳҳои қабилавӣ рӯбарӯ шуданд. Ба ҳайати экспедитсия таърихшиносони низомие шомил шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани шонс ё имкониятҳои комёбии юриш ба Ҳиндустон буд. Хулосаи онҳо ноумедкунанда буд. Онҳо иқрор карданд, ки «дар Бухорои Шарқӣ, дар умум дар Бухоро зидди ҳукумати амалкунанда, ки аз он ҳукумати Шӯравӣ ҷонибдорӣ мекунад, қиёми инқилобии мардумӣ вуҷуд дорад.» Табъан, соли 1921 сухан аз ҳеч гуна экспедит- сияи ҳинду афғон намерафт. Стратегҳои Шӯравӣ дарк мекарданд, ба Афғонистон наметавонанд ҳамла кунанд, дар шароите ки дар ақибгоҳашон мардуми ғайридӯст ҷойгир бошад. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ғасби инқилобӣ дар ин минтақаи Бухоро маҳдуд шавад. Ба ин тартиб, муқобилияти бухороиҳо дар баробари наҷоти ҳуку- мати англис аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар тағйири масири раҳбарии Шӯравӣ нақши муҳим дошт, ки дар аввал даъвоҳои байнулмилалӣ дошта, бо ба даст овардани қудрат дар соли 1920 боқӣ мондани Ру- сияро, ки таҳти ҳокимияти болшевикҳо қарор дошт, таъмин намуд. Маҳз дар ҳамин давра марксизм-ленинизми русӣ ранги миллат- гароии давлатӣ гирифт ва билохира «босмачигарӣ» бо ифротгароӣ ва Page 39 39 майли худ ба хушунат дар рушди сиёсии ҷомеаи ақибмондаи Бухоро ва тақсим шудани он ба ду гурӯҳ — мухолифон ва ҷонибдорони ҳуку- мати Шӯравӣ мусоидат кард. Дигарон низ талош карданд, ки идеал ва авлавиятҳои худро муайян ва манобеи мавҷударо барои ба даст овардани онҳо сафарбар намоянд. Як сабаби дигари ғасби Бухороро зикр кардан зарур аст. Дар та- саввури аврупоиҳову русҳо Бухоро як кишвари сарватманди афсонавӣ буд. Дар ҳақиқат, соли 1920 дар онҷо захираи ғалла барзиёд буд. Ни- зомиёни рус баъд аз ғасби Душанбе, Ҳисор, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар баҳори соли 1921 зуд захира кардани ғалла ва гӯштро барои Артиши Сурх оғоз карданд. Манбаъҳои ғизоӣ ва моддии Бухоро (бо шумули тилои амир) ба Русияи Шӯравӣ кумак карданд, ки солҳои 1921-1922 гу- руснагӣ ва буҳрони ғизоиро пушти сар кунад. ҷАдидия Ҷадидҳои Бухороро одатан ислоҳотгарони ҷунбиши зеҳнии ис- ломӣ мешуморанд. Ин ҳаракат аз як ҳизби сиёсӣ дида, бештар ҷун- биши фарҳангӣ буд. Ҳайати сиёсии ҷадидҳо ба раҳбарии Файзулло Хоҷаев сиёсатҳои Русияро «кӯркӯрона» пайгирӣ мекарданд. Ҷадидҳо дар фикри озодӣ ё раҳоӣ аз вобастагии истеъмории Русия набуданд. Дар ҷомеа як тавофуқе буд: ҳам амирҳо ва ҳам буржуазияи пайдошуда ояндаи худро бо Русия пайванд мекард. Тамоюли хуб ни- гаҳ доштани муносибатҳо бо Русия иртиботро бо гузаштагон аз байн бурд, ки ёдоварии онҳо ҷомеаро барои ба даст овардани истиқлол, чӣ аз роҳи осоишта ва чӣ аз роҳи хушунатомез таҳрик мекард. Хонигариҳои ақабмондаи Қӯқанд, Хива ва аморати Бухороро бо Туркияи Усмонӣ, Форс ва Чини муосир наметавон муқоиса кард. Дар он ҷойҳо кӯшишҳо барои озодӣ ва дар аввали асри 20 инқилобҳои худҷӯши дохилӣ ба чашм мерасид. Шиори «Озодӣ ва Истиқлол», ки пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон зиёд истифода мешуд ва пояҳои империа- лизми ҷаҳониро сахт такон дода буд, барои нухбагони равшанфикри вақти Бухоро, ки танҳо барои навсозӣ, пешрафт ва маориф мубориза Page 40 40 мебурданду аз ҳама гуна талаботи сиёсӣ ва даъвоҳои қудрат канора- гирӣ мекарданд, арзиш надошт. Худи амир, ки аз ҳаводиси ҷорӣ дар Эрону Туркия огаҳ буд, медо- нист, ки тағйирот дар Бухоро низ ногузир аст ва ҳатто барои дастёбӣ ба як навъ созише бо ҷадидҳо талошҳоеро низ анҷом дод. Ӯ дар моҳи апрели соли 1917 бо розигии ҳукумати муваққати Русия ҳатто тасмим гирифт, «маромнома»-еро бо ваъдаи ислоҳот қабул кунад. Вале мул- лоҳо нагузоштанд, ки ӯ ин корро кунад ва бо розигии хомӯшонаи амир ҷадидҳо мавриди ҳамла қарор гирифта, аз ҷумла Садриддин Айнӣ (1878-1954)-ро латукӯб карданд. Ҷадидони Бухоро дар пайи ин шикаст бо мусоидати болшевикҳои маҳаллӣ, ки қасди ҳеч гоҳ тақсим накардани қудратро бо сокинони маҳаллӣ пинҳон намедоштанд, ба Тошканд фирор карданд. Ҷои та- аҷҷуб нест, ки онҳо фурсатро аз даст надода, ҷадидонро дар «Юриши Колесов» ва сипас дар ғасби Бухоро ҳамчун «авангардҳои инқилобӣ» истифода карданд. Дар тӯли 20 сол аксар ҷадидоне, ки аз Шӯравӣ тарафдорӣ мекар- данд, саркӯб карда шуданд. Зиёиёни Бухоро, ки ба ҷадидон ҳамдардӣ баён мекарданд, режими Шӯравиро дастгирӣ карданд ва дар бунёди фарҳангии Узбекистон ва Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд. Як қисми хурди ҷадидҳо бо раҳбарии Усмон Хоҷаев (амакбачаи Файзулло Хоҷаев), ки бо коммунистҳо розӣ набуд, дар нимаи дувуми соли 1921 пеш аз паноҳ бурдан ба Афғонистон ва Туркия бе комёбии хосе кӯшиш кард, то бо босмачиҳо забон биёбад. Дар умум бухороиҳо натавонистанд, ки иттиҳодияи миллӣ ё ҳара- кати исломиеро ҳамчун интихоби колониализм ва болшевизм таъ- сис диҳанд. Ҷунбиши озодихоҳ аз ҳукмронии хориҷиҳо, ҳамсони миллатгароии ҳиндуӣ, ки ба колониализми бритониёӣ посухи му- носибе шуд. Даъвати ҷадидҳо маҳз ба сиёсат дахл надошт, он ба мактабҳо маҳ- дуд шуда, бо таҳти фишор қарор додани уламо мехостанд, ҳаққи на- зорати барномаҳои таълимиро аз онҳо бигиранд. Ҳеч гуна сухане аз итоат накардан ба ҳукуматдорон, исён ва табаддулоти низомӣ наме- Page 41 41 рафт. Деҳоту бозорҳо ба майдони фаъолияти ҷадидҳо шомил намешуд ва мадрасаву мактабҳои куҳна бо донишомӯзону муллоҳояшон лонаи душманони онҳо маҳсуб мешуданд. Барои ҷадидон аҳолии Бухоро хеле бесавод буданд, то бо онҳо дар сатҳи баробар гуфтугӯ кунанд. Шинохти паст будани худ дар муқоиса бо миллатҳои «пешрафтатар» наметавонист ғояи миллӣ бишавад. Он ба таслим монанд буда, роҳро барои тасаллути хориҷӣ мекушод. Албатта, ҷадидҳо барои мардум некиро мехостанд, вале натавони- станд, далелҳои муносибе пайдо кунанд, то мардум дастҷамъона аз барномаҳои онҳо пуштибонӣ кунанд. Суханҳои зарурӣ дертар, дар миёнаҳои солҳои 1920-ум дар доираи бунёди Тоҷикистони Шӯравӣ пайдо шуданд ва онҳоро низ Садриддин Айнӣ бо тамаркуз ба даврони Сомониён, таърихи бойи фарҳангии Бухоро, бахусус ба классикони адабиёти форсу тоҷик интихоб кард. Ҷойи таассуф аст, ки ин ва идеяҳои дигар ба зеҳни зиёиёни Бу- хоро зудтар нарасид, вале бояд гуфт, дар таърих сиғаи шартӣ вуҷуд надорад. Аморати Бухоро нимамустамликаи ақибмондаи Русия бо як режими иртиҷоӣ буд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мубҳамеро пеш мегирифт. Аз байн бурдани истибдод, аз даст додани қобилияти худсозӣ дар оғози асри 20, шомилшавӣ ба Русияи подшоҳӣ дар ҳай- ати Русияи Шӯравӣ дар пеши чашми ҷаҳониён ҳарчанд аз ҳад зиёд бераҳм менамуд, вале ногузир буд. Вокуниши ҳамаи абарқудратҳое, ки амир Олимхон ба онҳо му- роҷиат карда буд, ба суқути аморат як навъ беҳуда набуд. Дар зеҳни ҳамаи онҳо ҷой шуда буд, ки Бухоро моликияти Русия аст. Шояд, Бу- хороро лозим буд бо ҳам ҳимоят ва ҳифз кунанд. Чун хилъат ҳарчанд куҳна бошад ҳам, онро метавон тозаву дарзмол кард ва дубора пӯшид ё дар девор овехт. Зеро он хилъати падарӣ асту аз падарбузург ба ме- рос мондааст. Бухоро хонаи муштараки тоҷикон, узбекҳо, яҳудиён, туркманҳо, эрониҳо, ҷӯгиҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо ва дигарон, шаҳри бузурги космополитии дорои фарҳанги яксон ва бидуни шак як дав- латгунаи қонунӣ буд. Page 42 42 Бухоро, ба монанди Хива ва ҳатто ҷойноми баъдӣ «Туркистон» низ метавонист, таърихи худро бо комёбӣ идома диҳад. Ба монанди Гурҷистону Арманистон, ки мисли Бухоро давлатҳои қадимиянд. Инқилоб бо роҳи зӯрӣ Бухороро аз фарҳанги муносибатҳои байнул- милалӣ берун карда, анъанаи давлатдории чандинасраи онро ба ҳам зад. Бухоро баъд аз суқут ва ҷудошавии тоҷикону миллатҳои дигар маҷбур шуд, дар доираи миллатгароӣ таърихи давлатдории худро аз сар оғоз кунад. Дар замони Шӯравӣ таърихнигории тоҷикону узбекҳо аксари вақт ба якдигар таҳмил мешуданд, ки норозигиҳо ва ихтилофҳои сахти тафсириро ба миён меовард. Талафоти фарҳангии Бухоро рӯшан аст. Тоҷикистон дар ҳудуди маъмурие, ки дар солҳои 1924-1929 муайян шуда буд, худро дар канори фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодие пай- до кард, ки асоси он Бухоро буд. Дар ин ҷумҳурӣ соли 1924 шаҳреро пайдо карда натавонистанд, ки пойтахт эълом кунанд, бо вуҷуди он ки аз қадим аксарияти аҳолии шаҳрҳои Осиёи Марказиро тоҷикон ташкил медоданд. Дар даҳсолаи аввали ҳукумати Шӯравӣ ҳазорҳо бухороӣ, самарқандӣ ва зодагони донишманду таҳсилдидаи мин- тақаҳои дигари тоҷикнишини Узбекистон тавассути ағбаи кӯҳӣ худро ба Душанбе расонданд, то дар як макони холӣ Тоҷикистони имрӯзи худро бисозанд. Дар миёни онҳо ходимони давлатӣ, нависандагон, донишман- дон ва ҳунармандон аз қабили А. Муҳиддинов (1892-1934), С. Айнӣ (1878-1954), С. Улуғзода (1911-1997), С. Умаров (1908-1964), Аслӣ Бурҳо- нов (1915-1997) ва дигарон буданд. Ҳамин тариқ, Бухоро дар даврони Шӯравӣ дигар маркази ҷалби тоҷикон набуд ва забони он ки аз ҳи- мояти давлатӣ маҳрум ва аз Тоҷикистон ҷудо шуда буд, ба як забони маҳаллӣ табдил ёфт. Бухороиҳо сад сол пеш натавонистанд кӯшишҳои худро якҷо карда, дар баробари ватанашон истодагарӣ намоянд. Норасоии масъулият- шиносӣ, ифтихори миллӣ ва нерӯ халал расонд. Озодӣ ба тоҷикон тавассути телевизион расид, ҳамон тавре ки моҳи ноябри соли 1917 ҳукумати Шӯравӣ ба Тошканд тавассути телеграф Page 43 43 рафта буд. Ин озодӣ на дар натиҷаи талошу муборизаҳо, балки барои он ба даст омад, ки Русия дигар барои нигаҳдории майдоне, ки сад сол пеш дар наздикии Ҳиндустони мавриди назар ғасб карда буд, на сармоя дошт ва на ҳавасмандӣ. Камолуддин Абдуллоев 29-уми августи 2020 Page 44 44 СТАЛИН БУНЁДГУЗОРИ ТОҶИКИСТОН: АФСОНА Ё ВОҚЕИЯТ? «Ҷозиба ва бераҳмии ғайриинсонии Сталин бо ҳам зид набуданд. Онҳо сарчашмаи қудрати ӯ ба ҳисоб мерафтанд...» Хироаки куромия, Stalin, ProfileS in Power Моҳи марти соли 2023 ба марги Иосиф Сталин 70 сол пур шуд. Чанде пеш барои баргашт ба мавзӯи Сталин сабаби дигаре пайдо гардид. Донишмандони Қазоқистон моҳи январи соли 2023 маводи Кумисюни давлатиро дар бораи афви пурраи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ба президент Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод карданд. Мавод дар 31 ҷилд гирдоварӣ шудааст. Дар Русия махзани электронии қурбониёни терроризми сиёсӣ дар замони СССР ҳаст, вале дар он тоҷикистониҳо бисёр кам ёдоварӣ шу- даанд. Дар Қирғизистон соли 2021 «Китоби қурбониёни таъқибҳои сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон (1920-1953)» дар 10 ҷилд чоп шуд. Ёдбуди қурбониёни таъқибҳо дар Узбекистон низ баргузор меша- вад. Дар ин кишвар 22 сол пеш маҷмааи ёдгории «Хотираи шаҳидон» гузошта шуд ва аз он замон ҳар сол 31-уми август дар Узбекистон ҳам- чун Рӯзи ёдбуди таъқибҳои сиёсӣ таҷлил мешавад. Додгоҳи олии Узбекистон (дар охири соли 2022 ва аввали соли 2023) 393 нафарро, ки дар солҳои 1920-1930 таъқиб шуда буданд, аз ҷум- ла ба истилоҳ босмачиҳо, «сафед» кард. Донишмандони ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба таҳияи китоби бисёрҷилдаи «Қурбониҳои саркӯб» машғул ҳастанд. Page 45 45 дАр мо Чӣ? Наметавон гуфт, ки таърихи фоҷиавии солҳои 1930 барои тоҷикон чандон аҳамият надорад. Аз соли 1957 дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) корҳои муайяни «сафедкунӣ» оғоз шуд, вале интихобӣ ва нопурра ва ноаён сурат гирифт. Он дар Тоҷикистон боз ноаёнтар анҷом шуд. Ҳамин тариқ, барқарорсозии узвияти раиси ҳукумат дар солҳои 1929-1933 Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ҳизб соли 1967 танҳо бо хоҳиши хешовандони ӯ ва зери муҳри «комилан сиррӣ» сурат гирифт. Ку- митаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 1989, дар авҷи бозсозӣ, тасмим гирифт, ки хотираи раҳбарони таъқибшудаи ҷумҳурӣ абадӣ гардонида шавад. Имрӯз ба номи онҳо кӯчаҳо номгу- зорӣ ва муҷассамаҳо гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон аз Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Ши- риншо Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва чандин каси дигар, ки солҳои 30-юми асри гузашта таъқиб шуда буданд, ёд меоранд. Ба саргузашт ва хидматҳои онҳо таваҷҷуҳ шуда, аз ҳарф за- дан дар бораи шахсоне, ки ин таъқибҳоро оғоз карданд ё иштирок до- штанд ва ё дар умум дар бораи моҳияти сталинизм худдорӣ мешавад. Ҳарчанд бисёре аз донишмандон ва адибони тоҷик, ки дар урду- гоҳҳо (лагерҳо)-и таъқибшудагон буданд, зинда баромаданд ва баъд аз марги Сталин низ ба сар бурданд, вале мо Шаламовҳо ва Солженит- синҳои худро надоштем. Охирин нависандаи таъқибшудаи тоҷик, ки ҳам баъд аз марги Сталин ва ҳам пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ зинда буд, Раҳим Ҳошим буд. Ӯ соли 1993 даргузашт. Файласуф ва ҷанговари тоҷик Алоуддин Баҳоуддинов баъд аз Ҷан- ги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ) зиндонӣ шуд ва рӯдхонаи Волга-Донро бунёд кардааст. Баҳоуддинов ҳамроҳи ҳамсараш Анто- нина, ки ӯ низ зиндонӣ буд, дар соли 1951 аз урдугоҳ озод шуд. Аҷобат дар он аст, ки ин маълумот дар ягон ҳолномаи расмии академик ва матлабҳои навиштаи шогирдонаш дар бораи ӯ зикр нашудааст. Тоҷир ва китобхони самарқандӣ Абдуллоҷон Абдулхолиқ ва ду пи- сари ӯ — нависандагон Рашид ва Ғанӣ дар соли 1937 дастгир ва зин- Page 46 46 донӣ шуданд. Рашид ва падараш солҳои 1937-1940 дар урдугоҳ ҷон бохтанд. Ғанӣ (Ғанӣ Абдулло, драматурги машҳур) соли 1947 озод шуд, вале танҳо баъди «сафед» шудан дар соли 1955 тавонист, ба шаҳри Сталинобод, пойтахти онвақтаи Тоҷикистон, баргардад. Баъд аз бар- гашт ба ҷойи пуштибонӣ ва ҳамдардӣ бо нигоҳҳои бадхашмонаву муносибатҳои нодӯстонаи ҳамсолони ҳамқаламаш рӯбарӯ шуд. Садриддин Айнӣ, ки зоҳиран писандидаи ҳукуматдорон буд, дар тӯли солҳои 1930 ҳамеша дар ҳарос буд, ки боздошт нашавад. Ҳам ӯ ва ҳам коргардон К. Ёрматов бо шумули садҳо, шояд ҳазорҳо тоҷики ди- гар, аз тарси таъқиб ба муҳоҷир табдил ёфта, ба умеди поён ёфтани саркӯбгариҳо дар берун аз Тоҷикистон пинҳон буданд. Ба ҳисоби муҳаққиқи амрикоӣ Ф. Робертс, аз 20 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 9 нафар (ҳудуди нисф) соли 1937 боздо- шт шуданд. Дар ин миён панҷ каси онҳо дар зиндон ҷон бохта, ша- шумӣ беш аз даҳ солро дар зиндон гузаронд. Се нафар то охири соли 1938 озод шуданд. Ягон нафар аз қурбониёни террори сталинии шомил ё берун аз рӯйхат барои наслҳои баъд дар бораи он давра ва урдугоҳҳо матне ба мерос нагузошта ва нагуфтаанд, ки зиндагӣ бо тамғаи «душмани халқ» чӣ гуна аст. Истиснои кӯчаке дар ин замина ёддоштҳои Баро- ат Ҳоҷибоева дар бораи падараш «Абдураҳим Ҳоҷибоев: саҳифаҳои умри кӯтоҳ» аст, ки соли 2000 бо теъдоди ҳамагӣ 200 нусха нашр шуд. Ҳамчунин очерки Рашид Абдуллои муосири мо дар бораи падараш Ғанӣ Абдулло. Сталин 70 сол мешавад, ки аз байн рафтааст ва дар Тоҷикистон ягон шаҳру колхоз, кӯча ё хиёбоне ба номи ӯ намондааст, аммо хотираи ӯ ҳанӯз «зинда» аст. Гузашта аз ин, ба назар мерасад, тайи чанд соли охир ҳасрати Сталин ва хоҳиши зиндагӣ дар «Иттиҳоди навшудаи Шӯравӣ» дар Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари пасошӯравӣ ҷунби- ши тоза гирифтааст. Оё чунин аст? Агар ин тавр аст, пас, ин ҳикояҳоро бо кӯшишҳои таҳкими соҳи- бихтиёрии миллӣ чӣ гуна метавон созгор сохт? Оё метавон бо золим ва қурбонии ӯ дар як вақт ифтихор кард? Чаро гузаштаи Шӯравӣ, ки Page 47 47 эҳтимол Сталин дар он мақоми марказиро ишғол менамояд, тоҷи- конро тарк намекунад? тоҷикистони «стАлинӣ»? Болшевикҳо пеш аз инқилоб мегуфтанд, ки давлати пролетариати ғолиб аз рӯи усули сиёсӣ ва маъмурӣ бояд ба вилоятҳои худмухтор тақсим карда шавад. Пас аз соли 1917 дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, марказҳои ҳаракати этно-миллӣ ба ҷонибдорӣ аз худмух- торӣ (Алаш-Орда, Қӯқанди худмухтор) ба вуҷуд омаданд. Дар минтақа босмачигарӣ, ҳаракати мусаллаҳонаи зиддишӯравӣ оғоз шуд. Ҳара- кате, ки бар асоси миллатгароии исломӣ, дарки истиқлол аз нигоҳи шариат ва соҳибихтиёрӣ ташкил ёфтааст. Болшевикҳо бар зидди ин ҳаракатҳо ҷанг эълон карда, дар бароба- ри ин дарк карданд, ки барои нигоҳ доштани ҳокимият бояд ба созиш расид ва ба ҳуқуқи миллӣ дар «канораҳо»-и Русия иҷозат дод. Бино- бар ин, соли 1919 тасмим гирифта шуд, ки бояд аз масири созандагии миллӣ пеш рафт. Миллатҳо бояд дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ зери назо- рати қатъии ҳизб рушд кунанд, то дар оянда ихтилофҳоро бартараф намуда, шахсияти нави Шӯравиро ташаккул диҳанд. Ин таҷрибае буд, ки дар таърих собиқа надошт: дар харобаҳои амо- рати Бухоро ва «Туркистони рус» давлатҳои миллии ибтидоӣ таш- кил ва дар онҳо фарҳангу маорифро рушд дода, саноатикунонӣ ва озодсозии занонро ба роҳ монд. Ин нақшаи дар давраи маорифпар- варии Аврупо сохташударо метавон таҳсин кард, агар ду «не»-и бу- зург намешуд. Якум: болшевикон ҳамон императорпарастони рус боқӣ монданд, яъне мехостанд, сарзамини империяи собиқи Русияро дар зери тасарруфи Ма- скав нигоҳ доранд ва ба «ғарибон»-и дирӯза истиқлолу озодӣ надиҳанд. Дувум: раҳбарияти болшевикҳо бар ин назар буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург метавон моликияти мардумро аз худ кард, иқтисодро ба ҳам зад, аз озодӣ маҳрум сохту одамонро дастҷамъона ба қатл расонд. Page 48 48 Бо онҳо кореро анҷом дод, ки худ лозим мешумурданд ва мардум набояд шикоят кунанд, зеро таваққуъҳои бузурге ба миён меояд. Ҳанӯз дар давраҳои Ленин қарор шуда буд, ки ба ҷойи Русия бояд на давлати ягона, балки ҷумҳуриҳои конфедеративӣ ташкил шавад. Дар мавриди он ки дар Осиёи Миёна кӣ бояд «миллат» бошад, як тавофуқи тахминӣ ҳосил шуда буд. Аммо меъмори асосии сиёсати миллӣ Сталин буд, ки ҳамчун шогирди бовафо кори устоди худро идома дод. Машварат, баҳсу мунозираҳо дар робита ба марз тамоми солҳои 1920-ум идома ёфтанд. Раҳбарияти Маскав ба садоҳои «поён» гӯш дод ва далелҳои раҳбарони миллиро шунид. Тоҷикон дар аввал дар рӯйхати миллатҳое, ки бояд дар доираи ни- зоми Шӯравӣ соҳиби давлат мешуданд, набуданд. Албатта, тоҷикон ҳамчун қавме, ки онҳоро забони муштарак ва зиндагии муқимӣ мут- таҳид месохт, вуҷуд доштанд, вале нухбагон (элитаҳо)-и ташнаи сиё- сатро надоштанд, ки дар миёни ҳамқавмони худ ҷонибдор дошта бо- шанд. Туркҳо чунин нухбагон доштанд. Пешвоёни миллии Тошканд ва Самарқанд ба таҷрибаи муосири туркҳои ҷавон майл доштанд ва қасди болшевиконро барои тақсим кардани Осиёи Миёна саривақт тахмин карда буданд. Бо вуҷуди ин, конфигуратсияи нерӯҳои сиёсӣ он замон бо мансуби- яти нажодии амалгарҳои асосӣ умумияти кам дошт. Аз ҳама гурӯҳи қавитарини форсизабонони бухороӣ аз оилаи сарватманд Файзулло Хоҷаев буд, ки аз сӯи Сталин барои ҷонибдорӣ аз сиёсати Маскав, бахусус ҳангоми мубориза бо Анвар-пошшо дар соли 1922 пушти- бонӣ мешуд. Роҳбарони ҳизбии форсизабонони Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд, ки дар тими Хоҷаев буданд, барои боло рафтан дар зинаҳои ман- саб манфиатҳои Узбекистони калону тавоноро дунбол мекарданд. Бо вуҷуди он, тоҷикон соли 1924 бо таъсиси ҶШС Тоҷикистон унвони расмии миллатро соҳиб шуданд, вале дар ҶШС Узбекистон. Раҳбарони худии тоҷикон ба миён омаданд. Онҳо дер ҳам бошад, дар робита ба масъалаҳои ҳудудӣ, мақоми давлат ва ҳуқуқ ба соҳи- бихтиёрию худидоракунӣ талабҳоеро карданд. Инҷо бояд эътироф Page 49 49 кард, ки Сталин онҳоро шунид ва ҷонибдорӣ намуд. Муҳим нест, ки ба ин кор ӯро чӣ водор сохт: ҳусни таваҷҷуҳ ба тоҷикон, назари илмии академикӣ, кӯшишҳо барои монеъ шудан ба пантуркизму афзоиши шуҳрати Хоҷаев, геополитика ё ҳамаи ин сабабҳо дар якҷоягӣ. Сталин ҳамчун диктатор ва соҳиби ҳокимияти олӣ дар СССР дар робита ба «масъалаи миллӣ» чандин сухани муҳим гуфтааст, ки ба ташаккули Тоҷикистон таъсири бузург расондаанд. Ӯ аз ватандӯстии тоҷикон, ки дар миёни раҳбарони аввали Тоҷикистон ба миён омада буд, ҷонибдорӣ кард. «Тоҷикон таърихи бой доранд; қобилияти бузурги ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар замони гузашта барои касе пинҳон нест», — на- вишта буд ӯ дар мактуби худ ба халқи тоҷик ба муносибати эълон шудани Ҷумҳурии Шӯравии Худмухтори Тоҷикистон 14 марти соли 1925. Се сол баъд ба даъвои 28 узви Кумитаи вилоятии тоҷикистонии Ҳизби коммунисти Узбекистон, ки зери номае ба Бюрои сиёсии Ку- митаи марказии Ҳизби коммунисти умумишӯравӣ барои ҳамроҳ кардани баъзе аз ноҳияҳои Узбекистон ба ҶШС Тоҷикистон имзо гу- зошта буданд, таваҷҷуҳ намуда буд. Онҳо далелҳои лозимӣ, аз ҷумла далелҳои бюрократиро ёфтанд, то ба «боло» муроҷиат кунанд. Муаллифони нома «таъқиб, коҳиши буҷа, адам (набудан)-и кумак, камтаваҷҷуҳӣ, нодида гирифтани ма- нофеи тоҷикон... самти ассимилятсияи тоҷикон дар Узбекистон»-ро ҳамчун омилҳои асосии ҷудошавӣ аз Узбекистон пешниҳод карданд. Сталин ҳамчун раҳбари давлати Шӯравӣ соли 1929 ба Тоҷикистон мақоми ҷумҳурии иттифоқиро дод. Худи Хоҷаев мухолифи ин қарор набуд. Шояд барои он ки ин масъала бидуни ӯ дар «боло» ҳал шуда буд. Дар ҳақиқат, дар Самарқанд ва Бухоро (ватани аксари имзоку- нандагон) ба тоҷикон ҷавоби рад доданд. Аммо бо вуҷуди ин, натиҷа мусбат буд. Агар ин тавр намешуд, Тоҷикистон имрӯз давлати му- стақил намебуд, балки ба Чеченистони солҳои 90-ум шабоҳат медошт ё ба Қарақалпоқистони имрӯз - худмухторе, ки барои ҷудо шудан аз Узбекистон мубориза мебарад. Page 50 50 Аммо Сталин хайрхоҳу пуштибони беғарази тоҷикон набуд. Ӯ дарк мекард, ки Тоҷикистон бо ҳувияти эронии худ метавонад ва бояд дар баробари тамоюли тавонотару хатарноктари миллатгароии туркӣ дар империяи собиқи Русия тавозунро таъмин кунад. «Тоҷикон халқи хо- санд. Онҳо на узбеканд, на қазоқанд ва на қирғизанд, онҳо мардуми қадимтарини Осиёи Миёна мебошанд», — гуфтааст ӯ дар соли 1941. Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои муҳими этнологии сталинӣ ва таҳкими қудрати шахсии Сталин воситаи муассир буд. Аз ҷумла: • ҳамчун воситаи муборизаи дохилии ҳизбӣ бар зидди комму- нистони мусулмон (гурӯҳи Турар Рисқулов), ки дар ибтидои солҳои 1920 нақшаи ташкили Ҳизби коммунисти Туркистон ба ҷои Ҳизби коммунисти Русия, барҳам додани сохти Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Туркистон бар пояи тақвияти сиёсиву миллии туркҳоро доштанд; • ҳамчун аслиҳаи мубориза бо ҷадидияи ниҳонӣ, ки бар пояи туркизм асос ёфта, барои ҳифзи Узбекистони бузург ҳамчун во- риси аморати Бухоро талош мекард (лоиҳаи Файзулло Хоҷаев); • ҳамчун василаи геополитикаи русӣ дар ниқоби «Интернатси- онали коммунистӣ», таъмини ғояҳои коммунистӣ ва баъд аз он барои худи Русия, аз Тоҷикистон то Афғонистон ва минбаъд то ба уқёнуси Ҳинд бо мақсади тақвияти мақоми Русия ҳамчун бузургтарин империяи Авруосиё. Робитаи Тоҷикистон бо Сталин барои ҳар ду ҷониб манфиатовар буд: онҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доштанд. стАлин вА рАҳбАрони миллии тоҷикон Ҳарчанд Сталин боре ба Осиёи Миёна сафар накарда бошад ҳам, бархилофи Ленин ӯ дар утоқи корияш бо бештари мансабдорони дав- латӣ ва ҳизбии ҷумҳуриҳои миллӣ мулоқот кардааст. Ӯ ба кадрҳои донишманду босадоқат ниёз дошт. Шумори ингуна кадрҳо дар Тоҷи- кистон хеле кам буд. Ба истиснои котиби Кумитаи марказии Ҳиз- би коммунистии Туркистон аз Хуҷанд Абдураҳим Раҳимбоев, (ки Page 51 51 ҳамроҳи А. Мавлонбекови хуҷандӣ моҳи октябри соли 1921 бо Ленин мулоқот кардааст), Сталин ду раҳбари дигари Тоҷикистон — Нусра- тулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоевро шахсан пеш мебурд. Аммо ин ҳама садди роҳи тасмими ӯ шуда натавонистанд, ки солҳои 1937- 1938 шахсан ба ҳабс ва эъдоми онҳо иҷозат дод. Чаро? Барои коре? Ё бедалел? СССР ҳам як империя ва ҳам як кишвари сермиллате дар симои як давлат буд. Дар миёни мардуми ғайрирус, бахусус дар шаклҳое, ки аз сӯи ҳизб, мақомоти Шӯравӣ ва ниҳодҳои бехатарӣ назорат на- мешуданд, худшиносии миллӣ якравона бедор шуданд. Мардон дар Тоҷикистон дар ҷамъомадҳои ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ, гапҳо гирди ҳам омада, дур аз чашми бегонаҳо масъалаҳоеро, ки худ муҳим ме- шумурданд, аз ҷумла умури сиёсӣ, баррасӣ мекарданд. Бо вуҷуди таъқиби дин, пайравӣ аз Ислом, ки аз ҷониби занон дар сатҳи оила дастгирӣ меёфт, боқӣ монд. Оё раҳбарони Тоҷикистон болшевики самимӣ буданд, ки ба пирӯзии коммунизм бовар доштанд ё ба хотири зинда мондан, карйера сохтан ва ҳамзамон мусоидат ба табдили тадриҷии Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи соҳиби- стиқлол бо ҳукуматдорон бозӣ мекарданд? Мо инро то замоне ки ба бойгонӣ наравем ва саргузашти ҳар яке аз онҳоро алоҳида наомӯзем, нахоҳем фаҳмид. Ҳоло танҳо метавон тахмин кард, ки барҷастатарин пешвоёни сиёсии асри 20 аз А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев, Н. Махсум, то Б. Ғафуров ва М. Осимӣ маҷбур буданд, ки ҳунари нозуки ҳифзи арзиш ва манфиатҳои миллиро дар доираи бартарияти идеологияи коммунистӣ азхуд кунанд. Онҳо маҷбур шуданд, ки ба сиёсати Кремл мутобиқ шуда, дар ба- робари садоқат ба коммунистон, тадриҷан дунболи барномаҳои сирф миллӣ ва ба арзишҳои анъанавӣ содиқ монанд. Барои намуна, Айнӣ дидондори амиқ, мударриси мадраса буд ва рисолаҳои диние мена- вишт, ки маҷбур буд «дар рӯи миз» пинҳон кунад. Вай сиёҳнависҳои зиёдеро гузоштааст, ки мунтазири таҳқиқи беғаразанд. Котиби авва- ли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар солҳои Page 52 52 1946-1956 Бобоҷон Ғафуров писари шоир ва аз авлоди шоири маъруфи форси асри 14, шайхи сӯфӣ ва диншинос Камоли Хуҷандӣ буд. Ӯ соли 1974 сарфи назар аз бемории сахти худ бо баҳонаи «беҳсо- зии робитаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Арабистони Саудӣ» ба зиёрати Каъба рафт. Баъди бозгашт ба ҳамкорони худ иқрор шуд, ки рӯйдоди муҳимтарини зиндагии ӯ адои ҳаҷ аст ва он ҳама мансабҳои ишғол намудаву корҳои анҷомдодааш арзише надоранд. Сипас барои мур- дан ба зодгоҳаш баргашт. Яке аз намунаҳои дигар шахсияти Муҳаммад Осимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 1965 - 1988 шуда мета- вонад. Ӯ ягона ходими давлатии ҷумҳурии Шӯравӣ аст, ки ду насаб Осимӣ (тоҷикӣ) ва Асимов (русӣ) дошт. Аввалӣ барои рӯҳия ва нашри матолиб дар хориҷ ва дувумӣ барои ҳуҷҷатнигории расмӣ дар дохил истифода мешуд. Ӯ ҳамчун комму- нист ва ҳамзамон тоҷики ватандӯст пуштибони ашаддии имкони- ятҳои азиме буд, ки сохти Шӯравӣ барои рушди маориф ва илм дар Тоҷикистон фароҳам меоварад. Беҳудагии сиёсати «сохтани коммунизм» ва тамоюли роҳбарони ҷумҳурӣ барои нишон додани ташаббус ва мустақилӣ шубҳа, хашму душманигарӣ ва танқиди Кремлро ба бор овард. Раҳбарияти Тоҷикистон дар тӯли тамоми давраи Шӯравӣ борҳо ба «тозакунӣ (чистка)-и бераҳмонаи кадрӣ» дар сатҳои гуногун дучор шудааст. Сабаби расмӣ «миллатгароии буржуазӣ», барзиёднависӣ ҳангоми захираи пахта ва гайра гуфта мешуд. Намунаи нисбатан наздик (барои муаллифи ин матн) ва беасос аз вазифа ва аз ҳизб рондани ду роҳбари харизматикии ҷумҳурӣ — ко- тиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Тур- сун Улҷабоев (соли 1956 дар ин мақом Б. Ғафуровро иваз кард) ва раиси Шӯрои вазирони ҶСШ Тоҷикистон Н. Додхудоев шуда метавонад, ки соли 1961 ҷомеаи тоҷиконро ба ларза даровард. Барои Тоҷикистон аз ҳама даҳшатноктарин ҳаводиси солҳои 30-юм буд. Таъқибҳо ваҳши- ёна ва ғайриқобили тавҷеҳ буданд. Page 53 53 стАлин вА тАърихнигории тоҷик Чӣ гуна миллат ва давлатҳои миллӣ ба миён меоянд? Таърихниго- ри ирландӣ ва муаллифи назарияи «капитализми чопӣ» Б. Андерсон мегӯяд, дар аввал дар бораи забони умумии адабӣ дар асоси лаҳҷаҳои маҳаллӣ тавофуқ ҳосил мешавад. Сипас зиёиёни ташнарӯҳ ба миён омада, бо ин забон рӯзномаву маҷалла, китоб, аз ҷумла китобҳои дар- сӣ ва маводи дигарро бо теъдоди сершумор ба нашр мерасонад. Ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ низ дар атрофи онҳо ҷӯш мезанад. Оҳиста- оҳиста ба ҷои гурӯҳҳои хурди одамон, ки ҳама якдигарро аз чеҳра ме- шиносанд (қабила, қишлоқ, маҳалла ва ғ.) ҷомеаҳои бузурги одамон пайдо ва тақвият меёбанд, ки онҳоро арзишҳо, манфиатҳо ва ҳадафҳо, бахусус пайдоиш, таърих ва фарҳанги умумӣ гирди ҳам меоранд. Азбаски ҳеч гоҳ муошират накардаанд, тасаввур мекунанд, ки онҳо як ҳастанд. Андерсон низ китоби худро «Ҷомеаҳои хаёлӣ» ном гузо- штааст. Ба ин тартиб, бо ихтироъ шудани нашри китобҳо дар асрҳои 18-19 ба ҷои гурӯҳҳои ҷудо-ҷудои қавмӣ ҷомеаҳои нав — миллатҳо ба вуҷуд омаданд. Яъне, миллатҳо дар асрҳои амиқи миёна ба таври омода ба миён наомадаанд. Онҳоро сиёсатмадорон ва нависандагон тавассути фаъолиятҳои сиёсӣ, шиддати фикрӣ ва каломи чопӣ, ки ба шуури омма таъсир мегузоранд, ба вуҷуд овардаанд. Ҷомеаи тоҷик давраи ибтидоӣ ва муҳимтарини ташаккули «ҷамъ- ияти сиёсии тасаввурӣ»-ро дар давраи Сталин аз сар гузарондааст. Он дар доираи сохти Шӯравӣ аз як ҷомеаи динӣ ва сулолаи ақибмонда ба релси як миллати муосири аврупоӣ гузашт. Ба гуфтаи Андерсон, ин ҳама аз забон оғоз ёфт. Офарандаи асосии забони муосири қонунии тоҷикӣ Садриддин Айнӣ аст. Ӯ дар ибтидо ҳамчун шоир (монанди бештари адибони он давр) ба наср, ки он замон талаботи бештар дошт, гузашта, дар ин жанр навовар буд ва дар ташаккули тасаввуроти коллективии тоҷикон (ҳамчунин узбекон) таъсири бузург гузошт. Вай ҳамчун зиёии дуза- бона, шаҳрнишини бухороӣ, фарзанди хонаводаи даромадаш миёна Page 54 54 ва диндор (хоҷаҳо) романҳо, аз ҷумла дар бораи тоҷикони кӯҳистонӣ, қиссаву ёддоштҳо, очеркҳои таърихӣ ва ғайра навиштааст. Айнӣ забони русиву хати кириллиро намедонист ва асарҳои Маркс, Ленин ва классикони адабиёти русро нахондааст. Ӯ ҳамчунин осори адибони муосири Шӯравиро нахондааст, то бигӯем, ба касе тақлид кардааст ё аз «бародари калонӣ» омӯхтааст. Айнӣ комилан бо ада- биёт ва таърихнигории модарии худ банд буд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, ки асоси ташаккули ҳувияти фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад, бо мададу дастгирии коммунист-интер- натсионалисти эронӣ, лирики барҷаста ва сталингарои сарсупурда Абулқосим Лоҳутӣ, ки Айниро устоди худ меҳисобид, ба табъ расида- аст. Ин китоб бо пешгуфтори навиштаи Лоҳутӣ соли 1926 дар шаҳри Маскав чоп шуд. Дастгирии Сталин дар ин замина хеле муҳим буд, зеро ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Маскав нашри онро наме- хостанд. Тақрибан ҳамаи коммунистҳои туркистонӣ ва бухороии чоряки аввали асри 20 Осиёи Марказиро Туркистон медонистанд. Онҳо тоҷиконро туркҳои эронишуда ва (ё) бозмондагони ғуломони муҳоҷири эронӣ меномиданд. Пас аз 20 соли нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» идеологи асосии СССР А. Жданов ва худи Сталин соли 1947 нашри китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуровро, ки нахустин моногра- фияи муаллифи миллӣ дар бораи як миллати алоҳидаи Осиёи Миёна навишта шудааст, дастгирӣ карданд. Ин таҳқиқот барои навиштани китоби «Тоҷикон», ки соли 1972 ба табъ расид, асос шуд. Мақомоти Шӯравӣ барои таъсиси миллати тоҷик сабабҳои гео- политикӣ низ доштанд. Дар паси онҳо манфиатҳои Русия ҳамчун як империя меистод. Барои Сталин Тоҷикистон ҳамчун дидбонгоҳи бузурги сарҳадӣ, марзи боварбахш бо Осиёи Ҷанубии зери султаи Инглистон - рақиби доимии Русия лозим буд. Вай обрӯ ё имиҷи ин- тернатсионалии Тоҷикистонро ҳамчун ягона миллати ғайритурку форсзабони Шӯравӣ ва «ҷумҳурии нави халқии Советӣ дар назди дарвозаи Ҳиндустон» дастгирӣ карда, пеш мебурд. Page 55 55 Ба ӯ ба ҳайси қафқозӣ Эрон назар ба Осиёи Миёна наздиктар буд. Сталин дарк кард ва ба Тоҷикистон тариқи Эрон «омад». Ҳанӯз пеш аз инқилоб бо коргарони эронӣ ва раҳбарони онҳо, ки дар конҳои нафти Боку кор мекарданд, шинос буд. Таваҷҷуҳи ӯ ба котиби Итти- фоқи нависандагони СССР Абулқосим Лоҳутӣ, ки эҷодиёташ як бах- ши муҳими адабиёти Шӯравии тоҷикро ташкил медиҳад, аз ин ҷост. Сталин ба Лоҳутӣ ёрӣ ва фаъолиятҳои адабию сиёсии ӯро дар Тоҷи- кистон дастгирӣ мекард. Инқилобгарони эронӣ (бахусус, аз Боку) ва афғон холигии сафи кормандони Шӯравии тоҷикро дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои ҷанубӣ пур карданд. Сталин ҳангоми таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури инқилобгарони эрониро дар он шанс ё имконияте барои дар оянда густариш додани инқилоби ҷаҳонӣ дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон медонист. Бо ин ҳол, Сталин дар соли 1935 нақшаи Лоҳутиро барои инқилобӣ кардани Эрон тавассути Коминтерн «афсона» номид. Болшевикони рус ҳанӯз дар охири солҳои 1920-ум идеяи инқилоби ҷаҳониро, ки ху- дро ба хатар гузошта буд, ба нақшаи дувумдараҷа табдил дода буданд. Лоҳутӣ ба фарқ аз Айнӣ ва шогирдонаш аз нуфуз ва робитаҳои худ дар Маскав барои таъкид бар пайванди ҳувиятҳои тоҷикӣ ва фор- сӣ истифода кардааст ва шояд умед дошт, ки онҳо дар оянда ба ҳам хоҳанд пайваст. Барои Айнӣ муҳим буд, то собит кунад, ки тоҷикон як миллати эрониасли Осиёи Миёнаро, ки аз форсизабонон ҷудо ме- бошад, намояндагӣ мекунанд, аммо ҳамзамон бо онҳо анъанаҳои машҳури фарҳангӣ доранд. Ҷудоии маъмурӣ аз Узбекистон, як андоза дурӣ аз форсизабонони Эрон ва рад кардани забони форсии бостонии дарбори амир ба нафъи забони соддаву фаҳмотар — тоҷикӣ, тақозои замон, фармони сиёсие буд, ки дар умқи сохти Шӯравии миллати тоҷик ба вуҷуд меомад. Болшевикҳо ба далели он ки фарҳангу таърихи маҳаллиро наме- фаҳмиданд, баъзан маҷбур мешуданд, ба зиёиёни тоҷик кореро иҷо- зат диҳанд, ки онҳо худ дуруст мешумурданд. Ҳамин тариқ, адибон Айниву Лоҳутӣ ва баъдан муаррих ва сиёсатмадор Бобоҷон Ғафуров тавонистанд, ки режими сиёсии Шӯравӣ ва нуфузи Сталинро барои Page 56 56 нигоҳ доштани мероси бебаҳои адабӣ, анъанаҳои фарҳангӣ (ба ёд меорем Шашмақомро) ва ниҳоят худи Тоҷикистон истифода баранд. Ҳар сеи онҳо бо Сталин мулоқот кардаанд. Лоҳутӣ дар соли 1935 ва Айнӣ дар соли 1941 бо ӯ вохӯрданд. Ғафуров аз соли 1943 чандин бор ба ҳузури Сталин роҳ ёфтааст. Наздиктарини онҳо Лоҳутӣ буд, ки нуфу- зи худро ҳамчун як инқилобгар дар Шарқ ва иртиботашро бо пешво истифода бурда, соли 1937 Айниро аз ҳабс наҷот дод. Маҳз Сталин дар соли 1946 бори нахуст баъд аз соли 1924 тоҷик — Ғафуров, ёвар ва про- тежеи худро котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъйин кард. Мавқеи Сталин аз бисёр ҷиҳат самтгирӣ ё вектори таърихнигории тоҷикӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷиконро муайян кардаст, ки то марзбандии миллӣ намедонистанд таснифи халқҳо, нажодҳо ва забонҳо вуҷуд надорад ва тибқи он, онҳо эрониёни Шарқу қадимта- рин мардуми минтақа ҳастанд ва бо забони зебое ҳарф мезананд, ки ҳазорсола аст, бо он шоҳасарҳои адабии ҷаҳонӣ офарида шудаанд. Тоҷикон худро як ҷомеаи боимтиёз эҳсос ва муқоисаи худ бо мил- латҳои дигарро оғоз карданд. Паҳлӯи манфии чунин худшиносоӣ давра ба давра ворид шудан ба ориёизм ва нажодпарастии бардурӯғ аст, ки на танҳо дар муноси- бат бо ҳамсоягони минтақа (туркҳо), балки бо манотиқи гуногуни тоҷикнишин мушкилотеро ба вуҷуд овард. Дар Осиёи Марказии па- сошӯравӣ шояд танҳо таърихнигории расмии Узбекистон ҳукумати Шӯравиро ошкоро маҳкум ва мустамлика номида, ҷадидияро ситоиш ва босмачиро бегуноҳ медонад. Қазоқистон низ, ки дар замони коллективизатсияи Сталин 1,5 мил- лион аҳолияш кам шуд, Сталинро шадидан танқид карда, гуруснагии солҳои 1930-1933-ро қатли ом меномад. Аммо дар маҷмуъ, он гӯшаҳои тезро ҳамвор карда, гузаштаи Шӯравиро комилан мустамликавӣ му- аррифӣ намекунад ва ба оқибатҳои замонависози он он таъкид меку- над. Сталинро дар Русия ҳамчун як пешвои тавоно ва нобиғаи ҳарбӣ, ки ҷаҳонро аз фашизм наҷот дод, эътироф мекунанд ва мегӯянд, ки Page 57 57 таъқибгариҳои ӯ бо тамоми бераҳмиҳояш танҳо як қисми таърихи бузург ва қаҳрамононаи Русия аст. Ба назари мо, ҳоло бештари тоҷикон ба Сталин ва умуман ба таъ- рихи даврони Шӯравӣ бо «айнаки миллӣ» менигаранд. Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро таҳким бахшида, давлату миллати худро дар асоси усул ва қоидаҳое идома медиҳад, ки зиёиёни тоҷик дар солҳои 1920-1930 таҳия карда буданду аз сӯи Сталин тасдиқ шуда буд. Қо- идаҳое, ки бар пояи ҷудоии турку тоҷик ва эронигароӣ, ки дар бу- рунрафт аз ҳайати Узбекистон ва ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзҳое, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, асос ёфтааст. Бинобар ин, тоҷикон Иосиф Сталинро барои бераҳмиҳояш нисбат ба пешвоёни саркӯбшудаи худ, ки бештарашон то охирин нафас ста- лингаро моданд, бахшиданд. Аз марги Сталин 70 сол гузашт. Ҳоло бунёди Тоҷикистони дигар идома дорад. Кишвар Исмоили Сомониро асосгузори давлати худ меномад, на Ленин-Сталинро. Дар рӯйхати Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки аз шаш нафар иборат аст, мақоми яку- му дувумро Ғафуров ва Айнӣ ишғол кардаанд. Ин рӯйхат бо номҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ки бо фармони Сталин кушта шуданд, ба поён мерасад. Ҷомеаи Тоҷикистон бештар ба таърихи қадим ва асрҳои миёна та- ваҷҷуҳ дорад. Давлат барои тарҷума, нашр ва паҳн кардани китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, ки достони он дар асри 18 ба охир мерасад, кӯшиш дорад. Ёдгориҳои меъмории сталинӣ тахриб мешаванд. Забо- ни тоҷикӣ дигар мешавад; садоҳое низ ба тарафдорӣ ба форсӣ (порсӣ) номидани забони тоҷикӣ, гузариш ба хати форсӣ шунида мешавад. Баъзе аз ҷавонони тоҷик номи пешвои як замон бонуфузро ба забони форсӣ-тоҷикии худ «Истолин» талаффуз мекунанд. Камолуддин Абдуллоев 2-юми марти 2023 Page 58 58 ЛЕНИН ВА ТОҶИКИСТОНРО ЧӢ БО ҲАМ МЕПАЙВАНДАД? Рӯзи 21 январи соли 2024 аз даргузашти Владимир Илйич Ленин, инқилобгари рус, бунёдгузори ҳизби болшевикон, назарияпардози сиёсии ҷаҳонӣ, сармеъмори сиёсати миллии Шӯравӣ ва бунёдгузо- ри Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 100 сол сипарӣ шуд. Оё ин санаро бояд ёд кунем? Ленин ва Тоҷикистонро бо ҳам чӣ мепайвандад? Оё имрӯз ниёзе ба ленингароӣ ҳаст? «тоҷикистон нАбояд як ҷузъи русия бимонАд» Комиссар дар умури миллатҳо Иосиф Сталин дар моҳи августи соли 1922 пешниҳод кард, ки ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистии Украина, Беларус ва Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз (ба ҳайати он Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон до- хил мешуданд) ҳамчун ҷумҳуриҳои худмухтор ба Федератсияи Русия ҳамроҳ карда шаванд. Бар асоси тарҳи Сталин, ҶСШ Тоҷикистон, ки ҳафт сол баъд аз ин пешниҳод ташкил гашт, мебоист минтақаи худ- мухтор дар ҳайати Русия шавад. Раиси Шӯрои комиссарҳои мардумии Ҷумҳурии Шӯравии Федера- тивии Сотсиалистии Русия (ҶШФСР) «худмухторсозии сталинӣ»-ро («автономизатсия») напазируфта, бо ҷонибдории муовинаш Л. Б. Ка- менев пешниҳод кард, «ба ҷои ҶШФСР иттиҳодияи расмие дар шакли иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии Аврупо ва Осиё» таъсис дода шавад. Ленин дар ин баҳс пирӯз шуда, дар Конститутсия ҳуқуқи ҷумҳу- риҳоро ба берун рафтан аз ҳайати СССР илова кард. Ин меъёр дар Page 59 59 ҳар се Конститутсияи СССР дар солҳои 1922-1991 дарҷ шуда буд. Кам касоне он замон иҷрои ин бандро пешбинӣ мекарданд. Болшевикон соддалавҳона бовар доштанд, ки инқилоби ҷаҳонӣ сурат мегирад ва ҳамаи сарҳадҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон аз байн бурда мешаванд. «Мина»-е, ки Ленин ва Каменев ҳанӯз дар таъсисёбии СССР дар соли 1922 гузошта буданд, дар моҳи декабри соли 1991 таркид. Он Ит- тиҳоди Шӯравиро ба харобазор табдил дода, Тоҷикистонро як кишва- ри соҳибихтиёру мустақил гардонд. Президенти Русия Владимир Путин соли 2016 дар бораи «бомби ҳастаӣ»-е, ки Ленин дар Русия гузошта буд, суҳбат кардааст. Дар зимн, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси қонун ва ба тав- ри қатъӣ тибқи Конститутсияи Шӯравӣ, ки дар саргаҳи он Ленин меистод, сурат гирифтааст. Бинобар ин, кӯшиши империягароҳо, ки имрӯз бурунрафти ҷумҳуриҳоро аз ҳайати иттиҳод «ҷудоиталабӣ» номида, ба барқарории СССР исрор меварзанд, ғайриқонунӣ аст. Гуза- шта аз ин, бояд дар хотир дошт, ки дар СССР-и барқароршуда низ бояд ҳаққи бурунрафти ҷумҳуриҳо аз ҳайати онро нигоҳ дошт, зеро сухан аз барқарории Иттиҳоди Шӯравии намунаи соли 1922 меравад. СССР дар ниҳоят ва бидуни мина соли 1991 аз байн рафт. Ҳаққи бурунрафт додани Ленин ба ҷумҳуриҳо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро осон ва тақрибан бидуни хунрезӣ гардонид. оё ӯ тоҷиконро медонист? Ленин тоҷиконро яке аз «халқҳои хурди Русия» медонист. Ӯ бар ин буд, ки напазируфтани зулми империалистӣ онҳоро ба субъек- тҳои инқилобӣ табдил додааст. Ба гуфтаи Ленин, муборизаҳои мил- лӣ ва озодихоҳӣ дар Бухоро, Афғонистон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигаре, ки дар онҳо пролетариат вуҷуд надошт, бояд бо ҳаракатҳои коргарони давлатҳои аврупоӣ ҳамовоз шаванд. Ленин аз миллатҳои хурди мазлум пуштибонӣ карда, талош мекард, то исбот кунад, ки коммунистон ба сиёсати подшоҳӣ мавқеи оштинопазир доранд ва бо империализм ва шовинизм ҳеч алоқамандие надоранд. Page 60 60 Ленин бо вуҷуди хайрхоҳ будан ба тоҷикон дар бораи онҳо кам медонист. Дар асарҳои Ленин калимаи «тоҷикон» танҳо як бор зикр шудааст. Вай дар иқтибосҳо аз китоби Отто Ҳубнер «Ҷадвалҳои ҷуғро- фӣ-оморӣ» (1916) тоҷиконро яке аз ақаллиятҳо ё камшуморони мил- лии Бухоро номидааст. Хулосааш дар бораи худи Бухоро, ки онро «давлати тобеи рус» медонист, якранг буд: «Сокинонаш тақрибан ҳама муҳаммадӣ ҳастанд... Ислом дар онҷо ҳукмфармост. Озодии дин комил аст.» Ленин амали нерӯҳои подшоҳиро дар Осиёи Марказӣ «ғасби му- стамликавӣ» ва худи минтақаро «мустамликаи навъи ҷадид» номи- дааст. Ба ибораи дигар, ӯ тоҷиконро дӯст медошт, вале ғоибона. Ӯ ба вазъи сангини онҳо ҳамдардӣ мекард ва ваъда дода буд, ки бо сухан ва ҳам дар амал ба онҳо кумак мекунад. Намояндагони тоҷикон дар ниҳодҳои болоии Шӯравӣ камтар бу- данд. Аз раҳбарони тоҷикон танҳо хуҷандиҳо — Абдулло Раҳимбоев ва Аҳмадбек Мавлонбеков, ки ҳар ду узви ҳайати вакилони Турки- стон дар анҷумани X-и Ҳизби коммунисти Русия дар моҳи марти соли 1921 буданд, дар ҳошияи анҷуман бо Ленин вохӯрдаанд. Дар на- виштаҳои солҳои охир Раҳимбоевро баъзан узбек ҳам номидаанд. Дар ҳақиқат, дар маводи Бюрои сиёсии соли 1922 Раҳимбоев «бол- шевик аз соли 1919, тоҷик ва бо ду сол таҳсил дар мактаби махсуси му- аллимӣ аз табақаи зиёиён» номида шудааст. Дар он анҷуман Раҳим- боев номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Русия интихоб шуд. Мулоқоти Ленин бо котиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Туркистон Абдулло Раҳимбоев 9-уми октябри соли 1921, соати 18-30 дар Кремл баргузор шудааст. Суҳбат қаблан тарҳрезӣ шуда буд ва ба корҳо ва вазъ дар Туркистон рабт дошт. Раҳимбоев ягона тоҷике буд, ки шахсан бо Ленин шиносоӣ дошт. Ӯ дар охирҳои соли 1922 яке аз имзокунандагони Эъломияи таъсиси СССР буд. Дар солҳои 1923-1924 ҳамчун сардори бюрои узбекони Бю- рои осиёимиёнагии КМ ҲК дар умури тақсимоти миллӣ дар баҳсҳо бо қазоқҳо истодагарӣ кардааст, ки Тошканд ба ҳайати Узбекистон дохил карда шавад. Раҳимбоев дар моҳи октябри соли 1924 исрор кардааст, Page 61 61 ки ноҳияи Ӯротеппа ба ҳайати Узбекистон ҳамроҳ шавад. Дар он ҷа- ласа, ки яке аз тоҷикони дигар Чинор Имомови панҷакентӣ ҳузур дошт, қазоқтабори тошкандӣ Султон Сеғизбоев кӯшиш кардааст, ки Ӯротеппа ба тоҷикон дода шавад. Дар маркази таваҷҷуҳи Раҳимбоев Туркистон ва Узбекистон буд. Тоҷикистон имрӯз сабаберо барои иф- тихор кардан аз ӯ намебинад. Абдураҳим Раҳимбоев дар ибтидои соли 1926 мавқеи худро аз даст дод ва аз ҳамаи мансабҳо барканор ва ба Маскав фиристода шуд. Ӯ дар онҷо баъди таҳсил дар мақомҳои начандон ҷиддӣ кори худро идома додааст. Дар соли 1933 ба ҷои яке аз хуҷандиҳои дигар Абдураҳим Хоҷибоев, ки зери тозиёнаи танқид қарор гирифта буд, раиси Шӯрои комиссарҳои мардумии ҶСШ Тоҷикистон интихоб гашт, вале фаъоли- яти ӯ дар ин мақом дер давом накард. Раҳимбоев моҳи сентябри соли 1937 бо ҷурми хиёнат ба давлат ва терроризм боздошт ва ба Маскав фиристода дода шуд. «Тоҷики ленингаро»-ро 7 майи соли 1938 бо қа- рори Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ паронданд. ленин дАр тоҷикистон Аз худ Чӣ осоре гузоштААст? Ленин ҳеч гоҳ ба Осиёи Марказӣ наомадааст, вале аз «корҳои Тур- кистону Бухоро» огаҳ буда, дар солҳои 1919-1922 онҳоро бевосита раҳ- барӣ кардааст. Вай ишора карда буд, ки ёрии пролетариати рус ба инқилобгарони маҳаллӣ «танҳо дар сурате мерасад, ки омодагӣ ба табаддулот пурра ба поён расида бошад». Инқилоб дар Бухоро барои он муҳим буд, ки мехост исбот кунад, ки идея ва принсипҳои ҳоки- мияти Шӯравӣ умумимардумӣ ва ҳатто дар минтақаҳое, ки корман- дони саноатӣ вуҷуд надоранд, аз ҳама ҷиҳат қобили иҷро ҳастанд. Маҳз бо ташаббуси ӯ ҳизби ҷавонбухориёни Ҷадидҳо дар солҳои 1918-1920 пайрави Ҳизби коммунист шуда, моҳи августи соли 1920 ба самти шӯриши мусаллаҳона равон шуд. «Инқилоб дар Бухоро» 2 сен- тябри соли 1920 бо супориши бевоситаи Ленин ва кумаки ҳампаймо- ни вафодори у Фрунзе М. анҷом шудааст. Page 62 62 Ҳизби коммунисти Бухоро бо ташаббуси худи Ленин ва дархости коммунистони маҳаллӣ дар моҳи феврали соли 1922, дар авҷи босма- чигарӣ ва шӯриши Анвар-пошшо ба ҳайати Ҳизби коммунистии Ру- сия пайваста, умеду бовари бухороиҳоро барои ҳифзи Ҷумҳурии мар- думии Шӯравии Бухоро барҳам зад. Пайравии коммунистҳои бухороӣ аз иродаи Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Русия роҳро барои «фурӯбарӣ»-и Бухоро ва ҳамроҳ кар- дани он ба ҳайати Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамвор сохт. Барои тоҷикони имрӯз Бухорои солҳои 1920-1924 — туркпараст ва инкоркунандаи ҳуқуқи тоҷикон ба худмуайянкунӣ — бешубҳа, нисбат ба гузинаи дохилшавии он ба ҳайати СССР ва ташкили мин- баъдаи Ҷумҳурии иттиҳодии Тоҷикистон камтар афзалият дорад. Ба хидматҳои Ленин комёбиҳои ӯро дар самти саноатикунонӣ ва таъ- мини барқ, ки то ба Тоҷикистон ҳам расидааст, метавон шомил кард. Зери раҳбарии ӯ соли 1920 нақшаи давлатии рушди бахши саноати энергетикӣ дар Русияи Шӯравӣ (план ГОЭЛРО) таҳия шудааст. Обанбори бузургтарин нерӯгоҳҳои барқӣ дар Вахш, бо шумули Но- рак ва Роғун ҷузъи ин нақша буданд. Агар Ленин намебуд, мо, ки аз гази табиӣ маҳрумем, имрӯз наметавонистем хонаҳоро гарм кунему хӯрок пазем ва ҳатто ба Афғонистон барқ фурӯшем. Рушди стратегии Тоҷикистон ва иқтисоди онро ҳамчун як кишвари аграрию саноатии дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ Ленин муайян кардааст. Ленин ҳамчунин дар маҳви босмачиҳо нақши калидӣ бозидааст. Ба гуфтаи Ленин, босмачиҳо монеи тезондани замонавӣ кардани мин- тақаҳои дурдасти мусулмоннишин буданд ва бинобар ин, бераҳмона саркӯб карда шуданд. Ӯ босмачиҳоро узви ҳаракати зиддиинқилобии истисморгарон ва рӯҳониёни маҳаллие медонист, ки ҷонибдори Инглистон буданд. Ленин ба рушди забонҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда- аст. Ӯ ҷонибдори баробарии забонҳо ва зидди таъйини забони русӣ ҳамчун забони ҳатмии давлатӣ буд. «Ягон бартарӣ ба ягон миллату забон!», — навиштааст ӯ дар асари худ бо номи «Оё забони ҳатмии давлатӣ муҳим аст?» (1914). Page 63 63 «ленин — бАродАр»? Дар саргаҳи низоми сиёсии шӯравии комилан тоталитарӣ доҳӣ меистод ва бешубҳа дар давоми солҳои ҳокимияти Шӯравӣ ин доҳӣ Ленин буд. Ҳамаи ҷумҳуриҳои Шӯравӣ барои қонунигардонии мақо- ми худ ба иртибот бо Ленин ниёз доштанд. Идеологҳои Шӯравӣ ба далели холигиҳои ба вуҷудомада дар натиҷаи тамоси шахсӣ надо- штани тоҷикон бо Ленин ба ҷонибдорони доҳӣ, ки давоми солҳои 1918-1922 ҳамчун намояндаи раҳбари шӯравӣ ба Осиёи Марказӣ фи- ристода мешуданд, мақоми махсус медоданд. Таърихнигорон ин гурӯҳро, ки дар адабиёти ҳизбӣ ҳамчун «фи- ристодаҳои Ленин» маъруфанд, барои эҷоди афсона дар бораи ро- битаҳои пурмаънои Ленину мардуми шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон ис- тифода кардаанд. Гузашта аз ин, Ленин на ҳамчун рус ё православ, балки ҳамчун пешвои фаромиллии оммаи мазлуми тамоми сайёра муаррифӣ карда шудааст. Фиристодаҳои Ленин аз қабили А. Кобозев, Ш. З. Элиава, В. В. Куй- бишев, И. Е. Рудзутак, М. В. Фрунзе, Н. Лепешинский, В. Ногин, С. И. Гусев, Г. К. Орджоникидзе ва дигарон узви комиссияи Туркистон, бюрои Туркистон ва бюрои Осиёи Миёна буданд. Баъд аз вафоти Ле- нин аз харизмаи ленинӣ дар солҳои 1930–1940 ҷонибдорони Сталин бархӯрдор шуданд. Ҳамаи ин дар ҷойномҳо инъикос шудааст. Дар харитаи Тоҷикистон дар баробари Сталинобод ва Ленинобод, номҳои дигаре аз қабили Орҷоникидзеобод, Кагановичобод, Молотовобод, Бауманобод, Калининобод, Ворошиловобод, Микоянобод, Куйбишев ва дигарон пайдо шуданд. Дар Тоҷикистон то аввалҳои соли 1990 беш аз 10 колхоз бо номи Жданов вуҷуд дошт. Ленин дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба монанди ҷумҳуриҳои дигари «бародар» муаллифи сермаҳсултарин буд. Соли 1928 дар Тоҷикистон нашри асарҳои Ленин бо забони тоҷикӣ оғоз ёфт. Институти омӯзиши таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон (бахши тоҷикии Институти марксизм-ленинизми назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Page 64 64 Иттиҳоди Шӯравӣ) моҳи августи соли 1950 таъсис дода шуд. Ин мар- каз, аз ҷумла масъули тарҷумаи дуруст ва нашри асарҳои Ленин буд. Забони тоҷикии Ленин бештар ба забони русӣ наздик буд. Тарҷумаи тоҷикии нашри чоруми Маҷмӯаи асарҳои В. И. Ленин дар 54 ҷилд аз соли 1954 то соли 1965 аз чоп баромад. Даҳ ҷилди дигар дар солҳои 1961- 1972 нашр шуд. Теъдоди умумии нашри чоруми Маҷмӯаи асарҳои В. И. Ленин ба забони тоҷикӣ 10 ҳазор нусхаро ташкил додааст. Тарҷу- маи Маҷмӯаи панҷуми асарҳои В.И. Ленин, ки иборат аз 55 ҷилд ва мукаммалтарин ва навтарин мебошад (солҳои 1967-1981 ба забони русӣ нашр шуд), дар миёнаҳои солҳои 1980 оғоз шуда буд, вале бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баста шудани Институти таърихи ҳизб дар Душанбе дар соли 1991 қатъ гашт. Асарҳои Ленин аз соли 1928 то соли 1988 ба забони тоҷикӣ дар умум 244 маротиба бо теъдоди умумии 1 миллиону 800 ҳазор нусха нашр шудаанд. Олимони тоҷик, аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Аббос Алиев, Муҳаммад Осимов (Осимӣ) ва Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷумон ва муҳарри- рони асарҳои Ленин ба забони тоҷикӣ буданд. ленин дАр ФАрҳАнги тоҷикӣ Ленин дар фарҳангу ҳунар, рамзҳо ва номҷойҳои Тоҷикистони Шӯравӣ мақоми марказиро ишғол карда буд. Баъд аз вафоти Ленин дарҳол дар моҳи январи соли 1924 абадигардонии ёду хотираи ӯ оғоз шуд. Нахустин нимпайкараи Ленин бо навиштаи тоҷикӣ 27-уми ян- вари соли 1925 дар Бухоро қомат афрохт. Дар солҳои баъдӣ хиёбону кӯчаҳои марказии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба номи Ленин номгузорӣ шуданд. Дувумин кӯҳи баландтарин дар СССР Ленин номгузорӣ шудааст. Номи дувумин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон - Хуҷанд низ дар моҳи декабри соли 1935 Ленинобод гузошта шуд. Ба Донишгоҳи мил- лии Тоҷикистон, ки соли 1948 таъсис ёфт, номи Ленинро гузоштанд. Танҳо дар хиёбони марказии пойтахт, ки номи Ленинро дошт, чаҳор муҷассамаи доҳии коммунистон гузошта шуда буд. Муҷассамаи Ле- Page 65 65 нин дар майдони марказии шаҳри Душанбе, дар маконе, ки ҳоло онҷо ҳайкали Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст, соли 1961 насб шуда буд (муаллифи муҷассама Т. Поляков ва А. Рабин). Гаронтарини онҳо, шояд, муҷассамае буд, ки аз Ленинград ҳам- чун туҳфа оварда шуда буд. Он нусхаи дақиқи ҳайкали ёдгорӣ дар назди Қасри Смолний буд. Ин муҷассамаи В. В. Козлов дар солҳои 1924-1927 ба чанд акси дар давраи зинда будани В. И. Ленин рабт дорад ва ба назари мо, арзиши бадеии он баланд аст. Бештари тоҷикон ин муҷассамаи баёнгарро, ки дар боғи ба номи Ленини пойтахт (ҳозира Рӯдакӣ) насб шуда буд, дар ёд доранд. Бузургтарин муҷассамаи Ленин дар шакли нимпайкараи оҳану бе- тонӣ соли 1972 дар болои сарбанди обанбори Каттасой (Истаравшан) гузошта шудааст. Муаллифи он А. Кравинский буда, дарозии муҷас- сама, ки то имрӯз мондааст, 21 метр ва баландиаш 9 метр мебошад. Парастиши Ленин дар кинои точик осори худро гузоштааст. Яке аз беҳтарин филмҳои тоҷикӣ «Бачагони Помир» (1963) аст, ки аз рӯи достони «Ленин дар Помир»-и Мирсаид Миршакар таҳия ва ба на- вор гирифта шудааст. Сужаи достон аз расидани хабари марги Ленин ба Помир оғоз мешавад. Суруди маъруфи тоҷикии «Ленин бародар раҳнамо» бо мусиқии сарояндаи маъруф Акашариф Ҷӯраев ва шеъри Саидалӣ Вализода дар ҳақиқат маҳбубият пайдо кардааст. Комёбии суруд дар ин аст, ки Ленинро «бародар» меноманд. Ба монанди он ки дар Ислом Худо якесту мусулмонон ҳама бо ҳам бародаранду баробар. Дар бораи Ленин ҳамчун доҳии болшевикҳо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, Ғанӣ Абдулло ва адибони дигар навиштаанд. Дар театри драмавии ба номи Лоҳутӣ аз соли 1948 пйесаи Н. Пого- дин бо номи «Марди милтиқдор» намоиш дода мешуд, ки дар он Аслӣ Бурҳонов нақши Ленинро бозидааст. Ба ӯ имкон шудааст, ки бо роҳи дубляж нақши Ленинро дар нахустин филмҳои Шӯравӣ дар бораи доҳии болшевикон бо ширкати Б. Шукин биофарад. Ленин бо садои равони ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Бурҳонов А. суҳбат ме- кард. Сегонаи Ғанӣ Абдулло дар бораи Ленин «Бӯрон» (1957), «Ҳурри- ят» (1964) ва «Сарбозони инқилоб» (1970) шуҳрати зиёд касб кардааст. Page 66 66 Дар маҷмуъ, Бурҳонов дар давоми тақрибан 40 сол дар 6 намоиш нақши Ленинро бозидааст. Хотирмонтарини онҳо саҳнаест, ки дар он Гурминҷ Завқибекови (рӯшонӣ) харизматик дар нақши Фрунзе ба Бурҳонов - Ленин бо хурсандӣ хабар медиҳад, ки «Инқилоб дар Бу- хоро ғалаба кард!» Завқибеков ва Бурҳонов бо ин намоиш ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, аз ҷумла дар лагерҳои пионерӣ (муаллиф шоҳид аст) баромад карданд ва боис ба шодии доимии та- мошобинон гардиданд. Онҳоро монанд будани «Ленини тоҷикӣ» ба Ленини воқеии «синамойӣ» ва баромадҳои аҷоиби ҳунармандони дӯстдоштаашон ба ваҷд меовард. Аҷиб ин буд, ки Ғанӣ Абдулло ва Аслӣ Бурҳонов азизоне доштанд, ки қурбонии низоми болшевикӣ шуда буданд. Агар ба фарҳангшинос Низом Нурҷонов ва академик Муҳаммадҷон Шакурӣ (бухороӣ, ҳам- шаҳриёни Бурҳонов) бовар кунем, нақши Ленини тоҷикро писари охирин қозикалони аморати Бухоро Бадридин (писари Бурҳонидини Ховалингӣ) бозидааст. Бадриддинро болшевикҳо пас аз инқилоби соли 1920 паронда буданд. Агар Аслӣ Бурҳонов, писари мансабдори парондашудаи амир, ки дар саҳнаи тоҷик нақши Ленинро ҳунармандона офаридааст, аз таъ- қиб раҳоӣ ёфта бошад, писари китобдӯсти Самарқанд Ғанӣ Абдулло ранҷро ба тамоми маънояш кашидааст. Ӯ соли 1937 ҳамроҳи барода- ру падараш «душмани халқ» эълом шуд. Зинда монданаш баъд аз 10 соли будубош дар лагерҳои Магадану Колима ва ҳашт соли таҳқи- ромези бадарға муъҷиза буд. Бародар ва падари Ғанӣ Абдулло солҳои 1937 ва 1940 бар асари беморӣ дар зиндон даргузаштанд. суқути ленин дАр тоҷикистон Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тахриби муҷассамаҳои Ленин дар ҳама ҷой шуруъ шуд. Ин раванд дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 замоне сар шуд, ки издиҳоми хашмгин бо қарори шаҳрдори демократхоҳи пойтахти кишвар Мақсуд Икромов ҳайкали Ленинро дар маркази шаҳри Душанбе сарнагун сохт. Page 67 67 Ин ҳайкал барои он машҳур буд, ки дар он Ленин дасти чапашро дароз мекард. Сарнагун шудани ӯ маъное дошт: муҷассама як ҷузъи минбари ҳукумат буд. На танҳо муҷассамаи Ленин, балки ҳукумати куҳнаро сарнагун сохтанд. Бештари шореҳон гуфтанд, ки сабаби оғо- зи ҷанги хунини шаҳрвандӣ маҳз сарнагун сохтани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе шудааст. Ҳамин тариқ, бештари муҷассамаҳои Ленинро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар давоми солҳои 1990-2000 тахриб карданд. Дертар ба ҷои ҳайкалҳои Ленин дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон муҷасса- маҳои Исмоили Сомонӣ қомат афрохтанд. Бино ба ҳисоби комму- нистони Тоҷикистон, то соли 2014 дар кишвар 66 муҷассамаи Ленин ҳифз шуда буд. Бештари онҳоро ё ҳифз ё баъди канда шудан дар ҷое пинҳон карданд. «Ленини тоҷик»-ро, ки онро раҳбари пешини коммунистони Тоҷи- кистон Шодӣ Шабдолов чунин меномид, соли 2006 аз боғи ба номи Ленини шаҳри Душанбе бардоштанд. Коммунистони Тоҷикистон соли 2011 аз қарори раиси вилояти Суғд дар бораи тахриби ҳайкали Ленин дар шаҳри Хуҷанд сахт нигаронӣ карда буданд. Ин муҷассамаи бузургро Н. Шербаков, В. Веселовский ва И. Гунст соли 1974 аз пӯлоди зангногир сохта буданд. Бештари маконҳо, ки ба номи Ленин гузошта шуда буданд, баъд аз соли 1991 иваз гаштанд. Ҳамзамон ҷойномҳое, ки ба таърихи даврони шӯравӣ рабт доштанд (ноҳияҳои Колхозобод, Комсомолобод, Совет- ский, Московский ва шаҳри Чкаловск) аз харита бардошта шуданд. имрӯз ленингАроӣ то куҷо мАҳбубият дорАд? Бисёриҳо имрӯз бар ин назаранд, ки ҷойи Ленин анбор ё партовгоҳ аст. Сабаб ин аст, ки онҳо дар даврони шӯравӣ ҷомеаро бо калимаи Ленин пур карданд. Ин корро ба ҳадде аз меъёр зиёд анҷом доданд, ки боиси ба миён омадани ленинбезорӣ шуд. Имрӯз дар донишгоҳҳо Ленинро намеомӯзанд, ки ба назари мо, иштибоҳ мекунанд. Мо бояд ӯро омӯзем, вале якҷоя бо марксистони Page 68 68 дигари охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ва неомарксистони муосири Аврупо. Албатта, асарҳои Ленин муҳим ҳастанд ҳангоми омӯхтани ҷомеаи шӯравӣ. Аз ибтидои асри 21 дар байни олимони Ғарб таваҷҷуҳ ба Ленин ва мероси илмии ӯ афзоиш ёфтааст. Чаро? Зеро дар давраи муосири буҳронҳои бардавоми иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътирозҳо дар ми- ёни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла кормандон дар кишварҳои пешрафтаи капиталистӣ меафзояд. Паст шудани сатҳи зиндагӣ ва норозигӣ аз сиёсати элитаи сарватманд боис ба эътирозҳои оммавӣ, шӯришҳо ва инқилобҳо дар саросари ҷаҳон мегардад. Силсилаи гирдиҳамоиҳои зиддиҳукуматӣ, намоишҳои эътирозиву шӯришҳои мусаллаҳонаеро, ки соли 2010 бештари кишварҳои араби- ро фаро гирифтанд, ҳаракати «Ғасби Волл-стрит» дар Ню-Йорк дар соли 2011, ҳаракати «Ҳаёти сиёҳпӯстон аҳамият дорад» («Black Lives Matter» ё «BLM»), ки зидди нажодпарастӣ ва табъиз дар соли 2013 буд, ҳамлаи ҷонибдорони президенти вақти Амрико Доналд Трампро ба Конгрес дар соли 2021 ба ёд меорем. Албатта, хоҳед пурсид, ки инҷо Ленин чӣ дахл дорад? Барои он дахл дорад, ки асли болшевизм ва ле- нинизм идеяи муттаҳид кардани синфи коргар дар роҳи муқовимат бар зидди истибдод аст. Дар зодгоҳи капитализм — Аврупо норозигиҳо ва ноумедӣ ба сохти капиталистӣ мушоҳида мешавад. Яъне, эътирозҳо хусусияти синфӣ касб мекунанд. Бинобар ин, ба назари бархеҳо, баргашт ба Ленини марксисту инқилобгар ва мероси ӯ ба мақсад мувофиқ аст. Албатта, ленинизм имрӯз барои басеҷ ба эътироз ва ба даст оварда- ни адолат дар тамоми ҷаҳон кам фоида дорад. Коммунистони тоҷику рус оромона дар хоби латофатанд ва дар бораи инқилоб фикре ҳам надоранд. Лениниҳо, тротскистҳо ва марксистони имрӯз бояд дарк кунанд, ки ҷаҳон дар давоми сад соли охир аз январи соли 1924 тағйир ёфтааст. Ленин ҳамчун марксист танҳо ба синфи коргар, сарфи назар аз миллат ва ҷои зисташ, муроҷиат мекард. Ин асос дошт, зеро ҳаракати коргарони замони Маркс ва Ленин на- зар ба дигар давраҳо пурзӯртар буд. Имрӯз ягон синфи коргар омода Page 69 69 нест, ки «як мушт» шаванд. Бале, дар давраи Ленин ҳам «пролетари- атҳои тамоми кишварҳо» ҳамин тариқ муттаҳид нашуданд. Мавҷи инқилобҳо дар Аврупо то соли 1920 поин рафтан гирифт ва дар худи Русия коммунистон пас аз Ленин идеяи «дар кишвари алоҳида таш- кил кардани сотсиализм»-ро беҳтар шумурданд. Ҷомеаи тоҷик ба худи вожаи «инқилоб» бо асабоният менигарад. Агар дар замони Шӯравӣ ҳама амалҳои инқилобӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои мусаллаҳона ба қасрҳо ҳамаро шод месохту ба ваҷд меовард, имрӯз «инқилобҳои ранга», «майдонҳо» ва шаклҳои дигари эътирозҳои хушунатомези оммавӣ ҳамчун «ифротгароӣ» ва «терроризм» арзёбӣ мешаванд. Дар ин марҳала субот дар ҷои аввал аст ва аз ин рӯ, нух- багони пасошӯравӣ ва бахши бузурги ҷомеа, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунанд, Ленинро ҳамчун «рамзи инқилоб» дӯст намедоранд. Аммо инро инкор кардан номумкин аст, ки Тоҷикистони вориси бевоситаи инқилоби соли 1917 ва Ленин аст, ки сад сол пеш умраш ба поён расида буд. Камолуддин Абдуллоев 21-уми январи 2024 Page 70 70 АБДУҚОДИР МУҲИДДИНОВ. БУХОРО ДАР ТОҶИКИСТОН Ё ТОҶИКИСТОН ДАР БУХОРО? Соли 2022 аз таваллуди Абдуқодир Муҳиддинов 130 сол ва аз замо- ни маргаш 88 сол гузашт. Ӯ ба монанди падараш Муҳиддин Мансуров ҳамчун ҷадид вориди сиёсат шуд. Тарафдори ҳаракати равшанфи- крон (олимон)-и Бухоро дар нимаи дувуми асри 19 ва ибтидои асри 20 буда, ба ибораи олими бухороӣ (тоҷик), нависанда, маорифпарвар, файласуф, мутафаккир, шоир, арбоби давлатӣ Аҳмади Дониш (1827- 1897), аз «таназзули мафҳуми воқеии Ислом, ки дар Мовароуннаҳр паҳн шудааст» норозӣ буд. Донишро метавон илҳомбахши ақидавӣ ва устоди на танҳо Абдуқо- дир Муҳиддинов, балки Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, намо- яндагони рӯҳониёни озодихоҳ ба раҳбарии Муҳаммад Икром ибни Абдусалом (Мулло Икромча) ва ҷадидони дигари «мавҷи аввал» шу- мурд. Онҳо сарнагун шудани шоҳигариро бо хушбинӣ пазируфтанд. Мансурову писаронаш аз моҳи феврал то моҳи октябри соли 1917 ба ҷойи истибдоди асримиёнагии шарқӣ тавассути монархияи наму- наи аврупоӣ, роҳандозии волоияти қонун, тақвияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии Бухороро пешниҳод карданд. Яъне, сухан на дар бораи низоми коммунизм ё ҷумҳурии миллӣ, балки дар бораи ҳифзи Бу- хорои наву ислоҳшудаи мусалмонӣ ва мустақил ба раҳбарии амири одил мерафт. Шиорҳои «Зинда бод амири Бухоро!», «Озодӣ, адолат, баробарӣ!» ва таронаи «Марши Ҳуррият»-и Айнӣ бо оҳанги «Ла Марселез» 8-уми апрели соли 1917 дар кӯчаҳои Бухоро замоне садо доданд, ки амир дар манифести худ ба тартиб даровардани андозҳо, ташкили маҷлиси Page 71 71 шаҳрии Бухоро, ислоҳот дар низоми маорифу тандурустӣ ва ғайраро ваъда дод. Ин ва муқаррароти дигари ислоҳот аз барномаи ҷадидон — ҷа- вонбухориён гирифта шуда буд. Худи амири Бухоро Саид Олимхон дар ин марҳила ба ҳамкорӣ бо ҷадидон майл дошт, аммо ҳамзамон дудила буд. Ӯ дарк мекард, ки дар Бухоро ба монанди Туркия чизеро бояд тағйир дод, аммо аз хашму ғазаби муллоҳо — иртиҷоъпарастон дар ҳарос буд, ки аксарияти атрофиёнашро ташкил медоданд. Албатта, дар миёни ҷадидҳо шумори ками инқилобчиёни «чап- гаро» буданд, вале онҳо ҷуръат намекарданд, ки ба «ростгароҳо» — Мансуров ва писаронаш — ошкоро зид бароянд. «Чапгароҳо» танҳо баъд аз Инқилоби октябри соли 1917 ҷуръат пайдо карда, бо болше- викҳои руси Тошканд ҳампаймон шуданд. дАр рАёсАти «руми мусулмонҳо» Пас аз сарнагун шудани режими амир, рӯзи 2-юми сентябри соли 1920, Кумитаи муваққатии инқилобӣ ба раҳбарии Абдуқодир Муҳид- динови 28-сола Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) эълон кард. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухороро бо Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1918-1924) дар як қатор ҷой дода, дар бештар маврид ҳамчун ҷузъи воқеии Русияи Шӯравӣ муаррифӣ мекарданд. Ба ин аҳамият намедоданд, ки дувумӣ мустамлика, ҷузъи ҷудонашавандаи Русия буда, аввалӣ мустақил аст ва танҳо дар асоси «Созишномаи ҳампаймонӣ дар бораи дӯстӣ ва мадад ба ҳамдигар ми- ёни ҶХШБ ва РСФСР (Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия)» аз 4-уми марти соли 1921, ки зери он имзои Муҳиддинов буд, бо Русия робита дошт. Афғонистон ва Туркия дар арсаи байнулмилалӣ ҳамчун кафили истиқлоли Бухоро баромад мекарданд. Амири Афғонистон Амонулло ҳанӯз дар соли 1919 шарти муҳим гузошта буд, ки дар сурати эътирофи Page 72 72 «истиқлоли Бухорои бародар ва ҳамбовар» бо Русия дӯстӣ хоҳад кард. Мавқеи ӯ ҳатто пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 тағйир наёфт. Тарафҳо бар асоси банди 8-и «Созиши дӯстӣ миёни Афғонистон ва РСФСР» аз 28 феврали соли 1921 ба «истиқлолу озодии Бухоро ва Хева ва шакли идоракунии онҳо тибқи хостаи мардумонашон» розӣ шуданд. Маҷлиси бузурги миллии Туркия ва Афғонистон дар банди дувуми созишномаи ду кишвар, ки 1-уми марти соли 1921 дар шаҳри Маскав имзо шуд, тасдиқ карданд, ки «миллатҳои Шарқ ба озодии комил ҳақ доранд ва ҳар яке аз онҳо дар интихоби низоми давлат- дорӣ озоданд.» Муҳиддинов ҳамчун раҳбари давлат ҷонибдори сиёсати фаъол ва мустақили хориҷӣ буд. Бухороиҳо дар охири соли 1921 ҳайати ваки- лонеро ба Анкара фиристода, хостанд, ки муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шавад. Ҳайати сенафариро, ки ба он яке аз аввалин дипломатҳои тоҷик Раҷаб Муҳаммадиев шомил буд, Мустафо Камол дар сатҳи баланди дипломатӣ пазируфт. Дар зери «Созишномаи ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия» имзои Раҷаб Муҳаммадиев ва Абдуқодир Муҳиддинов исто- дааст. Муҳаммадиев ходими намоёни Ҳизби коммунисти Бухоро буд. Соли 1937 дастгир ва паронда шудааст. Набераҳояш дар Душанбе зин- дагӣ мекунанд ва ҳатто аз хешовандони муаллифи ин сатрҳо ҳастанд. Мустафо Камол дархости бухороиёнро пазируфт ва Ғолиб-пошшо- ро дарҳол сафири Туркия дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъин кард. Дар ҳамин ҳол, тирамоҳи соли 1921, дар Бухоро саркардаи дигари турк — Анвар-пошшо вориди саҳна шуд. Вай орзу дошт, қасоси ши- кастро дар Туркия бигирад ва шуҳрату маҳбубияти пешвои мусулмо- нонро, ки ба бовари вай, Мустафо Камол гирифтааст, пас бигардонад. Фиристодани Ғолиб-пошшо бо пайвастани Анвар-пошшо ба давро- ни босмачиён ва шӯриш дар Бухорои Шарқӣ дар зимистони солҳои 1921-1922 рост омад. Мансабдорони рус бо истифода аз ин баҳона ҳай- ати вакилонро дар Батум нагузоштанд, аз сарҳад гузаранд. Ба гуфтаи Page 73 73 таърихнигори турк, Аҳад Андиҷон, Маскав дар асл мухолифи барпо шудани равобити дипломатӣ миёни Туркия ва Бухоро буд. Абдуқодир Муҳиддинов барпо кардани муносибатҳои дипломати- ро бо Афғонистон як қадами муҳими дигар барои эътирофи соҳибих- тиёрии Бухоро медонист. Вай пинҳонӣ аз намояндагони Русия омода кардани созишномаи шарикии Бухоро ва Афғонистонро оғоз кард. Бухоро дар ибтидои соли 1922 Абдураҳим, аввалин сафири ҶХСБ-ро дар Афғонистон ба Кобул фиристод, ки дертар дар моҳи апрели соли 1922 ӯро Ҳошим Шоиқ (амаки шоир Пайрав Сулаймонӣ) иваз кард. Тахминан дар ҳамин давра сафири Афғонистон низ дар Бухоро фаъо- лияти худро оғоз кард. Муносибатҳо миёни ҳукумати русгарои ҶХШБ ва Афғонистон баҳори соли 1922 дар робита ба шӯришҳои зиддишӯра- вии зери роҳнамоии Анвар-пошшо сард гаштанд. Сафири Афғонистон дар Бухоро низ фавран ронда шуд. Шоиқ сиёсати Русияро маҳкум ва онро ба ҷангандозӣ дар Бухорои Шарқӣ гунаҳкор кард. Вай дар аввалҳои моҳи июни соли 1923 (тибқи маълумоти дигар, дар охирҳои соли 1922) ҳамроҳи кормандони са- форати Бухоро дар Кобул истеъфо дода, дар Афғонистон, ки онҷо бо ашрофзодаҳо хешӣ пайдо карда, аз иззату эҳтироми бузург бархурдор буд, монд. Муҳиддинов ба ҷуз аз он ки то ҳадди имкон сиёсати мустақили хориҷиро пеш гирифта буд, дар кори дохилӣ ба барномаи муътадили сиёсии ҷавонбухороиён (ҷадидҳо)-и ҳизби падараш такя карда, ба кӯшишҳои «амиқтар шудани инқилоб» ва дахолати Русияи Шӯравӣ ба умури Бухоро истодагарӣ мекард. Дар баробари ин, ӯ барои чанд муддате тавонист, коммунистони Бухоро ва кумитаи марказии онҳо- ро низ дар зери назорати худ нигаҳ дорад. Дар ҳақиқат, коммунистони Бухоро чандон муқобилият нишон надода, дар бештар маврид роҳи пешгирифтаи Муҳиддиновро қа- бул доштанд. Русияи Шӯравӣ дарк кард, ки Бухоро ба фарқ аз Турки- стон ҳеч гоҳ мустамликаи он набуд ва дар миёни кишварҳои Шарқ шуҳрати бузурге дорад. Яке аз ходимони Шӯравӣ онро ҳатто «Руми мусулмонҳо» низ номидааст. Русияи Шӯравӣ ва намояндагони он Page 74 74 пинҳон ба ҳукумати шоҳӣ лаънат мефиристоданд, ки 50 сол пеш аз вокуниши Инглистон тарсида, Бухороро ба ҳайати Русия ҳамроҳ на- кард ва имрӯз онҳо барои тасарруфи Бухоро нерӯ ва манбаъҳои зиёд сарф менамоянд. Нарасидани нерӯ барои ишғоли ҳарбӣ, гуруснагӣ ва сустӣ дар на- тиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920 Русияро водор кард, бо раҳбарияти аслии Бухоро тавассути «ҳукумати тоҷирон» созиш ку- над. Одамон аз оилаҳои ашрофзода, қишри таҳсилдида ва буржуазии бузурги Бухоро ҳамчун намояндагони расмии сокинони маҳаллӣ дар ҳокимият ва коргузорони босалоҳияте лозим буданд, ки аз уҳдаи иҷрои корҳо таҳти сарпарастии раҳбарияти зираки рус бароянд. Болшевикон ба «ҷонибдорон»-и бухороии худ муносибати нобова- рона дошта, хоҳишу рағбаташонро барои нишон додани худ ҳамчун ходими ҷиддии давлатӣ ба тамасхур мекашиданд ва онҳоро «либе- ралҳои буржуазӣ», «замонасоз», «безоркунанда» ва ҳатто «нобакор» номида, таҳдид ба парондан мекарданд. Бухороиҳо дар навбати худ, бахусус дар ду соли аввали мавҷудияти ҶХШБ истиқлол ва соҳибих- тиёриро қадрдонӣ мекарданд. Барояшон бозидани нақши иҷроку- нандагони итоаткори хостаҳои раҳбарияти болшевикӣ чандон пи- санд набуд. Онҳо ба кӯшишҳои шомил кардани русҳо, тоторҳои рус ва тур- кистониҳо ба ҳайати ҳукумат муқобил баромаданд. Бо либосҳои на аврупоӣ, балки бо ҷомаҳои гаронбаҳои бухороӣ акс гирифтан ва дар пеши мардум ҳозир шуданро авлотар мешумурданд. Бухоро метаво- нист, дилпурона ба пойҳои худ рост биистад ва тавре баъзеҳо фикр мекарданд, «як бори зиёдатӣ дар гардан»-и Русия набуд. Он аз ҳисоби хариду фурӯши қарокул ва пахта даромад дошт. Ҳамчунин тилоҳое аз амир монда буданд. Дар онҷо мудирони ботаҷриба, савдогарон, мутахассисони корҳои молиявӣ ва сиёсатшиносон буданд. Дар ҳоле ки Русия банди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1917-1920 буд, кишоварзони тоҷик ва узбеки Бухоро дар саҳро гандуму пахта кошта, дар чарогоҳҳо чорводорӣ мекарданд ва пас аз инқилоби соли 1920 зуд Page 75 75 ба русиягиҳои гурусна маҳсулот фиристоданд. Бахусус, онҳое, ки ган- думи зиёдатӣ доштанд. Бухороиён дар соҳаи маориф низ талош мекарданд, ки мустақил бошанд. Ҳукумати Бухоро бо ташаббуси Фитрат ва таҳти раҳбарии ходими фарҳангии тоҷик Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) дар соли 1922 ҷавононро барои таҳсил ба Олмон ва Туркия фиристод. Писа- рону духтаронро на танҳо дар Бухоро, балки дар Туркистон ҳам ин- тихоб мекарданд. Тақрибан 100 донишҷӯ аз ҳисоби тилоҳои Бухоро, ки барои нигоҳдорӣ дар «Рейхсбонк» гузошта шуда буданд, шаҳрия ё стипендия мегирифтанд. Ҷавонон таҳсил мекарданд, ба масҷидҳои Истанбул мерафтанд, иттиҳодияҳои қонунии донишҷӯёнро ташкил мекарданд, дар ҳоле ки дар ватанашон диндорон таъқибу ибодатхо- наҳо тахриб мешуданд. Ҷавонони Осиёи Миёна дар Олмон соддалавҳона бовар мекарданд, ки ватани онҳо як ҷузъи мустақилу пешрафтаи низоми Шӯравӣ хоҳад шуд ва ояндаи кишварашонро маҳз онҳо муайян мекунанд. Ин вазъ то соли 1924, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатдории Бухоро хотима гузошт, идома кард. Бухоро дар моҳи сентябри соли 1924 ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Бухоро табдили ном кард. Аммо моҳе нагу- зашта бо шомил шудан ба ҳайати ҷумҳуриҳои шӯравии навтаъсиси сотсиалистии Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аз байн рафт. Олмон соли 1930 зери фишори Маскав ҳисобҳои бухороиҳоро баста, додани пулро ба донишҷӯён бас кард. Аз ҳамаи донишҷӯён даъват карда шуд, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргарданд. Тақрибан ҳамаи бу- хороиҳо аз баргашт худдорӣ карданд ва онҳое ки баргаштанд, таҳти таъқибу бозпурсӣ ва «поккорӣ» қарор гирифта, бархеашонро зиндонӣ ва бархеи дигарро паронданд. тоҷикистону узбекистон дАр сАрнАвишти муҳиддинов Адиб Холид, нависандаи амрикоӣ, муаллифи китоби «Ташкили Уз- бекистон: миллат, империя ва инқилоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ» (2015), бар ин аст, ки нухбагони мусулмони Бухоро дар даҳаи дувуми асри 20, Page 76 76 аз ҷумла Абдуқодир Муҳиддинов, ҷонибдорони ашаддии туркизме буданд, ки аз шаҳри Истанбул оварда шуда, Бухороро ба «як гӯшаи дурдасти ҷаҳони сиёсии Усмонӣ» табдил дода буд. Ба назари Холид, ташкил шудани Узбекистон дар соли 1924 «лоиҳаи миллии чағатай» (чағатай — кӯчманчиҳои турки асрҳои 13-15 — муаллиф)-и зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна» буд ва зиёиёни мусулмон тарҳи миллати узбек ва Узбекистонро кашиданд. Гузашта аз ин, Адиб Холид мегӯяд, дар саргаҳи ташкили Узбеки- стону сипас Тоҷикистон маҳз бухороиҳои форсизабон меистоданд, на туркҳои Тошканду Фарғона ва Хоразм. Адиб Холид дувумиро, ки дар аввал дар ҳайати Узбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таш- кил шуда, ба назари туркҳои Бухоро, минтақаи аз нигоҳи фарҳангӣ ақибмонда, мазлум ва дорои кӯҳистониҳои фақир» буд, «категорияи бозмонда», «партовгоҳи нокомҳо»-е, меномад, ки «дар муборизаҳои сиёсии Бухоро шикаст хӯрда буданд». Худи Холид аз он дар тааҷҷуб аст, ки тоҷикон — ворисони тамадду- ни шаҳрнишин ба як ҷомеаи кӯҳистонии аз нигоҳи фарҳангӣ ақиб- монда табдил ёфтанд. Бинобар ин, Холид зуҳури Муҳиддиновро дар Душанбе натиҷаи нокомӣ дар муборизаҳо бо қабилаи Файзулло Хоҷа- ев барои раҳбарии тарҳи «Чағатай»-и табдили Бухоро ба Узбекистон меҳисобад. Мегӯянд, гуё Муҳиддинов, ки аз шикасти карйераи худ ба хашм омада буд, бо таваҷҷуҳ бар он ки ҳизби болшевикҳо аз афзо- иши туркгароӣ нигарон шуда, чағатайҳоро интиқоду ба пантуркизм айбдор мекунад, фурсатро аз даст надода, соли 1924 аз як турк ва узбек ба тоҷик табдил меёбад. Дар ҳақиқат, миёни Абдуқодир Муҳиддинов ва Файзулло Хоҷаев низоъ сар зада буд. Хоҷаев дар давоми солҳои 1921-1922 талоши сахт кардааст, то Муҳиддиновро аз Бухоро бозхонд кунад. Вай дар бораи «нақши зиддиинқилобӣ»-и Муҳиддинов ба фиристодаҳои Ленин С. Орҷоникидзе, В. Куйбишев, Л. Карахан (муовини вазири умури хо- риҷии РСФСР), намояндаи ваколатдори РСФСР дар Бухоро гузориш додааст. Илова бар ин, тавре таърихнигори тоҷик Намоз Ҳотамов гуф- тааст, гурӯҳи Хоҷаев, ки илҳомбахши идеологи он Абдуррауфи Фитрат Page 77 77 буд, дар ҳаққи падари Абдуқодир Муҳиддинов туҳматҳои ифлосе мекунанд ва дар натиҷа Муҳиддин Мансурови тавоно маҷбур меша- вад, Бухороро тарк карда, писарашро бо мухолифонаш танҳо гузорад. Дар моҳи апрели соли 1921 миёни ду шохаи ҳокимияти Бухоро за- духӯрд сурат мегирад ва Муҳиддинов, ки раиси Кумитаи инқилобӣ (раҳбари давлат) буду дар ихтиёри худ нерӯҳои мусаллаҳ дошт, чан- дин ҷонибдори раиси Шӯрои нозирон (сарвазир) Хоҷаевро бо шумули Фитрат ҳабс кард. Хоҷаев тарсида, ба Когони «русӣ», воқеъ дар кано- ри Бухоро, фирор кард ва аз намояндаи ваколатдори РСФСР Юренев кумак хост. Юренев дар навбати худ фавран ба Хоҷаев зиреҳпӯш додааст. Фай- зулло Хоҷаев тақрибан 300 тарафдорашро сафарбар карда, бо ёрии Артиши Сурху тавассути зиреҳпӯш вориди шаҳри қадимӣ шуда, боздоштшудагонро озод мекунад. Балвогарон маҷбур мешаванд, ки фирор кунанд. Адиб Холид иштибоҳан фикр мекунад, ки миёни онҳо ихтило- фи амиқи идеологӣ ба вуҷуд наомадааст ва Хоҷаев нисбат ба ҳамтои худ маъруфтар ва муваффақтар аст. Дар ҳақиқат, Муҳиддинов барои ба даст овардани истиқлол, берун кардани Артиши Сурх аз марзҳои ҶХШБ ва таъсиси артиши миллии Бухоро бидуни тобеият ба Ҷабҳаи турк исрор меварзид. Ӯро аксар раҳбарони ҷумҳурӣ пуштибонӣ карданд. Аммо Муҳид- динов дар баҳори соли 1921 шикаст хӯрд, зеро Сталин ӯро «хатарнок» ва «исломгаро» ҳисобида, ба рақибаш Файзулло эътимод кард. Яъне ӯ дарк кард, ки Муҳиддинов ҳамчун сиёсатмадор аз рақибаш тавон- мандтару мустақилтар аст ва бинобар ин, маҳз бояд Муҳиддинов «бардошта» шавад. Дар натиҷа, Муҳиддинов баъди як сол аз раҳбари ҷумҳурӣ интихоб шуданаш дар моҳи августи соли 1921 зимни таш- кил шудани Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҶХШБ, ки мебоист ба ҷои Кумитаи инқилобӣ муваққатан фаъолият мекард, раиси КИМ интихоб нашуд ва ба ҷои ӯ амакбачаи Файзулло — Усмон Хоҷаевро таъйин карданд. Бояд гуфт, Усмон Хоҷаев, ки назар ба Муҳиддинов Page 78 78 «ростгаротар» буд, дертар ба душмани ошкорои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Абдуқодир Муҳиддинов муборизаро бохт, аммо ҷангро на. Ӯ дар солҳои 1921-1924 бо корҳои муҳим, вале дувумдараҷа машғул буд. На- хуст нозир (вазир)-и савдо ва саноат, раиси Шӯрои олии хоҷагии халқ ва сипас маҷлиси иқтисодии ҶХШБ шуд. Ба ибораи дигар, вайро ба иқтисод банд кунонданду аз саҳнаи си- ёсати бузург, ки дар он рақибаш Файзулло Хоҷаев таҳти рақами як баромад мекард, дур андохтанд. Файзулло Хоҷаев он замон дар наза- ри маскавиҳо, бахусус дар пасманзари рушди босмачигароӣ, шахси боварбахшу русгаротар менамуд. (Ёдрас мешавем, синни ин ду бози- гари саҳнаи сиёсии Бухоро дар соли 1921 ба 30 нарасида буд ва имрӯз онҳо ҳатто наметавонистанд, довталаби курсии президентӣ шаванд) Зуҳури Анвар-пошшо дар тирамоҳи соли 1921 дар Бухоро миёни раҳбарони маҳаллӣ ҷудоӣ андохт. Анвар дар мулоқоташ бо бухоро- иҳо ба таври умумӣ таъкид мекард, ки Бухоро бояд мустақил бошад. Дар ҳоле ки баъзеҳо ошкоро ва бархе пинҳонӣ аз туркҳо ба умеди он ки онҳоро аз болшевикҳо наҷот хоҳанд дод, пуштибонӣ мекарданд, Файзулло Хоҷаев моҳи январи соли 1922 ба Маскав рафт. Ӯ нахуст ба Л. Карахан муроҷиат кард ва ба мулоқоти Сталин, ки барои худашу сарнавишти «Руми мусулмонҳо» муҳим буд, роҳ ёфт. Файзулло Хоҷаев дар он мулоқот тасмими қатъӣ гирифт, ки бояд ба ҳукумати Шӯравӣ бипайвандад. Дар натиҷа, Ҳизби коммунистии Бухоро, ки байналхалқӣ (яъне, мустақил) буд, моҳи феврали соли 1922 ба Ҳизби коммунистии Русия ҳамроҳ шуд. Ҳамакнун Маскав ба воситаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказӣ ме- тавонист, на танҳо раванди маҳви Анвар-пошшо, балки Бухороро низ раҳбарӣ карда, ҳамзамон ба раиси Шӯрои комиссарҳои халқии ҶХШБ Файзулло Хоҷаев такя кунад. Хоҷаев бо бохтани Бухорову касби эътимоди Русия дастҳои худро барои иҷрои «тарҳи узбекӣ»-и худ, ки муаллифи он Фитрат буд, боз намуд. Ба сокинони Бухоро пешниҳод шуд, ки минбаъд худро узбек ва Узбекистонро вориси давлати Темур биҳисобанд. Page 79 79 Шефтагии Фитрат ба асосноккунии фарҳангӣ ва таблиғоти «уз- бекгароӣ» норозигии болшевиконро ба бор овард. Зеро рушди мил- латгароӣ ба нақшаи бунёди Шӯравӣ шомил намешуд. Илова бар ин, Фитрат бо донишмандии худ ҳамчун хатмкардаи мадрасаи Бухоро ва донишгоҳи Истанбул хашми ходимони ҷавони чалласаводи ҳизбиро, ки шомили ҳукумат шуда буданд, барангехт. Дар натиҷа, ӯ моҳи июни соли 1923 дар ҷараёни яке аз поксозиҳо «барои суистифодаи қудрат ва боварии мардум» аз ҳайати ҳукумат берун карда шуд. Сипас ӯ барои анҷоми корҳои илмӣ ба муҳлати ду сол ба Маскав рафт. Тарзи мутолиа ва тафсири дастнависҳои қадимаи ӯ шарқшиносони русро ба ҳайрат оварда, ба вай унвони профессорӣ доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Бухоро муборизаҳо бар зидди миллатгароӣ, панисломизм ва пантуркизм оғоз шуданд. Муҳиддинов дар ин вазъият, охирҳои соли 1924, зодгоҳаш Бухороро тарк карда, ба Душанбе, пойтахти эъ- лоннашудаи Бухорои шарқии балвогару ҳаммарз бо Афғонистон ва воқеъ дар наздикиҳои Помир, ки аз сӯи босмачиҳо ишғол шуда буд, рафт, то раҳбари ҷумҳурии худмухтори навтаъсиси Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон шавад. Ӯ дар аввал ҷонишини якуми Кумитаи инқилобӣ ва аз 16-уми де- кабри соли 1926 то 12-уми январи соли 1929 сарвазир (раиси Шӯрои нозирони халқ) шуд. Аз соли 1924 то 1929 якҷоя бо раҳбарони дигари ҷумҳурӣ ба ҳукумати Шӯравӣ пешниҳод кард, ки тақсимоти мил- лию ҳудудӣ бозбинӣ шавад. Пешниҳод шуд, ки Самарқанду Бухоро ва баъзе аз минтақаҳои водии Фарғонаву Ҳисор ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. Мақомоти он вақт пешниҳоди сиёсатшиноси машҳуру ботаҷриба ва раҳбари ҷумҳурии Тоҷикистонро наметавонистанд нодида биги- ранд. Албатта, Муҳиддинов намехост, ба муддати дароз дар Душанбе бимонад, ӯ муштоқи баргашт ба Бухоро буд. Ӯ мехост, ҳамчун баранда ва раҳбари ҷумҳурие баргардад, ки пойтахти он дар зодгоҳаш бошад. Аммо соли 1930 карйераи хонаводаи маъруфу сарватманди бухороӣ, Мансуровҳо якбора поин рафт. Ӯро дубора ба Тошканд бозпас хонданд. Page 80 80 Сабабҳо маълум набуданд, вале эҳтимолан дар пушти бозхонди Муҳиддинов аз Тоҷикистон Файзулло Хоҷаев меистод. Вай як муддат дар вазифаи пасти комиссари нозирони таъминоти Узбекистон кор карда, 21-уми августи соли 1933 бо гумони «миллатгароии буржу- азӣ» боздошт шуда, робитаҳояш бо туркону мукотиботро бо афғонҳо низ ёдрас карданд. Муҳиддиновро 1-уми июни соли 1934 паронданд. Аммо соли 1965 (шояд 1957) пурра сафед карда, дубора шомили ҳизб намуданд. Файзулло Хоҷаев ва Абдуррауфи Фитрат рақиби худро ҳа- магӣ 4 сол таҳаммул карданд. Эроду танқидҳои Муҳиддинов дар бораи тақсимоти миллию ҳу- дудӣ дар соли 1924 бо шарофати заҳматҳои ӯ, ҳамчунин, талошҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемуру эътирозҳои қаблии ҷомеаи тоҷикони водии Фарғона (Конибодом ва Исфара) шунида шуд ва дар охирҳои соли 1929 Хуҷандро ба Тоҷикистон доданд. Тавассути худи Хоҷаев эътироф карданд, ки дар Самарқанду Бухоро асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, вале беҳтар аст, онҳо дар ҳайати Узбекистон бимонанд ва ба ҷояшон, ба Тоҷикистон мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ дода, аз ҳайати Узбекистон ҷудо карданд. Тоҷикистон бо шарофати ин тасмими таърихӣ, ки дар гирифта шудани он Муҳид- динов нақши калидиро бозидааст, моҳи декабри соли 1991 мустақил ва кишвари соҳибихтиёр шуд. Ташкилшавии Узбекистон ва ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати он дар соли 1924 маънои аз даст додани шанси ҳифзи яго- нагии Бухоро ва давлатдории онро дошт. Таблиғоти туркизм сохти мусулмониро дигар карда, байни ду мардуми асосии муқими Бухо- ро — тоҷикон ва узбекҳо — ҷудоӣ андохт. Он Бухороро ҳамчун қисми шарқии эронзамин ва маркази муҳими фарҳанги чандинасраи фор- сӣ-исломӣ аз байн бурд. Бухорои гуногунмиллат, ки онро «ҷадидони куҳна» ба раҳбарии Мансуров пеш мебурданд, мумкин буд, тавассути оммаи мардум ҳифз карда шавад. Зеро он робита бо динро наканда буд ва шаҳри Бухоро маркази ҳокимият эътироф шуда буд. Вируси усмонигароӣ ва туркга- роӣ, ки Адиб Холид дар бораи он ҳарф мезанад, воқеан ҳам, танҳо як Page 81 81 қисми хурди нухбагон ё элитаҳоро фаро гирифта буд. Барои намуна, Айнӣ худро ба хоҷа пайванд медод. Ба нухбагони динӣ ва ғайриэт- никӣ як оилаи сарватманди дигари Бухоро — арабҳои Қурайш (авло- ди паёмбар Муҳаммад) шомил мешуданд. Онҳоро дар Тоҷикистон ва Узбекистон нағз мешиносанд. Раҳбари арабҳо Ҷӯрабек бо хонаводаи Мансуровҳо ва Хоҷаевҳо робитаи дӯстӣ дошт, аммо аз фаъолиятҳои сиёсии онҳо, ки ба назари ӯ, ифротгароӣ буд, канорагирӣ мекард. Дар миёни нухбагони Бухоро, ки Муҳиддинов низ ба онҳо ман- суб буд, чунин шуури ғайриқавмӣ, гурӯҳӣ ва динӣ ҳукмфармо буд. Онҳо то даҳаи дувуми асри 20 аз баҳсу мунозираҳо дар бораи ман- субиятҳои нажодӣ чандон нигарон набуданд, зеро мухолифи усули эътирофшудаи динӣ ва сулолавии дарки ҳувияти мардуми муқими Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва узбекҳо) буданд. «Узбекҳо» дар фаҳмиши ашрофони Бухоро кӯчманчиҳои дағал ва «тоҷикон» кӯҳистониҳои фақиру бесавод буданд. «Бухороӣ» будан мояи ифтихор буд. Обрӯи Бухоро дар ҷаҳони Ислом ҳамеша баланд буд. Хусусан солҳои 1920 ва 1930 зоирони Макка ва онҳое, ки аз дасти болшевикон ба Шарқи На- здик ва Осиёи Ҷанубӣ фирор мекарданд, бо вуҷуди аз минтақаҳои дигари Осиёи Миёна будан беҳтар мешумурданд, ки худро «бухо- роӣ» номанд. «Ифтихори бухороӣ» ба оташи муқовимати Артиши Сурх дар ҷану- би Тоҷикистон ва Узбекистон равған рехт. Барои намуна, яке аз раҳба- рони шӯришгарон, турктабори тоҷикзабон аз Балҷувон Давлатманд- бий гуфтааст: «То ҳол пойи русҳо ба замини Бухоро нарасидааст... То пойи русҳо аз хоки Бухоро канда нашавад, ҷангро бас нахоҳем кард». Фолклори халқӣ суқути Бухороро ба таври худ чунин тасвир кардааст: «Сад ҳайфи Бухоро, ғазоро фарз дорам». Ба шахсияти қаҳрамони худ бармегардем. Абдуқодир Муҳиддинов аз нигоҳи зуҳур дар саҳнаи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи муқоисавӣ аввалин арбоби давлатии тоҷик буд. Муҳиддинов бархилофи ҳамзамонону ҳаммаслаконаш Садриддин Айнӣ ва Абдуррауфи Фитрат — зиёиёни табақаи миёна, ки огоҳӣ ва ба сиёсат чандон таваҷҷуҳ надоштанд, фаъолияти фарҳангию маърифатӣ ва адабиро аз он авлотар медони- Page 82 82 станд, «марди кор», савдогар, миллионер, бонкире буд, ки инқилобро дар Бухоро сармоягузорӣ карда, дар сарнагун кардани амир, барпо намудани Бухорои халқӣ ва баъдан дар давлатдории тоҷикон шахсан иштирок кардааст. Ӯ ҳамзамон олигарх ва ашрофзода буд. Ин чиз ӯро бо намояндаи хонаводаи дигари ашрофзода ва сарватманди бухороӣ — Файзулло Хоҷаев ҳамроҳ мекард. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки қишри умдаи нухбагони форсизабон (тоҷик)-и Бухоро ин ду раҳбари олимақом дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин боистеъдодтарин адибон ва донишман- дон — Фитрат ва Айниро додаанд. Муҳиддинов бархилофи раҳбарони дигари тоҷик, ки аз табақаҳои камбизоат буданд, Шириншо Шоҳтемури бадахшонӣ, Нусратулло Мақсуми ғармӣ, Абдураҳим Ҳоҷибоеви хуҷандӣ ва Чинор Имомови панҷакентӣ, бо қарор доштанаш дар сафи Ҳизби коммунисти болше- викон сарсупурдаи болшевизм, ҳукумати Шӯравӣ ва сиёсатҳои Русия набуд. Аз аввал то охири умраш сиёсатмадори мустақил, соҳибмаъ- лумот, сарватманд ва серталаб буд. Ӯ ба монанди ҳар як тоҷики дигар сахт ошиқи шаҳри азизаш буд. Бухоро барои ӯ танҳо як «ватани кӯчак»-и ҳасратангезе набуд, ки тавонад дар он рухсатияшро дар иҳотаи хонавода гузаронад. Бухоро барои ӯ аҳамияти бузург дошт. Муҳиддинов ба монанди Айнӣ дарк карда буд, ки Бухоро танҳо як шаҳр нест, он кишварест, ки таъриху фарҳанги ғании ҳазорсола дорад ва таърихаш онро дар радифи абарқу- дратҳои дигари минтақаӣ, аз қабили Эрону Чин қарор медиҳад. Ба андешаи ӯ, Бухоро аз ҷумҳурии «боқимонда»-и Тоҷикистон, ки пойтахти он дар як замини бекорхобида дар доманаи кӯҳҳо қарор дорад, хеле муҳимтар буд. Муҳиддинов ҳам ба монанди Айнӣ Бу- хороро танҳо дар ҳайати Тоҷикистон дидан намехост. Баръакс, онҳо орзу доштанд, ки Тоҷикистонро дар ҳайати Бухоро бубинанд. Аз ин рӯ, ба Муҳиддинов ва Айнӣ аз нуқтаи назари миллатгароии ҳудудии тоҷикӣ (тоҷикистонӣ), ки имрӯз паҳн шудааст, баҳо додан мумкин нест. Айнӣ ва баъд аз ӯ Бобоҷон Ғафуров таърихи Тоҷикистонро нана- виштаанд. Онҳо таърихи тоҷиконро навиштаанд ва ҳар ду аз ҳам фарқ Page 83 83 доранд. Муҳиддинов ва Айниро наметавон ба узбекбадбинӣ айбдор карду гуфт, онҳо мехостанд, «Бухороро аз Узбекистон бигиранд». На- зари онҳо дар бораи минтақа, таърих ва ояндаи сиёсии он аз доираи сохтусози миллии Шӯравӣ дар солҳои 20-ум берун аст. Ба назари онҳо, тақсимоти миллӣ сунъӣ менамуд ва ба он танҳо омода набуданд. Барои мисол, Айнӣ ҳам ба забони узбекӣ ва ҳам ба тоҷикӣ хеле хуб менавишт. Вай то охири умраш дар ду хона зистааст. Дар Сталинобод кор ва дар Самарканд зиндагӣ мекард. Ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва сиёсии Айниву Муҳиддинов ва равшанфикрони дигари Бухоро бо тартиботи маъмурию сиёсие, ки аз берун таҳмилшуда буд, мухолиф буданд. Онҳо натавонистанд ва нахостанд бар ин тазод ға- лаба карда, идеяи сохти давлатдориеро батадриҷ пеш баранд, ки дар он мардум танҳо аз нигоҳи забонӣ фарқ карда, таъриху фарҳанг, аз ҷумла одобу русум, дин, мазҳаб, мусиқӣ, ошпазӣ, одоби муошират ва ғайраи муштарак доранд. Ин аст, портрети фишурдаи сиёсии Абдуқодир Муҳиддинов. Камолуддин Абдуллоев 1-уми июни 2022 Page 84 84 «КУШТАНД ПОШШО АНВАРА». САД СОЛ ПЕШ ДАР БАЛҶУВОН Рӯзи 4 августи соли 1922 иди асосии мусулмонон — Иди Азҳо, маъ- руф ба Иди Қурбонро таҷлил мекарданд. Айнан дар ҳамон рӯз дар Балҷувон Анвар-пошшо кушта шуд. Дар зиндагии Анвар-пошшо ҳамин санаи 4 август як гуна санаи рамзие шуда буд. Дақиқан дар ҳамин сана дар соли 1920 ӯ сарҳади Русияро гузашт. Дертар дар Маскав ба ҳукумати он давраи Кремлин пешниҳод мекунад, ки дар Туркия, Эрон ва Афғонистон ба зидди ҳукуматҳои давлатҳои капиталистӣ, пеш аз ҳама бар муқобили Ин- глистон шӯришҳои миллӣ ташкил карда шаванд. Дар Маскав ин пеш- ниҳоди ӯро пуштибонӣ намекунанд. Дар он замон Кремлин тасмим гирифта буд, ки дар Шарқ оташи рағбати инқилобии худро пасттар намуда, бо ҳукуматҳои буржу- азӣ ҳамкорӣ кунад. Бинобар ин, Кремлин бо ҳукуматҳои Туркия ва Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карда буд. Аз ин ҷост, ки Анвар-пошшо пас аз кӯшишҳои бесамараш дар таъсиси як барно- маи муштарак бо болшевикон, рӯзи 11–уми октябри соли 1921 ба Бу- хоро меояд. Аллакай пас аз як моҳ ӯ бо босмачиҳои Бухорои Шарқӣ шартно- маи ҳампаймонӣ мебандад. Дар дарки Анвар-пошшо босмачиҳо як қисми ҷунбиши бузурги мардуми мусулмон ба муқобили импери- ализми Ғарб (ва Шӯравӣ) буданд. Ва ӯ як ниёзи ношикебое дошт то барои он ҳама 40 миллион мусулмонони Осиёи Миёна қаҳрамони миллӣ гардад. Page 85 85 ҷАнг дАр бАлҷувон Аммо, бармегардем ба ҳамон рӯзи тақдирсози 4 августи соли 1922. Як рӯз пеш аз он Анвар-пошшо ва шарики размандааш Давлатманд- бий, ки аз туркони Балҷувон ва сарвари шӯришгарони Кӯлоб буд, 30 размандаи савораро бо худ гузошта, боқимондаро барои иштирок дар таҷлили Иди Қурбон ҷавоб медиҳанд. Ногаҳон, дар айни рафти ҷашни Ид, ки бузкашӣ ҳам қисми он буд, аз куҷое як гурӯҳи нерӯҳои Артиши Сурх пайдо шудааст ва дар на- бардҳои ба амаломада Анвар-пошшо ва Давлатмандбий кушта шуда- анд. Дар бораи он ки баъдан чӣ ҳаводисе рух додааст, қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз якдигар фарқ мекунанд. Дар ин бора шаҳодатҳои худи кӯлобиҳо мавҷуданд ва ҳам қиссаҳои муҳоҷирони Бухоро дар Афғонистон ва боз санадҳои бозпурсии босма- чиён ва ҳам гузориши Артиши Сурх ва ҳам ёддоштҳои ҳамзамонони Анвар-пошшо ва манобеи дигаре, ки ҷузъиёту тафсилоти мухталифи он руйдодро тасвир мекунанд. Ба назари ман, эҳтимолан, ҳаводиси наздиктарин ба воқеияти он набарде, ки дар маҳаллаи деҳаи Чагон (дар манобеи гуногун деҳҳои Яп, Обидара ва Сангтӯда низ номбар мешаванд) сурат гирифтааст, чунин аст: Анвар-пошшо шахсан дар он ҷанг иштирок дошта, дар он задухӯрд кушта шудааст. Дар мактубу муроҷиатномаҳои баҳору тобистони соли 1922 ӯ рӯи- рост навишта буд, ки омодааст, агар бимирад шаҳид (шаҳиди имон) шавад ва агар дар ҷанг бо «кофирон» ғалаба кунад, ғозӣ (яъне сарбози ихтиёрӣ) бошад. Дар нимаи моҳи июл, замоне ки Артиши Сурх Душанберо ишғол карда буд, ӯ ахиран дарк намудааст, ки разму пайкорашро батамом бохтааст. Нақшаи Анвар-пошшо ва ҷонибдорони ӯ — туркзабонони Русия ва Бухоро, ки мехостанд ба монанди артиши аврупоӣ аз раз- мандагони Бошқирдистон, Қирғиз-Қазоқ, Қошғару Фарғона ва атрофи дигаре то сарҳади Афғонистон як ҷабҳаи ягонае таъсис диҳанд, ҳанӯз оғоз нашуда барбод рафт. Page 86 86 Афсарони бошқирд (40 нафар), ки онҳоро сарвари миллатгароёни бошқирд Закӣ Валиди Тоқан барои «додани дастур» ба муҷоҳидин фиристода буд, моҳи апрели соли 1922 аз тарафи босмачиёни канори шаҳри Бухоро ҳамчун «кофирон» кушта шуданд. Босмачиёни Ҳисор ва Кӯлоб чун воҳидҳои қабилавии худмуҳофизи вафодори Амир, ба нақшаву дархостҳои пантуркистону панисломи- стон гӯш кар карда буданд. Онҳо назорат кардани канораҳои Бухоро ва аз хоҷигиҳои деҳоти он атроф ситонидани «андози ҷиҳод»–ро, ки дар асл ба террори аҳолӣ монандӣ дошт, авлотар медонистанд. Ин воҳидҳои худмуҳофизи Амир аз даргириҳои мустақим бо русҳо худдорӣ мекарданд ва ба ҷои он бо русҳо мукотиба намуда, аз ахирӣ талаб (ё ба онҳо пешниҳод) мекарданд, ки Бухорои Шарқиро тарк кунанд («Толибон»-и Афғонистон ҳам дар солҳои 2001-2021 тақрибан ҳамин тавр рафтор мекарданд). Онҳо берун аз ҳудуди заминҳои худ ҷанг кардан ва ба интизоми ҷангӣ итоат намуданро, ончуноне ки генерал талаб мекард, қатъиян рад мекарданд. Ин гурӯҳҳо баландпарвозии мақоми Анвар-пошшо- ро як дастдарозӣ ба озодиҳои худ ва талоши бар болояшон барқарор намудани ҳукмронии хориҷӣ медонистанд. Воқеият ин буд, ки дар он замон тафовутҳои идеолужӣ ҳам кам набуданд. Охир, ба ақидаи тарафдорони Амир, ки Қурбошиҳо ҳам бар он ақида буданд, айнан ҳамон миллатгароён ва озодихоҳони бухороӣ, ки тарафдори Анвар-пошшо буданд, дар суқути Бухоро даст доштанд. Бино бар ин, тарафдорони Амир ба ин гуна ҳавохоҳони Анвар-по- шшо нафрат доштанд ва ба онҳо бовар намекарданд. Дар назари онҳо Анвар-пошшо як марди бодии хориҷиеро мемонд, ки дар либоси ав- рупоӣ ва мӯйлаби тобдодаи «пруссиявӣ» худнамоӣ мекард. нАбАрди «нАполеонҳо» Дар ҳоле ки муҷоҳидини ғоявӣ ҳанӯз як навъ садоқате нисбат ба фармондеҳ Анвар-пошшо дошта буданд, босмачиёни Иброҳимбеки лақай талош доштанд ба пушти Анвар-пошшо корд зананд. Яке аз Page 87 87 сабабҳои асосии шикасти Анвар-пошшо муносибати бади Иброҳим- бек ба ӯ буд. Аз рафти кор маълум буд, ки ин сарвари якрави лақайҳо дар шахсияти Анвар-пошшо ба мисли худаш як бузургмардеро дарк кардааст. Бесабаб нест, ки матбуоти хориҷӣ ҳардуи онҳоро «Напо- леон» меномид. Дар асл Наполеон номи рамзии мардест, ки талоши яккатозӣ дорад ва доштани нақшаҳои қудратталабии бениҳоят хоси ӯст. Ин мард аз сатҳи поини ҷомеа баромадаву мустақилона шуҳрат пайдо кардааст ва бо ҳамаи ин номи худро дар таърих сабт намудааст. Сад сол муқаддам дар Ҳисор, Вахш ва Кӯлоб рақобати шахсии байни «Наполеонҳо»–и туркиву лақай вусъат ёфт. Дар авҷи шӯриши зидди- инқилобии он давр — дар арафаи солҳои 1921 ва 1922, замоне ки он шӯриш ҳанӯз ҳам умеди расидан ба пирӯзиро дошт, Иброҳимбеки лақай Анвар-пошшоро се моҳ дар асорат нигоҳ дошта буд. Зиёда аз ин, Иброҳимбек ба муқобили раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухоро ҷадид Усмон Хоҷаев, ки бо кумаки туркҳо дар Душанбе зидди русҳо ошӯб бардошта буд, баромад намудаву дар охири соли 1921 дар шика- сти ин шӯриш ба Артиши Сурх кумак кард. Ва ҳам баъди бо дархости Олимхон ва Амонуллохон озод кардани Анвар-пошшо ба муқобили Анвар-пошшо, ки аз ҷониби муҷоҳидин ба унвони сарфармондеҳ эътироф шуд, баромад мекард ва ҳатто дар як задухӯрди ошкорои ҳарбӣ зидди ин «сарфармондеҳи нерӯҳои ислом» ширкат варзид. Ҳамин тавр, Иброҳимбек дидаву дониста ба Фармондеҳони Шӯравӣ кумак кард, то дар мубориза бо Анвар-пошшо ахириро нобуд кунанд. Анвар-пошшо аз «хиёнат»-и Иброҳимбек ба газаб омада буд ва аз ин варта, аз вазъияти барояш хеле душвор роҳҳои халосӣ меҷуст. Бо- згашти қонунӣ ба Туркия барояш ҳамоно аз имкон берун буд, зеро дар моҳи марти соли 1921 Маҷлиси Миллии Туркия вуруди ӯро ба хоки Туркия манъ карда, бо Русия шартномаи дӯстӣ баста буд. Анвар-по- шшоро ноумедӣ фаро гирифта буд ва ӯ ҳатто омода буд ба душманони ашаддии худ — инглисҳо дар Афгонистон таслим шавад. Ӯ ба онҳо пешниҳод кард то ба муқобили болшевизм якҷоя мубориза баранд. Дар ин хусус ба амир Амонулло навишта, аз ӯ илтиҷо намуд, ки байни ӯву инглисҳо миёнарав шавад. Page 88 88 Дар ҷавоби мактубаш танҳо хомӯшие бо он маъно буд, ки ӯ набояд умуман дар хоки Афғонистон пайдо шавад. Ҳанӯз моҳи марти соли 1921 инглисҳо бо Русия як созишномаи тиҷоратиеро имзо карданд ва ба афғонистониён фармони қатъӣ доданд, то ҳукумати Маскавро ба хашм наоваранд ва ба Бухоро кумак накунанд. Дар он замон Афғонистон ягона кишваре буд, ки дар солҳои 1920— 1922 ба гурӯҳҳои зиддиинқилобии мусулмонон ҳамдардӣ ва гоҳ-гоҳе кумак ҳам мекард. Афғонистониён аз тарси Русияи Шӯравӣ ва Ингли- стон ин корро бо ҳароси зиёд ва шеваи номуназзам анҷом медоданд. Пас аз он ки афғонистониён дар моҳи июли соли 1922 гурӯҳҳои худро аз Душанбе ва Ҳисор дар зери фишори Лондон ва Маскав бароварданд, босмачиён пуштибонии Афғонистонро низ аз даст доданд ва дар як бунбасти маргбори байнулмилалӣ қарор гирифтанд. Бо ҳамин набар- ди ҳарбиии Анвар-пошшо шикаст хӯрд ва барояш танҳо ду роҳ — ҷанг барои зинда мондан ва ё амиқан бо марг рӯёрӯ шудан боқӣ монда буд. Роҳи дигаре ҳам вуҷуд дошт — «наҷот додани пӯсти худ» , яъне ки то сарҳад рафта, бо кумаки қочоқчиён ба Ҳиндустон сафар кунаду дар он ҷо гум шавад. Аммо барои Анвар-пошшои шӯҳратпараст ин маънои гурез, беномусӣ ва шикастро дошт. Инак, 4 август Анвар-пошшо дидаву дониста, ба набарди маргбор ворид шуд. Гурӯҳи ӯ қисман торумор шуда, қисман, мурдагонро дар майдони ҳарб партофта гурехт. Пас аз ҷанг қушуни сурхҳо ҷасади як афсари туркро иштибоҳан Анвар-пошшо гумон карда, бо худ бурд. Худи Анвар-пошшоро дарҳол пас аз ҷанг тоҷикон дар қабристони деҳаи Чагон ба матои саллае, ки аз сари марҳум гирифта буданд, пе- чонида, ба хок супурданд. Онҳо баъзе аз ҳуҷҷатҳо ва чизҳои шахсии он туркро, аз ҷумла мукотибаашро бо занаш, гирифтанд ва дертар он санадҳоро ба ҳукумати Шӯравӣ супориданд. Баъд аз панҷ рӯз афсари турк Самибой Қушчибошӣ (Салим-пош- шо) дар Чагон пайдо шуд ва ба ҷойи Анвар-пошшо фармондеҳ гашт. Ӯ ҷасадҳоро аз хок бароварда барояшон маросими дафни дурустеро ташкил кард, ки дар он чанд ҳазор мардуми мусулмон аз деҳоти атроф ширкат доштанд. Анвар-пошшо ва он ҳокими мардумии маҳаллӣ Page 89 89 Давлатмандбийро дар теппае дар мавзеи деҳаи Чагон ба хок супур- данд. Ин мавзеъ ба мазор табдил ёфт, ки дар тӯли ҳама солҳои ҳоки- мияти Шӯравӣ сокинони маҳаллӣ онро нигоҳубин мекарданд. қАҳрАмон ё ҷинояткор? Дар Туркия ва берун аз он дар бораи кӣ — қаҳрамон ё ҷиноят- кор — будани Анвар-пошшо солҳо боз баҳсу мунозира поён намеёбад. Исломгароён ва либералҳои Туркия барои бетаҷрибагӣ ва салиқаи диктотурии раҳбариаш ба Анвар-пошшо нафрат доранд, дар ҳоле ки барои пантуркистон, ки шумораашон ҳам дар Туркия ва ҳам дар хо- риҷи он рӯз аз рӯз меафзояд, вай, бешубҳа як қаҳрамони бечунучаро аст. Ва аммо, ба назари ман, аксари онҳое, ки ба таърих шавқ доранд, ӯро як моҷароҷӯ ё авантюристи хатарнок ва ҷинояткор мешуморанд ва дар зимн, як шахси пурасрор ва ғайриодӣ. Баҳсҳое ки дар матбуот ва форумҳои интернетӣ мегузаранд, нишон медиҳанд, ки таваҷҷӯҳ ба шахсияти Анвар-пошшо коҳиш наёфтааст. Анвар-пошшо ҳамчун як ҷавони ислоҳотхоҳ, чун як низомии касбӣ ва як фаъоли ҷунбиш барои сарнагун кардани низоми худкомаи Сал- танати Имперотурии Усмонӣ таҳти сарварии Абдулҳамиди II ба таври ногаҳонӣ дар соли 1908 маъруфият пайдо кард. Аллакай дар 27-солагӣ ба ӯ рутбаи генерал-лейтенант дода шуд. Пас аз як сол, дар соли 1909, Анвар-пошшоро атташеи низомӣ дар Берлин таъин карданд ва то соли 1911 ӯ дар он ҷо хизмат кардааст. Артиши олмониҳо ба Анвар-по- шшо хеле писанд омад, аммо ӯ олмондӯсти бечунучаро ва бозичаи итоаткоре дар дасти олмониҳо набуд. Пас аз табаддулоти моҳи ян- вари соли 1913, ки яке аз ташкилотчиёни он худи Анвар-пошшо буд, ӯ бо ҳамроҳиии Талъат-пошшо ва Ҷамол-пошшо диктотурии ҳарбии «се Пошшо»-ро таъсис дод ва дар асл тамоми қудратро дар Туркия ба дасти худ гирифт. Соли 1914 Анвар дар Туркия се вазифаи калидиро дар даст дошт: муовини Сарфармондеҳи тамоми қушунҳо (расман Султон сарфар- мондеҳ буд), сардори ситоди кул ва вазири мудофиа. Яъне, метавон Page 90 90 гуфт, ки то оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳон генерал Анвар-пошшои 33-сола сарфармондеҳи яке аз артишҳои, бигзор заифтарини Аврупо буд. Вай орзуи дигаре ҳам дошт, ки пешвои тамоми мусулмонон шавад ва дар соли 1913 бо Ноҷия Султон, ҷияни Султони Туркияи Усмонӣ изди- воҷ кард. Аз он замон ӯро ҳамчун домоди авлоди паёмбари Ислом мешиносанд. Шояд айнан аз ҳамин замони фароҳам омадани ҳама имкониятҳо барои амалӣ гардидани орзуҳои бузурги Анвар-пошшо сари ӯ «чарх задааст». Дар ҳоле ки дар салиқаи рафтори ӯ нуқсони ҷиддие бармало буд — аз ҷумла, камбуди хислатҳои зарурие барои як раҳбар ба мисли сабру тоқат, масъулиятшиносӣ, малакаи ҳисобу китоб барои амалиёти дарозмуддат. Аз соли 1914 чархи болоравандаи тақдирсозаш дар як он рӯ ба нишеб ниҳод. Дар ҳашт соли оянда ӯ чанд тасмими фаврии нопухтаву норасо гирифт, ки дар ҷамъ ҳамаи онҳо боис ба маргаш шуданд. Моҳи ноя- бри соли 1914 Анвар-пошшо дар бораи пайвастан бо Олмону Утриш (Австрия)–Маҷористон (Венгрия) ва дар тарафи онҳо ворид шудани Имперотурии Усмонӣ ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал зидди Антанта (Ру- сия, Фаронса ва Британияи Кабир) қарор кард. Ӯ метавонист тарафи Инглистон ва Русияро гирад ё ҳатто бетараф монад, ончуноне, ки сар- меъмори сиёсати Бритониё Уинстон Черчилл ба ӯ маслиҳат дода буд. Аммо Анвар-пошшо аз сарҳади Русия, ки метавонист ба Анатолияи шарқии арманитабор даъво кунад, нигарон буд. Барои Туркия ворид шудан ба ҷанг тасмими фоҷиабор буд, зеро дар натиҷаи он 3 миллион нафар аз раияти Султон, аз ҷумла ғайри- низомиён кушта шуданд. Амалиёти низомии Анвар-пошшо ҳам дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ номуваффақ буд, зеро ӯ қисми зиёди мул- кҳои Туркияро дар Аврупо (дар Балкан) аз даст дод. Дар охири соли 1914 Анвар-пошшо мардуми Туркияро дар Сариқамиш дар ҷабҳаи зидди русҳо ба ҷанги барояшон бегона бурда буд. Ин амал оқибати даҳшатборе — марги се қисмати артиши Туркия (75 000 нафар)-ро ба бор овард. Аксари сарбозон ба сутунҳои ях мубаддал шуданд, зеро онҳо дар зимистони қаҳратун либоси сабук доштанд. Page 91 91 Ва билохира муҳимтарин нуктаи зидди Анвар-пошшо ин аст, ки дар замоне ки кӯчи иҷбории ҳамаи арманиҳо, аз ҷумла пиронсолон ва занону кӯдакони онҳо ба биёбони Сурия ба вуҷуд омад, вай ама- лан ҳокими Имперотурии Туркия буд. Дар давраи қатли оми онҳо дар солҳои 1915-1916 на камтар аз 664 ҳазор арман, аз ҷумла занон, пиронсолон ва кӯдакон ҳалок гардиданд. На ҳама туркҳои муосир инро наслкушӣ медонанд, аммо кам андар ками онҳо рад мекунанд, ки ин амал ҷиноят аст ва дар таърихи навини Туркия саҳифаи нан- гине буду ҳаст. АнвАр-пошшо — исломгАро — туркгАро Анвар-пошшо ба ҷунбиши «Туркҳои ҷавон» тааллуқ дошт. Онҳо бори аввал дар таърихи ҷаҳон кӯшиш кардаанд, ки зери парчами ҳаракати зиддимустамликавии мусулмонӣ ва миллӣ сиёсати хушу- натомези фаромиллиро пеш баранд. Аммо шабакаи байнулмилалии туркҳои ҷавон бо намояндагиаш дар Қоҳира, Шонгҳой, Қошғар ва Бухоро, ки баъзан бо услуби болшевикон Исломинтерн (Интернат- сионали Исломӣ) ҳам номида мешавад, пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ танҳо дар назари аввал таъсирбахш менамуд. Дар асл, ҳамчун як оми- ли сиёсӣ ин шабака хеле бесамар буд. Анвар-пошшо ва тарафдорони эҳтимолии ӯ дар Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣ бо ҳамдигар робитаи устувор надоштанд. Он замон роҳҳои хуб, нақлиёт, телефон, почтаи боварбахш ва ғайра вуҷуд надо- штанд. Зиёда аз ин, саркардагони шӯришгарони маҳаллӣ нисбат ба роҳбарони худхонда, ки аз куҷое пайдо шуда буданд, кинавар буданд. Худи Анвар-пошшо ба қудрати панисломизм бовар намуда, хеле дер фаҳмид, ки Ислом ҳамчун нерӯи сиёсӣ он қадар пурзӯр ҳам набудааст. Ӯ хеле дер дарк намуд, ки ба дин ҳамчун як омили стратегӣ баҳои зиёдӣ додан лозим нест. Ва инро ҳам фаҳмид, ки мардумро танҳо барои он ки ба як дин эътиқод доранду ба он пайравӣ мекунанд, дар як артиш муттаҳид кардан ғайриимкон аст. Page 92 92 Анвар-пошшо дар соли 1921 дар Бухоро пайдо шуда, ҳанӯз наме- донист, ки чӣ вартаи бузургест дар байни ҷадидони озодихоҳи ғар- бгаро ва пайравони суннатпарасти амир, ки бадбинии зиёди яксоне на танҳо ба низоми шӯравӣ доштанд, балки ба якдигар ҳам. Ӯ наме- донист, ки мусалмон аз мусалмон фарқ дораду байнашон хусумат сахт аст. Ӯ фарқияти байни муҷоҳидини «ормонӣ», яъне «Қуръонӣ» ва муҷоҳидини «воқеӣ» - саркардагони роҳзанмаоби босмачигари- ро намедид. Ӯ намедонист, ки муттаҳид кардани туркҳои Олтой бо туркони Анадолу аз имкон берун аст ва чунин ғояи вуҷуд доштани як ҷомеаи фарҳангии «туркҳо» пайравони зиёде надорад. Анвар-пош- шо ҳамчун пантуркист ҳам муваффақ нашуд, зеро ҳатто бо узбакҳои Иброҳимбек забони муштарак пайдо карда натавонист. Аз нигоҳи таърихӣ Исломинтерн ва худи шахсияти Анвар-пошшо ҳам барои ҷунбиши одилонаи зиддимустамликадории мусулмонон ва ҳам барои ҷараёнҳои террористии харобкор, аз ҷумла фундамен- талистон ва гурӯҳҳои ҷиҳодии ҳозиразамон, ки дар минтақаҳои гу- ногуни ҷаҳони имрӯз амал мекунанд, ҳам саркарда ва ҳам манбаи илҳом буду ҳаст. Аз он ҷанги фаромӯшнашаванда дар Чагон сад сол гузашт. Баъд аз пош хӯрдани давлати Шуравӣ, дар тобистони соли 1996 дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон намояндагони раисиҷумҳури Туркия Сулай- мон Демирел ҳамроҳи бостоншиносони тоҷик марқади эҳтимолии Анвар-пошшоро боз карданд. Дар он гӯр боқимондаҳои ду ҷасад ёфт шуданд. Дар даҳони яке аз онҳо ду тоҷи оҳании дандонпизишкиро пайдо карданд. Дар ин замина ва бар пояи чанд далели дигар ин ҷа- садро ҳамчун ҷасади Анвар-пошшо шиносоӣ намуданд. Ҷасади дувум шояд ҷасади Давлатмандбий буд. Рӯзи 4 августи соли 1996, расо 26 сол пеш аз имрӯз ва 74 сол пас аз он ҷанги фаромӯшнаша- ванда, турбати Анвар-пошшо аз Тоҷикистон ба Туркия интиқол ёфт. Ҳайати вакилони Туркия пас аз бозгашт ба ватани худ 5 августи соли 1996 дар рӯзномаи «Туркия Дейли Нюз» гуфт, «аз он эҳтироме, ки аҳолии маҳаллӣ нисбат ба мазори қаҳрамони миллии Туркия зоҳир мекарданд, ба ваҷд омадаанд». Page 93 93 Ба назари ман, сокинони Балҷувон дар бораи шахсони дар он ҷо дафншуда тасаввуроти рӯшане надоштанд. Барои онҳо он мазор як ибодатгоҳ ва зиёратгоҳи дигаре буду ҳаст, ки мардуми атроф барои ҳалли мушкилоту баровардани ниёзҳои худ меоянд ва аз сидқи дил бовар мекунанд, ки дар он ҷо як шаҳиде дафн шудааст ва Худованд ба онҳо барои иҷрои ибодат ба ин мазор аз шафоатҳояш мебахшад. Камолуддин Абдуллоев 13-уми августи 2022 Page 94 94 ЮРИШИ ФУЗАЙЛ МАХСУМ ВА ТАҚДИРИ НАХУСТИН ОМӮЗГОРОН Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ба раҳбарии Иосиф Сталин 13-уми июни соли 1929 тасмим гирифт, ки масъалаи ҷумҳурии алоҳида кардани Тоҷикистонро ба поён расонад. Ду моҳ қабл аз ин кор, 12-уми апрели соли 1929, босмачии қароте- гинӣ Фузайл Махсум ҳамроҳи гурӯҳи қариб бистнафарӣ бо шумули афғонҳо ва казаки рус Пименов дар ҳудуди деҳаи Тогмай сарҳадро ғайриқонунӣ гузашт. Онҳо як рӯз баъд Қалъаи Хумбро тасарруф кар- данд. Аз дасти Фузайл Махсум дар Тавилдара, Қалъаи Лабиоб, Ҳоит, Ҷиргатол, Нимич ва минтақаҳои дигари аҳолинишин садҳо фаъ- ол ва ҷонибдори низоми Шӯравӣ, аз ҷумла се зани омӯзгор, ба қатл расиданд. мушкилот дАр АФғонистон Дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1929 роҳи сулҳомезро пеша карда, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ху- дро оғоз намуд, Афғонистон гирифтори як бунбаст ва ҷанги шаҳрван- дии хунин буд. Ба ин ҷанг сарнагун шудани низоми амир Амонулло- хон дар охирҳои соли 1928 сабаб шуд. Дар ин давра сустшавии назорати сарҳад ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ду сӯйи дарёи Ому мушоҳида мешуд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо баҳонаи мадад ба амир Амонуллохон 15-уми апрели соли 1929 ба ноҳияи Мазори Шарифи Афғонистон ҳамла кард. Инҷо экспедитсияи Page 95 95 Примаков-Набихон бо иҷозати Иосиф Сталин дар назар аст, ки тақри- бан бо ҳуҷуми Фузайл дар Дарвоз тавъам уфтод. Суқути ҳукумати Амонуллохон ва ба тахти Кобул нишастани тоҷи- ки одӣ Ҳабибуллои Калаконӣ (Бачаи Саққо) дар моҳи январи соли 1929 ва ҳукмронии нуҳмоҳаи нобарори ӯ боис ба «зинда» шудани ҳазорон муҳоҷири зиддишӯравии бухороӣ гардид. Онҳо қаблан аз сӯи Амонуллохон каме ҳам бошад назорат мешуданд. Дар оғози шӯриш як қисми муҳоҷирон, маҳз ҷабҳаи исломгаро- ён ва амиргароён, аз ҷумла Иброҳимбеки лақай, узбекҳои дигари нимкӯчманчии Бухорои Шарқӣ ба раҳбарии амири пешини Бухоро Олимхон аз амири нав тарафдорӣ карданд. Шахсе, ки бо шиорҳои исломӣ ба муқобили Амонуллои «кофир» бархоста, ваъда дода буд, ки Бухороро озод мекунад ва то ба Маскав хоҳад расид. Гурӯҳи дувум, ки онҳоро шартан миллигаро меномем, аз ҷумла босмачии фарғонагӣ Шермуҳаммад (Кӯри Шермат), Фузайл Махсу- ми қаротегинӣ ва Ҳамроқули самарқандӣ охири моҳи декабри соли 1928 дар даст силоҳ гирифта, қасри Амонуллохонро дифоъ карданд. ФузАйл мАхсум кист? Фузайл Махсум (Абдухолиқ Фузайл Махсум) дар соли 1886 дар деҳаи Метанион ба дунё омадааст. То замони инқилоб ба монанди бисёре аз қаротегиниҳои дигар барои кори мавсимӣ ба водии Фарғо- на мерафт. Дар онҷо тоҷикон дар корхонаҳои хурди саноатӣ корҳои «сиёҳ» ва каммузд мекарданд. Фузайл Махсум, ки бо беки Ғарм наздик буд, баъд аз баргаштан аз муҳоҷирати корӣ тасмим гирифт, ки бо тиҷорати фаромарзӣ машғул шавад. Ӯ пас аз вожгун шудани аморат дар ибтидои соли 1921 гурӯҳеро гирд оварда, худро бек эълом кард ва муборизаро бо Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз намуд. Пас аз пойбарҷо шудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Помири тоҷикон дар моҳи августи соли 1923 ба он сӯи рӯдхона гузашт ва дар як муҳла- ти кӯтоҳ ба яке аз шахсиятҳои барҷастаи муҳоҷирони Бухоро дар Page 96 96 Афғонистон табдил ёфт. Вай дар Кобул бо сафири пешини Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) Ҳошим Шоиқ ва афсарони турке, ки дар хидмати Амонуллохон буданд, наздикӣ пайдо кард. Фузайл Махсум идеяи «Қаротегини мустақил»-ро дар сар мепарварид, ки хилофи идеали амирӣ дар бораи эҳёи «Бухорои Шариф» ба унвони қалъаи Ислом буд. Ҷудоихоҳии қавмии Фузайл Махсум хусумати амири собиқи Бу- хороро ба вуҷуд овард. Вай дар соли 1928 Амонуллоро ҷонибдорӣ ме- кард. На барои он ки озодихоҳ буду ҷадидиёни фирориеро, ки дар атрофи Амонуллои ислоҳотгар ҷамъ шуда буданд, дӯст медошт, балки ба Олимхон ва тарафдори содиқи ӯ Иброҳимбек сахт нафрат дошт. Фузайл ҳодисаеро, ки дар аввалҳои соли 1922 барои кумак ба Ан- вар-пошшои турк аз Ғарм ба Кулоб рафту Иброҳимбек ӯро 40 рӯз дар асорат нигаҳ дошта, таҳқир кард, аз ёд бурда наметавонист. Тамоми солҳои 1920 дар Тавилдара, дар байни Дарвоз ва Ғарм миёни эшони Султон, рӯҳонӣ ва яке аз ҷонибдорони Олимхон ва Фузайл Махсум, беки худхондаи Қаротегин мубориза барои қудрат ҷараён дошт. Ҳар ду гурӯҳ, «ҷумҳурихоҳон» ва «амиргароён», дар соли 1929 би- дуни шавқу рағбати зиёд вориди ҷанги Афғонистон шуданд. Ҳамон Фузайле, ки гуё дар аввал ҷонибдори Амунуллохон буд, дар ибтидои соли 1929 бо Саид Ҳусайн, вазири ҷанги ҳукумати Ҳабибуллохон, ки дар Мазори Шариф ҷойгир буд, робитаи дӯстӣ барқарор кард. Муҳоҷи- рон кӯшиш мекарданд, ки дар ҷараёни муноқишаи дохилии Афғо- нистон зинда бимонанд. Боварӣ надоштанд, ки кадом ҷониб пирӯз мешавад, то мавқеи дурустеро ишғол кунанд. ҳуҷум Суст шудани ҳокимияти марказӣ дар Афғонистон боис ба ҳуҷуми босмачиҳои фирорӣ ба хоки Шӯравӣ ва кушта шудани садҳо нафар гардид. Яке аз бузургтарин ва хунинтарин ҳамлаи мусаллаҳонаи Фу- зайл Махсум ба Дарвоз ва Ғарм (аз 12-уми апрел то 3-юми майи соли 1929) буд. Ин ҳамла ба «амалиёти махсуси ҳарбӣ»-е монанд набуд, ки Page 97 97 аз сӯи ҳукумати Кобул пешакӣ тарҳрезӣ шуда бошад, он як ҳамлаи худҷӯши гурӯҳи зудҷамъшудаи маҳаллиеро мемонд. Шояд бо нерӯҳои махфии зиддишӯравии соҳили рости Дарвоз созиши пешакӣ ҳосил шуда буд. Эҳтимол Фузайл низ тавониста буд, ки розигии Саид Ҳу- сайнро ба даст орад. Ба забони ҳозира гӯем, Фузайл як гурӯҳи террористии байнулми- лалиро ҷамъ оварда буд, ки ба он на танҳо сокинони соҳили тоҷикни- шини дарёи Ому (муҳоҷирон), балки шаҳрвандони давлатҳои дигар, аз ҷумла афғонҳо ва як рус низ дохил буданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, қонуншиканиҳои даҳшатноктарин, аз ҷумла боздошту ғорат ва қатлро хориҷиён содир мекарданд. Ҳадафи харобкорон барқарор кардани тартиботи куҳна бо роҳи террору таҳдид ва ба шеваи «Толи- бон»-и муосир ҷорӣ кардани «ҳукмронии исломӣ» буд. Фузайл Махсум мегуфт, ки ният дорад, ҳокимияти Шӯравиро сар- нагун карда, ҳокимияти худро таъсис диҳад. Беки Дарвозу Қаротегин шудан аз солҳои 1910 ва ҷанги зидди Артиши Сурх дар солҳои 1921- 1923 орзуи деринаи ӯ буд. Вай маҳз барои ҳамин Ғармро ишғол кар- данӣ буд. Фузайл ҳангоми ҳуҷум шумори аскарони савораи худро аз 25 то ба 500 кас зиёд карда буд. Сипас фузайлиҳо ба масофаи 200 кило- метр дар дохили хоки Тоҷикистон «рейд»-и хунинеро анҷом доданд. Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳамлаи ғофилгирона омо- да набуд. Як гурӯҳи хурди кормандони осоишта дар Ғарм, ки тақри- бан дар муқобили ҳамлагарон танҳо буданд, шаҳрро таслим карданӣ буданд. Хабари рахна шудани марз ва пешниҳоди таслими пойтахти Қаротегин ба вакилони Анҷумани дувуми Шӯрои Ҷумҳурии Мух- тори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 20-уми апрели ҳамон сол дар Душанбе ҷараён дошт, замоне расид, ки фузайлиҳо ба Ғарм расида буданд. Дар миёни ҳайати вакилон Павел Дибенко, фармондеҳи ҳавзаи низомии Осиёи Миёна, инқилобгар, Комиссари аввали халқии Флоти баҳрии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия, фар- мондеҳи пешини артиши шӯравии Украина низ буд. Page 98 98 Моҳҳои апрел-майи соли 1929 дар таърихи Тоҷикистон яке аз дав- раҳои пуршиддат ва ҳассос буд. Агар тоҷикон Ғармро ба Фузайл та- слим мекарданд, ӯ метавонист худро беки Дарвозу Қаротегин эълон карда, сарҳадро кушояд, ки аз ин албатта ҳама, аз ҷумла собиқ босма- чиҳои Бухорову Фарғона, қочоқбарони минтақа ва гурӯҳҳои қабила- вии афғонҳо аз марзи Ҳиндустон метавонистанд истифода кунанд. Ин қазия осебпазирии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт, ки намета- вонад марзи худро дар баробари Афғонистони ноором мустақилона муҳофизат кунад. Сокинони Дарвоз ва Ғарм, ҳарчанд дастҷамъона аз Фузайл ҷониб- дорӣ намекарданд, барои муқобилият нишон додан ҳам шитоб надо- штанд. Онҳо мунтазир мондан ё аз деҳаҳо ба кӯҳҳо паноҳ бурданро афзалтар медонистанд. Фаъолони Шӯравӣ дар миёни ду оташ мон- данд. Агар онҳо Ғармро монда, ба Душанбе бармегаштанд, ҳамчун хоин боздошт мешуданд. Аз тарафи дигар, хатари кушта шуданашон аз сӯйи гурӯҳи мутаассиб вуҷуд дошт. Кормандони Шӯравӣ маҷбур шуданд ба дифои худ бархезанд. Як гурӯҳи 18-нафарӣ ба раҳбарии сардори бахши Бонки давлатӣ, афсари собиқ Ф. Ф. Гутовский таъсис дода шуд. Ҳамаи онҳо 21-уми апрел дар задухӯрд дар деҳаи Нимич кушта шуданд. Гурӯҳи дувум ба раҳбарии Ф. А. Мокритский, ки аз 9 кас иборат буд, босмачиёнро дар Ғарм пешвоз гирифт. Ҳар ду гурӯҳ аз кормандон ва омӯзгорони Шӯравӣ иборат буд, ки дар миёнашон русҳо, тоҷикони аз дигар мин- тақаҳо фиристодашуда, форсҳо, гурҷиҳо ва тоторҳо низ буданд. Дибенко, ки таҷрибаи чунин амалиётро дар Балтфолт ва саркӯби шӯриши деҳқонон дар вилояти Тамбовро дар соли 1921 дошт, вақ- те дид нерӯи гурӯҳҳои худдифоъ барои ҳимоят аз шаҳр кофӣ нест, ташаббусро ба даст гирифт. Сипас аз ҷониби Артиши Сурх нерӯҳои десантӣ ба раҳбарии Т. Т. Шапкин ва комиссар А. Т. Федин фиристода шуд. Фузайл нахуст ба зодгоҳи худ Қалъаи Лабиоб, сипас ба Тавилдара ва 3-юми майи соли 1929 ба Бадахшони Афғонистон баргашт. Шапкин ва Федин баъд аз анҷоми амалиёт алайҳи Фузайл маъ- лум карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар бештари маврид бо Фузайл Page 99 99 Махсум ҳамкорӣ кардаанд. Дар натиҷа, беш аз 100 кас, дақиқтараш 107 нафар боздошт ва ба гуноҳи ҳамкорӣ бо душман ба додгоҳ каши- да шуданд. Аз ин миён 41 кас ба қатл маҳкум ва 46 нафари дигар ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. 19 гумонбар «сафед» ва танҳо 1 кас шартан озод гардид. Бо вуҷуди норозигии Дибенко ва Шапкин, дастҷамъона пуштибонӣ накардани сокинони маҳаллӣ аз Фузайл аз мадди назари фармон- деҳони Артиши Сурх дур намонд. Ин дар баробари қаҳрамониҳои гурӯҳҳои Гутовский ва Мокритский яке аз омилони муҳим дар пахши фузайлиҳо ба ҳисоб меравад. ФузАйл — қАҳрАмон? Саргузашти Фузайлро на бояд ҳамчун «мубориза бар зидди босма- чиён», балки ҳамчун як далели таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷи- кистон бояд донист. Ба ин маъно, ки нерӯҳои асосии мухолиф дар он, на сарбозони Артиши Сурх ва ҷиҳодиёни мусулмони маҳаллӣ ба монанди солҳои солҳои 1921-1922, балки худи мардуми омма — тоҷи- коне буданд, ки мавқеи мухолиф доштанд. Дар нимаи солҳои 20-ум бо ташкил шудани ҷумҳурии Тоҷики- стон дар ҷомеа тақсимоти сиёсӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикон бо ташкили дастаҳои махсус деҳаҳо ва марказҳои ноҳияҳоро аз ҳамлаҳои ногаҳо- нии гурӯҳҳо муҳофизат мекарданд. Насли нави раҳбарон аз миёни мардуми одӣ аз кӯҳистони Қаротегину Дарвоз ва Бадахшон ба миён омаданд, ки ба ҳокимияти Шӯравӣ, комилан содиқ буданд. Аз қабили Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур. Бештари сокинони деҳо- ти Тоҷикистон аз ҳукумати Шӯравӣ пуштибонӣ карданд. Ин хашму ғазабро дар доираи босмачиҳо ба вуҷуд оварда, боис ба пурзӯршавии террорҳо дар деҳот гардид. Тарафдорони ҳукумати Шӯравӣ ба босмачиён ҷавоби ҳамсон до- данд. Ҳамин кофӣ аст, гӯем, ки силоҳҳоро аз ҷонибдорони Фузайл дар моҳи майи соли 1929 на қисмҳои низомӣ ва на сохторҳои Раёсати давлатии сиёсӣ, балки комиссияи махсуси ҳукуматии Тоҷикистон, Page 100 100 ки ба ҳайати он 120-150 кас шомил буд, мусодира карданд. Дар миёни аъзои комиссия дар баробари намояндагони ҳукумату маъмурони пулис «муллоҳои сурх», ҷонибдорони ҳокимияти Шӯравӣ низ буданд. Онҳо дар маросим намеистоданд ва дар бештари маврид маълумотро аз ҷонибдорони Фузайл бо истифода аз қамчину шаллоқ ба даст мео- варданд. Агар ин ҷанги шаҳрвандӣ нест, пас чист? Дар поёни саргузашти нангини Фузайл Махсум бояд таъкид кард, ки ӯ ба монанди Кӯри Шермат то моҳи июни соли 1936, то замони вохӯрӣ бо Саид Акбархон Маҳмуд (Маҳмуд Содиқов, Айкарлӣ)-и са- марқандӣ, ки афсари иктишофии Шӯравӣ буд, дар миёни муҳоҷирон дар шаҳри Машҳад аз Афғонистон ба Эрон мерафту меомад. Тавре таърихшиноси узбектабори муосири турк, Аҳад Андиҷон, менависад, Фузайл дар ин вохурӣ худро Шайх Абдураҳим муаррифӣ мекунад. Маҳмуд ба Шайх пул дода, ӯро ба Қошғар мефиристад, то дар «му- бориза алайҳи чиниҳо» ба мусулмонон мадад кунад. Сипас консули Шӯравӣ дар Қошғарро дар ин бора огаҳ мекунад ва консул низ дар навбати худ ин маълумотро ба чиниҳо мерасонад. Шайх Абдураҳим (Фузайл)-ро сарбозони дунган ҳангоми гузаштан аз сарҳад боздошт карда, ба гуфтаи Андиҷон, ба консули Шӯравӣ тас- лим мекунанд ва Фузайл, террористи байнулмилалӣ, ки орзуи беки Қаротегини мустақил шуданро дошт, аз онҷо ба Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол меёбад. Ба гуфтаи Андиҷон, ӯ баъд аз бозпурсӣ эъдом шуд. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ дар худи Чин ё зиндонӣ ва ё эъдом шудааст. Зеро агар вайро ба Иттиҳоди Шӯравӣ меоварданд, ҷомеа ва таърихнигорон огаҳ мешуданд. «босмАЧигАрӣ» Аз нигоҳи мулло ЭркАев Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳама бештар ва ба таври комил дар китоби фаромӯшшудаи Мулло Эркаев бо номи «Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон» бозтоб ёфтааст. Ин китоб бори аввал дар соли 1963 ва бори дувум дар шакли мухтасар соли 1971 чоп шудааст. Муаллиф соли 1910 дар Сайроб (Бойсун), воқеъ дар ҷануби Узбекистон Page 101 101 ва дар сарҳад бо Тоҷикистон таваллуд шуда, аз тоҷикони пароканда- шуда дар кӯҳистонҳо мебошад. Ин чиз ӯро бо Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва бисёре аз ходи- мони шинохтаи илму фарҳанг, ки аз тоҷикони Узбекистон ба миён омадаанд, мепайваст. Мулло ба фарқ аз ҳамсол ва ҳамтояш Бобоҷон Ғафуров, ки аз як хонаводаи зиёию асилзода аз шимол буд, дар оилаи деҳқони одӣ ба дунё омадааст. Падару модарашро барвақт аз даст дода, аз соли 1925 то соли 1927 дар хонаи кӯдакони Душанбе тарбият гирифтааст. Мулло Эркаев нафаре буд, ки гуфта метавонист, ҳукумати Шӯравӣ ба ӯ ҳама чиз дод. Ҷонашро наҷот дод, илм омӯзонд ва имкон дод, ки аз худ як шахси ҳирфаӣ бисозад. Хидмати асосии Эркаев дар он буд, ки ӯ дар миёни таърихнигорони Шӯравӣ аввалин шуда инкор накард, ки ҳаракати босмачигарӣ му- ваққатӣ ҳам бошад, паҳнгашта аст. Бештари пажӯҳишгарони Шӯравӣ пеш аз Эркаев ба босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зиддиинқилобие менигаристанд, ки фақат аз сӯи «нерӯҳои империалистӣ» пушти- бонӣ меёфт. Онҳо майл доштанд, ки нақши «синфҳои истисморгар» (бойҳо ва рӯҳониён)-ро дар ташкил ва гузарондани эътирозҳои зид- дишӯравӣ барзиёд нишон дода, исёнгаронро як мардуми беҳавсалаю паст ва ҷинояткори ашаддӣ нишон диҳанд. Иштироки васеи мусулмонон дар ҳаракати босмачигарӣ ё тамоман зикр намешуд ё бисёр кам инъикос меёфт. Мулло дар доманаи Ҳисор, ки аз сӯйи босмачиҳо ғасб шуда буд, ба воя расида, аз овони кӯдакӣ дар гирдоби барқарор ва мустаҳкам кардани ҳокимияти Шӯравӣ буд. Ин ба ӯ имкон дод, ки ҳарчанд ғайриихтиёр ҳам бошад, хати хеле борики миёни босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандиро пай бибарад. Ба гуфтаи Эркаев, дар панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ (аз тобистони соли 1921 то тобистони соли 1926) босмачигарӣ, ки дар шакли ҷиҳоди динӣ ба миён омада буд, то расидан ба бандитизми сиёсии нафра- товар барои мардум рӯзҳои мушкилеро пушти сар кардааст. Мулло Эркаев барои муборизаҳоро бар зидди босмачигарӣ ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ нишон додан ёддошти тоҷикон, узбекон ва туркманҳоеро, ки алайҳи босмачиҳо ҷангидаанд, гирд оварда, бойгониҳоро омӯхт Page 102 102 ва сарчашмаҳои зиёдеро истифода кард. Имрӯз кам таърихнигороне ҳастанд, ки бо ӯ метавон муқоиса кард. Дар китоби ӯ шарҳи ҳол ва аксҳои зиёди ширкатдорони муборизаҳо алайҳи босмачиён оварда шудааст. Дар миёни онҳо номи Ҳайдар Усмонов, Муқим Султонов, Қарахон Сардоров, Бобо Ҳамдамов, Юлдош Соҳибназаров, Мастибек Тошмуҳаммадов, Равшан Боймуродов ва қаҳрамонони зиёде ҳастанд, ки имрӯз фаромӯш шудаанд. Дар пажӯҳишҳои Мулло Эркаев, тоҷикон на ҳамчун қурбониё- ни низоми коммунистӣ, маҳбусони «зиндони миллатҳо», ҳамдар- ди пинҳону ошкорои босмачиён ва на як оммаи сустиродае, ки дар ниҳоят соли 1917 дар симои синфи коргари рус озодибахши худро диданд, балки ҳамчун ширкатдори равандҳои сиёсии тамоми ин давра муаррифӣ мешаванд. Аз ибтидои соли 1921 ҳуҷуми Аскари Сурх онҳоро ба хашм оварда буд, ки ҳамкорӣ бо ҳукумати Шӯравиро рад карда, ҳатто даъватҳоро барои ҷиҳод алайҳи таҷовузгарон пазируф- танд. Тақрибан аз соли 1924 ба тадриҷ тарафдор ва бунёдгари ҷомеа ва давлати миллии тоҷикон гардиданд, ҳарчанд дар доираи давлати тоталитарии Шӯравӣ амал мекарданд. Тоталитарӣ буд, вале ҳамеша метавонистанд дар он ҷазираҳои наҷотбахши озодиро пайдо кунанд, ки бисёре аз хостаҳоро мешуд амалӣ сохт. Забону адабиёт ва иқтисо- дро рушд дода, китобҳои таърих бинависанд, мусиқии миллӣ эҷод кунанд ва мактабу донишгоҳҳо бисозанд. Зиёиён, ҳунармандон ва сиёсатмадорони беҳтарини Тоҷикистон тамоми талоши худро карданд, то сиёсати миллии худ — тоҷиконаро дар доираи низоми коммунистӣ пеш бибаранд, ки ба ин «фаъолияти мустақилона» огоҳона ё аз ноилоҷӣ иҷозат медод. Тоҷикистони Шӯравӣ натиҷаи ҳамкорӣ ва шарикии роҳбарони болшевики русу нухбагони маҳаллӣ, аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Мул- ло Эркаев, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон аст. Онҳо ба Шӯравӣ фаҳмон- данд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ба онҳо чӣ гуна бояд муроҷиат кард. Кори боҷуръаттарин ва масъулиятбахштари- ни онҳо ин буд, ки дар муқобили марказгароӣ, шовинизм ва саъю кӯшиши мустамликадории раҳбарияти шӯравии Русия истодагарӣ Page 103 103 карданд. Болшевикон, ки дар бораи мардуми форсизабони империяи собиқи Русия, ки дар ҷанубу шарқи дурдасти он зиндагӣ мекарданд, тасаввурот надоштанд ва ба чунин пешвоёну нухбагони маҳаллӣ ниёз доштанд. нАқши донишмАндони тоҷик Донишмандони беҳтарини тоҷик дастгоҳи Шӯравиро бо донишҳои зарурии академикӣ таъмин кардаанд. Онҳо ҷаҳонбинии васеи ду- нявӣ ва дарки сотсиал-демократии ғарбиро дар бораи пешрафт ва за- мони муосир доштанд, ки барои давлати ҷавони Шӯравӣ бисёрмуҳим ба ҳисоб мерафтанд. Таърихнигорӣ ва илмҳои ҷомеашиносии тоҷик дар давраи Шӯравӣ бо давлат на иҷборӣ ва на аз рӯйи тарс, балки барои хоҳиши ширкат дар ташкили ҳудуди миллӣ ва таҳкими худи миллат ҳамкорӣ мекарданд. Албатта, аз гузаштаи Шӯравӣ ва китоби мазкури Эркаев идеал со- хтан хато хоҳад буд. Давлати Шӯравӣ сиёсати эҳтиёткорона пеш бур- дани рушди миллиро бо назорати қатъии ҳизбӣ, зӯроварӣ ва террор тавъам менамуд. Он дар илм озодии академиро маҳдуд карда, ра- вишшиносии беасари марксистӣ-лениниро ҷорӣ кард, ки ба сифати асарҳои илмҳои ҷомеашиносӣ бетаъсир намонд. Имрӯз мо бояд аз эҷоди таърихнигорони Шӯравӣ «донаҳои ҳақиқат»-и гаронмояро ҷустуҷӯ кунем, то такя ба онҳо дар омӯзиши гузашта пеш равем. Мулло Эркаев дар китоби арзишманди худ моро ба чунин хулоса водор месозад: дар ҷараёни бунёди миллӣ, рушди фарҳанг, иқтисод ва ҷалби рӯзафзуни омма ба ин раванд, босмачиҳо, ки танҳо ба зӯроварӣ такя мекарданд, маҳрум будан аз роҳбарии дуруст ва барномаҳои мусбат барои оянда аз рамзи озодиву истиқлол ба монеае дар роҳи ташаккули давлати ҷавони тоҷикон табдил ёфт. Дар ин дигаргунсозии шуури ҷомеа ба Шӯравӣ кӯшишҳои воқеӣ ба раҳбарии болшевикон ва ҷонибдорони маҳаллии онҳо дар самти мудирият, ташкили ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷойҳои корӣ, омода кардани кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст. Page 104 104 Дар мавриди ҳаракати босмачиён. Он ба мавҷудияти арзишҳое чун шаъну шарафи миллӣ, садоқат ба идеалҳои мазҳабӣ ва анъанаҳои гу- заштаи пурифтихор ишора мекард, вале бе дарки он ки ин арзишҳоро чӣ гуна бояд эҳё кард ё муҳимтар аз ҳама, дар сурати пирӯзии ҷиҳод бояд чӣ кор кард. Он дар мисоли Фузайл Махсум нишон дод, ки «ҷиҳо- ди босмачӣ» дар сурати пирӯзӣ ба мардум танҳо қатлу террор меорад. се сАФедор дАр рӯймоли сурх Замони ёдоварӣ аз омӯзгороне расида, ки ба дасти каллабурҳои Фузайл Махсум афтоданд. Нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» дар пайравӣ аз як романи Чингиз Айтматов онҳоро «се сафедор дар рӯй- моли сурх» номидааст. Ин се нафар Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Оламбӣ Гадоева ном доштанд. Ҳамроҳи онҳо раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳа- кимова низ боздошт шуда буд. Ин бонувони ҷавон тақрибан 20 сол доштанд. Онҳо пеш аз донишҷӯйи Шӯравӣ шудан хати форсиро, ки то соли 1928 дар Тоҷикистон истифода мешуд, хонда ва навишта мета- вонистанд. Ҳамчунин асосҳои дониши диниро омӯхта буданд. Онҳо тақдири гуногун, вале мушкили ба ҳам монанд доштанд. Чиллабибӣ, духтари Ҳакими заргар ба як тоҷири афғон бо номи Асадулло, ки аз ӯ 20 сол калон буд, ба шавҳар баромада буд. Афғон ба Ҳаким, ки соҳиби серфарзанд буд, маҳри калон дода, хонаводаи занашро нигоҳубин мекард ва Чиллабибиро наранҷонда, ҳатто ба тасмими омӯзгор шудани ҳамсараш мухолифат накардааст. Ӯ бо тиҷо- рати фаромарзӣ машғул буд ва ба Афғонистон мерафту меомад. Дар ҷараёни яке аз ин сафарҳо ғоратгарон ба корвони савдогарон ҳамла карда, Асадулло дигар ба назди ҳамсари ҳомилааш, ки он замон раиси ҷамоат буд, барнагашт. Духтари дигарӣ Оламбӣ низ тақдири душворе дошт. Ӯ падарашро дар ёд надошт ва модарашро зуд аз даст дод. Баъди модар хоҳараш ҳам фавтид. Кӯдаки 12-соларо шавҳари хоҳари фавтидааш ба занӣ гирифт ва духтар ҳамеша аз ӯ пинҳон мешуд. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ҳамаи Page 105 105 ин бонуҳо зебо буданд, вале Сайрамбӣ ҳусни фавқулодае дошт. Дар ин бора рӯзноманигор Диловари Мирзо навиштааст (Гулҳои камари кӯҳ. Садои мардум, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Се бонуи кӯҳистонӣ баъд аз поёни курси яксолаи омӯзгорӣ дар Ғарм ба зодгоҳи худ баргаштанд, то дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Ҳисорак, ки соли 1925 боз шуда буд, ба кӯдакон дарс диҳанд. Кӯдакон дар ин мактаб якҷоя, яъне духтарону писарон дар як синф, дарс мехонданд. Дар мактаб барои калонсолони зану мард ҳам курсҳои саводомӯзӣ ташкил шуда буд. Ба ҷуз аз се омӯзгор ва раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова, қаҳра- мони панҷуми мо, Файзиннисо Шоҳназарова, духтари Шоҳназари човандоз ва куштигиру бузкаши машҳур ҳам ҳаст. Ӯ ҳамагӣ 18 сол дошта, ба омӯзгорони деҳа мадад мекард ва барои ба курси омӯзгорӣ рафтан ба Ғарм дар тирамоҳи он сол омодагӣ медид. Босмачиҳо Файзиннисоро рӯзи 21-уми апрели он сол дар деҳаи Тахт дастгир карда, барои қатл бояд ба Ҳоит мебурданд, аммо духтари ҷа- сури паҳлавон дар роҳ, дар болои пули рӯди «Оби Кабуд» худро аз асп ба об партофт. Ӯ шино карда, ба берун аз деҳаи Ҳоит, дар ҷое, ки «Оби Кабуд» ба рӯди «Сурхоб» мерезад, ба соҳил баромада, ғайб мезанад. Он замон босмачиҳо Оламбӣ, Маълумбӣ, Сайрамбӣ ва Чиллабиби- ро боздошт карда, ба Қалъаи Ҳоит, ки онҷо одамони зиёд ҷамъ шуда буданд, мебурданд. Фузайл барои ҷомаи «қонунӣ» бахшидан назари эшону муллои маҳаллиро дар робита ба эъдоми бонувон тариқи ба доровезӣ мепурсад, ва онҳо зуд розигии худро баён карданд. Файзиннисоро бо гумони он ки дар дарё ғарқ шудааст, дигар на- мекобанд. Чиллабибӣ Ҳакимоваро, ки он замон ҳомила буд, огоҳии қатъӣ медиҳанд, то аз хидмати ҳокимияти «кофирон» даст кашад. Босмачиҳо пеш аз қатл мехостанд чашмони духтаронро бибанданд, аммо Маълумбӣ ба ин иҷозат надода, мегӯяд, онҳо дузд ё хоин не- станд, ки аз кардаашон шарм доранд. Файзиннисо ва Чиллабибӣ умри дароз диданд. Page 106 106 қАтли омӯзгор Фузайл Махсум ҳамроҳи духтарон мудири шуъбаи маорифи Ҳоит Каримҷон Хусейнзода, бародари адабиётшиноси маъруф Шарифҷон Хусейнзодаро ба қатл расондааст. Омӯзгори 28-сола, ки аз Конибодом ҳамчун мудири шуъбаи маориф ба Қаротегин фиристода шуда буд, вақте гурӯҳи Фузайл наздик мешавад, ба Ғарму Душанбе бо изтироб менависад, ки ба ҷуз аз омӯзгорони худ ба каси дигар бовар надорад ва кумаки мусаллаҳона талаб мекунад. Ба ӯ кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд, ки аслиҳа нест, сарбоз нест, нигоҳ до- ред ва ташвиқ кунед. Вақте гурӯҳ ҳуҷум кард, Каримҷон дар кӯҳсор ғайб зад, вале аз аҳолӣ касе хиёнат накард. Ӯро аз 21 то 27-уми апрел дар ҳабс нигаҳ дошта, сипас ба қатл расонданд. Ба гуфтаи маҳбусон, Каримҷон Ҳусейнзода худро «хеле устувор нигаҳ дошта, маргро мар- донавор қабул кардааст». Духтаронро бо амри Фузайл дафн карданд. Маросим тибқи урфу одати мусалмонӣ набуд. Бо онҳо ҳамчун бедин муносибат карданд. Ҷасадҳоро дар як қуттӣ партофта, дар канори деҳа ҷудо аз қабристони умумӣ ба хок супурданд. Бо гузашти бист сол, вақте соли 1949 дар Ҳоит заминларзаи сахт сурат гирифт, офати табиӣ ба таври муъҷизавор қабрҳоро нобуд насо- хт. Баъди заминларза, дар наздикии Ҳоити таърихии зерихокмонда деҳаи Ҳоити 2 бунёд карда шуд. Ҷасади духтаронро соли 1967 ба ҳу- дуди мактаби миёнаи ба номи Каримҷон Ҳусейнзода дар Ҳоити нав интиқол дода, онҷо муҷассамаи ёдгориеро бо ситораи сурх ва лавҳаи номҳо гузоштанд. Баъдан (санаи дақиқ барои муаллиф маълум нест, вале тахминан панҷ сол пеш аст) вақте мактабро васеъ карданд, муҷассама дубора ба ҷойи дигар интиқол дода шуд. Ҳамдеҳагони духтарон боқимондаи ҷасадҳоро дубора кафан карда, дар қуттии нав гузоштаву дар болои қабр як муҷассамаи хоксоронатареро бо ситораи панҷгӯша монданд, вале бидуни лавҳаи номи онҳо. Каримҷон Ҳусейнзодаро ба фарқ аз Page 107 107 духтарон дар рустои Полезаки ноҳияи Тоҷикобод, дар паҳлуи қабри диншиноси маъруф Мавлоно Нозим бо ифтихор ба хок супурданд. Рӯзноманигор Диловари Мирзо ва таърихшинос Абдулло Ғафуров пажӯҳишҳои худро ба қисмати фоҷиавии таърихи тоҷикон бахши- даанд, ки ба эъдоми омӯзгорон марбут аст. Образи умумии аввалин муаллимонеро, ки аз тарафи мутаассибони динӣ таъқиб шуда бу- данд, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода соли 1954 дар достони худ «Ҳасани Аробакаш» офаридааст. Зайнаби ӯ дар иҷрои ҳу- нарманди хушном Мукаррама Камолова дар филми «Ҳасани Ароба- каш»-и Борис Кимиёгаров маъруф аст, ки соли 1965 ба навор гирифта шудааст. Зайнаб дар хотираи тоҷикон бо осебпазирӣ, вале беҳамтоии «сафедор дар руймоли сурх» мемонад. нАқши бонувон дАр тАърих вА дин Албатта, сарнавишти се зани кӯҳистонӣ, ки 95 сол пеш ба дор овех- та шудаанд, ҳатто дар байни онҳое ҳам, ки имрӯз аз ҷунбиши босма- чиён ва Фузайл Максум ҷонибдорӣ мекунанд, эҳсоси нороҳатиро ба вуҷуд меорад. Ҳарчанд таърихнигорон, рӯзноманигорон ва адибон ба ин ҳодисаи ҷанги шаҳрвандӣ баҳо додаанд, дар умум имрӯз дар Тоҷикистон касе аз ин се омӯзгор ёд намекунад. Ба номи онҳо на муҷассама гузошта шудааст, на мактаб ва на кӯчае номгузорӣ гаштааст. Чаро? Шояд барои он ки суннати таърихии тоҷикон ҳамеша мардро дар маркази рӯй- додҳо қарор додааст ва сабаб нобаробарии гендерист? Занон дар ми- ёни пешвоёни ҷомеаи мусулмонӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Онҳоро роҳ намедиҳанд, зеро шахсияти мардон нисбат ба занон муҳимтар дониста мешавад. Дар зимн, замоне ки таърихи тоҷикон гардишҳои фоҷеабореро пеш мегирад ва шоҳиди хунрезӣ мешавад, қурбонии асосӣ заифтарин қишри ҷомеа - занҳо мешаванд. Саргузашти «сафе- дорҳои тоҷикӣ дар рӯймоли сурх» ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии ахир далели ин гуфтаҳоянд. Page 108 108 Дар ҷомеаи мусулмонӣ ҳар касе, ки ба қудрат мерасад, нахуст та- вассути ташкили назорат бар занон талош мекунад, то мавқеи худро устувор созад. Қадами аввалини «бек»-и худхонда Фузайл Махсум ҳам ба қатли оммавӣ ҳамчун эътироз ба қабули занон дар соҳаи ма- ориф ва тадриси якҷояи намояндагони ҳар ду ҷинс бесабаб набуд. Гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон низ ҳамин гуна рафтор карданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Дар дин ва маориф, мардон нақши мураббӣ ва омӯзгорро инҳисор (монополия) кардаанд. Ин нобаробарии ҷинсӣ на танҳо дар Ислом, балки дар Масеҳият низ мушоҳида мешавад. Занон аз имкони ворид кардани таҷриба ва нуқтаи назари худ ба ташаккули фарҳанги расмии динӣ маҳруманд. Занон бояд чи гуна либос пӯшанд, чи гуна рафтор кунанд, барои онҳо чи иҷозат аст ва чи не, бидуни иштироки онҳо муайян карда мешавад. Эроди дигар дар бораи воқеаҳои фоҷиавии охирҳои баҳори соли 1929 дар Қаротегин. Боис ба таассуф аст, ки касе аз наслҳои минбаъдаи ҳамватанони қаҳрамонони очерки мо ҷуръат накард, ки маросими дафни ҷасади онҳоро дуруст анҷом диҳад. Дар сари тобути мусалмо- нон ҳамеша барои оромиши рӯҳ дуо хонда мешавад, аммо ҷасади он духтарон имрӯз мунтазири интиқол ба қабристон ва анҷоми расму ойинҳои зарурӣ ҳастанд. Камолуддин Абдуллоев 15-уми июли соли 2024 Page 109 БАХШИ САВУМ ҲАМСОЯҲО Page 110 Page 111 111 ОЁ ТОҶИКИСТОН ЯК ВИЛОЯТИ ЧИН БУД? Иқтибосҳо аз матбуоти Чин: «Чин дар асри 21 ба кишвари қудратманде дар ҷаҳон табдил шуда… кишварҳои ҳамсояи бостонияшро ба ваҷд овардааст. Бештари кишварҳо моиланд, тобеи мо шаванд ва ё мустақим ба Чин бипайванданд. Ин гуна ҳолатҳо дар давраи Чини бузурги бостонӣ зиёд рух додаанд. Барои мисол, дар давраи сулолаи Хон. Дар замони ҳукмронии сулолаҳои Тан ва Мин ин як чизи маъмулӣ буд. Ҳатто ҳоло низ ақаллиятҳои миллии зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд, ба Чин пайванданд.» «Ба ҳама маълум аст, ки Чин дар давраи қадим хеле нерӯманд ва ҳуду- даш низ нисбатан калонтар буд. Дертар кишварҳое ба монанди Тоҷики- стону Муғулистон, Бутан ва ғайра аз кишвари мо ҷудо шуданд.» «Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ҳанӯз аз нигоҳи иқтисодӣ ақиб- монда ва яке аз кишварҳои фақиртарин дар Осиёи Марказӣ шумурда меша- вад. Ҳатто метавон гуфт, ин фақиртарин кишвар - Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи мо, ки ба ҳайати Чин ҳамчун вилоят пайвастанд, бештар рушд хоҳад кард.» Матлабҳое, ки боқӣ мондани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар харита ва тамомияти арзияшро, бахусус дар Помир, зери суол мебаранд, соли 2018 ва дар миёнаҳои соли 2020 низ ба нашр расида буданд. Идома ёфтани нашри чунин матлабҳо моро водор мекунад, ки таърихи му- носибатҳои Чин ва Осиёи Марказиро дар давраи қадим ва аввали асрҳои миёна дар шакли кӯтоҳ ба хати тасвир бикашем. Page 112 112 кАме дАр борАи дидгоҳи тАърихии Чиниҳо Албатта, набояд чунин изҳоротро ҳамчун хатари мустақим қабул кард. Тибқи консепсияи сиёсии тянся (осмонӣ), ки аз ҳазорсолаи дувуми пеш аз милод паҳн шудааст, дар чашми чиниҳо кишварашон тамаддуни ягона маҳсуб мешавад. Ҳамаи халқҳои атрофи тянся сал- танати император, боҷдеҳ ва барбариҳое ба шумор мераванд, ки дар ниҳоят бояд ихтиёран чинӣ шаванд ва ё бар асоси меъёрҳои чинӣ зиндагӣ кунанд. Шояд муаллифони матолиби мазкур фикр мекунанд, давраи туҳфа фиристодани аҷдоди тоҷикон дар гузашта ба император бо назардо- шти давр задани таърих чун ақрабаки соат дубора такрор хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки агар имрӯз ба Тоҷикистон ҳамчун бародари хурдии фақир муносибат шавад, пас, он тавре дар гузашта сурат ги- рифтааст, гуё худаш мехоҳад пайвандаду узви хушбахти эҳёи Чини бузург шавад. Албатта, тянся як хаёл буду хоҳад монд. Он на танҳо дар Осиёи Шарқӣ, балки дар худи Чин ҳам, ки дар давоми таърихи тӯлонияш ҳамеша шоҳиди ҷангҳои дохилӣ, ҳамлаҳо ва дахолату мудирияти хориҷӣ шудааст, «ба кор нарафт». Аммо тянся як идеали синотсен- трӣ ва модели ахлоқие буд, ки сокинонро барои расидан ба ваҳдати дохилӣ ва тавҷеҳи ҳукмронӣ бар кишвару мардуми ҳамсоя талқин карда, ҳамчун идеологияи сиёсӣ истифода мешуд. Суоли оё тянсяи муосирро, ки аз идеяи «ҷаҳон ҳамчун як хонаводаи аҷдод ва иеа- рархия» ҷонибдорӣ мекунад, дар Тоҷикистон дарк хоҳанд кард ё не, канор мегузорем ва ба суоли дигар тамаркуз мекунем: Оё дуруст аст, ки Тоҷикистон як қисми Чин ё дар давраи қадим ва аввали асрҳои миёна боҷдеҳи он буд? Асосан бо Тоҷикистон на Чини таърихии маъруф ба «Дашти мар- казӣ», ки дар поинтари рӯдхонаи Янтсзӣ ҷойгир аст, балки вилояти дурдасти шимоливу ғарбие ҳамсоя аст, ки дар соли 1759 ба ҳайати Чин пайвасту номи Шинҷонро гирифт. Камарбанди кӯҳии Помир — Тян- шан (Тяншон) ин минтақаи бузург ба андозаи Инглистон, Фаронса ва Page 113 113 Испанияро аз Осиёи Марказии ғарбӣ ё Вароруд (миёни дарёҳои Ому ва Сир) ҷудо мекунад. Ҳар ду қисми Осиёи Марказӣ - шарқӣ (чинӣ) ва ғарбӣ (Осиёи Мар- казии пасошӯравӣ), Афғонистони шимолӣ ва Эрони шарқӣ (Хуросон) минтақаи ягонае ҳастанд, ки таърихи муштарак доранд. Ин минтақа ба таърихи этникии тоҷикон робитаи бевосита дорад. Аҷдоди тоҷи- кони муосир дар давраҳои гуногуни таърих маҳз дар онҷо аз нигоҳи шумора ё фарҳангӣ бартарӣ доштанд. дАр Чин Чӣ мегӯянд? Ба назари чиншиноси амрикоӣ, Ҷеймс Миллард (James Millward), фарҳанги Шинҷони даврони асри биринҷӣ на маҳаллӣ, балки аз Ғарб оварда шуда буд. Сокинони қадимӣ сакиҳо — чӯпонҳое буданд, ки дар ҳазорсолаи аввали пеш аз милод тавассути Помир аз Сибир ва назди Баҳри Сиёҳ ба он минтақа рафтаанд. Мардуми дигаре, ки дар Шинҷони қадим мезистанд, тахориён буданд. Маълумоти аввалин дар бораи онҳо соли 645-и пеш аз ми- лод дода шудааст. Дар асри дувуми пеш аз милод як қисми тахориҳо нахуст ба Вароруд, Бохтар ва сипас ба шимоли Ҳиндустон кӯчида, дар онҷо империяи Кушонро таъсис доданд. Шоҳи Кушон дар асри дувуми пеш аз милод бо нерӯҳои худ аз Помир ба ҳавзаи Тарим (ҷа- нуби Шинҷон) фаромад. Кушониён дар давраи шукуфоии худ, аз ни- маи дувуми асри яки пеш аз милод то охири асри 3-и пеш аз ми- лод, дар Тарим ҳукмфармо буданд ва нуфузи сиёсии онҳо аз чиниҳо камтар набуд. Саҳми Кушониёнро дар рушди фарҳанги чинӣ, аз ҷумла паҳн кар- дани дини буддоӣ, ҷорӣ кардани Хароштӣ — алифбои қадимӣ барои навиштани матнҳо бо забонҳои практит ва санскрит наметавон рад кард. Бояд гуфт, тахориёну кушониён, суғдиҳо ва ҳуннуҳо ба монан- ди сакиҳо яке аз халқҳое буданд, ки бо забонҳои эронии шарқӣ гап мезаданд. Ин забонҳо дар Бадахшону Яғноб (Тоҷикистон) ҳанӯз ҳам ҳифз шудаанд. Page 114 114 Донишманди амрикоӣ, Доглас Ҳитч (Douglas A. Hitch), мегӯяд, ҳеч далеле вуҷуд надорад, то бовар кунем, ки сулолаи Хон (соли 206-и пеш аз милод то соли 220 милодӣ) ин минтақаро дар даст дошт ва дар Та- рим ба ҷуз аз чиниҳо ҳукмрони дигаре набуд. Дар мавриди изи чинӣ дар минтақаи ғарбӣ метавон гуфт, генералҳои чинӣ наметавонистанд артиши бузургро ба инҷо ворид кунанд. Бино бар ин, ба иқдоми ди- пломатӣ бартарӣ дода, бо суистифода аз ихтилофи миёни шоҳзодаҳои маҳаллӣ, «барбариҳо»-ро ба зидди якдигар мешӯронданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ҳитч, назорати Чин бар минтақаи ғарбӣ «пароканда ва аз вазъи ҳукмфармои сиёсӣ дар минтақа вобаста буд, на аз император». Ӯ, инчунин, бар ин аст, ки иддаои муаллифони чинӣ дар бораи он ки гуё ҳамаи амирони ғарбӣ бидуни истисно боҷдеҳони вафодори «Писари Осмон» буданд, ба монанди саркӯби нуфузи юҷиҳо ва Ку- шониён дар Тамир зуҳуроти талошҳои синотсентрӣ барои аз байн бурдани воқеиятҳост. Ҳитч исрор мекунад, ки «итоати комили ами- рони маҳаллӣ аз император ба эҳтимоли зиёд, аз қоида дида як чизи истисноӣ буд». Ин ки амирони Тарим намояндагони худро ба пойтахти Чин бо туҳфаҳо мефиристоданд, танҳо метавонад маънои онро дошта бо- шад, ки онҳо дар пайи манфиатҳои шахсӣ буданд ва аз рақиби нерӯ- манд талаби бахшиш намекарданд. Ба ин тартиб, чиниҳо на фақат соҳибони ин заминҳо набуданд, балки ҳеч нақшеро ҳам дар пайдо- иши халқҳои сокини Минтақаи ғарбӣ надоштанд. Минтақаи ғарбӣ тақрибан дар миёнаҳои асри 9, баъд аз омадани қабилаҳои уйғур аз канори рӯдхонаи Орхони Муғулистон ва омехта шудани онҳо бо юҷиҳо, тахориён, кушониён ва эфталитҳо, ки дар воҳаҳои ҳавзаи Та- мир мезистанд, аз як минтақаи эронӣ ба минтақаи дорои аксарияти уйғуртабор табдил ёфт. Ёдрас мешавем, ки Бохтари ҳазорсолаи аввали милодиро «Тахо- ристон» меноманд. Ҳатто вилояте дар Афғонистон бо номи Тахор ва ноҳияе бо номи Бохтар дар Тоҷикистон то ҳол ҳифз шудааст. Марзи шимолии Бохтари таърихӣ дақиқан тавассути Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мегузарад. Суғд аз тарафи шимоли он оғоз мешавад. Пой- Page 115 115 тахти юҷиҳо, ки ба гуфтаи манбаъҳои чинӣ бо номи «Ланшӣ» маъруф аст, дар наздикии Шаҳринав, 44-километрии Душанбе ҷойгир аст. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, Чин дар давраи ҳукмронии сулолаи Хон соҳиби ҳудуди Минтақаи ғарбӣ набуд, чи расад ба минтақаи миёни ду рӯдхона — Ому ва Сир (Тоҷикистон). Қабилаҳои бодиянишини ҷангӣ бомуваффақият монеи кӯшишҳои Чин барои ҳаракат ба самти шимолу ғарб шуданд ва бо таҳти идораи худ даровардани аҳолии муқимии эронитаборони шарқӣ нақши ҳу- куматҳои маҳаллиро мебозиданд. Туркҳо, ки дертар ҷойи онҳоро гирифтанд, дарвоқеъ, ин формулаи қудратро пазируфтанд, ки дар он бодиянишинон дар ивази кафолати амният ва рушди тиҷорат ҳукмронии худро бар воҳаҳо ба роҳ мемонанд. Чин ҳатто бо омилҳои табиӣ низ натавонист Шинҷонро соҳиб ша- вад. Минтақаи ғарбӣ аз нигоҳи ҷуғрофӣ на ба Чин, балки ба Вароруд гароиш дошт. Он барои ҳамаи онҳое, ки аз Ғарб ҳаракат мекарданд, бахусус барои кушониён, эфталитҳо (Суғд ва Бохтар) ва мардуми ди- гаре, ки ҷаҳони Эронро намояндагӣ мекарданд, боз буд. Онҳо бар аспу ароба ва бидуни мушкиле тавассути Помиру Ҳиндукуш вориди воҳаҳои водии Тарим мешуданд. Аз тарафи дигар (шарқӣ) мушкило- ти ҳамлу нақл дар саҳроҳои беодами Ғобӣ ва Такла-Макон аз вуруди густардаи чиниҳо ба заминҳои ғарбӣ пешгирӣ мекард. Ҳамчунин, барои расидан аз вилоятҳои марказӣ ба Минтақаи ғар- бӣ мебоист нахуст аз гузаргоҳи хурде дар вилояти Гонсу гузашт, ки аз сӯи сокинони маҳаллии душман бо чиниҳо назорат мешуд. Бинобар ин, роҳи вуруди чиниҳо ба Ғарб тавассути юришҳои тасодуфӣ ва бо мақсади тобеияти қудрат, порадиҳӣ, созишҳои инфиродии нухбагони маҳаллӣ, таъсиси қалъа ва гарнизонҳои низомии хурд дар воҳаҳои ҳавзаи Тарим фароҳам шуд. Дар ҳолатҳое, ки таҷовузкорӣ ё амалҳои хушунатомез ҷой доранд, дар солномаҳои таърихӣ ё зикр намеша- ванд ё ҳамчун пайвастани ихтиёрӣ дар пайи эътироф шудани фарҳан- ги чинӣ бар худӣ аз сӯйи сокинони маҳаллӣ қаламдод мешавад. Page 116 116 дАврони сулолАи тАн Бо суқути сулолаи Хон дар соли 220-и милодӣ, ҳукмронии чиниҳо дар Минтақаи ғарбӣ ба таври назаррас суст шуда, дар натиҷа, ин мин- тақа 500 сол аз мухтории нисбӣ баҳраманд шуд. Дар Осиёи Марказӣ аз аввали асри 6 ду нерӯ — муғулҳо ва туркон — дар муносибатҳои ни- зомӣ рақобатро оғоз карданд. Туркҳои Муғулистон соли 552 муғулҳо (жожҳо)-ро сарнагун карда, Хоқонии бузурги Туркро таъсис доданд, ки аз Манҷурия то Волгаро фаро мегирифт, ки баъд аз 30 сол барҳам хӯрда, ба ду давлати дӯст - ба Хоқонии шарқии Турк ва Хоқонии ғар- бии Турк тақсим шуд. Туркҳо якҷоя бо Сосониён ба давлати эфта- литҳои эронизабон ҳамла карда, онро байни худ тақсим карданд. Бохтар ба Эрону Суғд ба Хоқонии Турк расид. Туркҳо дар сиёсат ва умури низомӣ бартарӣ доштанд, вале дар фарҳанг шогирди мардуми эронинажоди мустамликаи худ буданд. Туркҳо сармоягузор, сарпараст ва пуштибони тиҷорати абрешим, асп, дору ва атр миёни Чину Византия буданд. Худи тиҷорат дар дасти суғдиҳои чолок (ҳамчунин, яҳудиён ва норманниҳо) буд. Азбаски тиҷо- рат таҳияи санадҳои бештарро, аз қабили расид (чек), забонхат, кито- бҳои муҳосиботӣ (бухгалтерӣ) ва ғайра пешбинӣ мекунад, бинобар ин, забони бозаргонон — суғдӣ яке аз забонҳои расмии Хоқонии Турк буд. Хоқон ва Суғд дар як ҷабҳаи рақобат бо Сосониёни Эрон қарор до- штанд, ки он ҳам мехост аз ҳисоби интиқоли молҳои чинӣ ба бо- зорҳои аврупоӣ ҳақбар бошад. Ҳукмронии туркҳо дер давом наёфт. Дар миёнаҳои асри 7 Хоқон ҷойро барои сулолаи чинии Тон (соли 618-907) холӣ кард, ки торафт нерӯманд шуда, ба сӯйи Осиёи Марказӣ чашм ало карда буд. Ҳамзамон бо юриши арабҳо ба Осиёи Марказӣ, императори суло- лаи Тан — Тайтсзун низ ҳамларо ба Минтақаи ғарбӣ оғоз карда, аз соли 640 то соли 692 як қатор ҷойҳо, аз ҷумла Кучар, Турфон, Қошғар, Ҳотан, Қарашар ва шаҳр-воҳаҳои дигари минтақаро ғасб намуд. Дар ин корзор чиниҳо ба каронаҳои дарёи Сир расиданд, вале дар айни замон маҷбур шуданд, бо яке аз рақибони дигар — императори Ти- Page 117 117 бети буддоӣ (асрҳои 7-9-и милодӣ) биҷанганд, ки аз ҷануб ба тарафи шимол, ба Помиру Бохтар ҳаракат мекард. Давраи сулолаи Тан авҷи қудрати чиниҳо дар Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Онҳо давлатҳои ҳавзаи Тарим (Шинҷони ҷанубӣ), Ҷунгария (Шинҷони шимолӣ), сарварони тобеи Помирро мустақим идора ва бо Фарғона иттифоқи мустаҳкамеро ҳосил карда буданд. Тахористони шарқӣ ва Ҳуттал (Тоҷикистони муосири ҷанубӣ ва мар- казӣ) амалан истиқлоли худро ҳифз кард. Тошканд садоқати худро ба Чин эълом дошт, вале худмухтор монд. Суғд дар миёнаҳои солҳои 650 ва 675-и милодӣ расман пуштибони Чин буд, вале мустақил боқӣ монд, аммо раҳбарони маҳаллиро во- бастагӣ аз Чин нигарон намесохт. Зеро Чонгйон (маркази давлати Тан) аз Бохтару Суғд дур буд ва худи чиниҳо низ ба мустамлика кар- дани минтақа моил набуданд. Амирону раҳбарони хурди Осиёи Мар- казӣ низ рушди тиҷорат, фиристодани намояндагони худ ба Чин ва дар иваз гирифтани унвонҳои пурифтихору дар асл бемаънои импе- раторро бар ҷангу мубориза беҳтар мешумурданд. суғдиҳо дАр Чин Императорони Тан агарчи бо сулолаи пешини Хон робита доштанд, аз нигоҳи этникӣ ва фарҳангӣ ба мардуми Осиёи Марказӣ, бо шуму- ли турку аҷдоди тоҷикон — суғдиҳо наздик буданд. Донишманди фаронсавӣ Этйен де ла Весйер (Étienne de La Vaissière) ҳатто шимоли Чинро дар давраи Тан «муҳити туркӣ-суғдӣ» номидааст. Ба гуфтаи Маттео Компарети (Matteo Compareti), ҷаҳон дар бораи суғдиҳо аз сарчашмаҳое огоҳ шуд, ки аврупоиҳо дар оғози асри 20 дар ғарби Чин (Турфон) ошкор карда буданд. Суғдиҳо дар миёнаи асрҳои 4 ва 10 маҳаллаеро аз Қошғар то шарқи Чин таъсис доданд. Онҳо бо забо- ни зодгоҳҳои худ — Самарқанд, Панҷакент, Бухоро ва Хуҷанд ҳарф мезаданд, ки дар асри 10 аз истифода дур монда, ҷойи онро забони нави форсӣ — забони муосири тоҷик гирифт (Эҳтимол сабаби зуд ва тақрибан пурра аз истифода мондани забони суғдӣ дар он буд, ки Page 118 118 бештари матнҳои тоисломӣ — масеҳӣ, буддоӣ ва монавӣ бо он на- вишта шуда буданд). Забони суғдӣ давоми шаш аср на танҳо забони ҷомеаҳои муҳоҷир дар Чин, балки забони тиҷорат аз Аврупо то Чин буд. Бо ин забон ба ҷуз аз суғдиҳо, турку уйғурҳо низ ҳарф зада, ҳамчунин, забони номанависӣ, почта ва иртиботи бозаргонони Чин бо «дафтари мар- казияшон» дар Самарқанд буд. Дар ҳукумати Тан ба хотири ба даст овардани ҳадди аксари даромад аз тиҷорат бо Ғарб идораи махсусе дар умури пешвоёни корвонҳои суғдӣ фаъолият мекард. Суғдиҳо - сайёҳони космополит ё ҷаҳонватани эронизабон дар Чин дар баробари бозаргонон ҳамчунин қишри кишоварз, сарбоз, нассоҷ, дипломат ва тарҷумонро ташкил медоданд. Онҳо аз асри 4 то асри 9 дар тамоми соҳаҳо — иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаҳои ши- моли Чин иштирок доштанд. Дар сарчашмаҳои чинӣ суғдиёнро миллати фаъоле номидаанд, ки модарзод тоҷир ба дунё омадаанд. Онҳо, ки ба синни 20 расиданд, барои истифодаи бештари истеъдодҳои худ ба кишварҳои дур бо шу- мули Чин, Ҳиндустон ва Осиёи Ҷанубию Шарқӣ мерафтанд. Суғдиҳо барои қонунигардонӣ ва беҳтар пеш рафтани корҳояшон насабҳои чинӣ мегирифтанд (дар сабтҳои сулолавӣ низ ҳамчун «нуҳ оила» маъруф буданд). Дар Чин бухороиҳоро «Ан», самарқандиҳоро «Канг», сокинони болооби Зарафшонро «Мӣ», форсҳои Эрони Сосониро «Ҳе» меноми- данд. Онҳо мансабҳои калидиро дар артиш, маъмурият ва додгоҳҳо дар даст доштанд. Дарҳои Ғарб бо шарофати суғдиҳо ба рӯйи Чин боз шуд. Тақсими ҳафта ба ҳафтаи рӯз низ аз суғдиҳо ба Чин рафтааст. Дар Чангъон ва шаҳрҳои дигар маҳз мусиқинавозон ва раққосҳо аз Осиёи Марказӣ машҳур буданд. Дар тасвирҳо, ниқобҳо ва намоишномаҳои театрӣ шахсиятҳои хо- риҷӣ бо бинии дарозу чашми калон ва риши ғафс оварда мешуданд. Дар зиёфатҳои бошукӯҳ ҳаракати даврзанонаи раққосҳо бо шаро- би суғдӣ «муд» буд. Сарватмандони чинӣ ба занҳои сабукпои эронӣ ошиқ мешуданд. Page 119 119 Моделҳои чинӣ рӯйҳои худро, тавре дар Ғарб «муд» буд, ороиш медоданд, пироҳанҳои худро аз матои бо «ангезаҳои ғарбӣ» бофта- шуда дар Сичуан, дар сехҳои Хе Чоу медӯхтанд ва мардони аспсаво- ри Чин ба тарзи эрониёни шарқӣ матоъҳои палангӣ мепӯшиданд. Беҳтарин аспҳо дар Чин аз Осиёи Марказӣ буданд. Чиниҳо аз эрони- ён чавгонбозиро пазируфта буданд, ки ҳатто диққати бонувонро низ ҷалб карда буд. Суғдиҳо дар таърихи уйғурҳо нақши муҳим бозидаанд. Ин мар- дум соли 744-и милодӣ бо туркон-қарлуқон ба ҳам омада, Хоқонии шарқии Туркро сарнагун кардаву давлати худро бо пойтахташ дар Муғулистон таъсис доданд. Вале баъд аз 100 сол ҳароси аз байнравӣ бар асари зарбаҳои бераҳмонаи қирғизҳои Енисей уйғурҳоро маҷбур сохт, барои омехта шудан бо тахориён ва суғдиҳои маҳаллӣ ба ҷанубу шимол, воҳаҳои ҳавзаи Тарим фирор кунанд. Дар натиҷа, қавми му- осири уйғур ташаккул ёфт, ки дар таркиби он хислатҳои ҷисмонии муғулӣ ва эронӣ мушоҳида мешавад. Ҷолиб ин аст, ки ҳамаи сохторҳои сиёсиву фарҳангии давлати уй- ғурҳо на бо чиниҳои ҳамсоя, балки бо суғдиҳо муштарак буд. Хоқонҳо ба роҳ мондани муносибатҳоро бо чиниҳо танҳо дар тиҷорат авло медонистанду дар масоили боқӣ ба суғдиҳо такя мекарданд. Давлати онҳо (850–1250), ки аз нигоҳи фарҳангӣ суғдӣ буд ва таҷрибаи ойини буддоӣ, монавӣ ва масеҳиро дошт, бисёртарин таъсирро дар тамадду- ни ҳамсояҳо, пеш аз ҳама муғулҳо гузоштааст. Уйғурҳо маҳз дар ин давра номаи суғдиҳоро қабул карданд, ки гуфта мешуд, ин алифборо сипас ба муғулҳо бидиҳанд. Он ҳанӯз ҳам дар вилояти худмухтори Муғулистони Дохилии Чин истифода мешавад. зАдухӯрди тАлАс Дар миёнаҳои асри 7 барои Осиёи Марказӣ таҳдиди нав — арабҳо пеш омад. Артиши мусулмонон дар оғози асри 8 рӯди Омуро гузашт ва бо муқобилияти сахти амалдорону мансабдорони суғдӣ дар ҳам- паймонӣ бо туркҳо рӯ ба рӯ шуд. Ду титани АвруОсиё — империяи Page 120 120 Тан ва хилофати Аббосиён, ки он замон дар авҷи камоли худ қарор доштанд, ба тарафи якдигар ҳаракат мекарданд ва задухӯрди онҳо ногузир буд. Гурӯҳи бузурге ба раҳбарии генерали Тан Гао Сянчжӣ (куриёӣ), ки пештар бо баҳонаи мадад ба фарғонагиҳо дар муборизаҳо бо тошкандиҳо (ёриталабон аз арабҳо) Помирро аз тибетҳо ғасб карда буд, моҳи июли соли 751 ба рӯдхонаи Талас дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистони муосир расид. Задухӯрди бузургтарин ва ягонаи артиши чиниҳо ва арабҳо низ маҳз дар ҳамин ҷой сурат гирифт. Арабҳо зери фармонравоии Зиёд ибни Солеҳ, ки аз сӯи туркон-қарлуқон пуштибонӣ медид, душманро мағлуб сохта, ба ҳукмронии чиниҳо дар Осиёи Марказӣ поён бахши- данд. Туркон-қарлуқон дар аввали набард пуштибони чиниҳо буданд, вале дар ҷараёни муҳорибаҳо ба тарафи мусулмонон гузаштанд. Дар ин задухӯрд ва яке аз ҷангҳои муҳим дар таърихи Осиёи Марказӣ ҳудуди 50 ҳазор сарбози чинӣ дур аз ватан ва ҳангоми ҳимоят аз ман- фиатҳои империя дар ҷанги бемаъное кушта шуданд, ки танҳо суқути давраи Танро наздик сохт. Чиниҳо баъд аз чаҳор сол барои гирифтани қасос ва муқобала дар баробари нуфузи Аббосиён ба минтақа артиши навро ташкил кар- данд. Вале ҳамларо ошӯби генерали чинии суғдӣ-туркнажод Ан Лу- шан (Равшан Бухороӣ) халалдор сохт. Ошӯб тавассути давлати уй- ғурҳо ва чиниҳо саркӯб шуд. Этен де ла Весйер ва Кристофер Бэквит (Christopher Beckwith) мегӯянд, ошӯби Ан Лушан бо маслиҳати «ҳа- ракати суғдие сурат гирифт, ки аз он бозаргонони суғдӣ ҳимоят ме- карданд» ва ҳадафаш ҳам ғасби тахти император буд. Ҳамин тариқ, ҳукумати сулолаи Тан баъд аз ҳодисаҳои мазкур ди- гар натавонист, ба таври зарурӣ барқарор шуда, дубора ба самти Ғарб ҳаракат кунад. Чиниҳо нерӯҳои худро аз Тибету Осиёи Марказӣ берун бурданд ва Вахону Шуғнон дубора бо тибетҳо байъат карданд. Ан Лу- шан ихтиёрӣ буд ё маҷбурӣ, монеи ғасб шудани ватани таърихияш аз сӯи чиниҳо шуда, ба идома ёфтани исломишавии Осиёи Марказӣ мусоидат кард. Page 121 121 Тибетҳо, туркҳо ва уйғурҳо соли 763-и милодӣ тақрибан ҳамаи Минтақаи ғарбиро зери идораи худ дароварда, дар ниҳоят чиниҳоро ҳам аз Осиёи Марказӣ ҷудо карданд. Ба зудӣ Тибет низ шикаст хӯрд ва уйғурҳо бо ақиб нишондани туркҳо ба шарики асосии чиниҳо дар Минтақаи ғарбӣ табдил ёфтанд. Дар он замон ва тақрибан то омада- ни лашкари муғули Чингиз Хон ба минтақа ҳам тиҷорат дар дасти суғдиҳо буд. осиёи миёнА бАъд Аз ҳукумАтдории Чиниҳо Соли 751 намоди густариши ҳадди аксари мавҷи аввали исломи- шавии АвруОсиё ба самти шарқ аст. Он ҳамчунин дуртарин марзҳои ғарбии империяи чинии Тонро фаро гирифт. Арабҳо баъди Талас та- вонмандии нигаҳ доштани минтақаҳои дурдасти ғарбии худро аз даст доданд. Ҳарчанд онҳо дар ҷанг бо чиниҳо пирӯз шуда бошанд ҳам, дигар барои пеш рафтан на нерӯ доштанду на алоқаманд буданд. Суст шудани Аббосиён ба иллати ҷанг бо чиниҳо ба нафъи тоҷи- кон ва ташкили империяи Сомониён дар шарқи хилофат шуд, ки амалан аз Бағдод мустақил буд. Ин охирин сулолаи эронии Осиёи Миёна буд, ки як ҳувияти этно-фарҳангии муосири тоҷикро ба вуҷуд овард. Сомониён дар заминҳои Суғд ворисони анъанаҳои чандина- сраи фарҳангии Эрони шарқӣ буданд, ки дар асрҳои 9-10 муваффақ шуд, суннатҳои эронии пешазисломиро бо Ислом созгор кунад. Ин омезиши фарҳангӣ ҳатто баъди ба поён расидани «асри ти- лоӣ»-и тоҷикон ва суқути сулолаи Сомониён дар соли 999 аҳамияти худро гум накард. Қарахониён, ки ба ҷойи онҳо сари қудрат омада, пойтахтеро бо номи Қошғар таъсис доданд, Исломро қабул карданд ва ба пайравии ойини буддоӣ дар Хутан дар соли 1006 хотима бахши- данд. Бо суқути Сомониён турксозии Осиёи Марказӣ суръат гирифт, вале ин маънои онро надорад, ки фарҳанги эронӣ нақши калидии худро дар ҷомеа ва фарҳанги Осиёи Марказӣ аз даст дод. Мусулмонон баъд аз чиниҳо давоми чаҳорсад сол, яъне то омадани лашкари муғулҳо, ки императори Чин низ буданд, Осиёи Марказиро Page 122 122 идора карданд. Муғулҳои Мовароуннаҳр (Вароруд) баъди шикасти мусулмонон ба зудӣ турк шуда, Исломро қабул карда, ба мухлису ҳо- мии ашадии дини Ислом ва фарҳанги исломӣ-форсии мардуми Эрону Осиёи Марказӣ табдил ёфтанд. Наметавон гуфт, ки Минтақаи ғарбӣ, бахусус Осиёи Марказӣ пурра зери фармонравоии Чини давраи Тан буд. Фармонравоии Чин дар ин минтақа пароканда ва ноқис буд. Императорҳо на бо шомилгардонии заминҳои турку тоҷикон ба ҳайати империя, балки тавсеаи тамосҳо бо сокинони воҳаҳо ва ҷалби онҳо ба фарҳанги чинӣ буд. Нақши ин робитаҳои аҷдоди тоҷикон ва чиниҳо бо гузашти вақт дар фарҳанги Осиёи Марказӣ пайдо шуданд. Аз ҷумла, таъсири чиниҳо дар миниатюраи китобҳои форсӣ-тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Албатта, аз нигоҳи симо ва либос. Ин осорро дар наққошиҳои сақфи кандакоришудаи хонаву чойхонаҳои Исфара, Хуҷанд ва Конибодом бо рангҳои гуногун дидан мумкин аст. Исёни Ан Лушан ва суқути сулолаи Тан ин ҳама омезиши фарҳангӣ миёни Чин ва Осиёи Марказиро ба ҳам зада, боис ба пайдоиши бегонаси- тезӣ, мавриди ҳамла қарор гирифтани ҷамъиятҳои эронӣ ва маҳдуд шудани ҳуқуқи онҳо дар Чин шуд. Тавре Ҷеймс Миллвард (James A. Millward) мегӯяд, фармонравоии каму беш комили Тан бар Минтақаи ғарбӣ аз 300 соли умумӣ ҳамагӣ 100 сол идома ёфтааст. Ин садсоларо ба далели ҳамлаи туркону ти- бетҳо, ки ҳукмронии чиниҳоро, бахусус дар Бадахшон ба ҳам зад, ме- тавон ду тақсим кард. Империяи Тан марзи Қазоқистону Ҷунгарияро 20 сол идора кардааст. Дар ин давра дар минтақаи мазкур маконҳои қобили таваҷҷуҳи чининишин набуд. Нухбагони маҳаллӣ раҳбариро идома дода, гарнизонҳои танӣ аз ҷанговарони турке иборат буд, ки онҳоро низ ғайричиниҳо (туркон, суғдиён ва куриёиҳо) фармонра- воӣ мекарданд. Империяи Тан ҳарчанд аз нигоҳи нуфуз ва тавонмандӣ назар ба империяи Хон фарқ мекард, он тавре ки худро тасаввур мекард, қавӣ набуд. Он ҳамин тариқ натавонист ба рафти ҳаводиси АвруОсиёи марказӣ дар давраи нубуғаш дар асри 8 таъсир расонад. Дар ниҳоят, Page 123 123 чиниҳои боланда маҷбур шуданд, дарк кунанд, ки онҳо тавонмандии муқоисашаванда бо ҳамсояҳоро дар Шимолу Ғарб доранд. Онҳо ҳамчунин дарк карданд, ки дигар набояд мустақим бо му- сулмонҳо вориди муҳориба шаванд ва беҳтар аст дар қиболи Осиёи Марказӣ аз сиёсати инзивоталабӣ пеш гиранд. Баъд аз суқути Тон барои Чин ҳазор соли дигар лозим шуд, ки ба ҳавзаи Тарим баргар- дад. Императорҳои Тсин соли 1759 хонигарии Ҷунгария (муғулӣ)- ро шикаст дода, ҳудуди он ва Туркистони Шарқиро ба зери идораи худ медароранд ва вилояти Шинҷон (маъно: навиловашуда)-и Чинро ташкил мекунанд. Он замон мардуми туркзабон (аксаран қазоқҳову уйғурҳо) ва тоҷи- кон беш аз 90 дарсади аҳолии минтақаро ташкил медоданд. То соли 1930 ба баъзе аз ноҳияҳои минтақа иҷозат дода шуда буд, ки нима- мухтории худро нигоҳ доранд. Худдории фоҷеабори Пекин аз сиёсати таҳаммулпазирӣ ба Ислом дар давраи Ҷумҳурии Чин (1912-1949) дар соли 1930, баъд аз марги Мақсуд Шоҳ — хони Кумул (уйғур), мулаққаб ба «Омири Гобӣ» сурат гирифт. Ӯ як шоҳи вафодор ба сулолаи Тсин ва аз насли ҳокимони Улуси Чағатой ва охирин хони мустақили Осиёи Марказӣ буд. Камолуддин Абдуллоев 24-уми феврали 2021 Page 124 124 «СОҲИБ»-И ПОМИР КИСТ? Ҳамкорӣ ва додугирифти тоҷикон бо мардуми Чин дар бахши тиҷо- рату фарҳанг ва дин таърихи дароз дорад. Дар замони қадим ва асрҳои миёна тоҷикон, ба мисли эрониёни шарқӣ, дар пайвастани роҳҳои Чин ба Аврупо нақши муҳим доштаанд. Ба гуфти эроншиноси амри- коӣ Ҷон Перри, «Роҳи абрешим», ки имрӯз машҳур аст, маънои «фа- зои фарҳангии эронӣ»-ро гирифтааст. Вай мегӯяд, маҳз эрониҳо дар ташкили хатсайрҳои тиҷорат ва сохтори ба он марбут, барои ба ҳам расидани тоҷирон, сарбозон ва сайёҳону гурезагони Аврупову Сурия бо Ҳиндустону Хитой нақши калидиеро бозидаанд. Аз асри 6-уми милодӣ ин хатсайрҳоро туркҳои саҳронишини Оси- ёи Миёна муҳофизат мекарданд. Сарбозони эронӣ ва туркӣ бо майлу рағбат дар артиши Чин хидмат мекарданд. Яке аз онҳо Ан Лушан (703-757), марде бузургу таҳамтан буд, ки яке аз занони дӯстдоштаи император пуштибониаш мекард. Падари Ан Лушан суғдӣ буд ва модараш турк ва худаш дар замони императории Тан муддаии тоҷу тахт буд. Ҳам Суғд ва ҳам Бохтар, на бо худи Чин, балки бо қисмати дурдаст- тарини шимолу ғарбии он, ки имрӯз бо номи Шинҷон маълум аст, ҳамсарҳад буданд. Шинҷон музофоти бузургтарини Чин аст (аз шаш як ҳиссаи қаламрави Чин) ва он фазои муҳими ҷуғрофиёи сиёсиро ишғол мекунад. Дар шимол он бо Олтойи Русияву Муғулистон ва Си- бир ҳамсарҳад аст; дар шимолу ғарб — бо Қирғизистону Қазоқистон. Page 125 125 Ҷанубу ғарби Шинҷон бо Помири Тоҷикистон, бо Вахони Афғо- нистон, шимолу ғарби Ҳиндустону Покистон ва ҷануби он бо Тибет ҳамсоя аст. Ин минтақа аз нафту газу ангишт бой аст. Аз замонҳои қадим стратегияи сиёсати хориҷии Чин Императо- рии осмониашро ба минтақаи миёна, ки сокинонаш асосан чиниҳои Хон буданд ва ба хитаҳои сипарӣ (буфер) тақсим мекард, ки ба мин- тақаҳои охирӣ Шинҷон ва Муғулистону Тибет дохил мешуданд. Чин дар солҳои рушду болоравии худаш ин қаламравҳои ҳоил (буферӣ)-ро ба худ тобеъ мекард, вале замоне ки заиф мешуд, аз даст медод. Аҳамияти Шинҷон ва таърихи онро дур аз маркази кишвар буда- наш таъин кардааст ва ҳам, таърихан, аҳолии он ғайрихониву му- салмон будаасту бо халқҳои Осиёи Марказии имрӯза қаробат дошта- аст. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ин минтақа ба қисмати шимолӣ (вилоятҳои Ҷунгару Илӣ) ва ҷанубӣ (вилояти Қошғар) тақсим шудааст. Аҳолии Шинҷон асосан аз уйғурҳо иборат аст. Маҳз ба шарофати онҳо соли 1955 ин ҷоро Вилояти Худмухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мар- думии Чин номида буданд. ин вилоят Чӣ гунА моли Чин шуд? Тобеияти расмии Сию (қаламрави ғарбии Шинҷон) ба Чин тақри- бан пас аз 200 соли ғасби Осиёи Миёна аз тарафи Искандари Мақдунӣ дар соли 115 пеш аз милод шуруъ шуд. Асрҳои зиёд чиниҳо Шинҷонро ҷойи истиқомати худ интихоб намекарданд, балки онро минтақаи марзӣ меҳисобиданд. Дар он пойгоҳҳои хурди чинӣ воқеъ буданд ва сафари низомиён ба онҷо сурат мегирифт. Қудрат дар Шинҷон ба сарони феодали маҳаллӣ ва сохтори мазҳабӣ тааллуқ дошт ва онҳо аз императорҳои Чин ба ивази садоқат ва аҳди муҳофизати сарҳадҳои берунии императорӣ маошу унвон мегириф- танд. Ҳеч ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳар вақте ҳукумати марказии Чин суст мешуд, ин минтақаи ғарбӣ кӯшиш мекард, аз нуфузу назорати Пекин озод шавад. Page 126 126 Давраи ҳалкунандаи мубориза барои минтақа соли 1759 оғоз шуд, дар он замон ки импепатори Монҷури сулолаи Тсин хонигарии Ҷун- гар (Муғулистон)-ро шикаст дод. Дар он давра ин минтақаи ғарбӣ, аз ҷумла як қисми Муғулистон ҳам дар тобеияти ин хонигарӣ будаанд. Ва ба ҳамин тариқ, маҳз дар ин давра охирин императории саҳрони- шинон - ворисони Чингизхон ҳам дигар нест шуданд. Дар охири он ҷанг, туркҳои мусулмони Қошғар кӯшиш карданд исён кунанд ва истиқлоли худро эълом намоянд. Баъди як қатор ши- кастҳо маҷбур шуданд, қудрати императорро эътироф кунанд, чун император онҳоро аз муғулҳо муҳофизат кард ва ҳам таъсири буд- доиёнро дар минтақа аз байн бурд ва ба ин васила роҳро барои эҳёи дини ислом ва қудрати «хоҷа»-ҳои нақшбандия кушод. қошғАри ноором Дар қисмати ҷанубии Шинҷон, ки бо номи Қошғар машҳур аст, аҳолиаш тақрибан якхела будаанд: ҳама мусулмон ва асосан туркӣ ҳарф мезаданд ва нияти омӯхтани забони чинӣ ва пӯшидани либоси чиниро надоштаанд. Дар меъморӣ, фарҳанг ва сохтори иқтисоди- аш минтақаи Қошғар аз водии Фарғона фарқи хеле кам доштааст. Қошғариҳо бо омодагии зиёд барои тиҷорат ба Фарғона мерафтаанд ва ҳам дар кишвари худ муҳоҷирон, яъне узбекҳову тоҷиконро, ки «андиҷонӣ» меномидаанд, хушҳолона қабул мекарданд. Сӯфиёни маҳаллӣ ва сарони феодалӣ «хоҷагон» ном доштаанд ва қисми зиёди онҳо аз Фарғона ва аз Самарқанд будаанд. Хонадони Қӯқанд дар асри 19 қасди тасарруфи Қошғарро ҳеч пинҳон ҳам намекард. Вақте ки дар аввалҳои 1860 дар Қошғар шӯриш сар зад, хонадони Қӯқанд ба онҷо сипоҳи низомии худро фиристод. Он солҳо марде бо номи Ёқуббек дар он сафари низомӣ аз худ саҳми арзанда гузоштааст. Ёқуббек Бадавлат (1820-1877) як «сарт»-и пурғай- рату шӯҳратпарасте будааст (ва тибқи манбаъҳои дигар як тоҷике аз Хуҷанд будааст). Вай чиниҳоро сарнагун ва Қошғарро зери тобеияти худ дароварда, пас, тавонистааст давлати мустақилу тавоноеро (дар Page 127 127 муқоиса бо Қӯқанд) бо номи Еттишаҳр (ҳафт шаҳр) таъсис намояд. Соли 1866 ӯ ҳатто Сарикӯлро ба худ тобеъ мекунад (ҳоло он бо номи мавзеи худмухтори Тошқӯрғон - Тоҷики вилояти худмухтори Шинҷо- ну Уйғур маълум аст, ки дар он ҷо тоҷикони Чин, сарикӯлиҳо ва ва- хониҳо зиндагӣ мекунанд). Аз соли 1832 Сарикӯл, ба мисли қисмати аксари Помир, ба Қӯқанд тааллуқ доштааст. Ҳам барои Русия (ки он замон барои ба даст даровардани Қӯқанду Бухоро ҷанг мекард) ва ҳам барои Инглистон, ки ҳарду талош до- штанд нуфузу мавқеи худро дар минтақае, ки аз ҷониби Чин суст на- зорат мешуд, мустаҳкам кунанд, Ёқуббек хатари ҷиддӣ эҷод мекард. Ва императории Чин ҳам аз тарси тақвият бахшидан ба сокинони дашти ноором дар заминҳои ғарбии худ, бо мавҷудияти як давлати мустақили мусулмонӣ дар Қошғар оштӣ карда натавонистааст. Ин воқеиятро дарк намуда, Ёқуббек зиддиятҳои қудратҳои рақибро ис- тифода кардааст. Ӯ ҳамзамон ҳам аз Инглистон ва ҳам Русияву Туркия мадад хостааст. Ҳукумати ӯ 12 сол давом кард. Дар ниҳоят, кумаке, ки Ёқуббек аз ҷониби англисҳо (ки ба манҷуриҳо маслиҳат додаанд Қошғарро зери тобеияти Чин дарорад) кофӣ набудааст, дар сурате ки Русия бо ғал- лаи худ артиши Чинро таъмин кардааст ва ба Тсзо-Тсзунтан, волии музофотҳои ба Шинҷон ҳамсоя — Шенси ва Гансу имкон додааст, дар солҳои 1876-1878 Еттишаҳрро хароб кунанд. Тахминан 12 ҳазор ҷониб- дори наздиктарини Ёқуббек ҳамон вақт дар Қошғар ба қатл расонида шуданд. Худи Ёқуббек пеш аз мағлуб шуданаш худкушӣ кардааст. Ёқуббек Бадавлат, албатта, як ҳокими бераҳм будааст, аммо фа- ромӯш набояд кард, ки нерӯи муҳими худро дар даъват ба ҳамбаста- гии диниву қавмӣ барои истеҳкоми истиқлоли Қошғар ва шояд тамо- ми Осиёи Миёна ба даст овардааст. Тақрибан ҳамзамон бо ҳукмронии Ёқуббек, дар вилояти Ҷунгар исёни дунганиён таҳти роҳбарии Бой- ён-ху (Муҳаммад Анюб) сар задааст, ки онро низ Тсзо сарнагун кар- дааст. Саркӯб кардани ин шӯришҳои мусалмонӣ дар асл маънои та- кроран (пас аз соли 1759) ба тобеияти Чин даровардани минтақаи Шинҷонро доштааст. Page 128 128 Ниҳоят, соли 1881, бо пойтахташ дар Урумчӣ музофоти Шинҷон (ки ин ном маънои «нав иловашуда» ва «забтшуда»-ро дорад) ташкил карда шуд. Зиёда аз 90 дар сади аҳолии ин минтақаро мардуми му- сулмони Осиёи Миёна (асосан уйғурҳо ва қазоқҳо, инчунин қирғизҳо, узбекҳо ва тоҷикҳо) ташкил медиҳанд. Музофоти Шинҷонро як қисмати Чин эълон карда, императорҳои Чин аҳд карданд, ки Чинро на танҳо чун «кишвари халқи Хон», балки дар ҳамзистӣ бо мардуми дигар ҳамчун кишвари ягонае бар- расӣ намоянд, вале ҳамзамон, онҳо ба ғояҳои бартарияти фарҳангӣ, яксоншавии (ассимилятсияи) синмеҳварӣ ва табъизи гурӯҳӣ такя кардаанд. Дар ин ҳол, ноогоҳ ва баръакси қасди худ, онҳо ҷунбиши озодихоҳиро оғоз карданд: таъсири дини буддоии муғулиро аз байн бурда ва ҳам дар харитаи ҷуғрофии ҷаҳон сархати марзҳои вилояти навро кашиданд. Императорҳои Чин дар дили уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар халқҳои ин музофот раванди шинохти асолати динӣ ва милли- ашонро эҳё кардаанд, ки ба тадриҷ, рушди афкори бунёди як давлати мустақили онҳоро такон додааст. Дар муқоиса бо халқҳои дигари Чин, мардуми фатҳшудаи Шинҷон қабилаҳои ақибмондае набудаанд ва чиниҳо наметавонистанд онҳо- ро ба осонӣ «аз худ» кунанд. Тамаддуни халқҳои сукунатии (ғайри- муҳоҷири) Осиёи Миёна таърихи қадиме дошт ва фарҳанги он ба мисли фарҳанги Чин бой буд, ҳарчанд аз ҷиҳати рушди иқтисод ва қудрати нуфузи сиёсӣ ва низомӣ тамаддуни Чин бартарӣ дошт. тАлАботи русия вА дАргириҳо бАрои помир Русия дар гузариши Шинҷон зери ҳукмронии Пекин нақши муҳим бозидааст. Ба мисли Чин, Русия намехост, мухторияти ин қаламравро ба ихтиёри халқҳои муқими он супорад. Таъсиси давлатҳои мустақил дар қисмати чинии Осиёи Миёна метавонист оташи як ҷунбиши озо- дихоҳиро алайҳи ҳукумати Русия дар Тошканд, Фарғона ва Бухоро барангезад. Он замон нерӯи низомии Русия дар ҷанги Қрими солҳои 1853-1856, ҷанги солҳои 1876-1878 бо Туркия ва дар муборизаи мусал- Page 129 129 лаҳонаи солҳои 1860 бар муқобили исёни мардуми кӯҳии Қафқоз, таҳти роҳбарии Шамил, хеле хароб шуда буд. Ва бинобар ин Русия, Шинҷон як тараф истад, барои таъсиси ҳукуматаш дар тамоми Оси- ёи Миёна захираи кофӣ надошт. Зиёда аз он, барои ғасби минтақаи Илӣ соли 1871 Русия мавриди интиқоди байнулмилалӣ қарор гирифт. Соли 1864 Русия ва Чин Аҳднома (Протокол)-и Чугучакро имзо кар- даанд, ки тибқи он минтақаҳои Олтой ва Курчум, кӯли Зайсан, за- минҳои Тарбагатой, Алато ва Тён-Шон ба ихтиёри Русия дода шуданд. Созишномаи Инглистон ва Русияи соли 1873 хати сарҳади Помирро кашида, долони Вахонро ҳамчун минтақаи сипарӣ ё буферии Афғо- нистон байни Ҳиндустони Бритониё ва Осиёи Миёнаи Русия (имрӯз: байни Тоҷикистону Афғонистон) таъсис додаст. Аммо, дипломатҳои Русия ва Бритониё хати долонро ба шарқ, то марзи Чин кашида на- тавонистаанд ва ин кор баҳсу талошҳои минбаъдаро дар мавриди сарҳади байни Чину Афғонистон барангехтааст. Чиниҳо дар соли 1892 дар Тошқурғон (Сарикӯл) диж сохтанд. Он замон дар баландкӯҳҳои Помири шарқӣ, гурӯҳҳои қирғизтабор, ки расман мардуми тобеи Чин ба ҳисоб мерафтанд, сарҳадҳоро озодона гузашта, бо подаҳои худ аз ҷое ба ҷои дигар мерафтанд. Ҳамзамон, дар солҳои 1891-94 казакҳои рус бо сарварии атаман М. Е. Ионов Помирро зуд ишғол карда, афғонҳоро, ки англисҳо дастгириашон мекарданд, берун карданд. Дар Помири Шарқӣ англисҳо аслан Чинро низ дастгирӣ мекарданд, чун умед доштанд, ки чиниҳо ва афғонҳо ҳамлаи русҳоро дар самти Афғонистон нигоҳ медоранд. Воқеан, Русия бо сиёсати Бритониё дар Помир мухолиф буд. Дар солҳои 1898-1901, бо вуҷуди эътирози Чин, Русия дар Сарикӯл пойгоҳи муваққатӣ дошт. Баъдан, кишвари комму- нистии Чин ба созишномаҳои сарҳадие, ки бо Русияи подшоҳӣ имзо карда буд, изҳори эътироз кардааст. Ҳамзамон ҷониби Чин дар даъвои худ ба Помир ба созишномаи Марғелони Нав аз 22-юми майи соли 1884 ишора мекунад, ки тибқи он хати сарҳад аз вилояти Фарғона ва Қошғар танҳо то сарҳади Уз-Бел (каме дуртар аз гузаргоҳи Оқ-Байтал) кашида шудааст. Зиёда аз ин, тибқи моддаи 3-и созишномаи зикр- Page 130 130 шуда, ифодаи сархати сарҳад бо матни таъбиру истилоҳаш норӯшан навишта шудааст. Тибқи он, сарҳади Русия аз Уз-Бел ба ҷанубу ғарб ба самти Хоруғ ва сархати сарҳади Чин бошад - ба ҷануб ба самти Афғо- нистон тӯл кашидааст ва ба ин тариқ қисми зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кунунӣ, дар беҳтарин сурат, ҳамчун замини «бесоҳиб» вогузошта шудааст. Ба ҳар ҳол, соли 1894, пас аз мубодилаи тавзеҳу ёддоштҳои дипло- матӣ, чиниҳо ва русҳо Помирро дар тӯли қаторкӯҳи Сарикӯл тақсим карданд. Ин сарҳад то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Ҳамзамон, ҷониби Чин пинҳон намекард, ки аз ҳаққи худ ба Помир комилан даст кашиданӣ нест ва он қарордодро «муваққатӣ» меҳи- собад. Соли 1969 мақомоти Чин расман эълон карданд, ки Русияи подшоҳӣ дар солҳои 1892-94 зиёда аз 20 ҳазор километр мураббаъ аз «қаламрави Чин»-ро дар марзи ғарбии қаторкӯҳҳои Сарикӯл ишғол кардааст (ёдовар мешавем, ки масоҳати умумии ВМКБ — 64 ҳазо- ру 200 километри мураббаъ аст). Ба ғайр аз ин, соли 1895 замоне ки Инглистон ва Русия марзи Помирро тақсимбандӣ мекарданд, тара- фи Чин дар вақти ба имзо расидани он қарордод ҳузур надоштааст. Тибқи он қарордод долони Вахон ҳамчун сарҳад эътироф гардидааст ва ба ин тариқ Русия ҳаққи соҳибии тамоми қаламрави соҳили ро- сти дарёи Панҷро, аз ҷумла қаламрави ВМКБ-и муосирро барои худ таъмин намудааст. суқути тсин Баъд аз ғалабаи Инқилоби Синхуӣ, суқути сулолаи охирини Тсин ва ташкили Ҷумҳурии Чин (1912-1949), Ҷопон ба Чин ҳамла кард ва қисми Чинро ишғол кард. Худи Ҷумҳурии Чин ба як иҷтимои сусте иборат аз минтақаҳои ба якдигар душман табдил ёфта буд, ки таҳти назорати афсарони собиқи артиши императорӣ қарор дошт. Мин- тақаи Шинҷон дар инзивое аз марказ дур шуда буд ва чунин ба назар мерасид, ки боз ҳукмронии Чин дар ин минтақа ба поён мерасад. Page 131 131 Ён Тсен-син соли 1912 фармондори шаҳрвандиву низомии Шинҷон таъин мешавад, ки ӯ худ як маъмури девони мактаби куҳна ва зодаи музофоти Юнан будааст. Дар тӯли ҳукмронии худ, ки то соли 1928 да- вом кардааст, ин фармондори боистеъдод, ки аслан захираҳои назар- раси низомӣ ва молиявиро надоштааст, тавонистааст Шинҷонро на танҳо дар дохили Чин нигоҳ дорад, балки онро аз харобиҳое, ки ба он ҳамсоягонаш дар ҷангу инқилобҳо дучор омада буданд, наҷот диҳад. Русҳо ва англисҳо аз сустии ҳукумати Чин истифода карда, ҳузури худро дар Чини ғарбӣ тақвият додаанд. То инқилоби соли 1917, нуфузи Русия дар Шинҷон бузург буд ва аз нуфузи англисҳо дар минтақа бар- тарӣ дошт. Дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба корҳои Шинҷон то омадани ҳукумати коммунистон ва ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 1949 идома ёфтааст. Коммунистони Мао Тседун кореро карданд, ки ҳокимони пеши- наи Чин карда натавонистанд: онҳо нуфузи Русия ва сипас Иттиҳоди Шӯравиро дар тамоми музофот қатъиян ва бебозгашт аз байн бурданд. Гузашта аз ин ҳукумати нави Пекин амрикоиҳову англисҳоро аз хоки худ ронда, қаробату ҳамкориҳои хубро бо дӯсти наву муҳими худ дар шибҳақораи Ҳиндустон, бо Исломобод ба роҳ андохтааст ва ба ин та- риқ ҷиддан унсурҳои ҷудоихоҳии Қошғарро тақсиму нобуд кардааст. Чини муосирро бе донистани гузаштаи он фаҳмидан душвор аст. Тоҷикистониён бояд дарк кунанд, ки тақсимбандии Помир дар шароите рух додааст, ки онро шӯришҳо ба ларза меоварданд ва им- периалистҳо минтақаро пора-пора мекарданд. Пас аз чанде таърих- шиносони Чин давраеро аз нимаи асри XIX то миёнаи асри XX «асри таҳқири миллӣ» ном мегузоранд. Бесабаб нест, ки пешвои миллатга- роёни Чин Чианг Кай-Ши (1887-1975) тӯли 20 сол ҳар рӯз ин ибораро дар дафтари хотирааш менавиштааст: «Барои таҳқир интиқом гир». Эҳтимол аст, ки комёбиҳои иқтисодии Чини муосир, тавоноӣ ва эътимод ба нафси он барои шифобахшии ҷароҳати таърихии он дар замоне ки ин кишварро ҳамчун «бемори Осиё» ва дур аз саҳнаи таъ- рих меҳисобиданд, кумак намекунанд. Дар шароити муосир, Ҳизби коммунисти Чин бо мақсади муттаҳид сохтани миллати Чин барои Page 132 132 тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон дар асоси идеологияи ягона ва хотираи умумии таърихи «осебдида» маъракаҳои идеологиро ме- гузаронад. Аммо, ба гуфтаи муаллифи мақолаи дар боло зикршуда, чизеро, ки дар таълимот ё доктринаи идеологӣ омадааст, комилан ҳақ аст гуфтан нодуруст аст, яъне ки ҷавобгӯи «таҳқири миллӣ» натанҳо нерӯҳои хориҷӣ ҳастанд. Агар аз тоҷикон ҳарф бизанем, онҳо саҳифаҳои таърихи худро бо ғасби қаламрави халқҳои дигар олуда накардаанд. Тоҷикон дар сарза- мини худ зиндагӣ карда, худ ба мисли чиниҳо қурбонии сиёсати му- стамликадорӣ будаанд, ҳарчанд ҳоло ба касеву халқе кина надоранд. Тоҷикон алайҳи Чин ягон амали душманона накардаанд ва ҳамзамон аз Русия барои ташкили марзҳои муосири Помир миннатдор ҳастанд. Даҳ сол пеш, тоҷикон бо умеди хотима бахшидан ба баҳси замин ба ҳамсояи худ баъзе имтиёзҳои мулкӣ дода буданд. Мо мухторият ва тамомияти арзии кишварамонро на камтар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин қадр мекунем. Тоҷикисто- ниён ҳамчунин намехоҳанд ба он бовар кунанд, ки мақолаи зикр- шуда ба интихоботи раиси ҷумҳури қарибулвуқӯи соли 2020 ва ё ба мушкилоти иқтисодии кишварамон дар робита бо бемории ҳамагири коронавирсус ва ҳам ба муноқишаҳои дерпое дар марзи Қирғизисто- ну Тоҷикистон алоқамандӣ дорад. Камолуддин Абдуллоев 1-уми августи соли 2020 Page 133 133 БО ОМАДАНИ АРАБУ ИСЛОМ ЧӢ ДОДЕМ ВА ЧӢ ГИРИФТЕМ? «Суғд барои Осиё ба монанди Мақдуния (Македония) барои Юнон буд: сипаре миёни тамаддуни нозук ва барбариҳои хашин, аз скифҳои давраи Искандар гирифта то ҳуннуҳои сафед, туркҳо ва муғулҳое, ки барои маҳви табақаи на он қадар васеи ҷомеаи Эрон аз Ҷануб ба Ғарб ҳуҷум карда буданд.» робин лЕйн Фокс, «искандари бузург» Шаҳри Панҷакент (Панҷекат), пойтахти Суғдро расо 1300 сол пеш арабҳои мусулмон тасарруф карданд. Деваштич, ҳокими охирин ва мустақили Суғд, тирамоҳи соли 722 қатл шуд. Ин сана барои мо аз он ҷиҳат бисёр муҳим аст, ки бо вожгунии Панҷакент як давраи таърихӣ оғоз шудааст. Бо назардошти он ки ҳоло аз 96 то 99 дарсади тоҷикисто- ниён худро пайрави дини Ислом меҳисобанд, метавон онро давраи мусалмонӣ номид. Ҳамчунин бо суқути Панҷакент марҳалаи расмии шомилшавии Мовароуннаҳр ба хилофат оғоз ёфт. • Мо бояд соли 722-ро ҳамчун соли хушбахтӣ ё баръакс, ҳамчун санаи ғамангез қабул кунем? • Бо зуҳури арабу Ислом мо чиро аз даст додем ва чӣ гирифтем? • Суғдиён кӣ буданд ва бо фарҳанги хубу дини зардуштияшон куҷо шуданд? Мо ба ин суолҳо наметавонем ҷавоби комил диҳем, аммо бо на- тиҷагирӣ аз соли 722 дар бораи онҳо андеша карданро касе ба мо манъ накардааст. Page 134 134 мероси кӣ? Наметавон гуфт, ки таърихи суғдиҳо дар Осиёи Миёна фаромӯш шудааст. Дақиқтараш, баръакс. Таваҷҷуҳ ба давраи тақрибан 2000-со- лаи Суғд бо касби истиқлол дар соли 1991 бештар шуд. Соли 2000 номи вилояти Ленинобод ба Суғд, соли 2003 ноҳияи Нов ба Спитамен ва соли 2016 номи ноҳияи Ғончӣ ба Деваштич иваз карда шуданд. Бо ин ном дар Узбекистон як овозхон ва як дастаи футбол ҳаст ва чанде пеш блогерони узбек пешниҳод карданд, ки номи кишварашон ба Суғдиён иваз шавад. Суғд бо ғасби ин минтақа аз ҷониби лашкари форсии сулолаи Ҳа- хоманишиҳо (559-330 пеш аз милод) ба таърих ворид шуд. Дар кати- баи император Дориюши Бузург 1 дар кӯҳи Бесутун суғдиён ҳамчун фармонравоён зикр шудаанд. Назарияҳои ҳошиявӣ ё маргиналӣ, ки халқҳои эронии давраи қадимро ба туркҳо мепайванданд, ба танқи- ди олимони ҷиддӣ тоб нахоҳанд овард. Ҷомеаи суғдӣ то пайдоиши туркҳо дар Байнаннаҳрайн дар асри VI таърихи қариб 1500-солаи дорои рушду иртиботи наздик бо Юнони қадим ва Чинро дошт. Суғд тамаддуни бостонии эронии Осиёи Миёна аст. Бисёр паҳлӯҳои таърихи он то ба ҳол наомӯхта, пурасрор ва та- ваҷҷуҳбарангез мемонанд. Донишмандони тамоми ҷаҳон таърих, маданият ва иқтисоди онро бо шавқи беандоза меомӯзанд. Лаҳзаҳои асосии таърихи Суғдро ёдовар мешавем. суғд вА мАқдуния (мАкедония)-и Юнон Суғдиён тақрибан дар давоми 500 сол дар таърихи Осиё ва Юнон як ҳалқаи муҳим буданд ва ҳамин тавр дар рушди тамаддуни муосири Ғарб нақши худро гузоштаанд. Суғдиён яке аз минтақаҳое буд, ки ба лашкари Искандари Мақдунӣ қаҳрамонона истодагарӣ кардааст (солҳои 336-323 то милод). Искандар бо орзуи густариши қудрати Юнон бар сарзамини Эрон худро ҳокими Форс эълон кард. Сарбозон ва сипаҳсолорони худро Page 135 135 маҷбур кард, ки бо занони эронӣ издивоҷ кунанд. Сиёсати ҳамгироии «барбариҳо» тавассути издивоҷ самараи худро дод. Ҳарчанд кам ҳам бошад, суғдиён бар юнониҳо фармонравоӣ кардаанд. Искандари IV, писари Искандари Мақдунӣ, тариқи издивоҷи падараш бо маликаи суғдӣ Роксана (Рушанак, Рухшона) Македонияро раҳбарӣ кардааст. Издивоҷи Селевкӣ, яке аз генералҳои Искандари Мақдунӣ, бо Апа- маи суғдӣ ҳам ба писари онҳо Антиох I имкон фароҳам кард, ки под- шоҳи Селевкиён шуда, солҳои 281-261 пеш аз милод шарқитарин су- лолаҳои юнонизабонро ба ҷойи Искандари Мақдунӣ раҳбарӣ кунад. Модари Антиохи I Василиса Апама духтари Спитамени қаҳрамон ва раҳбари шӯришгарон алайҳи Искандари Мақдунӣ дар соли 329 пеш аз милод буд. Чандин шаҳри қадимии Осиёи Ғарбӣ ба номи маликаи суғдӣ Апама гузошта шуда буданд. Донишмандони ғарбӣ (Дэвид Энгелс, Кайл Эриксон) бар инанд, ки занони эронӣ ба фарзандони шоҳони худ забони модарияшон- ро меомӯзонданд, барояшон афсонаву ҳикоя мегуфтанд, ҳамчунин ба урфу одати давлатҳои эллинӣ, ки аз Помир то Ҷибролтор дарозӣ дошт, таъсир гузоштаанд. Ба назари донишмандон, сулолаи ду қарни Селевкиён (312-64 пеш аз милод) аз ибтидо ҳамон қадаре, ки мақдунӣ буданд, эронӣ ҳам буданд. Империяи Мақдуния (Македония) баъд аз марги Искандар пош хӯрд ва Суғдиён муддати кӯтоҳе ба ҳайати салтанати Юнону Бохтар дохил шуд, то ба зудӣ давлати мустақиле шавад, ки пайваста мавриди ҳамлаҳои бодиянишинон қарор дошт. суғд, Эрони сосонӣ, порт, кушониён Хоразмии бузург Абурайҳони Берунӣ (973-1048) форсҳо, суғдиён ва хоразмиҳоро як мардум донистааст. Суғдиён дар давлати бостонии эронии Порт (247 пеш аз милод - 224 милодӣ) то пошхӯрии он нақши муҳим бозидаанд. Қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ (Бохтар) дар асрҳои 1-3 милодӣ якҷоя бо Ҳиндустони шимолӣ дар доираи давлати ягонаи Кушониён муттаҳид шуда, ба рушди тиҷорат оғоз бахшиданд, ки ба зудӣ суғдиён Page 136 136 низ ба Ҳиндустон рафта, ба он пайвастанд. Онҳо то ба даст гирифтани тамоми тиҷоратҳо миёни Чин, Шарқи Наздик ва Аврупо дар асрҳои 3-4-и милодӣ шогирдони тоҷирҳои кушонӣ буданд. Забони онҳо ба забони муоширати халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Ба монанди забони англисӣ, ки имрӯз дар тамоми масирҳои тиҷорӣ аз Чин то Аврупо истифода мешавад. Сосониён дар миёнаҳои асри 3-и милодӣ империяи Кушониёнро сарнагун ва Бохтарро тасарруф карда, Суғдиёнро боҷдиҳандаи худ гардониданд. Сосониён дар асрҳои 5-6-и милодӣ аз бодиянишино- ни эронизабон — Ҳайтолиён, ки Суғдиёнро ҳам тасарруф карданд, шикаст хӯрданд. Аммо дере нагузашта бо кумаки Хоқонии Ғарбии турк ҳайтолиёнро дубора шикаст доданд. Барандагони ин ҷанг дар солҳои 563-568-и милодӣ дороии ҳайтолиёнро байни худ тақсим кар- данд. Сосониён Бохтарро ва туркҳо Суғдиёнро гирифтанд. Ҳамин тавр, туркҳо бо мусоидати форсизабонон ба соҳили чапи Сирдарё, ба маркази Суғдиён, роҳ ёфтанд. Аммо туркҳо, ки ба кӯчравӣ одат карда буданд, дар шаҳр зиндагӣ карданро дӯст намедоштанд ва аз ин рӯ, онҳо ба суғдиён натавонистанд чизи наве биёранд ё бидиҳанд. Онҳо, баръакс, тадриҷан фарҳанги суғдиёнро пазируфтанд ва аз зиндагии доимии бодиянишинӣ хаста шуда, сукунатро дар атрофи шаҳрҳои бою зебо интихоб карданд ва дар он ҷойҳо «қишлоқҳо»-и худро асос гузоштанд. Хоқонҳои саҳронишини турк аз асри 6 то 8-и милодӣ бо суғдиҳо тиҷорат ва ҳамкорӣ мекарданд. Этенн де ля Вассйер (Étienne de la Vaissière) менависад, хоқонҳо ҳокимони суғдиро дастгирӣ ва тиҷора- ташонро муҳофизат карда, онҳоро ҳамчун амалдорони худ истифода мебурданд. Матео Компаретӣ (Matteo Compareti) ва донишмандони дигар мегӯянд, Суғдиён дар давраи ҳокимияти туркҳо амалан му- стақил буд. Дипломатҳои хоқонҳо суғдиёни одамдӯсту чобук буданд, ки чанд забон медонистанд. Мустамликаҳои суғдӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ ба таври густарда паҳн шуда буданд ва ҷомеаҳои бузурги тиҷории суғдӣ ҳатто дар пойтахти Чин — Чангон (Chang'an) зин- дагӣ мекарданд. Ҳузури онҳо дар Шриланка ва дар масирҳои обии Page 137 137 тиҷоратӣ, ки Ҳиндустонро бо Кантон (Чини Ҷанубӣ) мепайвастанд, мушоҳида мешуд. Сулолаи чинии Тон дар миёнаҳои асри 7 туркҳои ғарбиро шикаст дода, Суғдиёнро ба муддати 25 сол зери асорати худ даровард. Ин танҳо як амали номиналӣ буд. Суғд то омадани арабҳо амалан му- стақил буд. Маҳз давраи пеш аз зуҳури Ислом (асрҳои 3-8) «давраи тилоӣ»-и Панҷакент буд. пАнҷАкент Шаҳр хуб таҳқиқ шудааст ва бо шарофати экспедитсияи архео- логии Панҷакент ба раҳбарии донишмандони рус (Беленитский А. М., Якубовский А. Ю., Маршак Б. И., Луре П.) таҳқиқи он идома меё- бад. Панҷакент дар асри 3-и милодӣ таъсис ёфтааст ва қаблан Панҷ ном дошт. Олиҳа ва пуштибони он Нана буд. Дар ибтидои асри 8 дар Панҷ каме бештар аз 5 ҳазор одам мезист. Шаҳри дорои 13 ҳектор масоҳат ду ибодатгоҳ дошт ва дар он биноҳои зисти ду ва сеошёна сохта шуда, атрофашро девори баланд иҳота мекард. На боғ буд ва на дарахтони зиёд. Тибқи меъёрҳои имрӯза, он танг ва нообод буд, аммо шаҳрҳои ав- валин дар паҳнои АвруОсиё ҳамин гуна пайдо шудаанд. Мардуми та- шаббускор, меҳнатдӯст ва кунҷков шаҳрҳо месохтанд, қонунҳо таҳия мекарданд, молиёт (андоз) месупориданд, худро аз кӯҳҳо, даштҳо, ҷангалҳои зич ва биёбонҳои гирду атроф, қабилаҳои пешгӯинаша- вандаи хашмгин ва «ташна»-и сайди осонгир, ки бар асоси қонунҳои худ (ё умуман бидуни онҳо) зиндагӣ мекарданд, ҷудо месохтанд. Панҷакент бо пайдоиши шумори зиёди ҷомеаҳои муҳоҷири суғдӣ дар канори «Роҳи Абрешим» иртибот дошт. Аз Чоч (Тошканд) ва Испе- чал (Чимкент) то соҳили Уқёнуси Ором маҳалҳои сершумори аҳоли- нишини мустамликадорони суғдӣ ташкил шуда буд. Пули муҳоҷирон ба миқдори бисёр калон ба ватан, аз ҷумла ба Панҷакент, баргаштанд. Он як шаҳри доро ба ҳисоб мерафт, ки тоҷиронаш бо додугирифти байнулмилалӣ машғул буданд. Мардум дар хонаҳое, ки аз хишти Page 138 138 хом сохта шудаанд ва паси панҷараҳои баланд зиндагӣ мекарданд. Ба назари бостоншиносон, нисфи хонаҳои суғдиён меҳмонхонаҳое доштанд, ки бо расмҳои деворӣ дар мавзуъҳои динӣ, қиссаҳои ду- нявӣ аз афсонаҳои Ромул ва Рем (Рим), аз афсонаҳои Эзоп (Юнон) ва қиссаҳои Парачантра (Ҳиндустон) ороиш дода шуда буданд. Нуқтаи баландтарини наққошии девории Панҷакент «Толори ка- буд» аст, ки соли 1950 аз ҷониби бостоншиносон кашф шуда, бо наққо- шиҳо аз афсонаҳои Рустам ва аспи вафодори ӯ Рахш оро ёфтааст. Расм тахминан соли 749, яъне 250 сол пеш аз нашри «Шоҳнома»-и Абулқо- сим Фирдавсӣ кашида шудааст. Дар ин толорҳо зиёфатҳо барпо ва то 50 нафар ҷамъ мешуданд, май менӯшиданд, суруд мехонданд ва ме- рақсиданд. Худоёни онҳо ба тамошои умум гузошта ва дар маркази деворҳои асосӣ гузошта шуда буданд. Дари хонаҳо барои меҳмонон боз буд ва маконҳои умумии хусусие буданд, ки сокинон дар онҳо табодули афкор ва ҳатто қарорҳои муҳими сиёсиро қабул мекарданд. Ба назари шарқшинос Майкл Шенкар (Mickael Shenkar), шаҳрҳои суғдӣ бо ин вижагиҳо ба «полисҳо» - шаҳру давлати Юнон монандӣ доштанд. Мардуми Панҷакент барпо кардани ҷашнҳои зардуштиро дӯст медоштанд, ки то асри 10 дар Самарқанд ва Бухоро ошкоро таҷ- лил мешуданд. Таъсири онҳо бо гиромидошти оташ дар байни тоҷи- кон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна то имрӯз мондааст. Барои Суғд ва тамоми қаламрави Осиёи Миёна аз арабҳои мусал- мон, ки он замон сулолаи Уммавиён ҳукмронӣ мекард, таҳдиди нав ба вуҷуд омад. Онҳо аз соли 715-и милодӣ талош мекарданд, ки Суғдро тасарруф кунанд. Чиниҳо худро канор гирифтанд ва танҳо тибетиҳову туркҳо тавас- сути гурӯҳҳои на он қадар бузург ба суғдиҳо мадад карданд. Суғдиҳо дар миёнаҳои солҳои 720 ва 722-и милодӣ ба раҳбарии Деваштич ба зидди арабҳо исён бардоштанд, аммо пас аз муҳосираи қалъаи Муғ шикаст хӯрданд ва Деваштич ба салиб мехкӯб карда шуд. Ин воқе- аҳоро таърихшиноси тоҷик Луқмон Бойматов муфассал навиштааст. Лашкари арабу мусалмони амири Хуросон Саид ал-Ҳарашӣ дар охирҳои тобистони соли 722 Панҷакентро ғасб ва онро қисман хароб Page 139 139 кард. Бештари сокинон шаҳрро тарк карданд ва суғдиҳо танҳо дар соли 740 бо волии нави Хуросон Наср ибни Сайёр сулҳ карданд ва дар натиҷа панҷакентиҳо ба шаҳр баргашта, барқарорсозии онро оғоз на- муданд. Дар ин бора ба мо Павел Луре нақл мекунад. Хонаҳо сохта ва бо наққошиҳои пешазисломии барои суғдиён хеле азиз ороиш дода мешуданд, аммо на онгуна ошкоро. Ҳукуматдорони мусалмон ва сокинони маҳаллӣ тадриҷан муно- сибатҳоро ба роҳ монда, ҷомеаи наве сохтанд. Санадҳо ба забонҳои арабӣ ва суғдӣ навишта шуда, вале ҳатман бо «Бисмиллоҳи-р-раҳ- мони-р-раҳим» оғоз мешуданд. Ислом дар солҳои 750-ум ба дини суғдиҳо табдил ёфтанро оғоз кард. Наққошиҳои деворӣ то соли 770- ум тақрибан пурра аз байн рафтанд ва боқимондаи онҳоро дидаву дониста вайрон мекарданд. Чеҳраҳо тоза ва ба ҷояшон бо ҳарфҳои арабӣ чизе навишта мешуд. Панҷакентиҳо соли 780-ум кӯчаву хонаҳои зери чӯбҳои сӯхта ва по- раҳои сафолро тарк карда, ин анбуҳи партовҳои гаронбаҳоро барои бостоншиносони асри 20 гузоштанд. Сокинон ба канори шимолии Панҷакенти бостонӣ, наздиктар ба дарё кӯчиданд. Аммо аллакай ин Панҷакенти дигар — мусулмонӣ буд. Ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ях мебаст. Мардуми Панҷакент аз доманакӯҳҳо ба водиҳо поин фарома- да, дар онҷо ҳавлиҳои дорои боғу токзорҳо бунёд карданд. Набояд гуфт, ки арабҳо бо суғдиҳо муносибати бераҳмона доштанд. Ба суғдиҳо то қабули пурраи Ислом иҷозат дода мешуд, ки аз дини худ дар хонаҳояшон пайравӣ кунанд. Забони форсии нав (тоҷикӣ) оҳиста- оҳиста ҷои забони суғдиро мегирифт. Ҳарчанд сокинони деҳаҳо то замони таназзули империяи Сомониён дар охири садаи 10-ум ба за- бони суғдӣ ҳарф мезаданд. Ҷомеаи суғдиҳо дар шарқ таҷриҷан бо чиниҳо, туркҳо ва марду- ми дигари осиёӣ омезиш меёфтанд. Ба гуфтаи суханшинос ва луғат- шиноси асри 12, Маҳмуди Кошғарӣ, мардуми арғу дар Семиречйе (Ҳафтоб ва бо қазоқӣ - Жетисӯ)-и қазоқу қирғиз суғдҳои туркшудаи дузабона — Соғдак ҳастанд. Мардуми Балосоғун дар асри 12 бо ду за- бон гап мезаданд, дар ҳоле ки сокинони Суғд ба забони форсӣ гузашта Page 140 140 буданд. Донишманди фаронсавӣ Этен де ла Весйер менависад, ки то асри 12 хоразмиён ва семиречиён ба забони суғдӣ ибодат мекарданд. Шоҳзоданишинии маҳаллӣ ба тадриҷ мухториятро аз даст медод, ашрофзодаҳо ва тоҷирони сарватманд шаҳрҳои хурдро ба монанди Панҷакент тарк мекарданд. Нухбагони суғдие, ки Исломро қабул карда буданд, аз байн нараф- танд. Онҳо кори худро идома дода, дар зинаҳои иҷтимоӣ боло ме- рафтанд ва ба сохторҳои давлатии хилофат дар Марв, Нишопур ва Бағдод шомил мешуданд. Суғдиҳо дар шуубия (ҷараёни сиёсие, ки дар асрҳои миёна дар баробари бартариҷӯии арабҳо нисбат ба мар- думи эронинажод ба майдон омадааст) иштирок намуда, ба забонҳои арабӣ ва форсӣ рисолаҳо ва шеърҳо менавиштанд. «зАнбӯрҳои ФАрҳАнг» Суғдиён дар муқоиса бо чиниҳо ва туркҳо мардуми он қадар бузур- ге нестанд. Онҳо на тавассути нерӯи лашкари худ ва ҳамлаҳои таҷо- вузкорона, балки тариқи ақлу хирад, заковат, чобукӣ ва малакаи муо- шират бо халқҳои дигар (бо забони худи онҳо) ба комёбӣ даст ёфтаанд. Суғдиҳо дар соҳаи фарҳанг ба корҳои иҷтимоӣ, аз қабили шикор, оростани зиёфат бо мусиқию рақс, театр ва варзиш таваҷҷуҳи вижа доштанд. Хонаи онҳо баъзан ба намоишгоҳи ҳунар шабоҳат дошт. Муҳоҷирони суғдӣ дар Чин дар ҳунари фароғатии ин кишвар баъзе навгонӣ ворид карда, тавре мегӯянд, онҳоро бо «стриптиз» ё рақсҳои урёну нимаурёни занон ошно сохтанд. Чиниҳоро ба шаробнӯшӣ моил карданд. Вожаи чинии «путао» (pútáojiǔ) ба маънои «ангур» ва «ша- роб» аз забони суғдӣ гирифта шудааст. Аспҳои воридотӣ аз Давон (Фарғона) барои чиниҳо монанди мо- шинҳои гаронарзиши имрӯзаи хориҷӣ буданд. Рақси пурэнержии «Гурбони суғдӣ», ки ҳам дар майхонаҳо ва ҳам дар дарбори импера- тор иҷро мешуд, хеле маҳбуб гашта буд. Таъсири суғдиҳо дар топонимика низ чашмрас аст. Аксарияти мут- лақи номҳои ҷуғрофии Осиёи Миёна дар давраи қадим ва асрҳои Page 141 141 миёна суғдӣ мебошанд. Дар ин рӯйхат ҷои аввалро «канд» (шаҳр) ишғол мекунад. Ба андешаи П. Лурйе, калима (суффикс)-и «канд» (аз «кандан», яъне «кофтан», «сохтан») нишонии ба худ хоси топо- нимикаи суғдист. Мустамликадорони суғдӣ ба муҳити бодиянишинон ё кӯчманчи- ёни Ҳафтрӯд маҳорати мукаммалтари кишоварзӣ оварда, бо ин роҳ ҳаёти иқтисодӣ ва экология ё муҳити зисти ин минтақаро дигар кар- данд. Онҳо дар асрҳои 2 ва 3-и милодӣ тарғибгарони асосии буддоияи ҳиндӣ дар Чин буданд. Суғдиҳо пас аз чаҳор сол ба Чин ва туркҳои АвруОсиё динҳои ғар- бии монӣ ва масеҳияти несторианиро оварданд. Дастовардҳо ба ҳадде зиёданд, ки донишмандон мегӯянд, тамаддуни суғдӣ назар ба каш- фиёту ихтирои худ бо азхуд кардан ва интиқол додани дастовардҳои хориҷӣ бештар маъруф аст. Онҳо суғдиҳоро «занбӯрҳои фарҳанг» меномиданд. Аҷиб аст, тамаддуни бойи суғдӣ, ки тақрибан ду ҳазор сол дар Оси- ёи Миёна ривоҷу равнақ ёфтааст, ҳеч гоҳ давлатдории худро ташкил накардааст, то бо Византия, Сосониён, Кушониён ва Чини ҳамзамо- наш рақобат кунад. Он чи мо ҳоло Суғд меномем, чанд қаламрави хурду мустақил, шаҳр ва воҳаҳост. Тамоми дастоварду комёбиҳое, ки суғдиҳо дар фарҳанг ва иқтисод доштанд, бе такя ба қудрат ва нерӯи ҷангӣ ба даст омадааст. Онҳо ин дуро надоштанд! Вақте ба сарзамини суғдиҳо аввал ҳуннуҳо (асри 4) ва баъдан тур- кҳо (асри 6) ҳамла карданд, онҳо тавони муқовиматро бо ҳамлагарон надоштанд. Аммо ба қадри кофӣ дониш доштанд, ки таҷовузи душ- манро ба нафъи худ истифода карда, онро ба ҳамкорӣ, ба наздикша- вии мардуми бумӣ ва бодиянишин равона созанд, то дар он қисма- ти АвруОсиё, ки дашт бо воҳаҳо ҳамсарҳад аст, нақши миёнарави асосиро бибозанд. Онҳо сарватманд шуданд ва ҳам тавонистанд, дар ҳама соҳаҳо (ба ҷуз аз ҳарбӣ), пеш аз ҳама дар тиҷорат, санъат, илм, дипломатия ва забоншиносӣ пешрафт кунанд. Онҳо дар Чин ҳатто ташаббускорони ҳаракати суғдӣ ҳам буданд, ки «аз ҷониби тоҷирони суғдӣ дастгирӣ ёфта, қасди ғасби тахти императориро дошт». Page 142 142 Суғдиёни сарватманд ва ашрофзода ҳокимияти марказӣ - подшоҳи умумии худро надоштанд. Худро «шоҳи Суғд» эълом кардани Де- ваштич як кӯшиши дермондаи муттаҳидсозии суғдиён дар муқобили душман буд. Суғдиён ҳамчун арбоби давлатӣ шикаст хӯрданд, чун «дини давлатӣ»-и муттаҳидсоз надоштанд. Онҳо ҷаҳонватан ё космополит буданд ва дарҳояшон ба рӯйи ҳамаи фарҳангу дини мардуми дигар боз буд. Суғдиён як фарҳанги нотакрор ва ба худ хоси шаҳрнишинии пешазисломиро дар Осиёи Марказӣ со- хтанд, ки решаҳои қадимии ориёӣ ва юнонӣ дошт. Хидмати асосии суғдиҳо ин буд, ки онҳо дарки ягонагии ҷаҳон ва ба ҳам наздишавии халқҳоро вазифаи худ медонистанд. исломишАвии суғд: «ҷонибдор» вА «зид» Зуҳури дини ислом пайомадҳои мутаноқиз (ба ҳам зид) дошт. Ҳукмронии мусулмонон ба истифодаи забони суғдӣ поён бахшид. Хушбахтона, ин забон дар шакли тағйирёфта ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми кӯчаки «яғнобӣ» дар вилояти Суғди Тоҷикистон истифода мешавад. Бо ин ҳол, дар забони форсӣ-тоҷикӣ вожаҳои зиёди суғдӣ ҳифз карда шудаанд. Маъмултарини ин вожаҳо дар забони тоҷикӣ «нағз» (хуб) аст, ки ба мо аз гузаштаҳои суғдиамон ба мерос мондааст. Ин калима барои аксари форсизабонони Эрон ва Афғонистон нофаҳмо аст. Ба назари Лурйе, гузариш ба форсии нав (тоҷики муосир) натиҷаи муҳоҷира- ти оммавии форсҳо ё наслкушии мардуми маҳаллӣ набуд. Ӯ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд, ин як раванди тадриҷан аз худ кардани забонҳои маҳаллии эронӣ аз ҷониби хеши тавонотарашон буд. Пайомади бешак мусбати омадани Ислом ва гузаштани суғди- ён ба забони форсӣ ин буд, ки онҳо ва форсизабонони Эронро дар як давлат — нахуст дар хилофати Аббосиён ва сипас дар империяи Сомониён муттаҳид сохт. Бо зуҳури Ислом як маркази бузурги му- стақили қудрат дар Осиёи Миёна (Самарқанд ва Бухоро) падид омад. Ташаббускораш суғдиён буданд. Этен де ла Весйер тахмин мезанад, Page 143 143 ки тоҷирони сарватманди суғдӣ дар гардиши Суғд ба сӯи Форс ва Ироқ саҳм гузоштаанд. Онҳо истилои исломӣ-арабии Осиёи Миёнаро ба далелҳои иқтисодӣ ҷонибдорӣ карданд. Истилои Суғдиён «оли- гархҳо»-и суғдиро дар шакли ба истилоҳ, як иттиҳоди гумрукӣ бо вилоятҳои ғарбӣ пайванд кард, ки боиси бартараф шудани монеаҳои сахти гумрукӣ ва рушд ёфтани тиҷорат бо Бағдод шуд. Яъне, боиси боз ҳам сарватманд шудани тоҷирони суғдӣ гардид. Гузашта аз ин, Этен де ла Весйер мегӯяд, суғдиён юриши мусулмо- нонро ба Мовароуннаҳр амалан сармоягузорӣ мекарданд ва зиндонӣ шудани сарбозони арабро барои напардохтани қарзи судхӯрони суғдӣ далел меорад. Оё тоҷикони имрӯз аз омадани Ислом ва аз байн рафтани дини зардуштӣ дар Суғд бояд ғамгин бошанд? Чаро имрӯз дар Осиёи Ми- ёна ба монанди Эрон пайравони дини зардуштӣ нестанд? Шояд ин натиҷаи бераҳмии арабҳо буд? Вале арабҳо зардуштиҳоро дар Эрон ба монанди масеҳиёни қибтӣ дар Миср дар амон гузоштанд. Ҷомеаи онҳо то ҳанӯз ҳаст. Далели ин дар вижагии ойини зардуштии суғдиён нуҳуфтааст. Дар Суғд ба монанди Форс барои ба сатҳи давлат расидани ин дин шароит вуҷуд надошт. Тавре таърихнигори тоҷик М. Мамадназаров мегӯяд, «бешубҳа дини асосии суғдиҳо зардуштӣ монда буд. Албатта, на дар шакли дини Сосониён, балки дар навъҳои суғдӣ-бохтарии он. Эҳти- мол решаҳои ориёии бостонитаре дошт, ки баъдҳо тавассути ойинҳои ҳиндӣ, Ховари Миёна ва эллинӣ бар он афзуда шуд.» Арабҳо маҳз ба хотири фарқиятҳои дини суғдӣ аз ойини догмашу- даи зардуштии Эрони Сосонӣ ҳамчун бутпарастӣ таҳти таъқиб қарор доданд. Дар Суғд синфи рӯҳониёни зардуштӣ ба монанди коҳинону иерархҳо вуҷуд надошт, ки ҳуқуқу имтиёзҳои худро талаб кунанд ва аз арабҳо бигиранд. Геополитика, иқтисод ва уфуқи фарҳангии Суғди бостонӣ дар ми- ёнаҳои асри 8 тағйир ёфт. Дини нав суғдиҳоро аз Ҳиндустон, Чин ва Муғулистони бисёрхудоӣ дур карда, онҳоро ба самти ғарб, ба сӯи Форс Page 144 144 ва Шарқи Наздик, минтақаи фаромарзие гардонд, ки марказаш дар Осиёи Ғарбӣ ва Миср воқеъ аст. Суғдиён дар баробари насрониён ва яҳудиён ба пайравони дини Иброҳим табдил ёфтанд. Дар ниҳоят, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Ислом ба этногенез ё пайдоиши халқи тоҷик ва форс такони ҷиддие бахшид. Дар охири асрҳои 8 ва 9 мардуме пайдо шуд, ки дар як давлат муттаҳид шуда, дини ягонаро таблиғ мекард, ба забони муштарак — забони форсии нав (порсӣ, дарӣ, тоҷикӣ) сухан мегуфт ва ба ин забон шоҳасарҳои илмию адабӣ меофарид. тоҷикон — суғдиҳои мусулмоншудА? Ричард Фолтс ба ин суол посухи мусбат додааст. Ӯ ташаккули мил- лати тоҷикро «эҳёи исломии суғдиён» медонад (Islamicized rebirth of the Sogdians). Ин ақидаро туркшиноси канадаӣ Чжу-Юп Ли ҷониб- дорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, суғдиён пас аз истилои араб аз байн на- рафтанд, балки бо номҳои мустаори нав «сарт» ва «тоҷик» монданд. Истилои арабҳо эрониёни шарқӣ ва ғарбӣ (тоҷикону форсҳо)-ро давоми 800 сол дар як муҳити фарҳангие муттаҳид сохт, ки ба ҷаҳон нобиғаҳое ба монанди Хайём, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Ҳофизу Ҷомӣ ва ди- гаронро бахшид. «Асри тилоӣ»-и таърихи форсу тоҷик дар асри 16, замоне ба поён расид, ки узбекҳои Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна ҳуҷум ва туркҳои Сафавӣ мазҳаби шиаро дини давлатии Эрон эълон карданд. Ин зарбаи сахте ба ҷаҳони Эрон буд. Эрони шарқӣ ва ғарбӣ дубора ҷудо шуданд. Эрони пойтахташ Исфаҳон Эрони пойтахташ Самарқандро рақиб ва мухолифи худ қабул кард ва бинобар ин, бо он ҳеч гуна равобити фарҳангие дигар ба роҳ намонд. Ҳамин тавр, фаромӯшшавии идеяи «Эронзамин»-и Эрони Сосониён ва Сомониён ба таҳкими қудрати сулолаҳои турк дар Мовароуннаҳр мусоидат кард. Баррасии таърихи Суғд ба мо имкон медиҳад, ки суоли дигареро дар миён гузорем: ка- доме аз ин ду Эронро бояд «марказӣ» ва кадомашро «ғайримарказӣ», ғарбӣ ё шарқӣ бояд бидонем? Шояд лозим аст, суғдиҳоро суғдӣ номем, Page 145 145 на эронӣ? Ёдовар мешавем, ки Деваштич худро на шоҳи Эрон, балки «ҳокими Самарқанд, подшоҳи Суғд» номида буд. Ин баёнгари он аст, ки маҳз Суғд аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ дошт, бар хилофи он чи мо одат карда будем, «Эрон» меномидем. Ба нафъи бартарияти Эрони Шарқӣ-Суғд он буд, ки «Эрон» барои чиниҳо, куриёиҳо, тибетҳо ва туркҳои даврони қадим дар симои му- стамликадорони суғдӣ аз Иссиқкӯл, Кошғар, Муғулистон ва Гансу оғоз мешуд, на дар минтақаи барои онҳо дур дар доманакӯҳҳои Эрон (Ху- росон). Ва дар охир суол гузоштан ба маврид аст: чӣ гуна ташаккули форсии муосир рушд кард: Аз эрониҳо ба суғдиён ё баръакс, аз Суғд ба Эрон? Зеро адабиёти форсу тоҷик дар асри 10 дар Суғд (Бухоро ва Самарқанд) ба вуҷуд омадааст, на дар Форс. Суолест, ки баҳсу муно- зара ва посух мехоҳад. Дар мавриди хидматҳои суғдиён бояд ёдовар шуд, ки онҳо дар паҳн кардани дини Ислом дар минтақа хидмат кардаанд. Бо зуҳури ислом маҳз дар минтақаи тиҷории истисноии тоҷирони суғдӣ, дар даштҳои шимолии дарёи Сир, нахустин рӯйоварии туркҳо ба дини нав ба вуқуъ пайваста, сабаби қабул шудани дини Ислом аз сӯи на- хустин империяҳои туркҳои мусулмонии Салҷуқиён ва Қарахониён (асрҳои 10-11) гардид. Суғдиён дар эҳёи Форс нақши ҳалкунанда бози- данд. Онҳо баъди ду қарни ҳукмронии арабҳо тавассути эҳёи тасвир ва рамзҳои бостонӣ дар санъати расмии Сомониёну сулолаҳои баъдӣ тавонистанд, бо муваффақият фарҳанги бостонии Эронро бо Ислом пайванд диҳанд. Дари фарҳанги суғдӣ пеш аз зуҳури Ислом ҳам барои таъсири ҳиндуҳо, ҳам чиниҳо ва ҳам эрониҳо боз буд. Маҳз ҳамин ҳолат дар тарбияи бузургтарин донишмандони ҷаҳони Ислом аз асрҳои 9 то 11 ҳалкунанда буд. Инҷо танҳо чанд номро меорем: Берунӣ, Ал-Фо- робӣ, Ибни Сино ва Хоразмӣ ва албатта, зодаи Панҷакент, Одамуш- шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳамаи инҳо ё аз Суғд буданд ва ё дар Суғд таҳсил кардаанд. Тавре таърихшиноси рус Юрий Карев менависад, асли суғдӣ мояи ифтихори асирони Бағдод ва ҳамчунин бисёре аз эрониёни арабзабон Page 146 146 буд. Ба гуфтаи арабшиноси рус В. А. Эберман, «дар давраи бознигарии мероси фарҳангии эрониён дар хилофати араб, ҳар як форс кӯшиш мекард, ки хонаводаи худ ба марзбон (вазирон - К. А.) ва подшоҳон пайванд диҳад». Абуяъқуб ал-Хураймӣ ас-Суғдӣ, шоири арабзабони эронӣ (суғдӣ), ки дар асри 9-и милодӣ дар Бағдод, пойтахти давлати Аббосиён, зинда- гӣ мекард, навиштааст: «Онҳо (Суғдиён)! Бидонед, ин решаи ман аст, ки аз он ба воя расидаам. Охир ҳар навдаеро дар замин решае ҳаст.» Камолуддин Абдуллоев 23-юми декабри 2022 Page 147 147 ТУРКҲО ДАР БУХОРОИ ШАРҚӢ Як генерали мустаъфии Туркия дар пасманзари ҳодисаҳои Қазоқистон хостааст, кишварҳои туркӣ нерӯҳои мусаллаҳи ягона ташкил диҳанд. Юсел Карауз бар ин назар аст, ки иттиҳоди кишварҳои туркзабон на танҳо аз сиёсату иқтисод, балки ҳамгироии низомӣ ҳам иборат бошад. Сиёсатшиноси тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо, бовар дорад, пас аз эътирозу бе- назмиҳо хатту рӯҳияи миллигароӣ дар Қазоқистон ба тадриҷ паст шуда, хусусан «савтҳои туркӣ» дар он то муддати зиёде камранг хоҳанд шуд. Туркҳо ва аҳолии форсизабон дар Осиёи Миёна қарнҳо боз дар ка- нори ҳам зиндагӣ доранд, вале дар муносибати онҳо ҳамеша мушкил вуҷуд доштааст. Адиб Холид, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нор- тсфилди Миннесота, соли 2021 навишт, ғояи туркпарастӣ (на пан- туркизм) дар минтақа баъд аз соли 1917 нақши хеле муҳим бозидааст. Созмони кишварҳои туркӣ (СКТ) дар моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Анкараи Туркия таъсис ёфт. Ба ҳайати он, ба ҷуз аз Озарбойҷон ва Туркия, чаҳор кишвари ҳамакнун «турк»-и Осиёи Марказӣ (қа- блан худро туркзабон меномиданд) шомил шуданд. Туркманистон мақоми нозирро дорад. Магар дар пушти СКТ кӯшишҳои эҳёи пантуркизм, ки тоҷикон аз ин падида хотираҳои нохубе доранд, нануҳуфтааст? Шояд Тоҷики- стонро мебояд ба ин иттиҳоди туркон ҳамчун кишвари дӯсти ғай- ритурк пайвандад? Ё ба умеди он ки СКТ-ро низ тақдири Иттиҳоди ташкилношудаи давлатҳои форсизабон интизор аст, нодида биги- рад? Ё ба монанди Лигаи кишварҳои араб, ки ба далели зиддиятҳои дохилияшон сустии худро нишон додаанд? Беҳтар аст, барои посух Page 148 148 додан ба ин суолҳо шитоб накунем ва решаҳои таърихии (пан)тур- кизм дар Осиёи Миёнаву сиёсати Туркияро нисбати минтақаи мо баррасӣ намоем. Маврид ба зикр аст, ки пантуркизм як идеологияи миллатгароӣ буда, решаҳои муштараки нажодӣ, фарҳангӣ ва забонии мардуми туркзабонро дар саросари АвруОсиё таблиғ карда, ҳамаи онҳоро ба як иттиҳоди сиёсӣ ё танҳо фарҳангӣ даъват мекунад. Пантуркизм бо туркгароӣ ё туркизм умумиятҳои зиёде дорад, вале худи он нест. Дувумӣ як зуҳуроти маҳаллии миллатгароии нажодӣ аст ва пантур- кизм таълимоти сиёсиест, ки бар туркизм (миллатгароии туркӣ) асос ёфтааст. Идеяи миллатгароӣ дар минтақа нахуст дар зеҳни ҷадидон — зи- ёиёни мусулмони Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри гузашта, ки са- фарҳои зиёд намуда, афзоиши густардаи худшиносии миллиро дар кишварҳои шарқӣ, пеш аз ҳама, Туркия мушоҳида мекарданду бори нахуст фикр менамуданд, сокинони минтақаашон низ бояд «мил- лат»-и худро муайян созанд. Онҳо ҳеч шак надоштанд, ки миллати ҳама бояд умумӣ ва якхела бошад. Аммо кадом? Сулолаи манғитиҳо, ки аз миёнаҳои асри 18 то соли 1920 дар Бухоро ҳукмронӣ мекарданд, ҳарчанд узбек буданд, вале худро узбек муар- рифӣ намекарданд. Якум барои он ки сулолаҳои ҳукмрони турк аз Қа- рохониён (асри 11) то манғитиҳо ҳеч гоҳ барои паҳн кардани фарҳанги кӯчманчигии худӣ талош намекарданд, онҳо ҳаводори ашаддӣ ва пуштибони фарҳанги волои эронӣ ва исломӣ буданд. Дувум, ин ки онҳо набераҳои Чингиз ё Темур набуданд ва бинобар ин, ба хотири қонунигардонии ҳукмронии худ на ба мансубияти нажодию фарҳан- гӣ, балки ба тақводорӣ ва Ислом такя мекарданд. Онҳо худро «ами- рони мусулмон» меномиданд, на хон (Чингиззода). Намегуфтанд, ки Бухоро мулки меросмонда аз гузаштаҳои турку муғулашон аст, балки мегуфтанд, он «Маркази ислом» аст. Забони модарӣ ва расмии нухбагони Бухоро забонӣ форсӣ — нахустин забон баъди арабӣ дар ислом буд. Page 149 149 Ҳеч ҷои тааҷҷуб ҳам надорад, ки мухолифони тартиботи амирӣ низ дар ибтидои асри 20 интиқоди худро бар тарғиби туркизм ва рад шудани забони форсӣ ба унвони як забони мавъиза ва муллоҳо поя гузоштанд. Ба ҷуз ин, забони форсиро забони форсҳо - шиаҳо мешу- мурданд, ки мардуми бумии Бухоро — сунниҳо онҳоро чандон дӯст намедоштанд. Сад сол пеш ба туркгароӣ (туркизм) форсизабонон (аксарияташон тоҷик буданд), аз ҷумла донишмандон, нависандаҳо ва мутафакки- ри асосии ҳаракати ҷадидия Абдуррауфи Фитрат ҷалб шуданд, ки ба монанди Маҳмуд Беҳбудӣ аз Самарқанд то рафтан барои таҳсил ба Туркия дар соли 1909 бо забони форсии Осиёи Миёна сухан мегуфт ва менавишт, вале баъди бозгашт аз онҷо ба як миллатгарои ашаддӣ табдил ёфта буд. Ӯ баъд аз узви ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) шудан дар охирҳои соли 1920 бо як шавқу рағбати зиёд ба бунёди як ҳувияти «туркӣ» ба ҷои ҳувияти нажодии бетарафонаи «бухороӣ» машғул шуд. Вай моҳи марти соли 1921 забони туркиро дар ҶХШБ забони расмӣ эълом карда, истифодаи забони тоҷикиро дар низоми маориф ва коргузорӣ манъ кард. Ҷадидҳо ҷавононе буданд, ки ба шеваи ҷавонони турки Хилофати Усмонӣ худро ҷавонони бухороӣ номида, бо нусхабардорӣ аз таҷри- баи ислоҳоти туркӣ барои бурун рафт аз асримиёнагӣ кӯшиш мекар- данд. Вале ин модели замонависозии туркӣ тавассути нусхабардории пешрафтҳои ғарбӣ ва ба инобат нагирифтани таҷрибаи худӣ танҳо дар Туркия қисман кор дод. Кӯшишҳои табдили Бухоро ба як давлати ду- нявии мусулмоннишин, ки ба меъёрҳои ғарбӣ ҷавобгӯ бошад, ба ҳам заданд. Зимоми қудрат дар Бухоро соли 1923 аз туркони миллатгаро ба коммунистҳои русгаро гузашт. Фитрат ва ҷонибдорони «миллати туркистонӣ» аз Бухоро табъид шуданд. Танҳо мондани Файзулло Хоҷаев дар сари қудрат, ки дар бозии даст- гоҳ бар Абдуқодир Муҳиддинов пирӯз шуд ва соли 1924, ба гуфтаи Адиб Холид, на танҳо аз узбек ба тоҷик, балки ба сарвазири Тоҷи- кистон табдил ёфт. Абдуррауфи Фитрат баъди бохти ҷадидия ва ин- тиқодҳо аз пантуркизм аз сиёсат канор рафта, дар эҷодиёти минбаъ- Page 150 150 даи худ қисман ба мавзӯи «тоҷикӣ» бармегардад. Худи ҶХШБ аз як ҷумҳурии мустақили мардумӣ дар Узбекистон ба як «думрав»-и Ма- скав табдил ёфт ва ба ҷои «Турон — ватани туркҳо»-и хаёлӣ дар хари- та, чаҳор кишвари шӯравии туркӣ бо шумули Тоҷикистони форсзабон пайдо шуд, ки дар соли 1929 ба як ҷумҳурии комилҳуқуқи Шӯравӣ табдил ёфт. Ҷадидон сарфи назар аз шикаст ва айбдоркуниҳои на ҳама вақт асоснок дар пантуркизм ба афзоиши худшиносии миллӣ дар миёни халқҳои Осиёи Миёна то омадани болшевикҳо ба минтақа, бахусус пеш аз тақсимоти соли 1924 таконе бахшиданд. Бинобар ин, онҳое, ки мегӯянд, мардуми Осиёи Марказӣ бояд ба ҳукумати Шӯравӣ ва Сталин барои он ки «аз ҳеч чиз» ва бе иштироки фаъоли нухбагони маҳаллии мусулмон миллат сохтанд, хато мекунанд. Зарурати аз нав ташкил додани ҷомеа бидуни истинод ба Туркия яке аз заҳматҳои умумии ҳам ҷадидон ва ҳам доираҳои васеи рӯ- шанфикрони Осиёи Миёна ҳанӯз дар охирҳои асри 19, бо шумули Аҳмади Дониш, Маҳмуди Беҳбудӣ ва дигарон буд. Вале мо каме аз мавзуъ берун баромада, ба пеш шитоб кардем. Сад сол пеш нақшаҳои Туркия дар қиболи Бухоро ва Туркистон чӣ буд ва пантуркизм дар ин замина чӣ нақше дошт? Пантуркизм дар Империяи Усмонӣ ҳамчун як таълимоти геопо- литикие, ки туркҳоро на танҳо дар дохил, балки дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекард, солҳои 1914-1922 аз худ дарак дод. Аз ҷумла замоне ки Туркия ҳамчун ҳампаймони Олмон ва Утришу Маҷористон (Ав- стрияву Венгрия) дар Ҷанги Ҷаҳонии Якум шимолу шарқи Анатолия- ро озод карда, ба самти Қафқози «русӣ» пеш мерафт. Туркҳо моҳи сен- тябри соли 1918 Бокуро ғасб карданд ва вазири дифоъ Анвар-пошшо бо илҳом аз ин пирӯзӣ эълон кард, ки Артиши исломии Қафқозро таъсис медиҳанд. Он Осиёи Марказиро ҳадафи минбаъдаи худ меҳисобид. Аммо ҷанг тамоми захираву манбаъҳои Туркияро ба поён расонда буд ва он натавонист, ҳатто мавқеи худро дар Қафқози Ҷанубӣ тақвият бахшад, чи расад ба пеш рафтан ба самти Шарқ. Бинобар ин, Туркия аз ҷанг даст кашид ва ташаббус дар минтақаи Хазарро Бритониё ба Page 151 151 даст гирифт. Гурӯҳе аз артиши бритониёӣ-ҳиндӣ ба раҳбарии гене- рал-майор Вилфрид Маллесон моҳи августи соли 1918 марзи форсу Русияро гузашта, якҷоя бо нерӯҳои маҳаллии зиддисоветӣ 14-уми октябр аскарони шӯравиро дар Каахка (Какаи ҳозира дар Туркмани- стон) шикаст дод. Дар онҷо ҳодисаи бесобиқае рух дод. Бритониё на танҳо бори нахуст ба минтақаи зери нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ «пой гузошт», балки бо нерӯҳои ин кишвар вориди ҷанг шуд. нигАронӣ Аз «тААссубгАрон» Пайдо шудани англисҳо дар Ишқобод (Ашхобод) дар баробари мил- латгароёни Туркистон ба амири Бухоро Саид Олимхон низ умед бах- шид. Онҳо аз англисҳо хоҳиш карданд, ки чандсад километри дигар ба самти Шарқ пеш рафта, Тошканду Бухороро низ ғасб кунанд. Вале англисҳоро танҳо амнияти марзҳои худ дар Ҳиндустон ва идораи Афғонистон нигарон мекард. Онҳо ҳарос доштанд, ки хало (холи- гоҳ)-и қудрати ба вуҷудомада дар канори империяи пешин баъди рафтани Русия боиси бесарусомонӣ ва шӯриши «таассубгарони му- салмон» хоҳад шуд. Албатта, англисҳо Русияро ҳанӯз ҳам душмани худ дар минтақа мешумурданд, аммо ҳеч гуна нерӯи умумимиллиеро мушоҳида на- карданд, ки дар робита ба кӯшишҳои қатъи фармонравоии Русия дар Осиёи Марказӣ тавонанд, ба он такя кунанд. Онҳо ҳаракатеро ҳам ба- рои худмуайянкунии миллӣ надиданд ва босмачигариро низ, ки дар он нерӯи қавии исломӣ вуҷуд дошт, чунин ҳаракат намешумурданд. Минтақаро, дар ҳақиқат, зиддиятҳои амиқе аз ҳам ҷудо мекард, ки то ҳанӯз ҳам мондаанд. Агар нухбагон (элитаҳо)-и Тошканд ва Қӯқанд ҳанӯз худро ҷузъи Русия мешумурданду аз Бухоро рӯй гардонда, дар фикри истиқлол ҳам набуданд, амири Бухоро ба болшевикон нафрат дошт ва танҳо орзу мекард, ки Инглистон вориди ҷанг зидди Русияи Шӯравӣ ша- вад. Ӯ бо ин роҳ мехост, зери ҳимояти Инглистон қарор бигирад. Ба монанди раҷпутҳои Ҳиндустон, ки ба соҳибихтиёрии Бритониё дар Page 152 152 ивази худмухтории маҳаллӣ ва кафолати эмин мондан аз таҷовузҳои хориҷӣ розӣ шуда буданд. Ба ҷуз аз ин, нухбагони Туркистону амир, ҳамчунин босмачиҳо низ вуҷуд доштанд, ки онҳоро мардуми Фарғона, манотиқи атрофи аморати Бухоро, аз ҷумла қабилаҳои нимкӯчманчии узбекҳо, тур- кҳои Балҷувон, тоҷикони Ҳисору Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва Масчо ташкил медоданд. тАлошҳои инглистон вА русия бо Чӣ Анҷомид? Онҳо бехабар аз миллатгароӣ ва (пан)туркизм дар ҷомеаҳои сун- натӣ зиндагӣ мекарданд, қадри нангу номус ва ғайратро медони- станд, якпорчагиву амнияти ҷамъиятӣ ва шаъну шарафи занонро ҳифз мекарданд. Бухороиҳо бар хилофи туркистониҳо русҳоро, ки бар замми ин ҳама дар Бухоро мисли хонаи худ фармонравоӣ мекар- данд, надида буданд ва бинобар ин, бартараф кардани фаврии онҳоро талаб карданд. Онҳо ҷадидонро «кофир» ва ватанфурӯш меҳисоби- данд. Аммо шӯришиёни маҳрум аз роҳбарии дуруст ва стратегияи хуб дар Бухоро, аксар вақт ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва ҷанҷоли дохилӣ роҳ медоданд ва ба муқобилияти аҳолии осоишта дучор меомаданд. Ҳамин тариқ, ин минтақа аз ҷониби Инглистон ё Русия як субъекти мустақили геополитикӣ ҳисобида нашуд. Аввалӣ билохира тасмим гирифт, минтақаи мушкилзоро ба Русия во гузорад ва моҳи апрели соли 1919 нерӯҳои худро аз Туркманистон берун бурд. Ҳамин тариқ, бо шарофати дастгирии бавоситаи Антанта, ҳукумати Шӯравӣ охирҳои соли 1920 ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар Осиёи Марказӣ, бо шумули Хива ва Бухоро, ки шоҳи «инқилоб» шуданд, тақвият ёфт. Анвар ва ҷонибдоронаш дар чунин вазъият тасмим гирифтанд, ки бо баҳонаи муборизаи муштарак зидди империализми Инглистон, бо Русия наздик шаванд. Сипас гардиши ғайринтизоре сурат гирифт: аз русҳо ба босмачиҳо гузаштанд. Анвар аз пазироии сарди болшеви- кон, ки дар сиёсати туркии худ ба Мустафо Камол такя мекарданд, асабӣ шуда, 8-уми ноябри соли 1921 ба назди босмачиён рафт. Онҳо Page 153 153 барои шахсе, ки аз таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ огоҳии чандон хубе надошт, «инқилобгарони мусаллаҳ» менамуданд. Ӯро сард па- зироӣ карданд. Раҳбари узбекҳо-лақайҳо Иброҳимбек Анварро зуд дастгир карда, тақрибан се моҳ дар ҳабс нигаҳ дошт. Босмачиҳо туркҳо, хатмку- нандагони аврупоишудаи академияҳои низомиро борҳо дар роҳҳои Бухорои Шарқӣ ғорат карданд. Ҳарчанд Анвар (бо кумаки Олимхон ҳам бошад) ибтидои моҳи марти соли 1922 билохира «сарфармон- деҳи муҷоҳидони Бухоро» эътироф шуда бошад ҳам, мудирияти шаш- моҳаи туркҳоро дар Бухорои Шарқӣ на аз нигоҳи низомӣ ва на аз нигоҳи муносибатҳои маданӣ наметавон комёб номид. Кӯшиши туркҳо барои маҷбур кардани бухороиҳо ба хондан, итоа- ти қоидаҳои низомӣ, рушди тиҷорат, иқтисод ва ҳатто коркарди ман- баъҳои табиӣ ба нофаҳмиҳо, коршиканиҳо ва эътирозҳо анҷомиданд. Бахусус, лақайҳои Иброҳимбек, ки Анвар дар мукотибаҳояш ба онҳо лаънатҳои сахт фиристодааст, худро якраву саркаш нишон додаанд. муқоисАи гузАштА вА ҳоло Иброҳимбек то миёнаҳои солҳои 1920-ум Кӯлоб, Вахш, Ҳисор ва Сурхондарёро идора карда, бозиҳои худро идома медод. Ӯ қудрати Артиши Сурхро дида, бо камоли майл мукотиба бо русҳоро оғоз кард, то онҳоро барои берун бурдани нерӯҳояшон маҷбур созад ва ба туркҳо, ки дар қатори ҷадидони манфур ва гурӯҳҳои сурх дар «ихтиёраш» буданд, бовар намекард. Иброҳимбек ба собиқ амир — Олимхон, ки ба он тарафи рӯдхона — Кобул паноҳ бурда буд, изҳори садоқат мекард. Дар айни ҳол дар мубориза бо рақибон — раҳбарони тоҷики Қароте- гину Дарвоз, ки ба таври тазодомез аз Анвар ҷонибдорӣ мекарданд ва ба ҳимоят аз туркҳо зидди узбекҳо борҳо ҷангидаанд, нерӯи зиёд сарф кардааст. Моҷароҳои Анвар дар бештари маврид ба далели фурсат- талабӣ ва якравии Иброҳимбек ба ҳам мезаданд. Эътилофи ларзони афсарони турк, ҷадидон-либералҳо, мансабдорони пешини аморат ва гурӯҳҳои минтақавии босмачиҳои ниммустақили муттаҳидшудаи Page 154 154 харизмаи Анвар пош хӯрда, ҳамзамон идеяи тахайюлии ташкили «империяи турк» аз Босфор то Ҳиндустон низ ба ҳам зад. Баргардем ба иттиҳоди туркии модели охирҳои соли 2021. Дар ин робита ба худ ҳақ медиҳам, то тахмин занам, ки кишварҳои муосири туркзабони Осиёи Марказӣ назар ба пантуркизми миллӣ, ки баро- яшон танҳо як идеяи хаёлпарастона аст, ба ҳувияти миллӣ — узбек, қазоқ, туркман, қирғиз ва қарақалпоқ — бартарӣ медиҳанд. Пантур- кизм дар худи Туркия низ, ки гароиш ба Ғарб дорад, ҳамчун як идеяи «шарқӣ» қабул шуда, чандон ҷонибдори зиёд надорад. Барои мисол, таърихшиноси муосири турк ва сиёсатшинос Аҳад Андиҷон бар ин назар аст, ки дар Осиёи Марказӣ бояд як федератсияи худӣ таъсис ёбад ва кишварҳои ғайритуркзабон, аз қабили Тоҷики- стон ва Муғулистон тавонанд ба ҳайати он дохил шаванд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа то замони таъсиси чунин федератсия давлатҳои сусте хоҳанд монд, ки амрҳои абарқудратҳое ба монанди Русия ва Чинро иҷро мекунанд. Бо вай розӣ нашудан ҳам мушкил аст. Камолуддин Абдуллоев 27-уми январи 2022 Page 155 155 НИЗОЪ БАР САРИ ҚАРОБОҒИ КӮҲӢ: НИГОҲ АЗ ДУШАНБЕ Ҷумҳурии Қаробоғи Куҳӣ (солҳои 1923-1991 — вилояти Қаробоғи Куҳӣ) минтақаи на он қадар бузург буда, бо ноҳияи Ванҷи мо баробар аст. Бештари сокинони ин минтақаи кӯҳӣ арманиҳо ҳастанд ва он аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар ҳудуди Озарбойҷон ҷойгир аст. Қаробоғ хонаи озариҳо низ ҳаст (асосан ноҳияи Шушин). Дар бо- раи он чӣ медонем? Аввал ин ки сокинони он ҳамватанони пешини мо ҳастанд. Зеро арманиҳо, озариҳо ва тоҷикон замоне як ҷузъи Ит- тиҳоди Шӯравӣ ва қабл аз он, ду ҳазор сол пеш, ҷузъи Эрони бузург (Эронзамин) буданд. Озариҳо аз нигоҳи фарҳанг эронӣ ва аз нигоҳи забонӣ турк ҳастанд. Дар ҳоле ки арманиҳо аз нигоҳи забонӣ ҳин- дуаврупоӣ буда, гузаштаи эронияшон дар фарҳанги онҳо таъсири амиқ гузоштааст. Армании Қаробоғӣ Сурен Шадунтс дар солҳои Шӯравӣ ҳамчун ко- тиби аввали Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон расо ду сол — аз моҳи январи соли 1935 то моҳи янва- ри соли 1937 — Тоҷикистонро раҳбарӣ кардааст. Гузаштаи мушта- раки таърихӣ дар фарҳанг мунъакис шудааст. Мусиқии арманӣ ва озарӣ ба дӯстдорони мақому сурудҳои лирикии муосир дар Тоҷики- стон ошност. Қаробоғ ватани Бобоев Андрей Аванесович, муаллифи машҳурта- рин суруди ҶШС Тоҷикистон — «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Я встре- тил девушку) дар асоси шеъри Мирзо Турсунзода аз филми ҳамном мебошад. Шояд маҳз барои ҳамин дарки ин низоъ барои тоҷикон сахту мавқеъгирӣ дар он мушкилтар аст? Албатта, дар ин матлаб та- Page 156 156 лош нашудааст, ки ба суоли мазкур посух гуфта шавад. Муаллиф танҳо кӯшиш кардааст, ки назари шахсии худро аз Душанбе ба ин мушкил баён намояд. Вале бо тартиб. муқАддимА. қАФқоз Қафқозро асосан ба Шимолӣ (Доғистон, Чеченистон ва воҳидҳои дигари маъмурии Русия) ва Ҷанубӣ (Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон) ҷудо мекунанд. Вале ин тафсири кӯҳнашуда аз давро- ни Шӯравӣ ба мерос мондааст. Баъзан ба Қафқоз минтақаҳои ҳамсо- яеро аз Эрону Туркия рабт медиҳанд, ки сокинони он ҷойҳо қафқозӣ ҳастанд. Барои намуна, Арманистони Ғарбӣ аз асри 16 то соли 1923 як ҷузъи Империяи Усмонӣ буд. Оҷористони Гурҷистонро солҳои дароз Туркия идора мекард. Дар Исфаҳон ва саросари Эрон аз замони қадим гурӯҳҳои бузурги гурҷиҳо, арманиҳо ва мардуми дигари Қафқоз ҷойгир буданд. Ба ҷуз аз ин, дар Туркия ҷомеаи бузурги қафқозиҳо зиндагӣ мекунанд, ки дар натиҷаи юриши Русия ба Қафқоз дар асри 19 ташкил шудааст. Дар охири солҳои 1880 султони турк, ки мусулмонҳо ӯро халифа меҳисо- биданд, дари империяро барои ҳамаи ҳамдиноне кушода эълон кард, ки кӯчидан мехостанд. Ба ҳисоби донишмандон, шумори умумии мусулмононе, ки дар миёнаҳои солҳои 1860 ва 1914 аз Русия ва Балкан ба Империяи Усмонӣ фирор карда буданд, ба 5-7 миллион мерасид. Бештари муҳоҷирон бо шарофати умумияти динӣ бо ҷомеае, ки вориди он шуданд, муваф- фақона айният пайдо карданд. Аммо бо вуҷуди ин, онҳо ба бадбах- тие, ки болои сари ҳамватанони пешинашон омадааст, метавонанд вокуниши дардноке намоянд. Ин пеш аз ҳама ба арманиҳо рабт до- рад, ки дар натиҷаи қатли оми солҳои 1914-1917 осеб дида буданд. Он ҳодисаҳои фоҷиабор ба зуҳури ҷамъияти миллионнафарӣ дар Хо- вари Миёна ва Аврупо сабаб шуда буданд. Анкара рух додани қатли омро рад карда, мегӯяд, хушунаткориҳо тавассути «арманиҳои хои- Page 157 157 не» барангезонда шуданд, ки ошӯб барпо карда, аз Русия ҷонибдорӣ менамуданд. Русия он замон бо Туркия ва Олмон дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт. Дар зимн, инро ҳам бояд қайд кард, ки қатли оми арманиҳоро гене- рали турк Анвар Пошо ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш ташкил карда буд, ки артиши босмачиёнро фармондеҳӣ мекард ва моҳи августи соли 1922 дар Балҷувон бо сарбозони Артиши Сурх дарафтод. Вале инҷо ба шиносоии Қафқоз ҳамчун минтақа идома медиҳем. Қафқоз баръакси Осиёи Марказии бисёрфирқаии туркӣ-тоҷикӣ, ки иборат аз панҷ кишвари мустақили мусулмоннишин аст, бо ранго- рангии зиёди худ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи динӣ-фарҳан- гӣ фарқ мекард. Бахусус, кишвари Ставрополи Русия, ҷумҳуриҳои худмухтори мусулмоннишини Қафқози Шимолӣ, давлатҳои мустақи- ли Қафқози Ҷанубӣ, ки бузургтарин ва сарватмандтарини онҳо Озар- бойҷони мусулмоннишин мебошад. Худи вожаи Қаробоғ аз калимаҳои туркии «қара» (сиёҳ) ва тоҷикии «боғ» гирифта шуда, бар он ишора мекунад, ки Эрон ва қабилаҳои турк дар гузаштаи ин минтақа нақши асосиро бозидаанд. Таърихи навини Қафқоз аз рақобатҳои Империяи Усмонӣ ва Эрон сар карда, то асри 16, замони омадани русҳо идома ёфтааст. Ба ғасби онҳо ибро- зи алоқаи подшоҳи рус барои пуштибонӣ аз масеҳиёни Қафқоз аз ҳуҷумҳои Эрону Туркия сабаб шуд. Чеченҳо ва доғистониҳо — Шайх Мансур ва Имом Шомил баръакс зидди Русия дар асрҳои 18-19 муқо- вимат карданд. Онҳоро идеяи ҷиҳод муттаҳид сохта буд, ки боиси паҳн шудани дини ислом ба дурдасттарин авулҳо шуд. Бояд гуфт, ки ҷустуҷӯи Русия барои ёфтани ҳампаймон дар миёни масеҳиёни Қафқоз муносибатҳоро миёни сокинони ин минтақаи гуногунранги қавмӣ-мазҳабӣ ба ҳам зад. Агар Қафқозро тахтаи бозии шоҳмот фарз кунем, пас, теъдоди онҳое, ки мехостанд дар ин майдон бозӣ кунанд, бо фурӯпошии Ит- тиҳоди Шӯравӣ афзоиш ёфт. Нуфузи Русия ба Қафқози Ҷанубӣ ва Оси- ёи Марказӣ оҳиста-оҳиста коҳиш меёбад. Ҳарчанд ин нуфуз ҳанӯз ҳам сахт асту бозигаре дар сатҳи он дар минтақа мавҷуд нест. Эрону Page 158 158 Туркия ба сафи онҳое, ки майли бозӣ дар ин майдонро доранд, пеш аз ҳама пайвастанд. Дақиқтараш онҳо баъд аз як муддати кӯтоҳи ғоибӣ аз нигоҳи таърихӣ дубора ба Қафқоз баргаштанд. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин низ дар пайи манфиатҳои худ дар минтақа ҳастанд. Минтақа аз нигоҳи геополитикӣ тақсим шудааст. Арманистон ҳамеша аз ҳимояти бузурги Русия бархӯрдор аст (Ёдрас мешавем, дар Арманистон низ ба монанди Тоҷикистон пойгоҳи ни- зомии Русия ҷойгир аст). Дар ҳоле ки Озарбойҷон ба худкифоӣ талош дошта, бисёрсамтиро дар бахши сиёсати хориҷии худ ҳифз менамояд. Гурҷистон пинҳон намекунад, ки мехоҳад, ҷиҳатгирии ғарбиро нигаҳ дошта, ҳамчунин, мустақилона тасмим гирад, ки бо кӣ дӯстӣ кунад. Он ба хотири низои мусаллаҳона бо Русия дар соли 2008 Осе- тияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро аз даст дод. Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия ба «як гуруҳ» шомил мешаванд, бахусус агар гап сари иҷрои лоиҳаҳои рушди шабакаи ҳамлу нақл ё хатҳои лӯла биравад. Армани- стон, Эрон ва Русия дар навбати худ зидди ин лоиҳаҳо ҳастанд. Эрон, ки дар ин ҷанг мавқеи бетарафиро пеш гирифта буд, ноком монд. Зеро Озарбойҷон дар натиҷаи ҷанг назорати марзи Эрон бо Арманистон- ро ба дасти худ гирифта, дастрасии Теҳронро на танҳо ба он кишвар, балки дар умум ба Қафқоз баст. Чаро Эрони исломӣ бо Русия ва Арманистон дар як гуруҳ ҷой ги- рифтааст? Зеро Эрон нигарон аст, ки ташкили давлати нерӯманду му- стақили Озарбойҷон метавонад рӯҳияи ҷудоихоҳиро дар миёни ақал- лиятҳои озарии он ки ҳудуди 20 миллион нафар — ду баробар бештар аз аҳолии Озарбойҷон шумурда мешавад, афзоиш хоҳад дод (Ёдрас мешавем, ки маҳз ҳамкориҳои Эрону Русия дар имзои созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон дар солҳои 1994-1997 нақши калидӣ бозида буд). Теҳрон бо дидани бозиҳои раҳбарони Озарбойҷон бо идеяҳои пан- туркии бархоста аз Анкара ба ҳамкории зич бо Арманистон дар низои ибтидои солҳои 90-ум барои Қаробоғ талош мекард. Ин дар ҳолест, ки Озарбойҷон як кишвари бародари шиамазҳаб аст. Ба ин тартиб, дар Қафқози бузург ду блок ба вуҷуд омад: ғарбгаро — иборат аз Туркия, Page 159 159 Озарбойҷон, Гурҷистон, Иттиҳоди Аврупо ва ғайриғарбии муташак- кил аз Русия, Арманистону Эрон. Агар дар бораи сохтори дохилӣ ва самтҳои сиёсӣ суҳбат кунем, пас, дар Гурҷистон ва Арманистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолшавии шаҳрвандон мушоҳида шуда, режимҳо иваз гаштанд ва ҳаракатҳо ба самти кишвари бозу демократӣ ҷараён доранд. Дар ҳоле ки дар Озарбойҷон тамоюлҳои худкомагӣ тақвият меёбад. Вале дар пасманзари баргаштани Қаробоғ бовари озарбойҷониҳо ба президент Илҳом Алиев афзоиш меёбад ва феълан дар ҷомеа дархостҳо барои тағйири режим мушоҳида намешавад. Чаро Қаробоғи Куҳӣ сарфи назар аз он ки сокинонаш арманиҳо ҳастанд, ба Озарбойҷон тааллуқ дорад? Арманиҳо Қаробоғро Артсах меноманд. Дар водӣ ва кӯҳҳои он беш аз 3500 дайр, калисо ва қабри- стони аслии арманиҳо мавҷуд аст. Ҳамчунин ёдгориҳои томасеҳӣ ва исломӣ низ ҳаст, аммо камтар. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таърих- нигорони озарӣ ҳамаи ёдгориҳои армании Артсах, аз ҷумла савмааи асри 13 — Дадивакро ба Албанияи Қафқоз нисбат медиҳанд. Номи форсии Албанияи Қафқоз Арран аст ва онро набояд бо Ал- банияи воқеъ дар Балкан омехта кард. Ин яке аз қадимитарин дав- латҳои Қафқози Шарқӣ аст, ки дар соҳили баҳри Каспий ва поёноби дарёҳои Арасу Кура ҷойгир ва аз асри 4 то асри 8 мавҷуд буд. Соки- нони он қабилаҳои омехта буданд. Таърихнигорони озарӣ мегӯянд, албаниҳо хеле пеш аз арманиҳо дар минтақа пайдо шуда буданд ва ҳатто албаниҳоро турктабор меноманд. Вале бостоншиноси даниягӣ Карстен Палудан-Мюллер (Carsten Paludan-Müller) ин назарияро бе- асос номидааст. сАбАби Асосии низои қАробоғ Чӣ Аст? Баъзе аз нозирон мегӯянд, низои мазкур решаи амиқи таърихӣ дорад. Ба назари Карстен Палудан-Мюллер, Туркия дахолати Авру- по ва Русияро, ки ба арманиҳову юнониҳои православ ёрӣ карданд, Page 160 160 таҳқире меҳисобад, ки набояд фаромӯш карда шавад. Бино ба гуфтаи муаррих, озарбойҷониҳо низ ин нигарониро доранд. Назари дигар низ ҳаст. Ба андешаи Томас де Ваал, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари бритониёӣ, решаи низои Қаробоғ на аз бадбинии таърихӣ ва хусумати қадимӣ миёни арманиҳову озариҳо, балки аз сиёсати Шӯравӣ об мехӯрад. Болшевикҳо дар соли 1923 бо иродаи қавӣ тасмим гирифтанд, ки дар ҳудуди Озарбойҷон вилояти худмухтори Қаробоғи Кӯҳиро ташкил кунанд. Сарфи назар аз он ки дар он арма- ниҳо бартарӣ доранд. Ба назари де Ваал, тасмими мазкур на ба хотири ҷанг андохтани ду мардум, балки бо сабабҳои иқтисодӣ гирифта шуд. Ин тасмим манъ ё сарчашмаи ноамнии дуҷониба ва машаққати ҳар ду тарафи низои имрӯз гашт. Мавқеи де Ваал барои ман ҳамчун таърихнигор наздиктар ва қо- били дарк аст. Дар ҳақиқат, сиёсати марзбандии миллии Шӯравӣ тавре тарҳрезӣ шуда буд, ки ягон ҷумҳурӣ аз ҷиҳати қавмӣ набояд якхела бошад. Барои намуна, черкесҳо ва қабардиниҳо, ки дар асл як миллатанд (адигеяҳо) дар ду ҷумҳурӣ - Карачаево-Черкесия ва Қабар- дино-Балкар ҷой дода шудаанд. Бар иловаи ин, дар Русия ҷумҳурие ҳаст, ки Адигея ном дорад. Зоҳиран ҳукумати Шӯравӣ нахост, чер- кесҳои саркашро дар як ҷумҳурӣ муттаҳид кунад, вагарна дар харита давлати дигаре ба андозаи Озарбойҷон ва Гурҷистон пайдо мешуд. Карачаевҳо ва балкариҳо дар навбати худ мардуми турк ҳастанд ва мантиқан онҳоро мешуд, дар як ҷумҳурӣ ҷамъ овард. Дар ин су- рат бар иловаи Озарбойҷон дар Қафқоз як ҷумҳурии дигари турк- забон ташкил мешуд. Ба ибораи дигар, ҳудуди сиёсӣ ва маъмурӣ аз рӯи беандешагӣ ва ё бо мақсадҳои ҷиноӣ тақрибан на ҳамеша бо эт- но-фарҳангӣ рост меомад. Ин вазъи фоҷиабор барои тоҷикон хуб ошно аст. Осиёи Марказӣ ва Қафқозро, ки халқҳои гуногун дар он, бахусус дар шаҳрҳои бузург (Боку, Тифлис, Самарқанд, Бухоро) ва водиҳои дорои заминҳои ҳосилхезу обҳои фаровон (дар навбати аввал Фарғона ва Зарафшон) канори ҳам зиндагӣ мекунанд, беҳтар буд ба монанди Амрико ба марзҳои маъмурӣ ҷудо карда, ба минтақаҳо (вилоят ва иёлат) ҳуқуқи зиёд дода мешуд, то шаҳрвандон мушкили тақсимоти Page 161 161 об, замин, бунёди зербиноӣ ва нигоҳбини ёдгориҳои таърихиро якҷоя ҳал мекарданд. Хонандаи тоҷик шояд дар ин замина низои Ворухро ба ёд орад, ки ҷони даҳҳо нафарро рабудааст ва эҳтимол низ дорад, ки ҷони чандин тани дигарро ҳам рабояд. Зеро сабабҳои низоъ ҳанӯз ҳам бартараф нашудаанду ҳамоно вуҷуд доранд. Ҳамин тавр, муайян кардани ҳудуди маъмурӣ дар солҳои 1924- 1936 на «табартақсим», балки «байниқавмӣ» буд. Тавре маълум шуд, он низоъҳои сахтеро маҳз дар заминаи қавмӣ дар пай доштааст. Ҷуброни ин тақсимотро наслҳои баъдӣ бо тахриби хонаҳо, ҷони ҷавонон, занону кӯдакон ва пиронсолони бегуноҳ пардохт мекунанд. Мероси сохтори ҳудудии Шӯравӣ, ки баъди худ анклав, экслав, марзи нодуруст ва ирридентҳоро (мардуме, ки дар як кишвар зиндагӣ ме- кунанд, вале майли баргашт ба кишвари аҷдодии худро доранд) боқӣ гузошт, аллакай даҳсолаҳо аст, ки қурбонӣ медиҳад. ҷАнг бАрои қАробоғ Миллатгароӣ ва ҷанг бо ҳам алоқамандии зич доранд. Вале ар- маниҳои Қаробоғ ҷангро намехостанд, онҳо ташнаи адолат ва худ- муайянкунӣ буданд. Онҳо дар соли 1988 бо истифода аз бозсозиҳо гуфтанд, ки мехоҳанд аз ҳайати Озарбойҷони Шӯравӣ берун шуда, ба Арманистон бипайванданд. Ин чиз боис ба хунрезиҳо миёни ду халқ шуд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ин низоъро ба ҷанги ошкоро миёни ду давлати мустақили миллӣ табдил дод. Ин ҷанг ми- ёни Озарбойҷону Арманистон барои Қаробоғ буд. Он дар таърих ҳам- чун Ҷанги аввали Қаробоғ сабт шудааст. Боку ҳақиқати худро дошт. Он барои ҳифзи тамомияти арзии худ зидди ҷудоихоҳон меҷангид. Бо назардошти таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар навбати аввал на ба масъалаҳои низомию сиёсӣ, балки ба масоили башардӯстона бояд диққат дод. Баъд аз се соли ҷанг ва кушта шудани 20 ҳазор одам ар- маниҳо пирӯз гаштанд ва созишномаи сулҳ имзо шуд. Нерӯҳои Ар- манистон дар соли 1994 на танҳо Қаробоғи Куҳӣ, балки ҳафт ноҳияи ҳамсояи Озарбойҷонро қисман ё пурра ишғол карданд, ки фоҷиаи Page 162 162 инсониро дар пай дошт. Зеро онҳо беш аз ним миллион озарбойҷони- ро аз хонаҳояшон бадарға карданд. Озарбойҷон дар натиҷаи он ҷанг аз панҷ як ҳиссаи қаламравашро аз даст дод. Раҳбарони Арманистон дар аввал гуфтанд, ки ин ноҳияҳоро му- ваққатан ишғол кардаанд, вале бо гузашти вақт фаҳмонданд, ки ни- яти баргардондани заминҳоро надоранд. Онҳоро заминҳои «озодшу- да» номида, дар хонаҳои озарбойҷониҳо 17 ҳазор арманиро маскун карданд. Ин хатои марговари онҳо буд. Зеро ҷомеаи байналмилалӣ ба таври ошкор ишора кард, ки Қаробоғи Куҳӣ расман як ҷузъи Озарбой- ҷон аст, низомиёни Арманистон бояд берун бурда шаванд ва ҳама гуна тағйири марзҳои Озарбойҷон бояд аз тариқи гуфтугӯ сурат бигирад. Дар ниҳоят, рӯзи 27-уми сентябри соли 2020, ҷанги дувуми Қаро- боғ оғоз шуд ва арманиҳо бо додани 2 ҳазору 400 қурбонӣ шикаст хӯрданд. Тибқи созишномаи сулҳе, ки бо миёнравии Русия 10-уми ноябр имзо гашт, арманиҳо маҷбур шуданд, на танҳо ҳафт ноҳияи худи Озарбойҷон, балки шаҳри Шушӣ ва як қатор ноҳияҳои Қаробоғи Кӯҳиро ҳам диҳанд. Ҳамаи харитаи Қафқози Ҷанубӣ дар давоми чанд соат аз нав кашида шуд. Бар асоси созишнома, Туркия, ки дар ҷанг барои Қаробоғ Боку- ро фаъолона дастгирӣ намуд, метавонад нерӯҳои худ, хидматчиёни ҳарбии НАТО-ро барои назорати вазъ дар ноҳияҳои Қаробоғ дар Озар- бойҷон ҷойгир кунад. Агар ин имкон даст диҳад, Анкара дер ё зуд аз Боку ба минтақаи васеъ ва бойи воқеъ дар остонаи Чину Ҳинд, суннимазҳаб, пеш аз ҳама дорои аксарияти туркзабон — Осиёи Марказӣ, ки дер боз орзуи президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон (ва қабл аз ӯ Анвар Пошо) аст, чашм «ало» хоҳад кард. Эрон, ки дар ин ҷанг мавқеи бетарафиро пеш гирифта буд, ноком монд. Зеро Озарбойҷон дар натиҷаи ҷанг назорати марзи Эрон бо Ар- манистонро ба дасти худ гирифта, дастрасии Теҳронро на танҳо ба он кишвар, балки дар умум ба Қафқоз баст. Тавре дида мешавад, «дуэти туркӣ» форсҳоро на танҳо аз минтақае берун мекунад, ки ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиниён идора мекарданд, балки метавонад эҳти- Page 163 163 рому бовари 20 миллион эрониҳои озарбойҷониро ба даст орад, ки аз мавқеи Теҳрон норозӣ буда, ба Еревану Маскав мадад карда буданд. Ин вазъ наметавонад нороҳатиҳоеро дар Душанбе ба бор наорад. Ҳарчанд акси дар Интернет нашршудаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар даромадгоҳи масҷиде дар Ағдам, ки аз сӯи арманиҳо вайрон шуда буд, аллакай ҳусни таваҷҷуҳи ҳамаи мусулмонҳо, аз ҷум- ла эрониҳо ва тоҷикистониҳоро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто Илҳом Алиевро «муҷоҳид» номидаанд. Хулоса, мо дар аввали моҳи декабри соли 2020 чиро мебинем? Ан- кара ва Боку пирӯзиро ҷашн мегиранд, Исроил, душмани ашаддии Эрон ба Озарбойҷон, аз ҷумла тавассути дронҳо кумак кард (ёдрас мешавем, дар пушти Исроил Арабистони Саудӣ ва Амрико истода- анд), дар Теҳрон аз ҳаммарзӣ бо хатар дар ташвишанд. Эрон ҳарчанд дар бахши хориҷӣ мавқеи бетарафиро ҳифз кардааст, дар Ереван ин бетарафиро душманона мепиндоранд. Дар Арманистон эътирозҳо, норозигиҳо ва сабукшавӣ мушоҳида мешавад. Арманиҳо сарфи назар аз он ки шаҳри Шушӣ ва чанд ноҳи- яи дигарро аз даст додаанд, аз Русия миннатдор ҳастанд. Посдорони сулҳи фиристодаи Русия ба поккории минаҳо ва ҳамроҳӣ кардани мусофирбари гурезаҳои баргашта машғул ҳастанд. Вашингтон ва кишварҳои аврупоӣ аз он ошуфта ҳастанд, ки тавоно- ии онҳо зери суол қарор гирифт. Зеро ба даргириҳои хунини Қаробоғ на онҳо, балки бозигарони минтақавии «дувумдараҷа» — Маскаву Анкара тавонистанд поён диҳанд. Аммо Маскав бо ин амали худ ҳар- чанд нуфузи афзояндаашро дар ҷаҳон намоиш дод, зоҳиран барои худ дардисари дигаре харид. Маҷбур мешавад, ки барои маъмурияти худ дар Қаробоғ харҷи бештар кунад ва низомиён, сиёсатмадорон ва ди- пломатҳои туркро боз дорад, ки ба Қафқози ҷанубӣ «мешитобанд». бАъзе Аз дАрсҳои рАвАнди сулҳ дАр тоҷикистон Агар дар Тоҷикистон созишномаи сулҳ (соли 1997) дар пайи гуфту- гӯҳои беш аз сесола ва иштироки созмону кишварҳои зиёд имзо шуда, Page 164 164 инҷо мо қатъи даргириҳо ва додани қаламрав, тағйири сарҳадҳоро бе машварату гуфтугӯҳои қаблӣ мебинем, ки ҳамсонашро таърихи Иттиҳоди Шӯравии пешин дар ёд надорад ва ҳамчунин дар натиҷаи он як ҷониб худро мағлубу таҳқиршуда меҳисобад ва ҷониби дигар хушҳолӣ дорад. Дар санади имзошуда мақоми сиёсии Қаробоғи Кӯҳӣ зикр нашудааст. Муҳимтар аз ҳама дар бораи барқарорсозии иқтисод, бозсозӣ, муъ- тадилгардонӣ, мусолиҳаи ҷамъиятҳо, таъмини ҳуқуқи инсон, бар- гардонидани гурезаҳо (беш аз 100 ҳазор гуреза бар иловаи 500 ҳазор гурезаи Ҷанги аввали Қаробоғ), бо ҷои кор таъмин кардан, тавон- бахшии ҷангиён ва чораҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон солҳои 1997- 2000 анҷом шуданд, нақшаи муфассалу дақиқе нест. Бо назардошти таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар навбати аввал на ба масъалаҳои низомию сиёсӣ, балки ба масоили башардӯстона бояд диққат дод. Бояд сабабҳоеро бартараф кард, ки метавонанд боиси сар задани дубораи ҷанг бишаванд. Бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин ва раванди сулҳи ғайрисиёсии ҳамоҳангшударо бо ҳадди аксари ҷо- нибҳо оғоз кард. Донорҳои сарватмандро дар саросари ҷаҳон бояд ҷустуҷӯ кард. Соз- мони Милали Муттаҳид, Гуруҳи Мински Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, (Фаронса, Русия, Амрико) ва ҷонибҳои дигари манфиат- дор, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷалб кард, ки дар бораи сулҳ, эҳёи иқти- сод ва ҳалли масъалаҳои сиёсӣ таҷрибаи кофӣ доранд. Эътилофи ва- сеи байналмилалиеро ташкил кард, ки Русия бо ҳампаймонони худ ва Ғарб тавонанд талошҳои худро на танҳо барои овардани сулҳ ба минтақа, балки барои кам кардани шиддати ташаннуҷ миёни худ муттаҳид сохта, унвони посдори сулҳро дар пеши чашми ҷаҳониён касб кунанд. Ҳодисаи ба ин монанд дар солҳои 1990 дар Тоҷикистон рух дода буд. Он замон Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, кишварҳои баро- дари Осиёи Марказӣ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ба раҳба- рии СММ талошҳои худро барои эҷоди сулҳ муттаҳид сохта буданд. Ҳамчунин мусоидати бахшҳои шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ Page 165 165 ва истифодаи тавонмандии ҷомеаи маданӣ барои мусолиҳаи ҷамъ- иятҳо зарур аст. Оё муколама байни Қаробоғи Куҳӣ ва Озарбойҷон, миёни арманиҳо ва озарбойҷониҳо баъд ин ҳама ҳодисаҳое, ки давоми 30 соли охир пушти сар карданд имкон дорад? Бигзор, ҷавоби ин суол боз бимонад. Камолуддин Абдуллоев 6-уми декабри соли 2020 Page 166 166 МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН: АЗ БОСМАЧИҲО ТО «ТОЛИБОН» Хабарҳо дар бораи он ки «Толибон» қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта, худро бебокона «Аморати исломӣ» номидааст, барои тамоми дунё бонги хатар мебошад. Ҳаракате, ки аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид террористӣ эълон шудааст. Коршиносон ба сиёсатмадорон аз эҳтимоли «эффекти домино», яъне вуруди терроризм, ифротгароии ҷанговар, ваҳҳобия, панисло- мизм ва ҳамаи он чизҳое, ки «Толибон»-ро ташкил медиҳанд, на- хуст ба кишварҳои ҳамсоя ва сипас ба минтақаҳои дигар, ҳушдор медиҳанд. Ба «назарияи домино» Амрико замоне ишора карда буд, ки соли 1955 ба зидди режими Ҳо Шӣ Мин дар Ветнам ҷангро оғоз кард. Мақомоти амрикоӣ он замон гуфта буданд, ки агар пеши роҳи ин низомро нагиранд, коммунизм аввал дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва сипас то ба Австралия ва Зеландияи Нав ба монанди пош хӯрдани муҳраҳои домино паҳн хоҳад шуд. Вақт нишон дод, ки ин «қоида» нодуруст аст. Коммунистҳои ҳинду чинӣ (ба монанди дигарон) ба ҷойи паҳн кардани идеология бештар ва амиқтар дар фикри манфиатҳои миллӣ буданд. Оё «То- либон»-и пирӯзшуда метавонад, фанатизми худро канор гузошта, як нерӯи муътадил шавад ва эътирофи афғонҳову боқии ҷаҳонро ба даст биорад? Ё Афғонистонро давраи нави хушунат дар пеш аст? Вақт нишон хоҳад дод. Бештари коршиносон ҳангоми суҳбат дар мавриди таъсири ноо- ромиҳои Афғонистон ва Покистон ба Осиёи Марказӣ пеш аз 15-уми августи соли 2021, яъне вуруди «Толибон» ба Кобул мегуфтанд, ки Page 167 167 эҳтимоли ҳуҷуми ҷангҷӯёни «Толибон» ба Тоҷикистон ва Узбекистон хеле кам аст. Бо вуҷуди ин, дар ҳоли ҳозир агар таҳдиди фурӯ рехтани «муҳраҳои домино»-и тоҷикӣ, узбекӣ ва туркманӣ баъд аз афғонӣ ғайривоқеӣ намояд ҳам, дарки умумии ҷомеа нисбат ба афзоиши нуфузи «Толи- бон» ва ба сари қудрат омадани онҳо хушбинона нест. Ҳарос аз иф- ротгароии динии харобиовар ва терроризми бархоста аз Афғонистон ҳанӯз сад сол пеш, аз давраи мубориза бар зидди душманони ҳуку- мати Шӯравӣ (босмачиҳо) дар зеҳни ҷомеа чуқур реша давондааст. Ҷойгиркунии пойгоҳҳои низомии Русия, гузарондани размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро низ маҳз ба наздикӣ бо Афғонистону Покистон рабт медиҳанд. Бозигарони хо- риҷӣ (аз ҷумла Русия ва Чин) ҳам ба Осиёи Марказӣ ҳамчун «Афғо- нистони дувум» менигаранд. Онҳо баъди як дафъа ба кор бурдани ин парадигма, дигар аллакай наметавонанд, аз он рӯй гардонанд, зеро одат кардаанд, ки сиёсати худро нисбат ба минтақа ва «таркишпа- зирӣ»-яш дар асоси он роҳандозӣ кунанд. Мо дар ин матлаб мехоҳем, суол гузорем, ки: оё дар ҳақиқат марзи пешини Шӯравӣ бо Афғонистон тавре онро арзёбӣ мекунанд, хатаро- вар аст? Чӣ чиз марзҳоро ба сарчашмаи низоъҳо табдил медиҳад? Кӣ, чӣ гуна ва барои чӣ хати марзро тавассути дарёи Ому муайян кард? Ин сарҳадҳо дар таърихи мардуми Осиёи Марказӣ чӣ аҳамият доранд? тАърихи тАшкили мАрзҳо Шакли имрӯзаи Осиёи Марказӣ натиҷаи ҳамкорӣ ва рақобатҳои Русия ва Инглистон мебошад, ки ҳамчун «Бозии бузург» машҳур аст. Бритониёиҳо, ки барояшон пеш аз ҳама Ҳиндустон ва бойигариҳояш муҳим буд, ба Осиёи Миёна тавассути тасарруфи Афғонистон ома- данд. Худи Осиёи Марказӣ ва ҳудуди васеи он барои онҳо чандон аҳа- мият надошт. Доираи нуфузи Инглистон дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, ки аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб мегузарад, маҳдуд мешуд. Русҳо ба Осиёи Марказӣ мустақим бо ҳуҷуми мусаллаҳона ворид шуданд. Page 168 168 Онҳо пас аз шикасти қазоқҳову тасарруфи Тошканд ба самти ҷануб пеш рафта, соҳили рости дарёи Омуро ғасб карданд. Амири Бухоро соли 1869 ба Русия «тобеъ» шуд. Русия ҳамчунин давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ — Хива ва Қӯқанд (Хуқанд)-ро забт карда, ба ҳайати ҳукумати генерал-губернатории Туркистон (бо пой- тахташ Тошканд) дохил кард. Барои ба хашм наовардани англисҳо аморати Бухоро ба ҳайати империя шомил карда нашуд. Бухоро, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, расман мустақил, аммо дар асл ба як тобеъ ва фармонбардори империяи Русия табдил ёфт. Баръакси бухороиҳои ғайрифаъол, ки то асри 19 қудрат ва нуфузи пештараи худро аз даст дода буданд, сардорони афғон (паштунҳо) ҳавобаланд шуданд. Онҳо дар солҳои 1850 ва 1860 бо пуштибонии фаъолонаи англисҳо Ҳирот, Балх ва Шибирғонро забт карданд. Ами- ри Бухоро, ки аз ҳокимияти ҳақиқӣ маҳрум шуда буд, ба осонӣ аз ин қаламравҳо дар ҷануби дарёи Ому даст кашид. Ҷое, ки дар онҷо тоҷикону узбекҳо ва туркманҳо зиндагӣ мекарданд. Ба ин монанд, соли 1883 бо ёрии англисҳо вилоятҳои мустақили тоҷикони Бадахшон (Рӯшон, Шуғнон ва Вахон), ки дар ду соҳили дарёи Ому ҷойгиранд, ба тарафи Афғонистон кашида шуданд. Ҳукумати Русия қотеъона эътироз кард. Пас аз музокироти дарози дипломатӣ, экспедитсияҳои ҳарбӣ ва задухӯрдҳо, соли 1895 соҳили рости Бадахшон ба Русия (ва сипас ба Бухоро, СССР ва Тоҷикистон) гузашт. Тарҳи асосии геополитикии минтақаи Осиёи Миёнаро дар охири асри 19 рехтанд. Сарҳади ҷанубии он дарёи Ому буд, ки то имрӯз ҳифз шудааст. Дар омади гап, Бритониё фарзияи тақсими марзро бар асоси Ҳиндукуш баррасӣ мекард. Агар онҳо ин қадамро 150 сол пеш мегу- зоштанд, минтақа дигар хел ба назар мерасид. Шимоли Афғонистон як қисми Осиёи Миёна мешуд, аммо англисҳо аз ин нақша даст ка- шиданд, зеро барои амалӣ кардани он мебоист нисфи Афғонистони имрӯзаро ишғол мекарданд. Дар мавриди Чин. То охири асри 19 сарҳади байни Чин ва қаламра- ви Афғонистони муосир фақат ба таври умумӣ мушаххас шуда буд. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Бритониё натаво- Page 169 169 нистанд, хати сарҳадро дар Помири Шарқӣ бикашанд, ки на танҳо бо Чин, балки бо шимол ва ғарбитарин нуқтаи Ҳиндустони Бритониё ҳаммарз аст. Дар ниҳоят, онҳо тасмим гирифтанд, сарҳадҳои Инглистон ва Ру- сия набояд якдигарро гузаранд ва ба афғонҳо низ дастрасӣ ба Чин дода шавад. Ҳамин тавр, ба ном «Долони Вахон», як ҳалқаи танг (паҳно- ияш дар баъзе минтақаҳо 15 километр аст), қаламрави Афғонистон буда, моликияти русҳоро дар Помир аз сарҳадҳои шимолу ғарбии Ҳиндустони Бритониё (Ҳунза, Читрол ва Гилгит) ҷудо мекунад. Имрӯз «Долони Вахон» як қаламрави камаҳолии баландкӯҳи Афғо- нистон аст, ки дар он чорводорони тоҷику қирғиз зиндагӣ мекунанд ва ин минтақа сарҳади ҷанубии Тоҷикистонро аз сарҳади шимолии Покистон ҷудо мекунад. Сарҳади Афғонистону Чин, ки 76 километр дарозӣ дорад, дар кано- ри пиряхҳои касногузар дар қаторкӯҳи Таг Думбаши Помир ҷойгир буда, онро Пекин танҳо дар соли 1963 эътироф кардааст. Бар хилофи русҳо, ки Осиёи Марказиро ғанимати худ меҳисобиданд, Чин қасд надошт, минтақаро мустақим забт кунад, балки дар сиёсати хориҷии худ байни қаламравҳои дувумдараҷа ва аз ҳама арзишманди вило- ятҳои марказии Хон фарқ гузошт. Ин кишвар дар тақсимоти ҳудудии Помир фаъолона ширкат на- кард, зеро дар давоми асрҳои 19 ва ибтидои асри 20 диққати Чин ба вилоятҳои марказӣ ва ҷанубӣ равона карда шуда буд. Фаронса ва Ҷопон, ки ният доштанд, ин кишварро аз шумори бози- гарони ҷаҳон берун кунанд, Чинро «бемори Осиё» номиданд. Имрӯз Чин бозигари тавонои ҷаҳон аст, ки ба дурустии сарҳади ғарбии худ, аз ҷумла Помир, шубҳа мекунад. Ин ки Чин то замони ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон босаброна мунтазир мемонад, то дар ивази қаламрав ба ин кишвар қарзҳои лозимиро бидиҳад, ба мисли чистон аст. Баҳрагирони асосии «Бозии бузург» Бритониё ва Империяи Ру- сия буданд, ки пас аз муноқишаи тақрибан бе хунрезӣ, дар ниҳо- ят ба мувофиқа расиданд: кӣ чиро назорат мекунад. Аз паси онҳо Page 170 170 амирони афғон буданд, ки бар хилофи қудратҳои бузург бозӣ карда, тавонистанд, ба таҳкими Афғонистон ноил шаванд. Онҳо Ҳироту Ка- таған ва як қисми Бадахшонро ба худ тобеъ карда, минтақаи шимо- лиро мустаҳкам намуданд ва дар соли 1919 дар ҷанг алайҳи Бритониё пирӯз шуда, ба истиқлоли пурра даст ёфтанд. Бухоро таъсири худро дар соҳили чап аз даст дод, аммо аввал дар симои императори Русия ва сипас аз соли 1920 дар симои болшевикон сарпарасти қавӣ пайдо кард. зиндАгии Аз ҳАм ҷудо Дарки умумии қавмӣ-миллии узбекон, тоҷикон, туркманҳо ва қирғизҳои ҳар ду тарафи сарҳад сарфи назар аз маҳдудиятҳои сиёсӣ ва зиндагӣ дар кишварҳои гуногун ҳанӯз ҳам боқӣ аст ва робитаҳои фарҳангӣ ва баъзан сиёсӣ қатъ нашудааст. Эътирозҳои оммавии на- заррас зидди баста будани марзҳо ва кӯшишҳо барои муттаҳидии миллӣ бо «бародарони он тарафи дарёи Ому» дар соли 1925 мушоҳида мешуданд. Инҷо сухан аз исёни Бадахшони кӯҳии Афғонистон мера- вад, ки алайҳи ҳукумати Кобул ва бедодгариҳои ақаллияти паштун бар тоҷикон равона шуда буд. Дар пайи саркӯби ин исён дар тобистони соли 1925 ҳашт ҳазор тоҷик бо раҳбарии Маҳрамбек дархост карданд, ки ба онҳо иҷозати маскун шудан дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиали- стии Шӯравии Тоҷикистон ё силоҳ барои ҳимоят аз худ дода шавад. Ҳамин тариқ, ба ҳукумати Душанбе фурсати муносибе барои паҳн кардани нуфузи худ дар миёни тоҷикони Афғонистон фароҳам омад. Ба монанди он ки эрониҳо муштариёни худ (ҳазораҳо, тоҷикон ва қизилбошиҳо)-ро дар вилоятҳои ғарбии Афғонистон дастгирӣ кар- данд. Албатта, ин гардиш барои Маскав, ки аз амир Амонуллоҳхон (солҳои 1919-1929 ҳукмронӣ кардааст) розӣ буду намехост, инҳисор (монополия)-и сиёсати хориҷиро аз даст диҳад, қобили қабул набуд. Шӯро дархости мазкурро рад карда, гуфт, исёнро англисҳо маҳз бо дасти меҳтар (ҳоким)-и Читролу миёнаравии пешвои исмоилиён, Оқохони 3, барангехтаанд. Page 171 171 Як қисми помириҳои афғонистонӣ (то 60 хонавода) тавонистанд, дар Тоҷикистон бимонанд, вале қисми бузурги гурезаҳо, ки аз ҷаво- би радди тоҷикон ба ғазаб омада буданд, ба Афғонистон баргаштанд. Тоҷикони Афғонистон чунин дархостро аз ҳаммиллатони худ дар ин тарафи дарёи Ому накарданд. Дин ва умумияти исломӣ муҳаббат ва муносибатҳои дилсӯзонаро ба ҳамимонони он тарафи дарё тақвият мебахшид. Самарқанду Бухоро на танҳо барои мусулмонони Осиёи Марказӣ, балки барои Осиёи Ҷанубӣ ва қитъаи Ҳиндустон низ муқад- дас буданд. Пас аз он ки мустамликадорони англис дар миёнаҳои асри 19 Ҳиндустонро ғасб карданд, қисми зиёди уламои афғон аз мактабҳои динии Ҳиндустон ба Бухоро кӯчиданд (Бо барқарор шудани ҳукума- ти Шӯравӣ ҷавонони афғон ба мадрасаҳои Ҳиндустон баргаштанд). Дар Осиёи Марказӣ зиёратгоҳҳои зиёде буданд, ки барои халқҳои ҳар ду тарафи рӯдхона як хел қадр доштанд. Дар миёни пешвоёни мусулмонон шайх, охунд ва эшонҳо — ворисони бародарони сӯфӣ, ки ҳар якеашон дар ду тарафи дарёи Ому ҳазорҳо шогирду мурид доштанд, кам набуданд. «Шери Панҷшер» Аҳмадшоҳ Масъуд, ки солҳои 1980-ум зидди ар- тиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1992-2001 зидди гурӯҳи «Толибон» ҷангидаву имрӯз писараш ливои муқовимат бо «Толибон»-ро ба даст гирифтааст, гузаштагони худро зодагони Даҳбеди Самарқанд мено- мад. Сӯфиёни тариқати Нақшбандия, ки зуҳурашон ба ибтидои асри 15 бармегардад, ҳамеша бо он фарқ мекарданд, ки дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъол дошта, ҳам дар миёни мардуми одӣ ва ҳам масъулон нуфуз доштанд. Бунёдгузор ва раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва президенти Афғонистон дар солҳои 1992-2001 Бурҳониддин Раббонӣ низ робитаи худро бо нақшбандиҳо қатъ накарда буд. Қабилаҳои сӯфӣ гурӯҳҳои муташаккили хуб ва дорои интизоми сахти ҳамраъйиро (дар асоси садоқат ба бародарӣ, оила ва ҳамсояҳо) доштанд. Дар онҳо робитаҳои динӣ-ирфонӣ ва садоқат аз қабилаву маҳалгароӣ ва забоншиносиро фарқ кардан хеле душвор аст. Маҳз онҳо вазифаи «ҳимоят аз Ислом»-ро дар Бухоро, Афғонистон ва Ҳин- дустон ба зимма гирифта буданд. Пешвоёни сӯфиҳо ҳеч гоҳ худро Page 172 172 ба кадом як миллат ё қавме марбут намедонистанд. Онҳо барои ит- тиҳоди мусулмонон сарфи назар аз хусусиятҳои нажодӣ талош кар- да, низоъҳо миёни сардорони низомӣ ва раҳбарони қабилаҳоро ҳал мекарданд, вале ин кор на ҳамеша ба онҳо муяссар мешуд. Зеро шӯришгарон ҳамеша дар асоси нишонаҳои қавмию нажодӣ (на динӣ) таҳрик дода мешуданд ва худи исёнгарон ҳам идеологҳои худро камтар итоат карда, даст ба авбошӣ, ғоратгарӣ, низоъҳои қа- билавӣ ва рақобат мезаданд. Аз ин рӯ, шӯриш дар Осиёи Марказӣ на ҳамчун ҷанги мазҳабӣ, балки ҳамчун як амали сирф иҷтимоӣ дар заминаи мазҳабӣ ба миён омад. Хонандагон набояд фикр кунанд, ки Ислом ҳамеша ба хушунат даъват карда, ҳамаи сӯфиён низомиёни ҷиҳодӣ буданд. Аксари онҳо дар асл ба сулҳу оромиш даъват карда, дар низоъҳо барои поён додани онҳо дахолат мекарданд. «Ҷамъияти исломӣ», ҳаракати муътадилу озод барои тамос бо Ғарб аз Русия ва Тоҷикистон кумак дарёфт карда, шимоли Афғонистонро дар солҳои 1990-ум аз ҷангҷӯёни «Толибон» ҳимоят мекард. Иттиҳоди фармондеҳони шимоли Афғонистон бо номи «Эътилофи Шимол» ҳампаймони боэътимоди Эътилофи бай- нулмилалӣ буд, ки дар охирҳои соли 2001 ҳукумати «Толибон»-ро сар- нагун сохт. Онҳо имрӯз низ бебокона зидди «Толибон» бархостаанд. шӯриш вА мАрзи бухоро Бухорои Шарқии ҳаммарз бо Афғонистон (ҷануби Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза) дар солҳои 1920 маркази муқобилият бо Шӯра- виро ташкил медод. Наздикии марз, ки имкон медод, дар сурати ши- каст ақибнишинӣ карда, баъд аз ҷамъоварии нерӯ дубора баргашт, барои ҳаракати шӯришгарон (босмачиҳо) наҷотбахш буд. То миёнаҳои солҳои 1930-юм ин марзро мешуд бе мушкил гузашт. Зоирон, шӯришгарон, қочоқчиён, иктишофҳо, фанатикҳои мазҳабӣ, гурезаҳо ва муҳоҷирон аз ин имкон хуб истифода мекарданд. Алоқа- мандии афғонҳо ба ҳамдинони худ дар он тарафи дарёи Ому, ки дар солҳои 1920-ум зидди ҳукумати атеистии болшевикҳо меҷангиданд, Page 173 173 пурра рӯшан аст. Ҳаракатҳои шӯришгар дар Туркистону Бухоро низ аз алоқамандии амир Амоннуллоҳхон, ки баъд аз сарнагуни импе- рияи Усмонӣ мехост, аз фурсат истифода бурда, ҷои холишудаи «ха- лифаи тамоми мусулмонҳо»-ро бигирад, бархурдор шуданд. Яке аз номзадҳои дигар ба ин мақом генерали олмонгаро ва домоди султон, Анвар-пошшо, аз Туркия ронда шуд. Вай дар Русия ҳамчун «инқилобгари Шарқ» ва душмани Ингли- стон зоҳир шуда, тирамоҳи соли 1921 ногаҳон ба босмачиёни Бухорои Шарқӣ пайваст. Ба ҳукумати Шӯравӣ шарт гузошт, ки қисмҳои Арти- ши Сурхро аз ҳудуди Бухоро берун бурда, ҳуқуқи ӯро барои таъсиси давлати мустақил эътироф кунад. Сад сол пеш дар Ҳисору Кӯлоб шӯрише сар зад, ки Артиши Сурхро маҷбур сохт, то нерӯҳои худро қисман берун бурда, аз муҳофизати марз даст кашад. Анвар-пошшо шӯришро раҳбарӣ мекард ва аз сӯи Кобул, аз ҷумла вазири низомӣ Нодир Хон (шоҳи Афғонистон дар солҳои 1929-1933) низ дастгирӣ ёфт, ки бо Анвар мукотиба анҷом ме- дод, афсаронро аз атрофиёни ӯ интихоб мекард ва ба шӯришгарон си- лоҳҳоеро мефиристод, ки бо пули ҷонибдорони Анвар-пошшо (аз ҷум- лаи ҳизби ҷавонони турк, ки онҳоро аз Берлин тавассути каналҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Олмон ба Кобул интиқол до- даанд) харидорӣ мешуданд. Ба тарафи чапи соҳили марз қисми назарраси артиши Афғонистон сафарбар карда шуд. Ибтидои соли 1922 бо мақсади тезонидани кор як гурӯҳи 400-нафарии муташаккил аз ихтиёриёни Панҷшер зери фармондеҳии Мавлавӣ Абдулҳай барои кумак ба шӯришгарон са- фарбар карда шуданд. Агар ба гуфтаи донишманди афғон Х. Халилӣ бовар кунем, дар ин гурӯҳ Ҳабибуллоҳ Калаконӣ низ ҳузур дошт, ки соли 1929 нахустин амири тоҷик дар таърихи Афғонистон шуд. Ӯ, ки бо лақаби «Бачаи Саққо» маъруф буд, дар атрофҳои Душанбе ҳам ҷан- гидааст ва худи Анвар-пошшо низ инро зикр намудааст. Агар ба гуфтаҳои муаллифони покистонӣ бовар кунем, Мавлавӣ Абдулҳай хатмкардаи Донишгоҳи Девбанди Ҳиндустон буда, аз сӯи Анвар-пошшо бо унвони «Шайх-ул-Ислом», яъне мақоме, ки ҳаққи Page 174 174 додани фатворо дорад, сарфароз гардонида мешавад. Девбандия як ҳаракати суннимазҳаби ислоҳотгароест, ки дар асри 19 дар Ҳиндустон ба миён омада, дар навбати аввал ҳадаф гузошт, ки Исломи ҳинду- стониро аз навоварӣ «тоза» кунад. Хатмкардагони Девбанд дар аввали асри 20 дар саросари Ҳинду- стон шабакаи мадрасаҳоеро ташкил карданд. Муборизаи қабилаҳои паштун бар зидди англисҳоро низ маҳз уламои девбандӣ раҳбарӣ мекарданд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки пешвоёни динӣ бояд садоқа- ти қабилаӣ, забонӣ ва қавмиро барҳам зада, кӯшишҳои парокандаи шӯришгаронро ба як самти ягонаи панисломӣ равона созанд. Бунёд- гароии онҳо дар он хулоса мешуд, ки муллоҳо бояд сиёсатмадоронро раҳбарӣ кунанд, на баръакс. Девбандиҳо бо бархӯрди тунди худ дар масоили марбут ба занҳо ва таҳаммулнопазирӣ дар баробари шиаҳо фарқи калоне доштанд. Нуфузи Девбандияро ба шӯриши Бухорои Шарқӣ, ки хусусиятҳои хоси ҷанги қабилавӣ барои дифоъ аз Исломро низ дошт, мушоҳида кардан осон аст. Пирӯзии Артиши Сурх бар нерӯҳои асосии шӯришиён дар Бухорои Шарқӣ дар моҳҳои март ва апрели соли 1922, инчунин, таҳдиди ҳу- кумати Шӯравӣ барои бас кардани кумаки моддӣ ва низомӣ ба Афғо- нистон, Амонуллоҳхонро маҷбур сохт, қароре қабул кунад, ки барои Анвар-пошшо ва тамоми шӯришиён бисёр мушкилу хатарнок буд. Амонуллоҳхон дар моҳи июли соли 1922 ба Нодирхон амр дод, ки тамоми сарбозонро аз сарҳад барорад, дахолат ба умури Бухороро бас кунад. Сипас ӯро ба ҳайси сафир ба Порис (Париж) «бадарға» кард. Дар моҳи августи соли 1922 Анвар-пошшо аз ҷониби Артиши Сурх дар Балҷувон (шимоли Кӯлоб) кушта шуд. Мавлавӣ Абдулҳай ба зин- дони Афғонистон фиристода шуд, вале дере нагузашта озод гардид. Ӯ дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ба таблиғоти худ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон идома дод. Илова ба кӯшишҳои ноком барои пуштибонӣ аз босмачиён ва Ан- вар-пошшо, Амонуллоҳхон соли 1921 ба амири фирории Бухоро, Саид Олимхон, паноҳгоҳ дод. Олимхон дар ҳоле ки ба таври рамзӣ маҳбуси хонагӣ буд, то онҷо, ки метавонист, ба шӯришиён раҳбарӣ мекард. Page 175 175 гурезАҳои бухоро дАр АФғонистон Садҳо ҳазор сокини норозӣ аз ҳукумати Шӯравӣ дар солҳои 1920-ум ба Афғонистон паноҳ бурданд. Бар асоси иттилои ҳукуматии Тоҷи- кистон, пас аз омадани Артиши Сурх ба Бухоро дар нимаи аввали солҳои 1920-ум танҳо аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон 40 ҳазор хоҷагӣ ё беш аз 200 ҳазор нафар, ки тақрибан 25%-и аҳолии кишварро ташкил медоданд, ба Афғонистон гурехтанд. 40 ҳазори дигар мин- тақаҳои наздисарҳадии Узбекистонро бо Афғонистон тарк карданд. Тақрибан ҳамин қадари дигар тоҷикон, узбекон ва туркманҳо (ҳам- чунин қафқозиҳо, русҳо ва ғ.) дар миёнаҳои солҳои 1925-1932 дар дав- раи коллективонӣ, ки озодкунии занон ва мубориза бо динро дар пай дошт, ба Афғонистон паноҳ бурдаанд. Бештари ин муҳоҷирон маскун шудан дар минтақаҳои марзиро назар ба маркази Афғонистон беҳтар шумурданд. Аксари онҳо дар қабули шаҳрвандии Афғонистон шитоб накарданд ва пошхӯрии ҳу- кумати Шӯравиро мунтазир буданд. Ин чиз ҳам ҳукумати Афғони- стон ва ҳам ҳукумати Шӯравиро таҳти фишор қарор медод. Берун рафтани мардум дар миёнаҳои солҳои 1930-юм якбора кам шуд. Зеро ҳукумати Шӯравӣ мавқеи худро дар минтақа тақвият бахшида, аз ҳама муҳимтар марз бо Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои дигари ҷа- нубиро маҳкам баст. Ба ин тартиб, ҷомеаи муҳоҷирон дар ҳамсоягӣ бо давлатҳои Осиёи Марказии Шӯравӣ дигар афзоиш наёфт ва робита ба ватани он тарафи рӯдхона низ қатъ шуд. Зуҳури беш аз ниммиллонии муҳоҷирони тоҷик, узбек ва туркман ба демография ва робитаҳои байниқавмии Афғонистон таъсири худро гузошта, мавқеи шимолиҳоро дар мубориза бо паштунҳои ҷанубу шарқ нерӯ бахшид. Он ба рушди иқтисоди Афғонистон ҳам мусоидат карда, Шимолро ба пешрафтатарин минтақаи он кишвар табдил дод. Муҳоҷирон бо омадани худ на танҳо нерӯи корӣ, балки зироатҳои нав ва донишу малакаҳои хоҷагидориеро низ оварданд, ки тайи чанд сол дар империяи Русия касб карда буданд. Page 176 176 Ҳукумати Шӯравӣ тамоми онҳоеро, ки аз Узбекистону Тоҷикистон ба Афғонистон кӯч бастанд, «босмачӣ» эълон кард. Дар асл ин тавр нест. Дар миёнаҳои солҳои 1920 ҷанг ба поён расид ва Русияву Ин- глистон ба созиш расиданд, ки агар Маскав аз талошҳояш барои Ҳин- дустон даст кашад, Лондон низ дигар ба ҳаракатҳои зиддишӯравии Осиёи Марказӣ ёрӣ намекунад. Бино бар ин, бештари муҳоҷирони муҷоҳид ҳамгироиро бо ҷомеаи Афғонистон беҳтар шумурда, ҳадафи худ гузоштанд. Ҳукумати Афғонистон ба амиру қурбошиҳои бузургтарини босма- чиҳо нафақа медод, аммо иштироки онҳоро дар сиёсат манъ карда буд. Ин маънои онро надошт, ки ҳамаи қурбошиҳо аз мубориза даст кашида бошанд. Амир Олимхон ҳангоми зиндагӣ дар Кобул, аз майи соли 1921 то дами марг (моҳи апрели соли 1944), талош мекард, ба Пешовар ва Деҳлӣ рафта, бо мақомоти Бритониё шахсан суҳбат ва эътирофи дипломатию кумак дарёфт кунад. Аммо мақомоти ҳин- ду-бритониёӣ ҳамеша ба дархостҳои батакрору пай дар пайи охирин манғит дар бораи дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар ҳудуди Ҳиндустон посухи рад медоданд. сАрҳАд дАр отАш Мусулмонон мусоидат ба ҳамдинони худро сарфи назар аз зодгоҳа- шон ҳамеша ифтихор медонистанд. Зеро Ислом марзҳои давлатӣ, фарҳангӣ, забон ва дар умум давлатҳоро дар шакли муосирашон на- мешиносад. Бинобар ин, ҳамраъйии исломӣ ва воридшавии фаро- марзӣ дар давраҳои нооромӣ ва сустшавии кишварҳои ҳар ду тарафи рӯди Ому вуҷуд дошт. Хатарноктарини онҳо ҳуҷуми беки худхондаи Қаротегин (Ғарм) Фузайл Махсум дар моҳи апрели соли 1929 буд. Ин пешвои фирории босмачиҳо аз дарҳаму барҳамӣ дар пайи сарнагун шудани Амонуллоҳхон истифода карда, бо 5 ҷонибдори худ, аз ҷумла як рус ба Дарвози Шӯравӣ омад. Вай дар ҷараёни рейди Ғарм 200 километрро дар 20 рӯз тай карда, шумори ҷанговаронашро ба 500 расонид. Фузайл Махсум корхонаву Page 177 177 фурӯшгоҳҳоро ғорат карда, даҳҳо ҷонибдори ҳукумати навро сахт ҷазо дод. Аз ҷумла, ӯ мудири 28-солаи маорифи Ғарм Каримҷон Ҳу- сейнзодаро, ки аз шаҳри Конибодом рафта буд, паронда, се духтари маҳаллии омӯзгорро ба дор овехт. Мақомоти маҳаллӣ бетарафӣ нишон дода, баъзан бо ошкор кар- дани ҷонибдорони пинҳоншудаи ҳукумати нав ба таври мустақим Фузайл Махсумро дастгирӣ мекарданд. Зидди террористон танҳо ду гурӯҳи хурди ихтиёриён аз ҳисоби хидматчиёни Шӯравӣ бархо- станд. Гурӯҳи аввал бо раҳбарии Ф. Гутовский пурра саркӯб ва маҳв шуда, гурӯҳи дувум зери фармондеҳии Ф. Мокритский тавонист, то расидани ёрӣ тоб биёрад. Аз Душанбе як гурӯҳ аз сарбозони сурхро таҳти фармондеҳии Т. Т. Шапкин ва комиссар А. Т. Федин дар панҷ ҳавопаймо ба Ғарм фиристоданд. Ин амалиёти нахустини ҳавоии десантӣ дар таърихи Артиши Сурх буд. Дар натиҷа, Фузайл шикаст хӯрд ва ба Афғонистон гурехт. Натиҷаи ғамангези ин манзараро фармондеҳи ҳавзаи низомии Осиёи Марказӣ Павел Дибенко баён дошт. Ӯ дар паёмаш ба ҳайати Анҷумани дувуми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон изҳор намуд, ки «дигар набояд фикр кард, ки Тоҷикистону Узбеки- стонро ҳамеша мардони Артиши Сурх бояд ҳимоят кунанд. Ба назари ман, баъди ин 12 сол дигар замоне расида, ки мо бояд ёд гирем ва ҳам худу ҳам ҳукумати Шӯравиро ҳимоят кунем». Ҳуҷуми дувум аз тарафи Афғонистон дар шароити зерин сурат гирифт. Ҳукумати паштунҳо баъди шикасти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар тирамоҳи соли 1929 дубора барқарор шуд ва шоҳи нав Нодиршоҳ зидди бухороиҳои фирорӣ (асосан қабилаҳои лақай) ба раҳбарии Иброҳимбек, ки дар ҷараёни шӯриш аз Ҳабибуллоҳ ҷонибдорӣ карда, халъи силоҳро напазируфт, ҷангро оғоз кард. Иброҳимбек ва ҷонибдоронашро ҳатто ба он гунаҳкор карданд, ки гуё бо истифода аз суст шудани кишвар мехостанд, дар шимоли Афғонистон давлати узбекону тоҷиконро таъсис диҳанд. Тақрибан 5 ҳазор паштун аз вилоятҳои шарқӣ дар моҳи октябри соли 1930 ба та- рафи шимоли Афғонистон фиристода шуданд. Ин гурӯҳҳо аз ҳеч гуна Page 178 178 таъмине бархӯрдор набуданд ва ҳама чизро бо ғоратгарӣ ба даст мео- варданд. Ҷанге оғоз шуд, ки дар таърихи Афғонистон бо номи «ҷанги лақай» маъруф аст. Узбекону тоҷикҳои маҳаллии Афғонистон дар мубориза бо нерӯҳои он кишвар, ки ҳамаро ғорат карданд, дар умум муҳоҷирон ҷонибдорӣ намуданд. Вилоятҳои шимолии Афғонистон дубора ба бесарусомонӣ рӯбарӯ шуданд, ки қувваҳои марказгурезро ба ҳаракат дароварданд. Писари раҳбари пешини Дарвоз, Ғулом Ҳасан, баҳори соли 1931 дар вилояти Бадахшон қудратро пурра ба даст гирифт. Ӯ ба зидди намо- яндагони ҳукумати Шӯравӣ як қатор ғоратгариҳо ва ҳамлаҳои терро- ристиро анҷом дода, ба кӯҳ паноҳ бурд. Ҳайати гурӯҳи вай аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ то ба 80 кас афзоиш ёфт. Дертар ин гурӯҳ аз сӯи Артиши Сурх саркӯб гашт. Барои афғонҳо маълум шуд, ки амалиёти онҳо ба хотири ором сохтани лақайҳову ҷонибдоронашон бо исти- фода аз зархаридони минтақаҳои наздимарзӣ ноком буд. Ба ҷуз аз Шимол, қабилаҳои (паштун) Шарқ низ, ки шӯришҳои зиддиҳукума- тиро дубора оғоз намуда буданд, Нодиршоҳро нигарон карданд. Вай бо англисҳо вориди гуфтугӯ шуд, то ёрии низомӣ гирад. Англисҳо ҳам розӣ шуданд ва ба Кобул 10 ҳазор силоҳ ва 10 ҳазор фунт стерлинг кумак карданд. Нодиршоҳ 4-уми декабри соли 1930 як гурӯҳи бузурги низомиёнро зери фармондеҳии бародараш ва вазири ҳарбӣ Шоҳ Маҳмуд ба шимол фиристод. Афғонҳо муҳоҷиронро ба марз пеш карданд. Иброҳим ҳам дар рӯбарӯи интихоби мушкил қарор гирифт. Ӯ наметавонист, ҳатто бо хонаводааш дар кишвари ғайридӯсти Афғонистон бимонад, ҳамон тавр, ки наметавонист бо артиш биҷангад. Вай моҳи апрели ҳамон сол тасмим гирифт, ба ҳудуди Шӯравӣ равад ва дар онҷо бо назардошти вазъият амал кунад. Агар сокинон ҷонибдорӣ карданд, муборизаро бо Шӯравӣ идома медиҳад, агар не, бо мақомоти минтақа дар мавриди таслими «сарбаландона» гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, «бигузор, аз афғонҳо дида, маро аскарони сурх бикушанд». Ҳарчанд барои рафтан 9 ҳазор кас омодагӣ дида буд, марзро танҳо 5 ҳазор нафар гузаштанд. Ин яке аз ғамангезтарин Page 179 179 қисматҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Афғонҳо ҷанговарон ва хонаводаҳои онҳоро дар миёнаи рӯдхона нишон гирифтанд. Аз та- рафи муқобил аскарони Шӯравӣ оташ мекушоданд. Занону кӯдакон ва чорво дар оби сард ғарқ шуданд. Гурезаҳо дар хоки Шӯравӣ било- фосила мавриди бозпурсӣ ва бозҷӯии марзбонон қарор гирифтанд. Худи Иброҳимбек дертар бо 400 нафар фирор кард. Ӯ баъд аз дастгирӣ наёфтан аз сӯи ҳамватанонаш 23-юми июни соли 1931 тақрибан дар 60-километрии ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон дастгир шуд (Ба маълумоти дигар, таслим шуд). Асир афтодани Иброҳимбек ба поё- ни босмачигарӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ далолат мекард. Артиши Сурх дар навбати худ бо истифода аз вобастагии сахти Афғонистон аз ҳукумати Шӯравӣ дар давоми солҳои 1925-1930 се бор ба он кишвар ҳуҷум кард. Аскарони Сурх бори аввал дар моҳи ноябри соли 1925 ба Афғонистон ҳамла ва ҷазираи Ура-Туғайро дар рӯдхонаи Панҷ, ки афғонҳо онро аз худ меҳисобиданд, тасарруф карданд. Ин ҳодиса таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб карда, он ҳамчун нахустин қадами воридшавии ба тадриҷи Шӯравӣ ба Афғонистон арзёбӣ гашт. Ҷониби Шӯравӣ ақиб нишаст ва низоъ низ хомӯш шуд, вале он рӯҳи- яи зиддишӯравӣ ва босмачигариро дар Афғонистон ба вуҷуд овард. Амалиёти махсус ва бузургтарини Артиши Сурх дар Афғонистон моҳҳои апрел ва майи соли 1929 сурат гирифт. Баҳонаи расмии он дархости сафири Афғонистон дар Маскав Ғулом Набихон шуд, ки хо- ста буд, ба Амонуллоҳхон, ки аз сӯи Ҳабибуллоҳ Калаконӣ сарнагун шуда буд, ёрӣ диҳанд. Ҳавопаймоҳои Шӯравӣ он замон марзбонони афғон ва сокинони Мазори Шарифро бомбборон карда, гурӯҳи дуҳа- зории аскарони Сурх ба раҳбарии собиқ атташе ё кордори низомии Шӯравӣ дар Кобул, Виталий Примаков, Мазори Шариф, Тошқӯрғон ва Балхро забт намуд. Гурӯҳ умедвор буд, ки сафи ҷонибдорони худро дар Афғонистон афзоиш дода, вобаста ба вазъ иқдом мекунад. Ҳатто мехостанд, баъзе аз вилоятҳои ҳаммарзро ба ҳайати Тоҷикистону Узбекистони Шӯравӣ пайваст намоянд ва маҳз дар он давра Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Page 180 180 Сотсиалистии Тоҷикистон аз Узбекистон ҷудо ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълом карда шуд. Гурӯҳ баъд аз дастгирӣ наёфтан аз сӯи афғонҳо ва аз тарси табдили ҷанги шаҳрвандии Афғо- нистон ба як ҷанги ватанӣ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ақибнишинӣ кард. Ҳуҷуми севум моҳи июни соли 1930, замоне рух дод, ки нерӯи Шӯравӣ марзро гузашта, зидди гурӯҳи Иброҳимбеки фирорӣ амали- ётеро анҷом дод. Албатта, дар ҳар ду тарафи Амударё шабехунҳо ҳам мешуданд, вале онҳо аз нигоҳи миқёс назар ба намунаҳои овардашуда хурдтар буданд. сАнҷиши устувории мАрзҳо дАр ҷАнги ҷАҳонии дувум Низомиёни гитлерӣ ва ҷопонӣ ҳанӯз аз нимаи дувуми солҳои 1930-юм бо ҳадафи берун кардани Инглистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум ба Эрону Афғонистонро оғоз карданд. Талошҳо барои муқоба- ла бо душмани ягона Иттиҳоди Шӯравӣ ва Инглистонро водор сохт, ки 25-уми августи соли 1941 нерӯҳои худро вориди Эрон созанд. Ри- зошоҳи олмонигаро дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 1941 тахтро барои писараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ холӣ кард ва дар охирҳои соли 1942 нерӯҳои Амрико вориди Эрон шуданд. Дар умум, ҳукумати Зоҳир Шоҳ дар Афғонистон ва ҳукумати Исмат Инон дар Туркия дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум сиёсати бетарафи- ро пеш гирифта буданд. Вале маҳви хадамоти махсуси фашистӣ дар Афғонистон ба зудӣ сурат нагирифт. Бо шарофати талошҳои ҷосусони миллатгаро дар Кобул ва шимоли Афғонистон созмони муҳоҷиратии олмонигаро ташкил карда шуд. Онро пешвоёни собиқи босмачиён, атрофиёни амири пешини Бухоро ва ҳатто фарзандони охирин хони Қӯқанд ташкил медоданд. Ҳадафи он ворид шудан ба Узбекистону Тоҷикистон ва бозсозии монархия буд. Афғонистон бо вуҷуди нуфузи сахти олмонигароӣ дар Кобул ба да- лели тарс аз ҳамгироии Шӯравию Инглистон, ки дар робита ба Эрон анҷом шуда буд, фаъолиятҳои зиддишӯравиро саркӯб кард. Эҳти- моли иҷрои ҳуҷуми «босмачӣ-олмонӣ» на танҳо барои он хеле кам Page 181 181 ҳисобида мешуд, ки хадамоти иктишофии Олмон назар ба хадамоти иктишофии Шӯравию Инглистон заиф буд, балки дастрас кардани си- лоҳу лавозимот низ барои ҳамла ба ҷабҳаи дурдасти Олмон ва ҳузур доштани нерӯҳои ҳампаймон дар Эрон хеле мушкил буд. Бо эҳтимоли зиёд, сухан аз танҳо ташкили бетартибиҳо дар сарҳа- ди Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Осиёи Марказӣ мерафт, ки дар давраи ҷанг ақибгоҳи Шӯравӣ буд. Сиёсати фашистии Олмон баъд аз пирӯзии артиши Шӯравӣ дар Маскав, Ста- линград ва Қафқоз ба ҳам зад ва дар натиҷа нақшаҳои таҷовузкоронаи фашистӣ дар Шарқи Дуру Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҳам пурра «дафн» шуданд. Ҳукумати Афғонистон дар миёнаҳои соли 1943 таҳти фишори Инглистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд, боздоштҳои дастҷамъии ҷосусони фашистро ба роҳ монад. Дар натиҷа, 23 муҳоҷири бонуфуз дастгир шуданд. Сипас ҳаводисе рух дод, ки солҳои дароз аз назари таърихнигорон дур монд. Сухан аз ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирони узбек, тоҷик, туркман, қирғиз ва қазоқ аз наздикиҳои хати сарҳад меравад. Мақомоти Афғонистон дар баробари фишорҳои ҳукумати Шӯравӣ таслим шуда, муҳоҷиронро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ маҷбурӣ ба ноҳияҳои дарунтар, бо шуму- ли вилоятҳои Қандаҳору Ҳилманд бурданд. Мақомоти афғон пешакӣ занонро аз мардон ҷудо карданд. Сипас муҳоҷиронро зери назорати сипоҳиён пиёда ба ҷануб фиристоданд. Дар роҳ одамони зиёде ҷон бохтанд ва занони ҳомила дар канори роҳ таваллуд карданд. Албатта, сабаби асосии ноком шудани кӯшишҳои эҳёи босмачигарӣ ва оғози ҳаракатҳои зиддишӯравӣ дар сарҳади Афғонистон пирӯзии Артиши Шӯравӣ дар ҷанг бо Олмон буд. Мардуми Осиёи Марказии Шӯравӣ низ дар торумор кардани ғоси- бони олмонӣ саҳми назаррас доштанд. Онҳо Шӯравиеро ҳимоят ме- карданд, ки ватанашон буд. Маҳз нерӯ ва тавоноии Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуд, ки Туркия, Эрон ва Афғонистон аз амалҳои харобкорона нисбат ба кишварҳои Шӯравӣ худдорӣ варзанд. Марзи Шӯравӣ бо Афғонистон ором буд ва ин ба Москва имкон дод, ки болои муборизаҳо бар зидди Олмон дар Аврупо тамаркуз кунад. Page 182 182 Пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши марз машғул ҳастанд, мафҳумҳои сарҳадҳои «хуб» ва «бад»-ро эҷод кардаанд. Марзҳои «бад» онҳое ҳастанд, ки худсарона кашида шуда, мардуми аз нигоҳи фарҳангӣ, динӣ ва нажодӣ комилан гуногунро иҳота мекунанд. Ин мардум на- мехоҳанд, бо ҳам зиндагӣ кунанд ва доимо бо якдигар меҷанганд. Бинобар ин, онҳо ҳамеша дар фақр ба сар мебаранд. Албатта, марзҳои «бад» танҳо хоси мустамликаҳои Осиё ва Аф- риқо нестанд. Барои намуна, бештари марзҳои кишварҳои аврупоӣ низ тавассути барандагони ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дувум кашида шудаанд. Вале онҳо маҳз дар Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ меро- си мушкилеро боқӣ гузоштанд. Имрӯз Ироқу Сурия, Афғонистон ва Покистон хатарноктарин кишварҳои ақибмонда ва ғайридемократӣ ҳастанд. Дар ҳамаашон мушкили марзҳои «бад» мушоҳида меша- вад. Онҳо бо он чи ки аз гузаштаи мустамликавӣ ба мерос мондааст, бесуботии минтақавиро ба вуҷуд оварда, ба рушди иқтисод, ҳаҷми сармоягузорӣ ва рушди тиҷории байналмилалӣ таъсири манфӣ гузо- шта, кишварҳоро маҷбур месозанд, ба бахши дифоии худ бештар харҷ карда, ҳифзи саломатии сокинон ва низоми маорифро ба мавҷудияти фақр маҳкум кунанд. Марзҳои «бад» ҳамчунин онҳое ҳастанд, ки як мардумро аз ҳам ҷудо карда, маскуни ду кишваре мекунанд, ки аз ҳамдигар фарқ до- ранд. Ин пеш аз ҳама ба тоҷикон дахл дорад. Бар асоси омори тах- минӣ, ҳоло аз 30 миллион тоҷик тақрибан 15 миллионаш дар Узбе- кистону Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Қисми дигари ин мардум дар он тарафи рӯди Ому ҳастанд. Тибқи арзёбиҳои гуногун, онҳо 27- 39 дарсади аҳолии 40-миллионии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, тоҷикони Афғонистон якуним баробар бештар аз тоҷикони Тоҷикистон ҳастанд. Агар тоҷикони ин тарафи Амударё кишвари худро дошта бошанд, тоҷикони он тараф дар як давлати гуногунмиллат ба сар мебаранд. Онҳо ягона мардуми ғайри- паштун ҳастанд, ки даъвои қудрат дар он кишварро доранд. Тоҷикони Афғонистон дар ду давра — соли 1929 (Ҳабибуллоҳ Калаконӣ — Бачаи Page 183 183 Саққо) ва солҳои 1992-1996 (президент Бурҳониддин Раббонӣ) таво- нистанд, ба ин ҳадафи худ бирасанд. Намунаи барҷастатарини марзҳои «бад» тақсими минтақаҳои паштунҳо тавассути Инглистон дар хати Дюранд дар соли 1893 аст. Он ҳатто на марз, балки як «минтақаи қабилавӣ»-и ниммустамликаест, ки расман ба Ҳиндустони бритониёӣ (Покистони кунунӣ) тааллуқ до- рад. Покистон мехоҳад, онро марз қарор диҳад, дар ҳоле ки мақомоти «паштунӣ»-и Афғонистон онро қонунӣ намеҳисобанд. Имрӯз дар он минтақа ва вилоятҳои дигари Покистон зиёда аз се ду ҳиссаи 40 миллион паштуни Осиёи Ҷанубӣ ва қитъаи Ҳинд ба сар мебаранд. Боқӣ шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Паштунҳо, ки тақрибан 15 дарсади аҳолии Покистонро ташкил медиҳанд, бо Ис- ломободи расмӣ муносибати чандон хуб надоранд. Агар манфиати паштунҳои Афғонистон поймол шавад, эҳтимол онҳо бо бародарони худ дар хати Дюранд ва Покистон муттаҳид шуда, болои «лоиҳаи афғонӣ»-и Русияву Инглистонро бар нафъи «Афғонистони бузурги мустақил» ё «Паштунистон» хат бикашанд. Агар Афғонистони чандмиллатӣ ба Паштунистони якмиллатӣ таб- дил ёбад, он барои Покистон фоҷиа хоҳад буд. Зеро мавқеи онро дар муқобалаҳо бо Ҳиндустон суст месозад. Тақдири тоҷикон, узбекон ва туркманҳои шимоли Афғонистон номуайян мемонад. Се инти- хоб ҳаст, ё ба Паштунистон мепайванданду мавриди табъизи бештар қарор мегиранд, ё давлати алоҳидаи худро ташкил медиҳанд ё бо бародарони ин тарафи Амударёи худ ҳамроҳ мешаванд. Бинобар ин, ҳифзи ҳукумати исломии паштуни дӯст бо Инглистон дар Афғони- стон ва ҳамзамон пешгирӣ аз муттаҳидшавии миллати паштун на- хуст ба вазифаи асосии Инглистон ва сипас (аз соли 1947) аз Покистон табдил ёфт. Имрӯз Амрико, Русия ва Чин алоқаманди ҳифзи бартарияти си- ёсии паштунҳо дар Афғонистон ҳастанд. Оё «Толибон» метавонанд ҳукумати паштуниҳоро бидуни нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои дигар ҳифз кунанд? Оё «Толибон» хати Дюрандро марзи давлатӣ эътироф мекунанд? Ё онҳо аз назорати Покистон берун шуда, исломгароӣ ва Page 184 184 ҷиҳодро канор мегузоранду рӯй ба миллатгароии фаромарзӣ оварда, фармонравоии худро аз дарёи Ому то Ҳиндустон рушд медиҳанд, инро вақт нишон хоҳад дод. Марзҳоро на мардуми одӣ, балки сиёсатмадорон «хубу бад» меку- нанд. Амударё сад сол пеш марзи ду ҷаҳони гуногун ва бо ҳам душман қарор гирифт. Ин марз дар давоми асри 20 ба камияш шоҳиди панҷ ҷанги бузург шудааст: • нахустин ҷанги шаҳрвандии тоҷикистониён дар солҳои 1918-1932, • нахустин ҷанги шаҳрвандии афғонистониҳо дар солҳои 1928-1929, • ҷанги Афғонистону Шӯравӣ (солҳои 1979-1989), • ҷанги дувуми шаҳрвандии тоҷикистониён дар солҳои 1992-2000, • ҷанги дувуми шаҳрвандии афғонистониҳо, ки аз соли 1989 оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад. Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ берун омад, вале аз ин гузашта ба- рояш марз бо Афғонистон монд. Ҳатто агар бунёди давлат бо зӯрӣ ва ғайриодилона ҳам сурат гирифта бошад, он хати марзи кишварҳоеро ба вуҷуд овард, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудаанд. Марз, ҳудуд, парчам ва гимн рамзҳои давлатӣ ҳастанд. Вазифаи асосии марзҳо ҳимоят аст. Марзи кашидашуда Помирро аз ғасбко- риҳои афғонҳо дар охири асри 19 ва аввали асри 20 наҷот дода, Осиёи Марказиро дар давраи саркӯби босмачиҳо ва фаъолиятҳои моҷароҷӯё- наи афсарони турку ҷонибдорони пантуркисти маҳаллияшон дар солҳои 1921-1923 ҳимоят кард. Ин марз барои ғасбкориҳои босмачиҳои фашистгаро дар солҳои 1941-1945 ҳам монеаи боэътимоде шуд. Он соли 1991 марзи давлатии Тоҷикистоне шуд, ки бе ҳеч гуна оташкушоӣ ва додани қурбонӣ ис- тиқлоли пурраро ба даст овард. Шояд дар зеҳни касе фикри ба даст овардани марзи хубтар, одило- натар ва дурустаре биояд, вале бояд гуфт, ки барои он ҳазина ё сар- мояи ҳангуфте мебояд пардохт. Камолуддин Абдуллоев 2-юми сентябри 2021 Page 185 185 «ПОСБОНИ ПОМИР» Соли 2023 ба даргузашти хони қирғизҳои Помир Ҷабборқул 80 сол ва ба таваллуди писараш, хони қирғизҳои Афғонистон Раҳмонқулхон, 110 сол пур шуд. Онҳо бозмондагони охирини хонҳо ё пешвоёни қа- билаҳои турк дар Осиёи Миёна буданд. Аз онҷо, ки аксар қирғизҳои Афғонистони феълӣ фарзандони фи- рориён ё муҳоҷирон аз минтақаҳои шимолии Помири Шарқӣ (аввал Русияву Шӯравӣ ва баъд аз соли 1991 Тоҷикистон) ҳастанд, саргуза- шти қирғизҳои Помир бахше аз таърихи муштараки се қавми афғону қирғизу тоҷик дар минтақа маҳсуб мешавад. Бо муруре ба ин таърих, мо дар бораи Помир, қирғизҳо ва масоили таърихию сиёсии вобаста ба онҳо суҳбат мекунем. «Инҷо, дар ин гардана, марзи Шуғнон ба поён мерасад ва хоки поки Помир оғоз меёбад. Кадхудои ин сарзамин касест, ки пояш нахуст ба ин марзу бум расида. Ман аввал инҷо омадам, пас, ин Помир моли ман аст.» Иванов Д. «Шуғнон: Матолибе аз Афғонистон», Вестник Европы, 1885. -Т. 3.Кн. 6 «Мо мебинем, ки чигуна як славянӣ ва як англис — намояндагони ду шохаи бузург аз нажоди ориё, ки ҷудо аз ҳам бо фосилаҳои зиёди замонию маконӣ аз нуқтае оғозин ва муштарак муҳоҷир шудаанд, — ба Помир бармегарданд, ки... куҳантарин маҳалли будубоши онҳост. Бармегарданд, то бо тавофуқи муштарак ҳудуди мутасаррифоти худро дар қиболи ҳам- дигар таъйин кунанд.» (Quartely Review, Лондон, 1873) Page 186 186 ҷуғроФиёи мухтАсАр Аз назари ҷуғрофиёӣ, Помир ва Бадахшон бо ҳам яксон нестанд. Бадахшон, ки нависандаи ин сатрҳо даврони кӯдакии худро дар онҷо гузаронд — бо вуҷуди иқлими сахту ноҳамвор, ҳамчунон биҳиштест саршор аз боғҳои мева, киштзорҳои ғаллаву сабзиҷот ва чарогоҳҳои сарсабз дар доманаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида. Помир ҳудуди як километр болотар аз Бадахшон ҷойгир аст. Марзи маҳалли сукунати худро, ки баъд аз он боло рафтан ба самти Помир, минтақаи қирғиз- нишин, оғоз мешавад, шуғнониҳову вахониҳо ва дар тарафи муқобил, читролиҳо «сарҳад» (марз) меномиданд. Яъне аз инҷо боло рафтан аз тариқи гарданаҳо, аз дараҳои тангу борики кӯҳистонӣ ба самти баландиҳои осмонбӯс, вале тақрибан паҳну ҳамвор шуруъ мешавад, ки сароғози баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон — Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун, Тиёншон ва Помир аст. Дар канори ҳам, инҳо бофти кӯҳисто- нии азимеро дар қалби Осиё ташкил медиҳанд, ки ба Гиреҳи Помир маъруф аст. Помири Афғонистон, ки дар ин матлаб ба он мепардозем — наворе аз қаламрави таърихии Вахон дар Афғонистон аст, ки аз ғарб ба шарқ 295 километр тӯл мекашад ва паҳнои он аз 15 то 75 километр ва байни Тоҷикистону Покистон ва Чин воқеъ аст. Тақрибан 83 дарсади он дар баландии беш аз 3000 метр аз сатҳи дарё ва баъзе аз деҳаҳои қирғизнишин — дар баландии 4000 метр ва болотар аз он воқеъ шудаанд. Долони Вахон аз назари вусъат (4400 ки- лометри мураббаъ) бо ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон ҳамтироз аст. Ша- роити зиндагӣ дар онҷо сахттар аз Помири Тоҷикистон бо обуҳавои нисбатан муътадил аст. Помири Афғонистон дар шимолу шарқи долони Вахон ҷойгир аст ва аз ду паҳна ё майдон ташкил шудааст. Паҳнаи баландтар Помири Бузург хонда мешавад, ки аз ғарб ба шарқ тақрибан 60 километр тӯл дошта, аз шимол ба риштакӯҳи Аличур ва аз ҷануб ба Вахон маҳдуд мешавад. Помири Бузург фақат бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Помири Кӯчак 100 километр дарозӣ дошта, аз Помири Бузург ва дар ғарбтари Page 187 187 он, аз риштакӯҳи Вахон ҷудо шуда ва дар ҷануб бо Афғонистон ва мин- тақаҳои Хайбар-Пахтунхоҳ, Гилгит-Балтистон ва Ҳунза (гарданаҳои Буруғил, Иршод ва Дили Санг)-и Покистон ҳаммарз аст. Гарданаи Андемин (Бендерский), ки дар наздикии кӯли Чахмақтин воқеъ аст, Помири Кӯчакро ба Аличур-Помири Тоҷикистон мевайвандад. Аҷиб нест, ки гоҳ номи Помир дар забонҳои хориҷӣ ба сурати ҷамъ (The Pamirs, Памиры) ба кор бурда мешавад. Масалан, ҷаҳонгардони англис ҳафт «Помир»-ро баршумурдаанд. Танҳо роҳи мошингарди хокӣ ба Помири Кӯчак аз Тоҷикистон мео- яд. Шарқитарин қисмати Помири Кӯчак 74 километр бо Чин сарҳад дорад. Аз тарафи Чин, танҳо низомиён ва чӯпонҳои маҳаллӣ ба гар- данаи Вахҷир (4923м), ки Афғонистону Чинро ба ҳам мепайвандад, дастрасӣ доранд. Барои Пекин, Вахҷир бахше қонунӣ ва машруъ аз қаламрави Вахони Чин маҳсуб мешавад. Марзи Чин дар онҷо дар фосилаи 92 километр бо симхор муҳофизат мешавад. Шумори ҷамъияти қирғизҳои ҳарду Помир аз миёнаҳои садаи гу- зашта ба ин сӯ чандон тағйир накарда ва маъмулан байни 1400 то 3000 нафар аст. Бо ин ҳол, Помири Кӯчак, ки ҷойи чандин мазор ва хоннишин аст, нисбат ба Помири Бузург якуним баробар бештар ҷамъият дорад. Тоҷикҳои Вахон дар ибтидои долон, дар дарозии рӯд- хонаи Сарҳад (Вахон) зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди се баробар бештар аз қирғизҳо ҳастанд. Онҳо гаҳгоҳе аз чарогоҳҳои Помири Бузург истифода мекунанд. Зиндагии қирғизҳо умдатан ба тиҷорат бо ҳамсоягонашон вобаста аст. Бар хилофи вахониҳои исмоилӣ, қирғизҳо (қипчоқҳо, тийитҳо ва ноймонҳо) мусалмонҳои суннимазҳаб ҳастанд. Онҳо ҷомеаи хур- деро ташкил медиҳанд, ки камтар аз дигарон дар ҷомеаи Афғонистон омехта ва идғом (интегратсия) шудаанд. Онҳо ба таври суннатӣ ба домдорӣ (чорводорӣ) дар баландкӯҳ мепардозанд. Зимистон дар онҷо 9 моҳ тӯл мекашад ва дамои ҳаво кам андар кам ба дараҷае болотар аз сифр мерасад. Бештари қирғизҳо барои муҳофизат аз худ дар баробари партави дурахшону сӯзони хуршед аз айнакҳои тира истифода мекунанд. Page 188 188 Ҳамаи шахсоне, ки дар баландии болотар аз 2500 метр зиндагӣ меку- нанд, дар маърази гирифторӣ ба фишорҳои равонию асабӣ аз обуҳа- вои номусоид ва камбуди оксиген ҳастанд. Ҳарчанд қирғизҳо ба зин- дагӣ дар баландии болотар аз 3000 метр хӯ гирифтаанд, аммо эътироф мекунанд, ки онҳо низ гоҳе ба фишорҳои равонӣ мубтало мешаванд, бавижа ҳангоми иҷрои корҳои сахти ҷисмонӣ ё баъд аз он. Дар Помири Афғонистон ягон бемористон ва роҳи мошингарде вуҷуд надорад. Онҷо болотарин мизони маргумири модарон ва кӯда- кон дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Як севуми занон ҳангоми зоймон ба сабаби аз даст додани хуни бисёр ҷони худро аз даст медиҳанд ва танҳо ниме аз кӯдакон то 5-солагӣ зинда мемонанд. Аз онҷое, ки қирғизҳо танҳо бо ҳамтаборони худ издивоҷ мекунанд, «тақозо» ба зан зиёд аст ва танҳо мардоне, ки қодир ба пардохти кобин (ё қалин) дар ҳаҷми бузург ҳастанд, метавонанд ташкили хонавода диҳанд. Бемориҳои пайваста, набудани муроқибатҳои пизишкӣ ва ранҷҳои дигар мардону занони қирғизро дар Помир водошта, ки масрафи ма- води мухаддирро ёд бигиранд. Онҳо маводи мухаддирро аз афғонҳои сокин дар дараҳои пойинтар дар ивази чорво ё домҳое, ки мефурӯ- шанд, харидорӣ мекунанд. Қирғизҳои Помир дар ҳифзу нигаҳдории ҷамъияташон муваффақанд. Шумо наметавонед ин мардумро «рӯ- барӯ бо марг» ё «дар маърази хатари инқироз» талаққӣ кунед. Чӣ гунА мАсъАлА дАр ғАйби помириҳо ҳАл шуд? Дар даҳаи 1830 ҳокимони Фарғона бар Помир тасаллут ёфтанд. Дарвоқеъ, худи помириҳо ба ин амр кумак карданд. Раҳбарии онҳо ба дӯши яке аз дарбориён, фармондеҳе ба номи Лашкар Қӯшбегӣ, бардаи собиқ аз Читрол буд. Вақте аз хонигарии Хӯқанд сухан мегӯем, бояд дар назар дошт, ки мардуми кулли минтақа дар қаламрави он зиндагӣ мекарданд, аз ҷумла қирғизҳо ва тоҷикҳо. Хони Хуқанд Олимхон (давраи ҳукума- таш: 1798-1809) дар пешбурди сиёсатҳои худ ба артиши 10-ҳазорна- фари мавсум ба «Гала-баҳодур» такя мекард, ки аз тоҷикони Дарвоз, Page 189 189 Кӯлоб, Рӯшон, Ҳисор, Шуғнон, маъруф ба ғалча (аз порсии «ғaр», яъне кӯҳ), ташкил шуда буд. Бино бар ин, қирғизҳо хуқандиҳоро ба унвони бародарони мусалмони худ ба онҳо тамоюл доштанд, то битавонанд аз онҳо дар баробари чиниҳои «кофар» муҳофизат кунанд. Шаклгирии марзҳое, ки то ба имрӯз боқӣ монда, дар соли 1869 оғоз шуд — замоне ки русҳо Хӯқандро ишғол ва ба қаламрави худ пайваст карданд ва онро «вилояти Фарғона» номиданд. Сипас аз тариқи во- дии Олой батадриҷ ба самти Помири шарқӣ ҳаракат карданд. Русҳо он замон дар Помири ғарбӣ (Дарвоз, Шуғнон, Рӯшон) чашми тамаъ надоштанд, чун ин қаламрав ҷузъи аморати Бухоро буд — ва Бухоро вобастаи Русия! Аммо онҳо Помири шарқиро ба унвони бахше аз қаламрави подшоҳии Фарғона (ё хонии Хӯқанд) ҷузъи ғаниматҳои ҷангии худ медонистанд. Комилан рӯшан аст, ки подшоҳиҳо ва мамолики атрофи Помир Вахонро мулки худ ва худро бар он лоиқ медонистанд. Худи ҳокимо- ни маҳаллӣ қудрати худро аз роҳи бозӣ бар рӯйи рақобатҳои байни ҳамсоягони қавитарашон ба даст оварда, дар айни ҳол барои дастёбӣ ба ҳадди аксари мухторият талош меварзиданд. Амирони Афғони- стон Бадахшонро сарфи назар аз мавқеияти он дар ду сӯи рӯди Панҷ қаламрави сиёсии ягона мепиндоштанд. Ба ҳамин шева, ҳамсояи дигар — чиниҳо, ки дар соли 1877 пас аз дарҳам шикастани подшоҳии Яъқуббек дар Кошғар, дубора бар минтақаи Шинҷон (ё Синкиёнг) та- саллут ёфтанд, кӯҳҳо ва дараҳои шимолу ғарби Кошғарро ҷузъи мута- саррифоти худ медонистанд, ки аз мусалмонон ғанимат гирифтаанд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки аксари қирғизҳо, бавижа дар ҷану- би Мурғоб, чинӣ ҳастанд. Чиниҳо дар тавҷеҳи иддаоҳои худ барои Помир ба сангнавиштае ишора карданд, ки дар Сумантош (ё Сурма- тош) ёфт шудааст. Ин лавҳ маълум нест дар чи соле, вале ба ифтихори пирӯзии сипоҳи Чин бар шӯришиён дар «кишваре холӣ аз сакана» ҳаккокӣ шудааст. Ба назари онҳо, ин сангнавишта метавонад шаҳодат диҳад, ки минтақаи Помир аз Сарикул то кӯли Яшилкул (дар кано- ри Сумантош) бахше аз Кошғари Чин аст. Тибқи иддаои онҳо, гене- рал Зу-Зунгтонг, ки қиёми мусалмонони Кошғарро дар солҳои 1876- Page 190 190 1878 саркӯб кард, сипоҳе ба ғарб фиристода ва ин сангро ба унвони нишонаи марзӣ дар Сумантош насб кардааст. Ривояти дигаре низ аз маншаи ин санги бадшугун вуҷуд дорад, ки қирғизҳо низ ба он такя мекунанд. Тибқи ин ривоят, ин сангна- вишта ба воқеаҳои соли 1759 марбут аст — замоне ки ду ҳоҷии ко- шғарӣ ҳамроҳи хонаводаҳои худ аз дасти чиниҳо аз тариқи Помир ба Балх фирор мекарданд, аммо аз сӯи Султон Шоҳ, ҳокими Бадах- шон, дастгир ва эъдом шуданд. Ин лавҳро сардастаи сарбозони русӣ, сарҳанг М. Ионов, дар соли 1891 кашф кард. Вай қисмати арзишманди онро бо катибааш ба Тошканд бурд. Дар аввалҳои даҳаи 1960, қисмати аслии ин санг аз Сумантош ба Хоруғ оварда ва дар рӯбарӯи осорхонаи маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар соли 1969 ин сангро бар пояи муҷассамаи Ленин қарор доданд. Соли 2004 ҳангоми васеъ кардани хиёбони аслии Хоруғ, ин ёдгории таърихии муҳими Помир аз он маҳал барчида шуд ва акнун мунта- зири ҷойгоҳе муносиб барои нигаҳдории доимӣ аст. Тафсири чиниҳо аз ин сангнигора аз камтарин сатҳи эътимод бар- хурдор аст. Чарлз Адолф Мюррейи англис, ҳафтумин урли Донмур (набераи Катерина Воронтсова ва набераи сафири Русия дар Ингли- стон С. Р. Воронтсов), дар соли 1892 ба минтақа сафар карда буд. Вай бо ишора ба сангнигораи дигари «пайдошуда» дар ҷануби Вахон гуф- та буд, ки чиниҳо одат доранд катибаҳоеро дар маконҳои муносибе гӯронанд, то дар замони муносиб онҳоро дубора «пайдо» кунанд ва ба унвони нишонаҳои марзӣ муаррифӣ намоянд. Дарвоқеъ, ҳамон тавр, ки дар боло ишора кардем, матни рӯи ин санг «дар бораи ҳеч чизе» иттилоъ намедиҳад ва ҳатто таърих ҳам надорад. Чиниҳо барои ҳаллу фасли «масъалаи Помир» ба ҳимояти Инглистон такя мекарданд, аммо дар айни ҳол нигарон буданд, ки фаъолияти онҳо дар «Боми ҷаҳон» боис ба норизоятии Русия шавад. Онҳо фақат изҳороти пурсарусадо карданд. Дарвоқеъ дар поёни садаи нуздаҳум ҳатто як маъмури чинӣ ҳам дар Помир ҳузур надошт. Ка- тибаи рӯи санг фақат ишора ба набардест, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавон онро аломати марзӣ хонд. Page 191 191 Афғонҳо аммо рафторе пархошгарона ва қотеъ доштанд. Тобистони соли 1883 лашкариёни амир Абдураҳмонхон сарзаминҳои худгардо- ни Шуғнон, Рӯшон ва Вахонро дар наздикии Помир ба тасарруфи худ дароварда, ба самти Помир боло рафтанд. Онҳо ба посгоҳи чинӣ дар Сумантош ҳамла карданду асироне гирифтанд, ки баъдан ба бардагӣ фурӯхтанд. Тасаллути афғонҳо бар ин марзу бум тақрибан даҳ сол тӯл кашид. Дар тобистони соли 1892 «дастаи зудгард»-и М. Ионов ба Сумантош омад. Ин сарҳанг, ки мухолифи бардадорӣ буд, 15 афғонро аз дами теғ гузаронд ва парчами Русияро бар фарози Помир барафрошт. Дар ниҳо- ят, русҳо бахши аъзаме аз Помирро ба қаламрави худ илҳоқ карданд. Бо суқути ризоятмандонаи англисҳо, онҳо дасти чиниҳо ва афғонҳоро аз ин қаламрав кӯтоҳ карданд. Дар соли 1892 воҳиди низомии Помир дар наздикии Мурғоб (Шодҷон) ташкил шуд ва то соли 1894 подгоне барои чандсад сарбози русӣ дар онҷо сохта шуд. Дар соли 1897 фармондеҳи ин воҳиди низомӣ қароргоҳи худро ба- рои будубоши тӯлонимуддат ба ҷойи муносибтаре дар иртифоъоти Хоруғ интиқол дод. Русҳо на танҳо аз марз ҳифозат мекарданд, бал- ки идораи умури маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамъияти қирғизро, ки байни қаламравҳои Русия ва Афғонистон дар Помир рафтуомад доштанд, ба даст гирифтанд. Саранҷом, дар соли 1895 бар сари як хати марзии нав байни Русия ва Бритониё тавофуқи дӯстона ҳосил шуд. Долони Вахон байни Ҳинди Бритониёӣ ва Туркистони Русия ба Афғонистон вогузор шуд. Ҳарду имперотурӣ ба эҷоди як минтақаи ҳоил дар онҷо алоқаманд буданд, то дигар баҳонае барои низоъ байнашон мавҷуд набошад, монанди ончи дар моҳи августи 1891 рух дод. Он замон маъмури иттилоот- ии Инглистон Ф. Янгҳазбенд дучори рӯёрӯӣ бо ҳампешаи русии худ, сарҳанг М. Ионов шуда буд. Мулоқоти ин ду дар Бузой-Гунбад дар қаламрави Афғонистон барпо шуд, ки минтақае ҳаммарз бо Ҳинд, дар қаламрави Помири Кӯчак ва таҳти сайтараи Англис буд. Аммо Ионов, ки дастае аз казакҳоро зери фармон дошт, маъмури англисро таҳдиди боздошт кард ва аз ӯ хост, ки Page 192 192 бахубӣ аз ин минтақа берун шавад. Ин ҳодиса метавонист баҳонае ба- рои даргирие бошад, ки барои ҳарду тараф ба ҳамон андоза номатлуб буд. Бо эъломи Помир ба унвони як минтақаи «ҳоил» ва «долон», ду тараф онро бар афғонҳо таҳмил карданд. Ин тавофуқ аз ҷанги байни Инглистон ва Русия дар марзҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ҷилавгирӣ кард, аммо ҳазинаи ин «меҳмониро» қирғизҳо пардохтанд ва озо- дии худро аз даст доданд. Афғонҳо, ки на танҳо дар Помир, балки дар тамомии қаламрави Бадахшон ба чашми тамаъ менигаристанд, дар рӯбарӯи як амали анҷомшуда қарор гирифтанд. Абдураҳмон, амири Афғонистон, бо ишора ба ин, ки бо атбои худаш ҳамчунон мушкилоти зиёде дорад ва моил ба пазируфтани масъули- ят барои «кирғизҳои роҳзани Вахон ва Помир» нест, ба ҳар баҳонае аз қабули ин «ҳадя» худдорӣ мекард. Ду тарафи тавофуқ ба чиниҳо ҳам, ки кулли Помир ва на танҳо долони борике аз онро мехостанд, тақрибан эътиное накарданд. Замоне ки англисҳо ва русҳо Помирро байни ҳам тақсим мекарданд, Чин дар остонаи ҷанг бо ҷопониҳо буд ва давлати подшоҳии Чинг (Qing) наметавонист ба таври ҷиддӣ дар тақсими Помир иштирок кунад. Фармондори иёлати Туркистони Русия Чинро «кишваре дар остонаи фурӯпошӣ» хонда ва «ба унвони як омили ҷиддӣ дар сиёсати шарқ ҳойизи аҳамият» намедонист. Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 1858 то 1924 дар умум тақрибан 753000 мили мураббаъ (1.9 миллион километри мураббаъ) аз хоки Чин умдатан дар Ховари Дур ба Русия пайваст карда шуд. Иллати аз даст додани ин заминҳо аз сӯи чиниён на қудрати ни- зомӣ ва сиёсии Русия, балки сустии давлати Чин ва нокомиҳояш дар ҷабҳаи дипломатӣ арзёбӣ мешавад. Мақомҳои чинӣ, ки аз шеваҳои ҷадиди дипломатия ва равобити байнулмилал чандон баҳрае надо- штанд, намедонистанд, ки чӣ гуна бо аврупоиҳо музокира кунанд, чӣ гуна ба тавофуқ расанд ва иттиҳоде эҷод кунанд. Page 193 193 нАмунАи зебоишинохтӣ Ба ин тартиб, тақрибан 130 сол пеш аз ин, ду қудрати фаромин- тақаӣ ва дурдаст ба сарзамине бегона ворид шуданд, ҳамсоягонашро ронданд ва онро миёни худ тақсим карданд ва байни заминҳои та- сарруфкардаи худ наворе боқӣ гузоштанд. Худро кошифони «сарза- мине мутааллиқ ба ҳеч кас», худовандони «Боми ҷаҳон» ва ҳатто гаҳвораи нажоди «ориё» эҳсос мекарданд. Даркашон аз Помиру Оксус (Омударё) ба маънои қаламраве дуруфтода ва ҳадафе барои тавсеаи истеъмор ва баҳрабардорӣ аз сарватҳо ва манобеи фаровон набуд, балки чакодҳои сар ба фалак кашидаи риштакӯҳҳои воқеъ дар қалби АвруОсиёро бахше аз ҳувияти эҳёшудаи «орёии» худ медонистанд. Хаёлпардозӣ ва руҷуъ ба лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ бо низомиён, сиёсатмадорон ва ҷаҳонгардони давраи Малика Викто- рия ва дудмони Романовҳо (ки бо ҳам пайвандҳои хонаводагӣ до- штанд) дар муборизоташон барои Помир ҳамроҳ буд. Сайтара ёфтан бар «Боми ҷаҳон» аз назари онҳо нишонае аз қудрати имперотурӣ, қудрати мутлақ ва бартарии нажоди сафед бар соири мардумон буд. Аммо ҳарфи охир ҳамеша бо модар-табиат аст. Кӯҳҳо ва манза- раҳои табиӣ ба андозае дастнаёфтанӣ, дурушту ноҳамвор буд, ки ав- рупоиёни ғарра ба фатҳу пирӯзиҳои худро бар хари худшон нишонд ва нишон дод, ки ин ҳама қудрат ва тавони онҳо пеши нерӯ ва иқти- дори табиат номаҳдуд нест, балки ночиз аст. Хеле зуд фотеҳон мута- ваҷҷеҳ шуданд, ки ин минтақа дарвоқеъ бузургу паҳновар, дастнаёф- танӣ, беназму саркаш ва барои мутолеа ва тафреҳу тафарруҷ (аз ҷумла шикор) хатарнок ҳам аст, чи расад ба тавсеа ва густариши шаҳрни- шинӣ дар он. қирғизҳо дАр помири бузург вА помири кӯЧАк Ҷабборқул, писари Худоёри Ҳоҷӣ, соли 1900 ба унвони «мингбошӣ» ё пешвои тоифаи қирғиз (муодили раиси ноҳия ё уезд) дар Мурғоб интихоб шуд ва зери сайтараи ҳукумати маҳаллии Русияи подшоҳӣ Page 194 194 бар ҳамтаборонаш ҳукумат мекард. Ба таври куллӣ, пас аз тақсими Помир оромиши нисбӣ дар тамомии минтақаи Осиёи Миёна ҳоким шуд. Ин амр шароитро барои вуруди сармоя ва рушди саноати «Тур- кистони Рус» ва иморати Бухоро фароҳам сохт. Вале Ҷанги Ҷаҳонии Аввал баногоҳ тавсеаи минтақаро дар соли 1914 мутаваққиф кард. Дар соли 1916 аввал Хуҷанд ва баъд саросари Осиёи Миёнаро мавҷе аз ошӯбҳо алайҳи давлати Русияи подшоҳӣ ва сарбозгирии он аз миёни мусалмонон барои корҳои ақибгоҳ фаро гирифт. Ин ошӯбҳо ба сурати ваҳшиёнае саркӯб шуд ва ба фирори дастҷамъ- ии тоифаҳои кӯчӣ ба номи «urkun» (гурезогурез) анҷомид. Дар солҳои 1916-1917 беш аз 120 000 қазоқу қирғиз ба Туркистони Чин (устони Шинҷон ё Синкиёнги кунунӣ) ва ҳатто ба самти Помири Афғонистон фирор карданд. Инқилоби соли 1917 ва ҷанги дохилие, ки ба ҳамроҳ дошт, таъси- роте бар вазъияти «Боми ҷаҳон» ҳам барҷой гузошт. Ҳифзи ҳокими- яти русҳо дар Помир чандон кори осон набуд, чун дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ҳам тарафдорони ҳукумати подшоҳӣ ё артиши сафед, ҳам болшевикҳо ё Артиши Сурх, ҳам босмачиҳои Фарғона ва Олой ва ҳам тарафдорони амири Бухоро ҳузур доштанд. Дар Помир аврупоиён ҳам ҳузур доштанд — маҷорҳо, хорватҳо, словакҳо, чехҳо, туркҳо ва олмониҳо — асирони ҷангии собиқи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, ки солҳои 1914-1916 дар урдугоҳҳои Фарғона ва Хуҷанд қарор дода шуда буданд ва давлати Русия дар моҳи марти 1918 таъмини ғизоро барои онҳо мутаваққиф ва онҳоро раҳо кард, ки ҳар куҷое мехоҳанд, бираванд. Асирони ҷангӣ — ки аксар пайрави назму инзибот ва тарафдори сулҳу оромиш буданд– бетарафии худро ҳифз мекарданд ва фақат орзуи бозгашт ба сарзаминҳои худро доштанд. Масири роҳи оҳан ба далели ҷанги дохилӣ ва ҳарҷу марҷ дар Русия хатарнок буд, аз ин рӯ, асирони бағоят навмедшуда аз миёни онҳо саъй доштанд аз тариқи як масири тӯлонӣ ва шигифтангез — аз тариқи Ҳинд ба сарзаминҳои худ баргарданд. Онҳо умедвор буданд, ки аз «долони» Вахон ба Сим- ло (пойтахти тобистонии ҳукумати маҳаллии Бритониё дар Ҳинд) убур намоянд, онҷо шиноснома ва раводиди Биритониё бигиранд, Page 195 195 дар Карочӣ савори киштӣ шаванд ва аз роҳи дарё ба Ҳамбург ё Лон- дон сафар кунанд. Аз ин рӯ, онҳо дар отряд ё воҳиди низомии Помир худро сабти ном карданд. Аммо ҳангоме ки пояшон ба Помир расид, онҳо нохоста даргири ҷанги дохилӣ шуданд ва дар сангарҳои мухта- лиф қарор гирифтанд. Казакҳои рус, ки Эронро дар соли 1917 тарк карда буданд ва сарбо- зони горди сафед ё артиши подшоҳии Русия, ки дар ҷангҳо алайҳи болшевикҳо дар Тошканду Фарғона шикаст хӯрда буданд, низ саъй мекарданд бо истифода аз ҳамин масир — аз тариқи Помир ва Афғо- нистон ба Ҳинд — ба назди муттаҳидони собиқи худ, англисҳо, би- раванд. Дертар, дар авоили даҳаи 1920, аъзои зидди шӯравии давлати нахусти Ҷумҳурии шӯравии халқи Бухоро ва босмачиҳо (Шермуҳам- мад ё Кӯри Шермат ва ғайра) низ аз «долони» Вахон барои таҳар- рукоти махфиёна байни Афғонистон, Бухоро, Чин ва Ҳинд истифо- да карданд. Ҳоло баргардем ба соли 1918 — замоне ки болшевикҳои Тошканд, ки аз Маскав ҷудо шуда буданд ва аксар бо гароишҳои шовинистӣ тамо- юле ба тақсими қудрат бо мусалмонони маҳаллӣ надоштанд, тасмим гирифтанд, ки сиёсати хориҷии худро пеш баранд. Дар моҳи март онҳо ба ҷанги амири Бухоро Олимхон рафтанд (ба истилоҳ «лашкар- кашии Колесов»), бо шикасти сахте рӯбарӯ шуданд ва сипас таваҷҷуҳи худро ба Помир маътуф карданд. Сардастаи отряд ё воҳиди низомии Помир, сарҳанг В. В. Фенин, дар моҳи ноябри соли 1918 аз иҷрои дастури комиссарҳо худдорӣ кард ва ҳамроҳи ҳамсару писараш ва 32 афсару сарбоз, миқдоре пул ва ас- лиҳаро бо худ гирифт ва аз тариқи Ишкошим ба қаламрави Бритониё фирор кард. Сипас комиссарҳо тасмим гирифтанд як отряд ё воҳиди низомии ҷадид ташкил диҳанд, ки чанде аз афсарони ҳукумати под- шоҳӣ ва низомиёни утришу маҷористонӣ ҳам ҷузви он шуданд. Дар солҳои 1918-1919 қудрати сиёсӣ дар воҳиди низомии Помир, яъне дар саросари ин минтақаи кӯҳистонӣ, байни сурхҳо ва сафедҳо радду бадал мешуд. Як муддат фармондеҳи воҳиди низомии Помир як та- Page 196 196 бааи хориҷӣ — аз мардуми Хорватия ба номи Вичич буд — пизишки ҳирфаӣ, ки русҳову тоҷикҳо ва қирғизҳоро муолиҷа мекард. Дар моҳи сентябри соли 1919 тамомии ҳайати ҷадиди марзбонони Русия дар Помир, ба ҷуз Вичич ва як болшевик ба номи П. Воловик, ба озмоишҳои душвор ва билотаклифӣ тоб наоварданд ва ба дунболи гурӯҳи Фенин аз ҳалқа хориҷ шуданд. Гурӯҳи босмачиҳои зери фар- мони Ҷонибек (Ҷонибек-қозӣ Согинбоев), қирғизе аз Фарғона, дар Мурғоб бо ҳам мулоқот карданд. Ҷонибек бар минтақаи марзии байни Қирғизистон ва Чин, аз Уз- ганд то Кошғар, сайтара дошт ва ба қочоқи инсон ва коло даст мезад. Дар моҳи апрели соли 1920 босмачиҳо посгоҳеро дар Мурғоб тасар- руф карданд ва афсарону сарбозони русро куштанд. Бо шунидани ин хабар, сардори отряд ё воҳиди низомии Помир — афсари сафед Ф. Тимофеев, аз тариқи Ишкошим ва Вахон ба Ҳинд фирор кард. Яъне аз босмачиҳо, болшевикҳо, бемориҳо ва баландкӯҳҳо худро раҳо карду роҳии Аврупо шуд. Дар тамоми ин муддат, қирғизҳои Помир тарҷеҳ медоданд, ки дар даргириҳо мудохила накунанд ва пушти кӯҳҳои буланд паноҳ баранд. Яке аз аъзои ҳайати намояндагони ҳукумати Туркистони шӯравӣ, ки дар моҳи сентябри соли 1921 аз Аличур (Помири шарқӣ) боздид карда буд, навишт: «қирғизҳое, ки имконот ва шароити ҳамлу нақл доштанд, ба Вахони Афғонистон рафтанд. Бақия мунтазиранд, ки шутурҳо ва говмешҳоро баргардонанд, то онҳо низ ба дунболи гурӯҳи аввал онҷо бираванд». Иллати муҳоҷирати қирғизҳо монанди соири фирориёни он замон чунин буд — бедодӣ, набуди ҳукумат ё қудрат, тарс аз саркӯб, бемайлӣ ба истодан дар минтақаҳои ҷангзада ва ғайра. То соли 1934 мақомоти Шӯравӣ рафтуомади кӯчиёнро нодида меги- рифтанд, ба қирғизҳои Афғонистон иҷоза медоданд, ки бо пардохти миқдоре пул аз чарогоҳҳои Помири Шарқӣ истифода кунанд. Аммо дар миёнаҳои даҳаи 1930 вазъият дар Помир ва дар саросари Иттиҳо- ди Ҷамоҳири Шӯравӣ тағйир кард. Сиёсати режим сахтгиронатар шуд, саркӯбҳо шиддат гирифт ва дар марзҳо симхор кашида шуд. Page 197 197 Нависандаи ин сатрҳо дар нимаи дувуми даҳаи 1950 борҳо аз Мурғоб, маркази Помири Шарқӣ, боздид кардааст. Барои ӯ дидани чанбараи азиме аз симхорҳо, ки дар канори русто анбошта шуда буд, шигифто- вар намуд. Зоҳиран тайи 20 соли гузашта ин симхорҳо занг зада буд ва масъулон онро бо васоили ҷадид иваз карда буданд. Баста шудани марзи Шӯравӣ-Афғонистон танҳо ба гусастагии раво- бити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии қаблӣ байни қавмҳои ҳамта- бор дар Помири Афғонистон ва Помири Шӯравӣ сабаб нашуд. Ин амр боиси аз даст рафтани беҳтарин чарогоҳҳое шуд, ки дар Мурғо- би Тоҷикистон монд. Қирғизҳои Афғонистон дигар наметавонистанд саршумори чор- поёни худро зиёд кунанд. Ба гуфтаи мардумшиноси амрикоӣ Назиф Шаҳронӣ (узбактаборе аз Бадахшони Афғонистон), ки дар даҳаҳои 1970 ва 1980 дар бораи қирғизҳо ва вахониҳои «долон» таҳқиқот анҷом додааст, помириҳо бар ин бовар буданд, ки русҳо мехоҳанд онҳоро битарсонанд ва заминҳои мутааллиқ ба онҳоро мусодира кунанд. рАҳмонқул — посбони помир Ба назар мерасад, ки Ҷабборқул ва Раҳмонқул мухолифи Шӯравӣ ва тарафдори босмачиҳо буданд ва онҳоро «муҷоҳид» мехонданд. Дар шаклгирии ҷаҳонбинии онҳо қиёми соли 1916, ранҷу мусибат ва мар- ги ҳазорон қазоқу қирқиз, ки аз саркӯбу таъқиби ҳукумати подшоҳии Русия маҷбур ба фирор ба Чин шуда буданд, таъсири чашмгире гузо- шта буд. Баъдҳо, Раҳмонқул эътироф мекард, ки бо таҳвили қудрат аз низоми подшоҳӣ ба низоми шӯравӣ сиришти истеъмории давлати Русия тағйир накард. Бо ин ҳол, мухолифати қирғизҳо иқдомҳои сиё- сии фаъолонае дар пай надошт. Ба унвони пешвои қабила, Раҳмонқул ва падараш Ҷабборқул, қабл аз ҳама ба рифоҳ ва якпорчагии тоифаи худ аҳамият медоданд ва масалан монанди ҳамтоборонашон аз Олой ва Фарғона, ба фикри сарнагунии ҳукумати Шӯравӣ набуданд. Дар давраи солҳои 1930 то 1946 ягонҳои амалиётии ОГПУ (ниҳоди вижаи амниятии Шӯравӣ) чандин ҳамларо алайҳи қирғизҳо анҷом Page 198 198 доданд ва дар ҷараёни ин ҳамалот ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки Афғонистон ҳам мешуданд. Қабоили кӯчӣ муқовимат мекарданд ва аз ин ҳамлаҳо ба мақомоти афғон иттилоъ медоданд, аммо Кобул ҳеҷ дифое аз онҳо намекард. Сиёсати иҷборан водоштани кӯчиён ба тарзи зиндагии якҷонишинӣ, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом шуд, дар равобити байни Шӯравӣ ва қирғизҳои Помир зиддият ва ху- сумат эҷод кард. Дар соли 1935 Ҷабборқул ҳамроҳи бародар ва писараш мехостанд галаҳояшонро, ки тавассути марзбонони шӯравӣ мусодира шуда буд, бозгардонанд, аммо дастгир шуданд ва мавриди шиканҷаву озор қарор гирифтанд. Он замон Раҳмонқул шаш моҳро дар зиндон гузаронд. Дар ҷараёни ин амалиёт даҳҳо мардуми қирғиз аз ҳарду тарафи марзи Шӯравӣ ва Афғонистон дар Помир кушта шуданд. Пас аз марги Ҷабборқул дар соли 1943, писараш Раҳмонқул хон ё пешвои тоифаи қирғиз дар Помир шуд. Дар солҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ҳамтаборони Раҳмонқул ҳамчунон ба қаламрави Тоҷикисто- ни Шӯравӣ рафтуомад мекарданд. Дар солҳои 1941-1945 фармондеҳии нерӯҳои марзбонии Шӯравӣ бо қирғизҳои Афғонистон, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистони шӯравӣ мешуданд, қотеона бархӯрд намекард, зеро он замон лозим буд бештар бо нуфузи эҳти- молӣ ва хасмонаи авомили хориҷӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ муқобала кунад ва талошҳо барои эҳёи ҳаракати босмачиҳоро дар минтақа хунсо созад. Хушбахтона, ба ҷуз аз иттифоқоти нодире дар марз аз ихтилофот хабаре набуд ва Тоҷикистон дар тӯли солҳои ҷанг ба ун- вони ақибгоҳи қобили эътимоде барои давлати Шӯравӣ монд ва ин амр ба фароянди пирӯзӣ бар фошисм кумак кард. Пас аз ҷанг, равобити пуртаниши қирғизҳо бо марзбонони Шӯравӣ мутаваққиф нашуд. Ин амр Раҳмонқулро ба тарки Помири Кӯчак маҷбур намуд. Дар соли 1948 ӯ ҳамроҳи 2000 нафар аз шахсони қа- билаи худ ба самти шарқ — Тошқурғон-Сарикули Чин ҳаракат кард. Ба гуфтаи вай, дар қаламрави Чин ӯ дороиҳое чун хона ва қитъаҳои замин дошт, ки аз падараш мерос монда буд. Вале онҷо ҳам иқбол ба рӯяш нахандид. Дар соли 1949 Артиши озодибахши халқи Чин (АОХЧ) ба раҳбарии Моу Зедунг вориди ғарби Чин шуд. Тамоми Шинҷон Page 199 199 ё Синкиёнг ба такопӯ даромад. Маъмурони ғарбӣ, артишиёни сафеди Русия, мусалмонон — ҳамагӣ дар пайи хуруҷ аз минтақа буданд. Си- пас Раҳмонқул тасмим мегирад сарбозони посгоҳи марзии Чин, ибо- рат аз 8 нафарро, ки дар сари роҳи ӯ қарор доштанд, ба қатл расонад ва бо гирифтани аслиҳаи онҳо ба Помири Кӯчак баргардад. Аслан баъид нест, ки дар ин ҷиноят босмачиёни собиқ ба раҳбарии Ҷонибек даст дошта бошанд, зеро онҳо баъд аз шикасте, ки дар миёнаҳои солҳои 1920 аз шӯравиён хӯрданд, дар Синкиёнг ё Шинҷон мустақар шуда буданд. Чиниҳо бо насби симхор дар марз ва бастани роҳи тиҷора- ти корвонҳо аз Сарикул ба долони Вахон ба ин иқдом посух доданд. Солҳои тӯлонии инзиво барои қирғизҳои Вахон ва Помир оғоз шуд. Бо вуҷуди шуҳрат доштан ба бадӣ дар миёни марзбонон ва мақо- моти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Чин ва Покистон, касоне, ки аз Помири Кӯчак боздид мекарданд, ба Раҳмонқул арҷ мегузоштанд ва нисбат ба ӯ нигоҳи мусбат доштанд. Вай илова бар забони модарии худаш, ки қирғизӣ аст, ба забонҳои дарӣ-тоҷикӣ, пашту, урду ва ҳатто андаке ба англисӣ ҳам суҳбат мекард. Худаш ба фарзандонаш хату савод ва фароизи исломро омӯзонда буд. Дар Афғонистон Раҳмонқул тавонист худро бо зиндагӣ дар шаро- ити марзҳои баста вифқ бидиҳад ва ҳатто ба равнақи иқтисодӣ барои ҳамтаборони худ то ҳадде даст ёбад. Қирғизҳои Афғонистон, ки та- вонистанд солона ду то се кӯч дар фазоҳои начандон фарохи Помири Кӯчак ва Бузург анҷом диҳанд, батадриҷ шуруъ ба таркиб ё ба ҳам омехтани домдории суннатии кӯчӣ бо тиҷорат ва дигар анвои фаъ- олиятҳои иқтисодӣ карданд. Раҳмонқул дар асл як «колхоз» ё «маз- раъаи ҷамъӣ» эҷод кард ва худаш раиси он буд. Ӯ худаш галаҳои худ ва ҳамтаборонашро ба Кобул мебурду мефурӯхт ва ҳама гуна маводи мавриди ниёзи онҳоро мехариду меовард ва байни ҳамтаборонаш дар Помир тақсим мекард. Дар айни ҳол корҳои санадгузорӣ ва муҳосиботро худаш анҷом ме- дод. Қирғизҳои зери назари Раҳмонқул ҷузъи ноҳияи идории Вахон дар вилояти Бадахшон шуданд, худи ӯ ба як раҳбари бонуфузи мин- тақаӣ дар кишвар табдил шуд. Дар миёни тоҷикҳо, паштунҳо ва уз- Page 200 200 бакҳои Афғонистон қирғизҳо ба унвони мусалмонони сарсахт, мудо- феони дин дар баробари коммунистҳо шуҳрат доштанд. Мусофирону ҷаҳонгардоне, ки пояшон ба Помири Кӯчак мерасид, меҳмоннавозӣ, саховат, салобат ва шуҷоати қирғизҳои маҳаллиро таҳсин мекарданд. Муллоҳои Бадахшон гоҳ-гоҳе ба Помир мерафтанд ва усули исломро ба забони форсӣ ба қирғизҳо омӯзиш медоданд. Ба далели дуруфто- дагӣ, обуҳавои сахт, набудани зербиноҳо, мақомоти афғон наметаво- нистанд идораҳои маҳаллии худро дар Помири Афғонистон таъсис диҳанд ва подгонҳои низомиро барои ҳифозат аз марз дар онҷо ҷой- гир кунанд. Дар натиҷа, давлати марказӣ дар Кобул тасмим гирифт, ки ба Раҳмонқул вазоиф ва ихтиёроти ҳукумати марказӣ, аз ҷумла ҳифозат аз марзҳоро, вогузор кунад. Дар он замон буд, ки Раҳмонқул унвони «Посбони Помир»-ро дарёфт кард. Подшоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ (даврони ҳукуматаш: 1933-1973) қирғизҳои Помирро дар изои қавли онҳо барои муҳофизат аз марз аз хидмати сарбозӣ муъоф кард. Дар соли 1965 Зоҳиршоҳ ба Раҳмонқул медали тило дод. Хони қирғизҳо дар Луя Ҷирга (маҷлиси қабоил)-и Афғонистон низ узвият дошт. Ӯ ҳар сол ба Кобул мерафт ва ҳангоми мулоқоти шахсӣ бо шоҳ ҳа- маи мушкилоти мавҷударо ҳал мекард. Вай бо мақомоти давлатӣ ва дипломатҳои ғарбӣ низ дидор ва мулоқот мекард. Афғонистон дар аввали нимаи дувуми қарни гузашта беҳтарин солҳои худро қабл аз фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ ва хушунат таҷриба мекард. Дар мат- буоти ғарбии даҳаи 1950-1960 мақолаҳое бо аксҳои рангӣ дар бораи минтақаи асроромез ва мардуми шигифтангез нашр мешуданд. Ши- корчиёни сарватманд ба дунболи моҷароҷӯии ҳаяҷонангез ва шикори гӯсфандони ваҳшии Марко Поло аз Помир дидан мекарданд. Раҳ- монқул ҳамтаборони худро муваззаф карда буд, ки онҳоро меҳмон ҳисоб кунанд ва мустақим ба назди хон бифиристанд. Зери ниқоби шикорчён ҷосусҳое аз қаламрави Шӯравӣ низ ворид мешуданд, ки ба туфангҳои Калашников мусаллаҳ буданд. Русҳо бо итминон додан ба қирғизҳо, ки дӯстони давлати Довудхон дар Афғо- нистон ҳастанд, аз қирғизҳо дар бораи қароргоҳҳояшон, ҷодаҳо, ра- Page 201 201 вобиташон бо ҳамсоягон ва давлати Афғонистон ва ғайра пурсиш мекарданд, дар ҳоле ки як лаҳза ҳам аз васоиле чун қутбнамоҳо ва нақшаҳои худ ҷудо намешуданд ва алоқаи хосе ба шикор ҳам аз худ зоҳир намекарданд. Ин оромиш ва шугуфоӣ дар моҳи апрели 1978 ба фарҷоми худ расид — замоне ки кудетои марксистӣ дар Кобул дав- лати ҷумҳурихоҳи Муҳаммад Довуд, ҳомӣ ва сарпарасти «посбони Помирро» сарнагун кард. Аз бими саркӯби дубора, дар поёни моҳи июли соли 1978 теъдо- ди 1300 қирғиз аз Помири Кӯчак ба раҳбарии Раҳмонқул аз тариқи кӯҳҳои Ҳиндукуш ба Покистон фирор карданд. Бархе аз манобеъ ме- гӯянд, ки наздикони Ҷонибеки босмачӣ, ки пас аз шикасти қиёми мусалмонон дар Кошғар соли 1934 ба Ҳинд паноҳ бурда буданд, ӯро ба фирор ташвиқ кардаанд (Худи Ҷонибек дар соли 1939 дар Ишку- мон, дар вилояти Читроли Покистони кунунӣ даргузашт). Тақрибан 500 қирғиз аз Помири Бузург аз итоати хон ё пешвои худ сар бозза- данд ва аз муҳоҷират худдорӣ карданд. Дар тобистони соли 1979 беш аз 100 фирорӣ, ки ба Покистон паноҳ бурда буданд, умдатан ба дале- ли ибтило ба бемориҳои ношӣ аз гармо, вабо ва шароити беҳдории номуносиб, ки барои мардуми кӯҳистонӣ хушоянд набуд, ҷони ху- дро аз даст доданд. Сарзамини Кашмири Ҳинд, ки тавассути поки- стониҳо ишғол шуда буд, барои қирғизҳо ба ҷаҳаннам табдил шуд. Қирғизҳо, ки ба оби тоза ва ҳавои софи кӯҳистонӣ хӯ гирифта буданд, дар шаҳракҳои чодарии ғуборолуд барои паноҳҷуёни афғон дар кано- ри шаҳрҳо ва рустоҳои Покистон мустақар шуданд. Мақомҳои Исло- мобод нисбат ба қирғизҳои Помир бадгумон буданд ва аз таҳаррукоти озодонаи онҳо монеъ мешуданд. Сатҳи болои маргу мир ба иловаи норизоятӣ аз сабки раҳбарии мустабиддонаи Раҳмонқулхон ва замонати убури амн аз марз, ки фар- мондеҳии Шӯравӣ дар Хоруғ дода буд, боис шуд, ки 30 оила (ҳудуди 150 нафар) ба раҳбарии Абдуррашидхон аз Раҳмонқул ҷудо шаванд ва дар моҳи октябри соли 1979 ба Помири Кӯчак баргарданд. Дар онҷо онҳо кумакҳои чашмгире аз Иттиҳоди Шӯравӣ дарёфт карданд. Дере напойид, ки дар авохири соли 1979 артиши Шӯравӣ ба Афғонистон Page 202 202 таҷовуз кард. Хотираи он таҷовуз ҳанӯз ҳам аз зеҳнияти пирону сол- мандони қирғиз пок нашудааст. Дар айни ҳол, зиндагӣ дар Покистон барои қирғизҳои фирорӣ комилан ғайри қобили таҳаммул шуд. Дар моҳи апрели соли 1980 Раҳмонқул ба намояндагӣ аз мардуми худ аз давлати Амрико дархости паноҳандагӣ кард. Ҳадсу гумонҳое дар бо- раи сокин кардани қирғизҳо дар... Аляска вуҷуд дошт. Аммо давлати Амрико ин дархостро бидуни посух гузошт. Сипас, Раҳмонқул бо тавсияи Шаҳронӣ аз давлати Туркия дархости паноҳандагӣ кард. Дар моҳи марти соли 1982, пас аз чаҳор соли азобу ранҷи табъид дар Покистон, шигифтангезтарин кӯч дар зиндагии қирғизҳо иттифоқ уфтод. Давлати Туркия бо чанд ҳавопаймои «Бо- инг» 1130 қирғизи ҳамроҳи Раҳмонқулро аз Покистон ба шарқи Ана- толия мунтақил кард. Дар Туркия қирғизҳо дар рустои Қарақундуз (Улу Помир) дар устони Вон дар ҳамсоягии як ақаллияти ғайритурк — курдҳо — зиндагӣ мекарданд (ва ҳанӯз ҳам зиндагӣ мекунанд), ки ин амр мушкилоти хосеро барояшон эҷод кардааст. Охирин хон ё пешвои тоифаи қирғиз дар Осиёи Миёна, Ҳоҷӣ Раҳмонқул Кутлу, 7-уми авгу- сти соли 1990 дар Туркия дар 77-солагӣ даргузашт. Ҷумъаи Тоҷ, узви як хонаводаи фақири қирғиз, ки дар соли 1998 дар «интихобот» бар Муҳаммад Ориф, панҷумин писари Ҳоҷӣ Раҳмонқул, пирӯз шуд, ба таври расмӣ ҷойгузини ӯ шудааст. Ба ин тартиб, низоми хонии қирғиз ба таърих пайваст. Фарзандону набераҳои Раҳмонқул батадриҷ забони худро аз даст медиҳанд ва дар муҳити ҳарчанд дӯстона, аммо бегона, идғом мешаванд. мондАн ё рАФтАн бАрои ҳАмешА? Давлати Қирғизистон аз соли 2007 талош мекунад қирғизҳои Афғо- нистонро дар чорчӯби барномаи бозгардондани ҳамтаборон, мавсум ба «қайрилман» (бозгаштагон), ба кишвари худ кӯчонад ва ҷой диҳад. Гурӯҳи нахустин аз қирғизҳои Афғонистон дар моҳи октябри соли 2017 вориди Қирғизистон шуд. Бо ин ҳол, бархилофи Туркия, ки аз бародарони турктабораш истиқболи гарм карда ва ба онҳо маскан, Page 203 203 чорво ва пул дода буд, кишвари фақир ва ноороми Қирғизистон барои помириҳо мақбул науфтод. Дар тӯли чанд соли баъдӣ, баъзе аз онҳо ба далели надоштани кор, замин ва ҷойи зисти доимӣ ба Афғонистон бозгаштанд. Сипас, бархе аз онҳо дубора ба Қирғизистон баргаштанд. Имрӯз дар онҷо беш аз 100 қирғизи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки робитаҳои худро бо ватани худ қатъ намекунанд. Онҳо бо мушкилоте чун созгор шудан бо муҳит, нооромии сиёсӣ, бархӯрди эҳтиёткоронаи мардуми маҳаллӣ нисбат ба онҳо ва ғайра рӯбарӯ мешаванд. Ба назар мерасад, ки поми- риҳо дӯст доранд бештар байни Қирғизистон ва Помири Афғонистон ба кӯчкашӣ ва рафтуомади доимӣ бипардозанд. Дар остонаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар тобистони соли 2021 ва дуруст баъд аз он, ки қудрат ба дасти гурӯҳи ««Толибон»» гузашт, ҳазорон сокини ин кишвар аз ваҳшат ва бими қатлу саркӯб ватани худро тарк карданд. Дар миёни онҳо ҳудуди 345 қирғиз ҳам ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон фирор карданд. Албатта, бархе аз нозирон муътақиданд, ки зимистони сахт ва камбуди ғизо дар солҳои 2020-2021 иллати аслии ин муҳоҷират буд, ки дар он мавсим қирғизҳо тақрибан ниме аз галаҳои худро аз даст дода, бо қаҳтии шадид дучор шуданд. Ҳудуди як ҳафта баъд аз убур аз марз, хабаргузории расмии «Ховар»-и Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии ам- нияти миллии кишвар гузориш дод, ки паноҳҷӯёни қирғиз ба Афғо- нистон бозгардонда шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, амнияти шахсии онҳо тавассути давлати Афғонистон замонат дода шудааст. сиёсАти ҷАҳонӣ Ҳарчанд гуфтугӯҳое дар бораи аҳамияти роҳбурдии «долон»-и Ва- хон дар сиёсати ҷаҳонӣ аз муддатҳо пеш ҷараён дошта, аммо ин мин- тақа ҳаргиз ба майдони ҷанг ё маҳалли истиқрори пойгоҳҳои ни- зомии ин ё он кишвар ё урдугоҳҳои террористӣ ва ё масире барои қочоқи маводди мухаддир табдил нашудааст. Агарчи талошҳое ба- рои истифода аз Помир ба унвони муртафеътарин пойгоҳи низомӣ Page 204 204 дар ҷаҳон дар қиболи Чин, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон сурат гирифтааст. Дар тобистони соли 1981 як подгони Шӯравӣ бо тақрибан 100 ни- зомӣ дар Помири Кӯчак ҷойгир шуда, ҳатто корҳо барои насби даст- гоҳҳои мушакандоз ва сохти як фурудгоҳи низомӣ шуруъ гардида буд. Боз ҳам кашидани симхорҳо оғоз шуд — симхорҳое, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ дар соли 1989, ҳанӯз ҳам дар Помири Кӯчак занг мезананд. Дар давраи ҳукумати аввали ««Толибон»» (1996-2001) «долон»-и Вахон дар итоати Эътилофи Шимол ба раҳбарии Аҳмад- шоҳи Масъуд буд. Сипас, баъд аз фоҷеаи 11-уми сентябр дар Амрико ва оғози амали- ёти Эътилофи кишварҳои ғарбӣ алайҳи «Толибон», НАТО (Паймони Атлантикаи Шимолӣ) дар моҳи октябри соли 2001 вориди минтақа шуда, дар маркази Вахон як урдугоҳи ҳарбӣ таъсис дод ва пас аз чанд сол ба бунёди як шоҳроҳ дар имтидоди ин долон то марзи Чин пардохт. Дар айни ҳол, соли 2005, пас аз 130 соли сайтара, русҳо нерӯҳои худро аз Помир берун карданд. Таниши баҷомонда аз «ҷанги сард» рафъ шуда, аммо мушкилот сари ҷои худаш боқист. Афғонҳо ва амрикоиҳо дар соли 2009 борҳо аз Чин хостанд, ки сарҳадро боз кунад, то сохтмо- ни роҳро ба таври муштарак анҷом диҳанд, аммо Пекин напазируфт. Лозим ба ёдоварист, ки он замон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ру- сия ва Тоҷикистон дар «ҷанг алайҳи терроризм» (алайҳи «Толибон»), ки Вашингтон эълом карда буд, ҳампаймони якдигар буданд. Агар ин муттаҳидон бо Чин созиш мекарданд ва ин ҷодаро месохтанд, он гоҳ тағйироти азиме дар зиндагии помириҳо рух медод. Нерӯи барқ меомад, меҳмонхонаҳо барои гардишгарон сохта мешуданд, барои қирғизҳову тоҷикҳо ҷойи кор пайдо мешуд, дар дӯкону мағозаҳо дар Душанбеву Кобул аз назари зистмуҳитӣ қурут ё кашк аз шири говмеш пайдо мешуд. Аммо афсӯс! Чин фақат дар қаламрави худ 10 километри роҳро то Вахҷир сохт, онҷо терминале таъсис дод, хати иртиботӣ ва интернет гузаронд ва таваққуф кард — дар интизори лаҳзае муносиб, ки иқдом кунад ва пой дар Вахон бигзорад ва Афғонистонро дар чорчӯби барномаи ибти- Page 205 205 кории «Як камарбанд, як роҳ» ба долони иқтисодии Чину Покистон васл кунад. Ҳоло Чин ва сармоягузорони дигари билқувва ба ин боваранд, ки рискҳо ё хатарҳои сиёсии сармоягузорӣ дар Аморати Исломии Афғо- нистон дар умум ва бахусус Вахон ҳамчунон болост. Дар соли 2018 ба- рои тақвияти амният, Чин ба Афғонистон ёрӣ кард, то як бригада ё тими низомии кӯҳистонӣ дар Вахон барои мубориза бо терроризм эҷод кунад. Чин аз он нигарон аст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудоита- лаби уйғур мумкин аст аз гузаргоҳи Помир истифода кунанд. Замоне ки гурӯҳи «Толибон» дар соли 2021 ба қудрат расид, низо- миёни ғарбӣ ва афғонистонӣ ҳамачиро дар Вахон раҳо карданду раф- танд, аз ҷумла роҳеро, ки сохтмонаш нотамом монда буд. Дар амал, сохти як роҳ аз тариқи «долон»-и Вахон даҳҳо миллиард доллар ҳа- зина мехоҳад, зеро илова бар худи роҳ, бояд масоили амният, таҷҳи- зот, тадорукот ва зерсохтҳои дигареро ҳам дар назар гирифт. Чунин тарҳеро фақат Чин метавонад иҷро кунад. Афғонистон имрӯз аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ озод аст, аммо та- вассути режиме идора мешавад, ки наметавонд бо шохаи «Хуро- сон»-и созмони террористии «Давлати исломӣ» мубориза кунад ва ҳузури «Ал-Қоида» ва гурӯҳҳои дигари террористии байнулмилали- ро дар хоки худ таҳаммул мекунад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки умдатан аз ҳисоби тоҷикон таш- кил шуда, ба таври суннатӣ Вахонро мутааллиқ ба худ медонад, ба муқовимати мусаллаҳонаи худ алайҳи «Толибон» идома медиҳад, ки чандон маҳсус нест. Маъмурони гашти амниятии «Толибон» гоҳ- гоҳе дар Помир марзро назора мекунанд. Гуфтугӯҳо дар бораи бунёди роҳ дар «Боми Ҷаҳон» мутаваққиф шуда, «долон»-и Вахон ба ҳамон сурате, ки чиҳил сол ё бештар аз он буд, боқӣ мондааст. Қирғизҳои Помир мардуми мусалмон ва сулҳҷӯ ҳастанд, ки бар асоси суннатҳо ва урфу одатҳои худ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳо- зир онҳо тақрибан 1500 нафаранд — асосан қирғизҳои вобаста ба Абдуррашид, ки дар Афғонистон мондаанд. Раҳбари онҳо Равшан аст, яке аз писарони Абдуррашид, ки дар соли 2020 даргузашт, аммо он Page 206 206 қудратеро, ки Раҳмонқул дошт, ӯ надорад. Ҳоло ҳеч далеле барои тарс ё нигаронӣ аз ин ки қирғизҳои Афғонистон дар маърази таҳдиди «То- либон» ё ҳар гурӯҳи дигаре дар Афғонистон бошанд, вуҷуд надорад. Намояндагони қирғизҳои Помир ду бор бо «Толибон» мулоқот кар- данд ва «Толибон» ба онҳо ваъдаи таъмини амният ва ҳатто ҳимоят дар ояндаро додаанд. Ба бовари Тобиас Маршал, мардумшиноси ол- монӣ, ки дар солҳои 2015-2019 дар миёни қирғизҳои Помир таҳқиқе анҷом додааст, қирғизҳои Афғонистон беҳтар медонанд байни Поми- ри Шарқӣ, Қирғизистон ва Афғонистон муҳоҷиратҳои мудом дошта бошанд ва намехоҳанд, ки барои ҳамеша аз сарзамини аслии худ ҷудо шаванд — ҷое, ки сарфи назар аз мушкилот, озодона зиндагӣ мекарданд ва мекунанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳамсоягонашон иртибот дошта бошанд, аммо мухторияти худро ҳифз кунанд. Оё дар қарни бисту якум ин имкон вуҷуд дорад, ки домдории ашо- ирӣ (қабоилӣ) дар баландиҳои кӯҳистонӣ ҳифз шавад? Бисёре аз до- нишмандон мегӯянд, ки ҷойгузине барои гузори қабоил ба шеваи зиндагии якҷонишинӣ вуҷуд надорад ва дер ё зуд қирғизҳо низ «Боми Ҷаҳон»-ро ба унвони паноҳанда ё муҳоҷир тарк хоҳанд кард ва ба зиндагӣ «мисли дигарон» хоҳанд пардохт. Бо ин ҳол, тақрибан 1500 қирғизи Афғонистон дар иҳотаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва марзҳои сиёсӣ дар «долон»-и Вахон ба ҳаёти худ идома медиҳанд. Қасди рафтан аз хонаи худ ба ҷои дигаре ҳам надо- ранд, роҳбурдҳои тозае барои бақои худ пайдо мекунанд ва зиндагии худро бо шароити дар ҳоли тағйир дар перомунашон вифқ медиҳанд. Онҳо кумакҳои башардӯстонаеро, ки гоҳу ногоҳ ироа мешавад, бо иззат мепазиранд. Ин мардум ба далели сахткӯшӣ, имон ба Офари- дгор, устуворӣ, меҳмоннавозӣ, вафодорӣ ба суннатҳо ва ғуруре, ки ба онҳо иҷоза намедиҳад дар рӯзгори тангдастӣ пеши касе сар хам кунанд, шоистаи эҳтиром аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тоҷикон — ҳамсояи наздиктаринашон ҳастанд. Камолуддин Абдуллоев 16-уми июли 2023 Page 207 ХОТИРАЕ АЗ ГУФТУШУНИДИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН Page 208 Page 209 209 ТОҶИКИСТОН ЧИСТ Ё КУҶОСТ? ЁДЕ АЗ БАҲОРИ СОЛИ 1994 Соли 1994, пеш аз шурӯи музокироти сулҳи тоҷикон, ҳодисаҳои муҳим рӯй доданд. Даври аввали музокирот рӯзи 5-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав баргузор шуд ва тақрибан баъд аз севуним сол дар ҳамон ҷо бо имзои Созишномаи сулҳ ба поён расид. Муаллифи ин сатрҳо, ки дар нимаи аввали соли 1994 дар Вашингтон таҷрибаомӯзӣ мекард, шоҳиди он буд, ки чӣ гуна ҷаҳониён бори аввал дар бораи Тоҷикистон гап мезаданд. Албатта, далели ҳарф задани онҳо ғамангез, ҷанги шаҳрвандие буд, ки ба бунбаст ворид шуда буд. «What is tajikistan?» Дере нагузашта маълум шуд, ки дар Амрико одамони бисёр кам дар бораи кишваре бо номи Тоҷикистон ва умуман ҷумҳуриҳои па- сошӯравии Осиёи Миёна маълумот доранд. Бархе ин кишварҳоро танҳо «истонҳо» ё ҳатто «Whateverstan» (ҳарчи истон) меномиданд. Ин суханҳо аз таҳқир дида, бефарқиро нишон медоданд. Бисёриҳо дар Ғарб моро ҷузъи Русия мешумурданд ва ҳатто рус мегуфтанд. Дар доираҳои илмӣ чанд олими шӯравишинос ва дониш- мандони давраи «Ҷанги сард» аз таърихи тоҷикон огоҳӣ доштанд. Дар Амрикои Шимолӣ ду нафар — Мюриел Эткин аз Донишгоҳи Вашинг- тони Амрико ва Тереза Раковска-Хармстоун аз Донишгоҳи Карлтони Канада — буданд. Ба ман муяссар шудааст, ки бо онҳо шинос шавам. Ин бонувон, ҳарчанд боре дар Тоҷикистон набуданд, онро дӯст ме- доштанд. Ба монанди донишманде, ки соҳаи омӯзиши худро дӯст ме- Page 210 210 дорад. Аммо ташхису нуфузи онҳо барои рушди таҳқиқи тоҷикон дар Ғарб кофӣ набуд. Албатта, дар Ҳарвард як дӯсти бузурги Тоҷикистон, патриархи эроншиносии ҷаҳон Ричард Фрай буд, вале тахассуси ӯ ба омӯзиши таърихи қадим ва асри миёна равона шуда буд. Дар хориҷ бисёровозӣ, ки ҷомеаи байнулмилал (international community) ном дошт, изи муайяни тоҷикӣ дида намешуд. Сафорати Тоҷикистон дар Амрико — кишвари сарватмандтарин ва нерӯмандтарини дунё — боз нашуда буд (Он дар соли 2002 боз шуд). Дипломат, таҳлилгар ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик ва ё номҳои шинохта набуданд. Дар бораи худи президенти Тоҷикистон ҳам кам медонистанд. Як намояндаи расмии Душанбе дар Амрико буд, ки ҳоло даргузаштааст ва намехоҳам номашро биёрам. Ӯ ҳамроҳи як марди сафедмӯй бо қаду басти низомӣ аз сафорати Русия, ки нақши тарҷу- монро мебозид, дар ҷаласаҳои ниҳодҳои амрикоӣ ва байнулмилалӣ ҳозир мешуд. Марди рус ба дипломати тоҷик баъзан мегуфт, ки вақте аз ӯ пур- сиданд, бояд чӣ ҷавоб диҳад. Ин ширкатдорони ҷаласаро ба хашм меовард. Онҳо интизор доштанд, ки намояндаи Тоҷикистон аз номи худаш ҳарф бизанад. Дипломати тоҷик хайрхоҳӣ нишон медод ва ба рӯйи ҳама табассум мекард, вале наметавонист сухани қобили та- ваҷҷуҳе бигӯяд. Ин суханҳо ба муаллифи сатрҳо низ дахл дорад, ки дар аввал дар мубоҳисаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ ба ҷойи ширкат кардан, гӯш андохтанро беҳтар мешуморид. Дареғ, Тоҷикистон ба мустақил шудан омода набуд. Дар ҳоле ки ҳамсояҳои мо соҳибихтиёрии худро таҳким бахшида, аз пойгоҳҳои байнулмилалӣ истифода мекарданд, дипломатияи худро рушд медо- данд, кишвари сарбаланду соҳибистиқлоли худро ба ҷаҳониён му- аррифӣ мекарданд (ба монанди сардори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Қазоқистон марҳум Умерсерик Касенов ё сафири вақти Узбекистон, ки ба иштирокдорони конфронси Донишгоҳи Йел оши палав дод), тоҷикон вориди як ҷанги хунине шуда буданд, ки моҳияти онро ҳатто худашон намедонистанд, чи расад ба дигарон. Page 211 211 вАзъи бАйнулмилАлӣ дАр остонАи музокирот Дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон ба давраи президентии Билл Клин- тон дар Амрико (1993-2001) рост омад. Ҳамсинф ва дӯсти ӯ, Строуб Тэлботт, муовини котиби давлатии Амрико таъйин шуд. Вай бо ма- съалаҳои вобаста ба Русия ва кишварҳои пешини Шӯравӣ, бахусус коҳиши хатарҳои марбут ба пошхӯрии Иттиҳод машғул буд. Муаллифи ин сатрҳо дар соли 2001 бо Тэлботт мулоқот кардааст. Гуфтугӯйи мо ба омодагӣ ба як конфронси бузург дар бораи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ пайванд дошт (Афсӯс, ягон намояндаи мақомоти тоҷик дар он ширкат накард). Заминаи умумии байнулмилалие, ки то баҳори соли 1994 ба вуҷуд омад, барои Тоҷикистон мусоид буд. Ҷанги сард ба охир расид ва душ- манони собиқи Маскав ва Вашингтон давраи наздикшавиро пушти сар карданд. Яке аз китобҳои Тэлботт «Билл ва Борис» ном дорад. Билл Клинтон президенти вақти Русия Борис Елтсинро «одами мо дар Кремл» меномид. Вай паст назадани нуфузи раҳбари вақти Русияро беҳтар медонист ва мехост кишварро бо роҳи пеш бурдани демокра- тия ва иқтисоди бозорӣ тағйир диҳад. Амрикоиҳо Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистонро «саҳни до- хилӣ»-и Русия медонистанд ва азми мустақими ворид шудан ба қа- зияи тоҷиконро надоштанд. Онҳо дар яке аз давраҳои аввали музо- кироти сулҳи тоҷикон ширкат карда буданд, вале он ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ. Онҳо ба зидди иштирок дар ҳама давраҳои музокирот набуданд, ба истиснои давраҳое, ки дар Эрон гузаштанд. Пажӯҳишгари англис Ширин Акинер бар ин буд, ки Русия ва Эрон ба ҳузури нозирони амрикоӣ дар музокирот мухолифат доштанд. Шояд назари ӯ дуруст буд, аммо ба фикри ман, амрикоиҳо дар ин бора аслан исрор наварзиданд. Онҳо ба Елтсин, ки ҳам ба Душанбеи расмӣ ва ҳам то андозае ба мухолифони тоҷик дар Маскав нуфуз дошт, бовар доштанд. Илова ба ин, сафирони нахустини Амрико дар Тоҷикистон Стэнли Т. Эскудеро ва Грант Смит (1992-1998) дар ҷойҳои гуногун бо намояндагони ҷонибҳои даргири ҷанги шаҳрвандии кишвар ғай- Page 212 212 рирасмӣ мулоқот ва бо Созмони Милал ҳамкорӣ карда, аз раванди музокирот огоҳ буданд. Иёлоти Муттаҳида аз Муколамаи тоҷикон дар доираи «конфронси Дартмут», ки дар омодагиҳои он дар солҳои 1992-1993 муаллифи ин сатрҳо иштирок дошт, пуштибонӣ мекард. «Дартмут» ҳанӯз дар соли 1960 ҳамчун як платформаи муколама миёни зиёиёни амрикоӣ ва Шӯравӣ (аз соли 1991 зиёиёни рус) таъсис ёфта буд. Ҳайати Амрико- ро дар муколамаҳо Ҳаролд Сандерс, ёвари пешини котиби давлатии ИМА дар умури Шарқи Наздик дар маъмурияти президент Ҷиммӣ Картер раҳбарӣ мекард. Ҳаролд раҳбари асосии назариявӣ ва амалии музокироти сулҳи тоҷикон буд. Ба ӯ шарқшиносони рус В. Наумкин ва И. Звягелская ма- дад кардаанд. «Дартмут» ба Тоҷикистон на барои дахолати мустақим ба муноқишаи тоҷикон бо мақсади миёнаравӣ, балки барои ташкили як гурӯҳи тоҷикон омада буд, ки тавонад ба коркарди раванди сулҳ оғоз бахшида, ба идома ёфтани он дар оянда мусоидат кунад. Музо- кироти сулҳи тоҷикон пеш аз шурӯи гуфтугӯҳои расмӣ таҳти сарпа- растии Созмони Милал дар соли 1994 аллакай як сол пеш оғоз шуда, 6 ҷаласа баргузор карда буд. То охири соли 2000-ум, ки муколама ба поён расид, 29 мулоқот бо иштироки даҳҳо намояндаи тоҷикон асосан дар Маскав ва аз соли 1996 дар шаҳри Душанбе гузаштааст. Дар муколама донишмандон, профессорон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ширкат кардаанд. Баъзе аз шахсоне, ки дар даргириҳо иштирок надоштанд ва дар хидмати давлатӣ набуданд, аммо аз ин ё он ҷониб пуштибонӣ мекарданд, дар гуфтугӯҳои расмӣ таҳти сарпарастии СММ ҳузур доштанд. Таҷрибаи онҳо дар «Дарт- мут» барои омода кардани созишномаи сулҳ лозим омад. Ба ҷуз ин, ширкатдорони муколама ба Иёлоти Муттаҳида низ даъват шудаанд. Эрони ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки мухолифони тоҷик дар симои он пуштибони худро медиданд, аз лиҳози геополитикӣ дар канори Русия меистод, ҳамчун як нерӯи калидие, ки метавонад бо нуфузи афзояндаи Амрико дар минтақа муқовимат кунад. Аз ин рӯ, Эрон талош мекард, аз рӯҳияи русбадбинии мухолифони тоҷик пешгирӣ Page 213 213 карда, ҳамзамон бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиро густариш медод. Русия, тавре дар боло гуфта шуд, дар муқовиматҳо бо мухолифон аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард ва ҳамзамон ба зидди музокироти сулҳ набуд. Барои дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон як вазъи би- сёр мусоиди геополитикӣ ба вуҷуд омада буд. Сиёсатҳои ҳам Русия ва ҳам Эрон дар робита ба тоҷикон яксон буд. Онҳо сулҳро беҳтар аз ҷанг мешумурданд. Ин ду кишвар дар соли 1993 шарикии стратегиеро ташкил кар- данд, ки на танҳо барои расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон, балки барои ҳифзи субот дар тамоми Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз нақши асосиро бозид. Эрон ҳарчанд ба монанди Афғонистон исломист, вале бесарусомониҳоеро, ки муҷоҳидон пас аз рафтани нерӯҳои Шӯравӣ ба вуҷуд оварданд, қабул надошт. Ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғо- нистон аз Русия ёрии низомӣ мегирифтанд ва ҳамаи он ба воситаи Тоҷикистон ба онҳо дастрас мешуд. Бинобар ин, барои тоҷикони ши- моли Афғонистон субот дар Тоҷикистон ва ҳифзи нуфузи Русия дар он масъалаи ҳаётӣ буд. Он замон дар доираҳои байнулмилалӣ бонги хатар мезаданд, ки мухолифони тоҷик, онҳое, ки дар соли 1993 ба Афғонистон фирор карда буданд, таҷрибаи хидмат дар сафи артиши нерӯмандтарин дар ҷаҳон — артиши Шӯравиро доранд ва метавонанд ба сафи ҷиҳодиён пайваста, тавонмандии низомии онҳоро ба маротиб афзоянд ва ба тамоми ҷаҳон ҳамчун як гурӯҳи террористӣ таҳдиде ба миён оваранд. «Толибон» ҳамчун ҷунбиш дар соли 1992 дар Поки- стон ба вуҷуд омаданд. Эрониҳо аз ин ҷунбиши зидди шиаҳо нафрат доштанд. «Толибон» дар Амрико эҳсоси омехта бо ҳайрату тарсро ба вуҷуд оварда буданд. Ғарб дар симои онҳо насли ғайрифасодзадаи муҷоҳидин — до- нишҷӯёни фақири мадрасаҳои Покистонро медид, ки аз ҷониби Ара- бистони Саудӣ, дӯсти Амрико сармоягузорӣ мешуданд. Коршиносони амрикоӣ муҷоҳидонро ҳамчун қурбониҳои маъюби ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ карда, «Толибон»-ро ятимоне мегуфтанд, ки па- Page 214 214 дарони худро дар ҷанги СССР бо Афғонистон дар солҳои 80-ум аз даст додаанд. Интернет, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, дар миё- наҳои солҳои 1990 акси ришдорони ҷасурро бо саллаҳои сиёҳ ҳамчун қаҳрамонҳое, ки Иттиҳоди Шӯравиро шикаст дода, тартиботро дар Афғонистон ҷорӣ карданиянд, нашр мекард. Баҳори соли 1994 буд. То ҷанги якуми Чеченистон 9 моҳ ва то ҳам- лаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 7 сол монда буд. Ҳеч яке аз бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ намехостанд, ки дар як кишвари кӯҳистонии форсизабон бо номи Тоҷикистон, воқеъ дар дарвозаи Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон), ки мушкилоти кам надошт, ҷанг идома ёбад. Чин танҳо мунтазир буд, ки дар Помири ҳамсояаш кӣ ғолиб мео- яд. Барои Пекин кӣ будани баранда, коммунист аст ё исломгаро ва ё демократ фарқ надошт. Он ғолибро барои он мунтазир буд, ки му- носибатҳоро барқарор кунад. Ҳиндустон аз робитаҳои Покистон бо мухолифони тоҷик хушнуд набуд, вале барои таъсир гузоштан дар сиёсатҳои Тоҷикистон низ фишанги кофӣ надошт. Бинобар ин, таҳдидҳо барои кумак ба яке аз тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бисёр кам буданд. Дар Тоҷикистон имкони сар задани «ҷанги ниёбатӣ», яъне муноқишаи кишварҳои бузург тавассути ама- лиёти низомӣ дар қаламрави як кишвари дигар барои расидан ба ҳадафҳои худ вуҷуд надошт. исломиҳо: оё онҳоро бА рАвАнди сиёсӣ шомил мекунАнд? Исломшиносӣ дар солҳои 90-ум бештар «муд» буд. Дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун, куҳнатарин мактаби олии католикии Амрико, муколамаи рӯшанфикрони намояндагони ду дини ҷаҳонӣ бо пули шоҳзодаҳои Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Дар яке аз онҳо ману ҳамкорам Ра- шид Ғанӣ Абдулло ҳузур доштем. Садои Ҷон Эспозито, профессори Ҷорҷтаун ва мудири «Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонӣ-насронӣ» пиромуни андешаҳо дар бо- раи ислом баланд шуд. Вай ба «исломи чап» майл кард ва ҳар касеро, Page 215 215 ки дар бораи «ифротгароии исломӣ» ҳарф мезад, ба исломбадбинӣ муттаҳам кард. Бо ӯ донишмандони ростгарои исломбадбин, ба мо- нанди исроилгарои неомуҳофизакор Даниел Пайпс ва арабшинос аз Фаронса Ҷилл Кепел мухолифат карда, Эспозиторо ҳомии ваҳҳобия ва ҷонибдори гурӯҳи фаластинии «Ҳамос» номиданд. Фаъолияти ин созмон дар Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо мамнуъ шудааст. Карйераи Эспозито пас аз фоҷиаи 11-уми сентябри соли 2001 поин рафт. Амрикоиҳо баъд аз ҳамлаи террористӣ ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат ба таври оммавӣ ба мутолиаи матнҳои зиддиисломии Са- муэл Ҳантингтон бо «бархӯрди тамаддунҳо»-яш, идея дар бораи он ки бархӯрди ислом ва ҷаҳони Ғарб дар ояндаи наздик ногузир аст, пардохтанд. Дар замони президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ (2001-2009) Бернард Люис, устоди Ҳантингтон, ки консепсияи бархӯрди тамадду- нҳоро ба шогирдаш муаррифӣ карда буд, ба унвони як донишманди пештоз дар шарқшиносӣ эътироф карда шуд. Люис, ки соли 2018 дар синни 101 даргузашт, бештар дар бораи ақибмонии фарҳангии ислом ва хатари ҷиҳоди ҷаҳонӣ ҳарф мезад. Ба гуфтаҳои ӯ, аз ҷумла, олими амрикоӣ-фаластинӣ насронӣ Эдвард Саид, муаллифи китоби машҳури «Шарқшиносӣ» (1978) мухолиф буд. Саид Люисро сионисте меномид, ки арабҳо ва мусулмононро дашном дода, аз империализми Ғарб ҷонибдорӣ мекунад. Андешаҳои Люис дар бораи зарурати «ба режимҳои деспотикӣ» таҳмил кардани демо- кратия» ба сиёсати берунии Ҷорҷ Буш, ки моҳи марти соли 2003 ба Ироқ ҳамла карда буд, таъсири калон расондааст. Бояд зикр кард, ки муаллифи ин сатрҳо он замон дар Донишгоҳи давлатии Оҳайо дарс мегуфт ва шоҳид буд, ки чӣ гуна омӯзгорон ва донишҷӯёни дувумин донишгоҳи калонтарини Амрико дар ҳоли пас аз ҳамла ба Ироқ алайҳи сиёсати ИМА дар Ховари Миёна эътирозҳои оммавӣ ташкил карданд. Аммо, биёед, ба солҳои 1990 бармегардем. Шахсияти маъруф дар таҳқиқи муноқишаи тоҷикон эроншинос Оливйе Руаи фаронсавӣ буд. Вай дар китоби машҳури худ «Шикасти исломи сиёсӣ» (The Failure of Political Islam, 1992) дар исломи сиёсӣ моҳияти оқилонаеро ҷустуҷӯ Page 216 216 кардааст. Руа аз моҳи августи соли 1993 то моҳи октябри соли 1994 на- мояндаи махсуси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷи- кистон буд. Вай сабабҳои ангезандаи низои тоҷиконро омӯхта, ба фарҳанги сиёсатшиносӣ истилоҳи «маҳалгароӣ»-ро ворид кард. Ғарб дар он замон бо дидани пешрафтҳои исломи сиёсӣ дар Алҷазоир, Эрон, Тур- кия ва Афғонистон бо ишора ба зарфияти табдили он аз як ҷунбиши мазҳабии хушунатомезу низомӣ ба ҳаракати муосири модели ғарбӣ ба эътирофи машрӯият ва асоснокии он наздик омада буд. Руа ба суол дар бораи ояндаи исломгароӣ чунин посух додааст: Исломи сиёсӣ шикаст хӯрд, он ҳеч гоҳ давлати исломӣ сохта наме- тавонад ва ногузир ба сӯи бунёдгароӣ (фундаментализм) меравад. Вай бо навиштани як ҳукми ноумедкунанда дар бораи исломи сиёсӣ консепсияи ҳаяҷонангези Ҳантингтон ва Люисро дар бораи «таҳдиди исломӣ» ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ инкор кард. Чаро ман дар мавриди баҳси исломгароён бо тафсил истодам? Зеро дар пасманзари он, баррасии мухолифони тоҷик ба унвони музо- киракунанда дар раванди сулҳ як иқдоми муносиб, табиӣ, ҳарчанд баҳсбарангез ба назар мерасид. Ба ин тартиб, мубоҳисаҳои ҷаҳонӣ дар бораи ислом ва исломгароӣ ба дидгоҳи донишмандон ва сиёсатмадо- рони ғарбӣ дар бораи муноқишаи тоҷикон таъсири худро гузоштааст. мАрҳилАҳои гуФтугӯҳои АмАлӣ Манфиатдор набудани Амрико, Русия, Эрон ва Афғонистон ба идо- ма ёфтани задухӯрдҳои мусаллаҳона байни тоҷикон дасти созмонҳои байнулмилалиро боз кард ва онҳо дар ниҳоят тавонистанд кори худ, яъне ба ҳайси як миёнарави бетараф маъмурияти посдории сулҳро анҷом диҳанд. Нахустин қадами намоёни СММ-ро дар Тоҷикистон метавон ҳу- зури маъмурияти хурди нозирони созмон дар Душанбе номид. Қа- роргоҳи он 21-уми январи соли 1993 дар паси кинотеатри ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ боз шуд. СММ пеш аз боз кардани қароргоҳ дар Page 217 217 моҳҳои сентябр ва ноябри соли 1992 ба Тоҷикистон ду маъмурияти таҳқиқи далелҳоро фиристод. Фиристодаи махсуси СММ Исмат Қит- тонии ироқӣ дар моҳи августи соли 1993 ба Душанбе омад. Қиттонӣ ба ҷуз аз пойтахти Тоҷикистон ба Покистон, Эрон ва Афғонистон ҳам рафта буд. Ӯ баъди баргашт ба шаҳри Ню-Йорки Амрико, дар гузори- ши худ дар СММ навишт, ки тарафҳо «дар бораи ҳалли сиёсии низоъ ба мувофиқа расиданд». Талошҳои мустақими миёнаравиро намояндаи махсуси Созмони Милал дар моҳи январи соли 1994 оғоз кард. Ин намоянда дипломати уругвайӣ Ромеро Пиритс-Баллон буд. Ҳамкори ҷопонии ман Тетсу- ро Иҷӣ, муаллифи китоби миёнаравӣ ва дипломатияи бисёрҷониба дар Тоҷикистон борҳо бо дипломати уругвайӣ мулоқот кардааст ва Пиритс-Баллон гуфта, ки ҳоло бознишаста мебошад ва омода аст, ки хотираҳояшро бо ҳамагон дар миён гузорад. Таҷрибаи тоҷикон яке аз рӯйдодҳои ҷолибтарин дар фаъолияти ӯ буд. Бояд илова кард, ки дар таъзиянома ба ёди Ҳал Сандерс, ки соли 2016 аз ҷониби ҳамкоронаш таҳия шуда буд, раванди сулҳи тоҷикон дар баробари Созишномаи Кэмп-Дэвид дар соли 1978 миёни Исроилу Миср аз дастовардҳои асосии корномаи ин дипломати бузурги амри- коӣ ном бурда шудааст. Посдории сулҳ дар Тоҷикистон яке аз тарҳҳои нодири СММ дар солҳои 1990 аст, ки бо муваффақият анҷом ёфт. Пиритс-Баллон дар моҳҳои январ ва феврали соли 1994 бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмо- малӣ Раҳмон ва раҳбарони мухолифони тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрон, Маскав ва Хоруғ мулоқот кардааст. Вай аз ҳамаи ҷонибҳои даргир ит- минон гирифта буд, ки онҳо бидуни пешшарте паси мизи музокирот таҳти сарпарастии СММ хоҳанд нишаст. Пиритс-Баллон тавонист мавқеи ҳукумат ва мухолифонро дар мавриди маҳалли баргузории музокирот ва нозирони расмӣ ҳамоҳанг кунад. Ба ҳайати нозирон намояндагони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғи- зистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, ҳамчунин соз- монҳои байнулмилалии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) шомил буданд. Page 218 218 Чунин намояндагии устувор мақоми баланди музокиротро таъмин кард Дар бораи Тоҷикистон аз минбарҳои баланд ва дар матбуоти ҷаҳонӣ ҳарф мезаданд. Ва сабаб аломати мусбат буд - гуфтушунидҳои осоишта бо эҳтимоли муваффақият. Кишварҳои нозир гуфта буданд, ки омода ҳастанд, то музокиракунандаҳоро дар пойтахтҳои худ қа- бул кунанд. Ҳама мехостанд, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун сулҳҷӯй шинохта шаванд. Ду монеаи ҷиддие вуҷуд дошт, ки метавонист ба музокирот ха- лал расонанд. Монеаи якум хусусияти дохилӣ дошт ва ба куштори Моёншо Назаршоев, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар 10-уми марти соли 1994 марбут буд. Тавре он замон мегуфтанд, ӯ мебоист ҳайати ҳукуматиро дар музокирот раҳбарӣ мекард. Монеаи дувум ҳодисаи пурсарусадои ҳамлаи як гурӯҳи мухолифони тоҷик аз хоки Афғонистон ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми нерӯҳои Русия, мустақар дар марзи Тоҷикистон дар рӯзи 13-уми июли соли 1993 буд, ки дар на- тиҷаи он ҳудуди 30 низомии рус бо шумули тоҷикон кушта шуданд. Русия дар посух ба ин ҳамла минтақаи наздимарзии Афғонистон- ро тирборон кард ва бо нашри изҳороти расмӣ дар Шӯрои амнияти СММ гуфт, дар сурати такрор шудани ҳамла ёрии низомиро ба ҳуку- мати Тоҷикистон оғоз мекунад. Ҷониби Афғонистон даст доштанро дар ҳамла рад ва Русияро ба тирборон кардани вилоятҳои шимолӣ муттаҳам намуд. Дар сурати боз ҳам муташанниҷтар шудани вазъ дар сарҳад метавонистем музокиротро фаромӯш созем. Ҳадаф дигар маҳви пурраи мухолифон мешуду эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гурӯҳҳои ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон ба задухӯрдҳо низ вуҷуд дошт. Буҳрон бо талошҳои вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Кози- рев, муовини ӯ Анатолий Адамишин ва сардори Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Евгений Примаков, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон амал карданд, зуд бартараф карда шуд. Примаков, ки шарқшинос буд, ба Теҳрону Кобул рафта, бо вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбари Вилоятӣ, президенти вақти Афғонистон Бурҳонид- дин Раббонӣ ва фармондеҳони саҳроии вилоятҳои шимолӣ вохӯрд. Page 219 219 Дар натиҷа роҷеъ ба ҳимояти муштараки марзи Тоҷикистону Афғо- нистон ва идомаи ҷараёни муколамаву музокирот созиш ҳосил шуд. Ин намунаи дипломатияи олӣ буд, ки сазовори дохил шудан ба ки- тобҳои дарсии муносибатҳои байнулмилалӣ ҳаст. Он монеи табдили муноқишаи мусаллаҳонаи маҳаллӣ ба як ҷанги минтақаӣ гардид. Дипломатияи пешгирикунанда ва афзалиятдони сулҳ ҳаёти ҳазорон нафарро наҷот дода, кафили омадани сулҳ гашт. Ҳеч гуна талоши бисёрҷонибаи дипломатӣ ва фазои мусоиди бай- нулмилалӣ бидуни ирода ва азми худи сокинони кишвар намета- вонад ба сулҳ бирасонад. Хештандорӣ, муомила ва ҳисси масъули- ятшиносии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми тоҷики хасташуда аз ҷанг на танҳо дар расидан ба сулҳу оромӣ ва ҳифзи давлатдории Тоҷикистон, балки дар таъмини сулҳу субот дар тамоми минтақа низ ҳалкунанда буд. Музокироти деринтизори сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифони Тоҷикистон 5-уми апрели соли 1994 оғоз ёфт. Он замон дар Вашинг- тон дарахтони сакураи ҷопоние, ки Токио ҳадя карда буд, гул карда буданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахти Амрико аз тамошои зебоии гулҳои гулобию сафед лаззат мебурданд. Гули сакура дар фарҳанги Ҷопон рамзи ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ ва дӯстист. Камолуддин Абдуллоев 11-уми апрели 2024 Page 220 220 ҲОЛНОМАИ МУАЛЛИФ Камолуддин Абдуллоев 21-уми феврали соли 1950 дар деҳаи Шулмак (Навобод)-и Ғарм (Рашти ҳозира) ба дунё омадааст. Падараш, Наҷмид- дин Абдуллоев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро дар Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ чунин мено- манд) ва корманди баландпояи ҳизбӣ буд. Дар солҳои 1948-1962 ба созмонҳои ҳизби коммунист дар ноҳияҳои Вахш, Обигарм ва Ғарм роҳбарӣ карда, инчунин, котиби аввали кумитаҳои ҳизбӣ дар вило- ятҳои Ғарм, Бадахшон ва Ленинобод (Суғди ҳозира) буд. Волидони Камолуддин Абдуллоев — Наҷмиддин (1917-1982) ва Фо- тимахон (1921-1986) — аз шаҳри Конибодом ҳастанд. Баъзе аз хешо- вандони модарияш мударрисони мадрасаи Мирраҷаби Додхоҳ бу- данд. Ҳоло дар онҷо Осорхонаи шаҳри Конибодом ҷойгир аст. Page 221 221 Камолуддин Абдуллоев дар соли 1957 ба мактаби №3 дар шаҳри Хо- руғ рафт. Дар солҳои 1961-62 дар Хуҷанд хонд. Мактаби миёнаи рақа- ми 2-ро дар соли 1967 дар шаҳри Душанбе ба поён расонд. Ҳамон сол ба бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Он замон раёсати факултаро Мансур Бобохонов бар уҳда дошт. Донишмандони дигари шинохта чун Н. Неъматов, И. Пянков, Д. Саидмуродов, З. Соколова, Ю. А. Шибаева дар онҷо дарс мегуфтанд. Абдуллоев пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1972-74 дар артиши Шӯравӣ дар Забайкале, дар сарҳад бо Муғулистон ва Чин хидмат кард. Дар ибтидои соли 1975 ба ҳайси лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи таъ- рих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба кор пазируфта шуд. Мудири Пажӯҳишгоҳ академик Б. Искандаров буд. Раёсати шуъбаеро, ки Абдуллоев дар онҷо ба кор қабул шуд, Раҳим Масов бар дӯш дошт. Раҳим Масов пешниҳод кард, ки ӯ ба сарчашмашиносии таъри- хи ҷомеаи Шӯравӣ машғул шавад. Мавзуъ ҳам маълум шуд: «Рӯзно- маҳои Шӯравӣ ҳамчун манбаи таърихӣ дар мавриди таърихи барҳам додани ҷунбиши босмачигарӣ». Аз соли 1976 то 1981 дар Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ав- вал таҷриба андӯхт ва сипас аспирант шуд. Роҳбари илмияш мудири бахши сарчашмашиносӣ ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи номбурда Герман Антонович Трукан буд. Барои таҳияи рисолаи илмӣ дар бойгониҳои Маскав кор карда, борҳо ба Тошканд сафари илмӣ доштааст. Рисолаи номзадиро соли 1983 муваффақона дифоъ кард. Оппоненти расмияш А. И. Зевелев, ходими хидматнишондодаи илми Узбекистони Шӯравӣ ва муаллифи чандин китоб дар бораи босмачигарӣ буд. Камолуддин Абдуллоев пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Душанбе баргашт. Дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба ҳайси ходими хурд ва калони илмӣ ба кор сар кард. Монографияи ӯ «Силоҳи каломи чопӣ: Рӯзномаҳои Туркистони Шӯравӣ дар таъ- мини идеологии шикасти босмачигарӣ дар Осиёи Миёна» (муҳар- Page 222 222 рири масъул Г. А. Трукан; Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ, Пажӯҳишгоҳи таърихи ба номи Аҳмади Дониш) нашр шуд. Соли 1989, дар авҷи бозсозӣ, Абдуллоев ба Донишкадаи таърихи ҳизби назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон гу- зашт. Раҳбари он Шукур Султонов буд. То барҳам додани Донишкада дар соли 1991 дар он ҷо ба ҳайси ходими калони илмӣ, котиби илмӣ ва мудири бахш кор кардааст. Дар замони кораш дар Пажӯҳишгоҳи таърихи ба номи Аҳмади Дониш ва Донишкадаи таърихи ҳизб ва дер- тар то соли 1993 дар бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз таърихшиносӣ ва сарчашмашиносӣ дарс додааст. Дар соли 1993 карйераи байнулмилалии худро оғоз бахшид. Дар баробари кораш дар мавзӯи «Таърихи муҳоҷирати байнулмилалӣ аз Осиёи Марказӣ дар солҳои аввали Шӯравӣ» (1989) худро ҳамчун таҳлилгари сиёсӣ, мушовири мустақили созмонҳои таҳқиқотии бай- нулмилалӣ санҷидааст, ки ба сулҳоварӣ, ҳаллу пешгирӣ аз низоъҳо ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф дар Осиёи Марказӣ машғуланд. Ин тарҳҳо ба таҳлили ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-ум пайванд доштанд. Аз соли 1994 ширкатдори фаъоли барномаҳои байнулмилалӣ дар соҳаи таърих, сиёсатшиносӣ ва илмҳои дигари гуманитарӣ аст. Ду дафъа дар барномаи Фулбрайт (соли 1994 дар Донишгоҳи Ҷорҷ Ва- шингтон ва соли 2005 дар Коллеҷи Аллеггени Амрико) ширкат кард. Дар ин давра, дар солҳои 1998-1999, ба ҳайси мудир ва иҷрогари ло- иҳаи «Улуми инсонӣ»-и Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ дар Душанбе буд. Камолуддин Абдуллоев дар соли 2009 дар Донишгоҳи Торонтои Канада буд ва солҳои 2010-2011 дар Донишкадаи сулҳи Амрико (USIP) дар Вашингтон фаъолият дошт. Соли 2014 корманди муваққатӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдт (Берлин, Олмон) буд.Дар баробари ширкат дар барномаҳои мубодилавӣ ҳар сол ба Иёлоти Муттаҳида рафта, аз соли 2000 то 2013 дар донишгоҳҳои Йел, Донишгоҳи давлатии Оҳайо ва Коллеҷи Аллеген дар бораи Осиёи Марказӣ, Русия ва Афғонистон дарс додааст. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои гуногуни Амрико ва Канада ба Page 223 223 ҳайси меҳмон суханронӣ дошт. Вай дар даҳҳо анҷумани байнулми- лалии илмӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Осиё ва Африқо шир- кат кардааст. Абдуллоев муаллиф ва муҳаррири даҳ китоб ба монанди «Аккорд. Сиёсати созиш. Раванди сулҳ дар Тоҷикистон» (London: Conciliation Resources, 2001); «Аз Шинҷон то Хуросон. Аз таърихи муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар асри 20» (Ирфон, 2009) ва се нашри «Луғати таъ- рихии Тоҷикистон» (The Scarecrow Press, Inc. Lanham, Md., & London, 2002, 2009, 2018 ) мебошад. Қариб 100 мақолаи илмияш ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ чоп шуда, инчунин, ба забонҳои фаронсавӣ, ҷопонӣ ва хати форсӣ тарҷумаву баргардон шудаанд. Соли 2014 бознишаста шуд ва аз он замон дар Душанбе иқомат до- рад. Дар солҳои 2015-17 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла бахши «Блогистон»-и Радиои Озодӣ, таҳқиқи таърихи тоҷиконро идома медиҳад. Ҳамсараш Лола Маҳмудова, ҷарроҳи онко-офталмолог аст. Ду фар- занд дорад: Маннон ва Комила. Бобои чаҳор набера аст: Арман, Лола, Амир ва Аниса. Page 224 224 Аксҳое, ки дар китоб истифода шуданд Акси рӯйи китоб аз Амир Исоев, хабарнигори Радиои Озодӣ Бозгашти паноҳҷӯёни тоҷик аз Афғонистон. Моҳи январи соли 1993. Олег Власов/ТАСС Шаҳри Душанбе. Соли 1939 Бухоро. Акс аз пойгоҳи расмии uzbekistan.travel Душанбе, моҳи феврали соли 1990. Роберт Нетелев/ТАСС Акс аз Тобиас Маршал, мардумшиноси олмонӣ Камолуддин Абдуллоев. Акс аз рӯзноманигор Сӯҳроби Зиё Page 225 225 «Таърихи Осиёи Миёна дар солҳои аввали Шӯравӣ» бахши асосии кор, вале на ягонаи муаррихи тоҷик Камолуддин Абдуллоев аст. Ӯ корро бо мавзӯи босмачигарӣ, яке аз масъалаҳои душвортарин, шуруъ карда, ба ин суол посух ҷустааст, ки босмачиён ва ҷонибдорони онҳо баъд аз шикаст дар мубориза бо ҳукумати Шӯравӣ ба куҷо рафтанд? Рисолаи «Аз Шинҷон то Хуросон. Аз таърихи муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар асри 20» (Душанбе: Ирфон, 2009) дар ҳамин замина ба вуҷуд омад. Ин пажӯҳиши нахустин дар таърихнигории пасошӯравӣ дар мавриди муҳоҷи- рат аз Осиёи Марказӣ дар аҳди коммунистон буд. Камолуддин Абдуллоев аз аввали солҳои 90-ум ба таҳлили масъалаҳои во- баста ба низои мусаллаҳонаи дохилӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Ширкат- дори фаъоли бисёре аз барномаҳои табодули байнулмилалист. Дар тӯли 12 сол дар донишгоҳҳои гуногуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз таърих ва равобити байнулмилал дарс додааст. Муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла се нашри «Луғати таърихии Тоҷикистон» (The Scarecrow Press, Inc. Lanham, Md., & London, 2002, 2009, 2018) ва ин- чунин мақолаҳои зиёд мебошад. ozodi.org ISBN 978-1-948784-08-5